Ин чӣ чашму чӣ нигоҳу чӣ табассум, чӣ такаллум,

Ин чӣ оҳу, ки ба пушти дили уфтода занад сум.

Оҳуву шохаи гул, муъҷизи ҳусни ду ҷаҳон ӯ

Карда дар рафтану дар қомату рухсор таҷассум.

Байни он дашту гулистон, ки мақоми дилу ҷон аст,

Чӣ аҷобат, ки кунад ин дили дилсӯхта раҳ гум.

Кӣ тавонад, ки бигӯяд, чӣ тазодест дар он чашм,

Чашмаи ҷодуву сеҳр аст магар, ё ки тараҳҳум?!

Эй, ки масти майи хумбед, бидонед, ки ҳаргиз

Мастии чашми хумораш набувад ҳеҷ ба сад хум.

Мову уммеди хумори нигаҳе ҳаст аз он чашм,

Ин чӣ ҷуръат, чӣ ҷасорат, чӣ тақозо, чӣ таваҳҳум?!

Ҳар чӣ моро расад аз шохаи гул, роиҳа ё хор,

Мову сад узри тасаннову ташаккур, на тазаллум.

Беш аз ин, то ки нафас боқиву дар ҷон рамақе ҳаст,

Номи ширини варо замзама созему тараннум.