Танҳо зи ҳам ҷудову ҷудо ҷон набуду нест,

Танро ба ҷони шефта руҷҳон набуду нест.

Азбаски ман кам аз танаму ҷони ҷон туӣ,

Дур аз барат ба як нафас имкон набуду нест.

Дар ҳайратам, ки бе ту чӣ сон зинда будаам,

Бе ҷони ҷон, ки зистан осон набуду нест.

Аз ҳарфи ман, ки атр чаман дар чаман бирафт,

Дигар ҳавои тарфи ту пинҳон набуду нест.

Ҳар ғунчае агарчи шукуфт аз нигоҳи ту,

Наргис вале чу чашми ту ҳайрон набуду нест.

Дилро, ки дар биҳишти барин дил гирифтааст,

Ҷуз боғҳои ёди ту сайрон набуду нест.

Кас дид агар рухатро дар хоби нози шаб,

Аз рӯи даҳр рафта пушаймон набуду нест.

Ёдат, ки дар дилам бувад, аз марг эминам,

Бо хотират маро хатари ҷон набуду нест.

Сад ҷон агарки буд маро, мефишондамат,

Як ҷон, ки ҳеҷ қобили эҳсон набуду нест.

Ҳаргиз надошт қадри пашизе ба ман ду даҳр,

Инсон агар таронаи инсон набуду нест?!