Ба садои ошноӣ чу шабе садо намудӣ,

Дари ҳар ду олами ишқ бари мо ту во намудӣ.

Шаби тори беситора чу канори боғ бишкуфт,

Ба дурахши Каҳкашонҳо ҳама дар ҷило намудӣ.

Агар ин ҷаҳон ба чашмам бахатову норасо буд,

Ту хато дуруст кардӣ, ками он расо намудӣ.

Вале аз чӣ бад гаҳ имрӯз бишавад ба нек пирӯз,

Амали ҷафо ту, к-он рӯз бадали вафо намудӣ.

Ба ниҳони санги сарде шараре ҷаҳанда дидам,

Магар он шарори дилро ту ба санг ҷо намудӣ?!

Ба умеди тозае, к-он надамида дар диле ҳеҷ,

Раҳи асли ман кушудӣ, зи ҳаво раҳо намудӣ.

Сари худ ба сад ниёзе ба ҷаноби ту бисудам,

Ту маро ба худ шиносу зи худӣ ҷудо намудӣ.

                                                            06.07.2019