Дигар сухан на ба кор ояду суханвар ҳам,

Ки гашта кори ҷаҳон соф дарҳаму барҳам.

Дили дунимаи шоир, ки хеш хунполост,

Магар ба реш тавонад ниҳодан ӯ марҳам.

Каломи ҳақ кӣ зи авзои вақт хоҳад гуфт,

Ки дар замона на дил монду на диловар ҳам.

Чу мурғакон шуда аз тарси ҷон хамӯш ба боғ,

Дигар ба гӯш хуш ояд садои қар-қар ҳам.

Чунин муомала адл аст агар, кӣ медонад,

Ки додбахш куҷо монду доду довар ҳам.

Дурӯғу рост даромехт ончунон бо ҳам,

Ки тафриқат натавон кард шакку бовар ҳам.

Чу оварӣ сухан аз ёру ёварӣ, аҷаб аст,

Гарат ба ханда нагиранд ёру ёвар ҳам.

Уқоби шоҳиву шоҳин зи бас замингиранд,

Намонда дар таҳи гардун яке паровар ҳам.

Чу дар замину само роҳҳо ба бунбастанд,

Ниёз чун барам акнун ба роҳу раҳбар ҳам?!