Кори мо аз бодаву соғар гузашт,

Кори соғар чӣ, ки об аз сар гузашт.

Хубрӯе дидаву дил бохтем,

Ҳаҷр монду васли ҷонпарвар гузашт.

Ақлу дину дил ба ӯ пардохтанд,

То рухаш як бор аз манзар гузашт.

То ки ёбемаш дубора, кофтем,

Гум шудему умр дар маъбар гузашт.

Лола коридем дар дашти баҳор,

Нола монду лолаи аҳмар гузашт.

Шаб канори моҳ кардем орзу,

Каҳкашони шом беахтар гузашт.

Дил ба ҳар мавҷе дари худ во намуд,

Шуд гумон ворид, яқин аз дар гузашт.

Ақл побанди ҳавас гашту дареғ,

Подшоҳе камтар аз чокар гузашт.

Амри адл ин ҷо фарохур чун набуд,

Рӯбаҳ эмин монду шери нар гузашт.

Саргузашти мо кӣ медонад, ки чист,

Ҳар чӣ бар сар омад, он буд саргузашт?!

                                                  07.07.2019