Аскар Ҳаким

Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj

Ҳар шабе аз дур ёдат мекунам,
Нохушу масрур ёдат мекунам.
Ишқи мо буд ошкорову кунун,
Чун ғами мастур ёдат мекунам.
Бо туям танҳо ба танҳо маҳфил аст,
Бе туям бо ҳар ду дунё мушкил аст.
Гар ту хандонӣ ба рӯёрӯйи ман,
Зиндагонӣ хандарӯю муқбил аст.
Бенуру хира метофт шабҳо ситораи ман,
То чун ситора кардӣ боре назораи ман.
Аз шуълаи нигоҳат барқе ба ҷони ман зад,
Сад Каҳкашон шукуфо шуд ҳар канораи ман.
Ниҳоли умри ту хоҳам, ки дар амал бошад,
Камоли бахти ту хоҳам, ки бебадал бошад.
Шавад насиби касе гар бағал гирифтани ту,
Тамоми давлати дунёш дар бағал бошад.
Нақши ишқат менишинад дар дилу авзои ман,
Бӯйи ту меояд аз ҳар зарраву аъзои ман.
То шабе аз хештан лабрези ишқам мекунӣ,
Мерасад савдои ишқи ту ба ду дунёи ман.
Эй кош, агар шеърам дарёи сухан бошад,
Чун моҳии дарёям дар шеър ватан бошад.
Лаб мезанад ин дарё гар силсиламӯйи ман
Бо силсилаҷунбонӣ лаб бар лаби ман бошад.
Саҳифаи 3 то 21