Моро на ғами нӯши лаби ёр гирифтаст,

Моро ғами ин халқи гирифтор гирифтаст,

К-оне ки чароғе ба раҳи донишу фазл аст,

Дар гумраҳии шаб раҳи бозор гирифтаст.

Лак сол аз ин пеш варо буд устурлоб,

Алҳол вале домани таррор гирифтаст.

Халқони дигар даст ба дасти маҳу анҷум,

Ӯ шому саҳар субҳаву дастор гирифтаст.

Дарҳои разолат ҳама во, кӯйи адолат

Дарбаставу сад доира девор гирифтаст.

Мардум ҳамаро додаву бехонаву дона-ст,

Оне, ки харе буд, ҳама харвор гирифтаст.

Дар ҷамъи ҷаҳонҷӯй ба ин халқи ҷафокаш

Озарм ку, боло сари озор гирифтаст.

Аз хайр асар нест ба ҷамъияти имрӯз,

Хайр аз ҳамаи ноҳия осор гирифтаст.

Оне, ки сало дод чу Мансур “аналҳақ”,

Ноҳақ сари ӯро ба сари дор гирифтаст.

Чун нуқтаи паргор маро нест бурунрафт,

Даврон, ки барам сад хати даввор гирифтаст.

                                                            22.09.2019