Ту, эй духти шакаргуфтор, хуш бодат шакархоӣ,

Саропо нағзиву хубӣ, саропо шеъру зебоӣ.

Агар ин осмон нозад ба ҳурони биҳиштиаш,

Заминро мекунад ҳасти-т гардуни аҳуроӣ.

Дами Исо агар боре ба ҷисми мурда ҷон бахшид,

Кунад як ҳарфи шеъри ту сад эъҷози масеҳоӣ.

Зи бас зеботарӣ бо ҷисму ҷон аз шеъри ҷонафзо,

Биё, то созадат шеър иқтибоси рӯҳафзоӣ.

В-агар байте ба лаб меоварӣ аз боби ноби дил,

Гулу гулхору хоро мешавад обу мусаффоӣ.

Ба вақти сайри гул ногаҳ зи сардӣ гар ту месурфӣ,

Сафи мурғи чаман ояд ба таҳсини хушовоӣ.

Туӣ армони гулҳову туӣ дармони булбулҳо,

Ту чун гулранги шангуле ба барги гул ҳувайдоӣ.

Агар ҷамъияти танҳо туро нашнохт, мебахшой,

Ки байни ин ҳама танҳои беҷон ҷони танҳоӣ.

                                                                  04.02.2018