Эй ки бо хулқи накӯ бурда дили аҳли назар,

Эй ки ҳастӣ ту азизи ҳама чун ҷону ҷигар,

Фахр дорем зи ту  ҳамчу Раисе шоён,

Аз ту шод аст дили халқи вилоят яксар.

Қади чун кӯҳ баланду дили дарёи фарох

Дод аз рӯзи азал бар ту Худованди башар.

Эътибори суханат рӯз ба рӯз афзун аст,

Қадри корат ҳама рӯз аст баланду беҳтар.

Шукри халқ аст аз ин роҳбарӣ бар ту нисор,

Ту ба пирон писару баҳри ҷавонон ту падар.

Ман ба тавсифи ту чун мекунам оғоз сухан,

Ҷойи ҳарф аз даҳанам мерасад ин шаҳду шакар:

Бод пирӯз Раҷаббои Аҳмадзода,

То бувад, шод бувад, дар таҳи ин шамсу қамар!

                                                            02.04.2020