Ҳавои шеър гирифтаст сар ба сар ҷонам,

Биё, туро ба сари чашми чор биншонам.

 

Куҷост шеъри маро ғайри атри номат бӯй,

Туӣ ба номи хушат шаҳписанду* райҳонам.

 

Ба чор фасли ҳаётам туӣ баҳори баҳор,

Сипеҳри равшану рангинкамону боронам.

 

Ҳазор муъҷиза дорад паёми омаданат,

Кунад ҳавои ту гулрез баргрезонам.

 

Ба бӯстон ҳама сангам, хамӯш бе туву гунг,

Ба ту ба дашту биёбон ҳазордастонам.

 

Шабе гирифтаву тор аст рӯзи ман бе ту,

Туӣ, ки дар шаби дайҷур ҳам чароғонам.

 

Биё ки ҳар ду ҷаҳонро умед бахшӣ ту,

Вагарна з-омаданам бар ҷаҳон пушаймонам.

 

*шаҳписанд – гиёҳи хушбӯйи давоӣ 

                                                           05.08.2020