Аскар Ҳаким Аскар Ҳаким Аскар Ҳаким

Аскар Ҳаким

Шоири халқии Тоҷикистон
шоир, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон. Аз соли 1976 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Image
Суроға: ш. Душанбе
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru 
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
  • Зиндагинома
  • Мақолаҳо
  • Дар бораи Аскар Ҳаким
  • Гуфтор дар бораи худ
  • Китобҳо
  • Ғазалиёт
  • Ашъор
  • Рубоиёт
  • Дубайтиҳо
  • Манзумаҳо
  • Аксҳо
  • Наворҳо
  • Сурудаҳо
  • Тарҷумаҳо
  • Мусоҳибаҳо
  • Зиндагинома
  • Мақолаҳо
  • Дар бораи Аскар Ҳаким
  • Гуфтор дар бораи худ
  • Китобҳо
  • Ғазалиёт
  • Ашъор
  • Рубоиёт
  • Дубайтиҳо
  • Манзумаҳо
  • Аксҳо
  • Наворҳо
  • Сурудаҳо
  • Тарҷумаҳо
  • Мусоҳибаҳо
734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8 askar_hakim@mail.ru

Ғазалиёт

  • Саҳифаи асосӣ
  • Ғазалиёт

Манзилороӣ чӣ кор ояд, дилороӣ бикун

Аскар Ҳаким
Ғазалиёт
16 Октябр 2021
954

Манзилороӣ чӣ кор ояд, дилороӣ бикун,

Аз худороӣ чӣ ҳосил, маҳфилороӣ бикун.

Аз зару симу булӯр равшан нагардад чашми кӯр,

Чашми дил з-инҳо бубанду чашмбиноӣ бикун.

Танпарастон оқибат миранд зери бори тан,

Муфассал: Манзилороӣ чӣ кор ояд, дилороӣ бикун

Умри одамро, ки мегӯянд, як дам будааст

Аскар Ҳаким
Ғазалиёт
16 Октябр 2021
1425

Умри одамро, ки мегӯянд, як дам будааст,

Нек бинам, суҳбати ёрони ҳамдам будааст.

Рӯзи шодӣ, гарчи мегӯянд, бисёр аст ёр,

Он, ки аз шодии ту шодӣ кунад, кам будааст.

Муфассал: Умри одамро, ки мегӯянд, як дам будааст

ПАЁМИ МАН БА ШУМО, ДӮСТОНИ ҶОН, ИН АСТ

Аскар Ҳаким
Ғазалиёт
16 Май 2021
1040

Паёми ман ба шумо, дӯстони ҷон, ин аст,

Ки ишқ аз ҳама ширинтарини ширин аст.

Ба ишқ ёр шаведу абад ба он бошед,

Ҳамин маро ба шумо орзуи дерин аст.

Муфассал: ПАЁМИ МАН БА ШУМО, ДӮСТОНИ ҶОН, ИН АСТ

СУРУДИ ТОҶИКИСТОН  

Аскар Ҳаким
Ғазалиёт
16 Май 2021
1107

 

Суруди нав шунав аз ишқи дерин Тоҷикистонам,

Ки ширинтар туйӣ аз ҷони ширин Тоҷикистонам.

Гулистонҳои шаҳророи атрият барад дилро,

Куҷо ёбам ба ҳуснат ҳарфи таҳсин Тоҷикистонам.

Муфассал: СУРУДИ ТОҶИКИСТОН  

ДИЛАМ БА ЁДИ ТУ РАВШАН ЧУ ОФТОБ ШАВАД

Аскар Ҳаким
Ғазалиёт
16 Май 2021
947

Дилам ба ёди ту равшан чу офтоб шавад,

Валек дар ғами дури-т адову об шавад.

Биёву васл бидеҳ обу офтоберо,

Ки ҳар чӣ мешавад аз ҳар дуе, савоб шавад.

Муфассал: ДИЛАМ БА ЁДИ ТУ РАВШАН ЧУ ОФТОБ ШАВАД

АДОЛАТ ДАР ЗАМИН ПАЙДО НАШУД, ДАР ОСМОН ҶУСТАМ

Аскар Ҳаким
Ғазалиёт
16 Май 2021
1045

Адолат дар замин пайдо нашуд, дар осмон ҷустам,

Замин шуд осмон ҳам, чун адолатро дар он ҷустам.

Худовандо, замину осмон, к-эҷоди ҳарфе аз даҳонат буд,

Дигар ман ҳам адолатро чу ҳарфе дар даҳон ҷустам.

Муфассал: АДОЛАТ ДАР ЗАМИН ПАЙДО НАШУД, ДАР ОСМОН ҶУСТАМ

Матлабҳои бештар...

  • ҲАВОИ ШЕЪР ГИРИФТАСТ САР БА САР ҶОНАМ
  • ЯК ҒАЗАЛ, ЭЙ КОШ, ГӮЯМ ҲАМЧУ ЧАШМАТ ШӮХШАНГ
  • БИЁ КИ НЕСТ ЧАМАНРО ЧУНИН ШУКУФОЙӢ
  • БА РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • ...
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9
  • 10

Саҳифаи 4 то 21

© Аскар Ҳаким 2026.