Ман бол мекушоям то бар фалак фазоям,

В-арна ба ин пару бол баҳри чиву чароям?!

Чун мерасам ба нуҳсар бар рағми тираҷонҳо,

Нуҳ осмони дигар он сӯй  во намоям.

Тайёраи дилу ҷон сайёраи фалакҳост

В-ин нест интиҳоям, ин аст ибтидоям.

Чун хӯшаҳои ангур Парвин, ки шаб дурахшад,

Сармаст дорад он нур чун ҷӯши бодаҳоям.

Боғе  шукуфад аз ман дар дашти осмонҳо,

Ақлам ба дил бигуяд,  ин аст муддаоям.

Шаб ҷилвагоҳи бум аст дар фарш, лек дар арш

Қақнус пар кашад бум аз гарди шӯълазоям.

Андар ғуруби гулгун бо хандаҳои дилхун

Як офтобам ар рафт, сад офтоб оям.

Нур асту медурахшад дар мӯҳраҳои ҷонам,

З-ин рӯ ба асли хокӣ аз нуриён  фароям.

Аз куфру дин чӣ дорад таслими осмонҳо,

 Ин аст ҷустуҷӯям то ҷон ба он гароям.