Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Булбул ба сари шох наво дораду хобӣ,
Мадҳуш дар оғӯшиву сармасти шаробӣ.
Ин ҳар ду агар нест туро айши саҳаргоҳ,
Аз чист, ки печида сар аз ҳарфи ҷавобӣ.
Чун дар бари мо лаззати оғӯш набинӣ,
Донӣ, ки аз он нобтарин ҳеҷ наёбӣ.
Ин ҳарфи дил асту набувад шак, ки яқин аст,
Ман нобаму ту нобтаринҳои зи нобӣ.
Гул пеш биёрад агарат атри табассум,
Об аз рухи гул меравад, азбас ту гулобӣ.
Дар ҳасрати нӯши ту бихушкид лаби мо,
Боре ту бипурсӣ, ки магар ташнаи обӣ?
Аз об дареғам бикунӣ, ин чӣ азоб аст,
Ё ташнакушӣ гашта магар кори савобе?!
Моем ҷигарсӯхта дар дашти ҷудойӣ,
Ин дашт сароб асту вале ту сари обӣ.
Гардонад агар ҳарду ҷаҳон рӯи худ аз мо,
Мо рӯ ба ту орему ту рӯ, кош, натобӣ.
06.05. 2017