Эй кош, ки як шаб зи сари меҳр даройӣ

Дар оғушам он гуна, ки дар хоби ман ойӣ.

Нозуктарам аз ноз навозию надонам,

Ҷонро бирабойӣ зи танам ё бифазойӣ?!

Он лаззати оғӯши ту дар ҳеҷ зане нест,

Шояд ки паризодаи нуҳтуи самойӣ.

Рӯзе ба сарам соя кунад боли баландат,

Ояд таҳи  боли ту ҳумое ба ҳумойӣ.

Як боғи пур аз хамр дар оғӯши ту сабз аст,

Кай ташнадилонро бирасад фасли чашойӣ?!

Аз накҳати гулбоди баҳорон ҳама мастанд,

Чун оҳуи симин сари куҳ ҷилва намойӣ.

Ёде ба сарат нест зи дилдодаи бехеш,

Бо ин ҳама беҳушии худ ҳушрабойӣ.

Донад касе оё, ки улуҳияти  ин ишқ,

Ҳатто  набувад ҳеҷ ба дастони худойӣ.

Олам ҳама ҳарф асту дар ин олами пурҳарф

Ишқи ту  маро ҳарфи  нахуст асту ниҳойӣ.