Касе чу ман натавонад суруди ишқи ту гуфт,

Ки офарида маро бо ту Кирдгорам ҷуфт.

Ба гулситон чу расид аз навои ман лаҳне,

Дигар гуле ғазал аз ҳеҷ булбуле нашнуфт.

Агарки булбули бедард ошиқи гул буд,

Магар хуроккашон айни нози гул мехуфт?!

Чӣ ошиқе, ки ба ҳар гул суруд яксон хонд,

Чӣ дилбаре, ки суруди куҳансаро пазруфт?!

Ба тор-тораи зулфат навин ғазал гӯям,

Гуҳар ба ҳар қадамат тоза-тоза хоҳам суфт.

Чу ҷилваҳои туро дид ҳар кӣ дар ғазалам,

Касе намонда, ки ӯ бо ҳазор дил  н-ошуфт.

Ба бениҳояти ишқат куҷост уқёнус,

Ки ман ба ин дили танге тавонамаш бинҳуфт?

Агар ба зарраи лутфе  зи ман ту ҷон хоҳӣ,

Чунин муомала, баҳри Худо, ки бошад муфт.

Вале ба ин ҳама дигар бас аст гуфту шунуфт,

Касе чу ман натавонад суруди ишқи ту гуфт.