Навбаҳори ман куҷойӣ, тирамоҳи ман гузашт,

Аз дили ҳар чор фасли сол оҳи ман гузашт.

Роҳи як умр аст, гуфтӣ, дар миёни мову ту,

Оҳ, аз он бероҳа умре, ки зи роҳи ман гузашт.

Каҳкашон акнун ба чашмам каҳнишоне беш нест,

Чун зи тоқи осмон хуршеду моҳи ман гузашт.

Кош, метобид моҳи рӯйи ту бар ман шабе,

То бигӯям, фарри он шаб аз пагоҳи ман гузашт.

Чашми зоҳирбин, ки сурат диду сиратро надид,

Бо кӣ бояд гуфт он чӣ, к-аз нигоҳи ман гузашт.

Шиквае ҳам бар лабам аз додбахши даҳр нест,

Гарчи додамро надоду додхоҳи ман гузашт.

Ҷумлаи аҳли башарро устухон мешуд сафед,

З-он ситамҳое, ки бар мӯйи сиёҳи ман гузашт.

Пас Худое, ки баҳорам дода буд дар тирамоҳ,

Бо баҳораш ҳар чӣ кардам, аз гуноҳи ман гузашт.