Биё, эй дилбари якто, ки гӯям шеъри яктое,

Ки яктоӣ набошад баҳра ҷуз танҳо ба танҳое.

Маҳу хуршед дигар – дигаранд, аммо ҳамонанданд,

Ба зебоии яктои ту аммо нест ҳамтое.

Ту як сӯ офтобу як су абрӣ,  осмонастӣ,

Ки борону камони атласаш дорад тамошое.

Саробе мешавад аз гӯшаи чашмат шароби ноб,

Чунон мӯъҷиз куҷо меояд аз Исову Мӯсое?!

Ду оҳуи ту шери ҷангалиро мезанад занҷир,

Мусалмон мешавад аз чашми тарсуи ту тарсое.

Манам, ки гаштаам кайҳо ба нози ишқи ту таслим,

Дигар занҷирбандии туро дорам таманное.

Зи атри бомдодии баҳорам хушдимоғӣ нест,

Чу дар шомам напечад накҳати зулфи сумансое.

Ба оҳанги сабо гар мекушоӣ ғунчаи лабро,

Дигар чун мекунад булбул ба боғ оҳанги овое.

Чаман аз нахли сабзи қоматат мадюни сарсабзист,

Шукуфа-ст аз лаби сурхи ту мафтуни шукуфоӣ.

Ба боғи ошноият, чӣ бошад,  раҳ диҳӣ як шаб,

Ки ман дар пушти дар дорам ҳамин танҳо таваллое.