Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Як ғазал, эй кош, гӯям ҳамчу чашмат шӯхшанг,
То ба рақс ояд дилу ҷонҳо ба оҳанге қашанг.
Чун дилам бигрифт аз ин нолаҳову вой-вой,
Ту, биё, зангӯли ишқи мо занад шодона занг!
Он қадар мастона рақсему сарафшонӣ кунем,
То фурояд з-осмонҳо Зӯҳраи чангӣ ба чанг.
Ҳар саҳар булбул ба шохи бӯстон хонад суруд,
Ҳамнавояш ғунчаҳо ханданд ҳар сӯ ранг-ранг.
Сабзаҳоро чашмаи симин кунад саршортар,
Накҳати ишқ ояд аз ҳулбӯйҳои ҷуйи санг.
Мебарад аз домани сабзат насими анбарин
Бӯйи атри ишқи моро аз Аҷам то бар Фаранг.
Ақлу дилро оқибат дорем бо ҳам оштӣ,
Ақл бо оҳанги дил бар рақс ояд бедиранг.
Ишқи мо ҳар ҷинсро бо ҳам, ки ошиқ мекунад,
Шом дар оғӯши ҳам оянд оҳуву паланг.
Хандаи моҳ аст дар ойинаи ҷоми маям,
З-он ду чашмат як ғазал, эй кош, созам шӯхшанг.
04.08.2020