Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Ғазали ишқ ба номи ту бихонам ватани ман,
Ки ту ширинтарӣ аз шираи ҷонам ба тани ман.
Ҳама аъзои ман аз хоки ту рӯйидаву сабз аст,
Низ ҳар нахли ту пайванд зада бо бадани ман.
Реша дар оби ҳаёт аст, гар аз мо шаҷаре ҳаст,
Сабз аз чашмаи Хизр аст чамони чамани ман.
Чун зи ҳар кӯ расад овои кишоварзии Зардушт,
Сар занад сабзаи сарвода зи яшти куҳани ман.
Ман аз он шавкати дерина чӣ гӯям, ки туӣ, ту,
Машҳаду Балху Бухорову Хутан, ҳам Ямани ман.
Чун ба Хатлону Бадахшону ба Суғдат набинозам,
Ки ба ҳам ҷамъи ҷамиланд ба ҳар анҷумани ман.
Дар Хуросон, ки зи ҳар банд кушояд гираҳ осон,
Мефитад даҳр ба зону ба пайи илму фани ман.
Аз Ҷаму Кова, Фаридуну Сиёвахшату Курӯш
Мерасад шуълаи тобони Каён то замани ман.
Ҳар гаҳ аз Борбади нағмазан орам сухане чанд,
Мешаванд ин ҳама мурғони чаман чангзани ман.
Зӯҳра дар боми фалак ахтару маҳро диҳад ангез,
Дида покӯбии сармасту шикан дар шикани ман.
Рӯдакӣ пардаи Омуя навозад ба Бухоро,
Мавҷ дар мавҷ равад то ба само каф задани ман.
Қиссаи Рустаму Суҳроб бихонем ба такрор,
Шояд ин бор шиносад писараш Таҳмтани ман.
Ҳеҷ махлуқи Худоро, ки ба раҳ чоҳ накандам,
Кош, андар чаҳи худ ҳам нафитад чоҳкани ман.
Ту агар марди набардӣ, ба раҳи шаъну шуҷоат,
Тан диҳӣ худ ту ба зӯроварии танбатани ман.
Гоҳ буда, ватанам, хиттаи байтулҳазане ту,
Шукри Эзад, ки шудӣ хурраму байтулҳасани ман.
Баски оростаӣ ҷумла ҷаҳонро ба ҳунар ту,
Ҳоҷатат нест дигар бар сухани бесунани ман.
Ба санои ту вале шеъру чакомак кунам оғоз,
Фавҷи истора бирезад ҳама шаб аз даҳани ман.
Ҷилваи парчами ту барги умеди падарон аст,
Танг ояд зи фараҳ бар тани ман пираҳани ман.
Зинда бошӣ, ки сухан гӯям агар аз дили тоҷик,
Бешумар шукри ватан мерасад аз ҳар сухани ман*.
16.01.2020
*Баъд аз нашри “Се қиссаи як шеър” дар фейсбук яке аз дӯстон ба ман пешниҳод кард, ки ба ҳамон тариқ саргузашти баъзе шеърҳоямро нависам, ки ҷолиб хоҳад буд. Воқеан ҳам, ба назарам, пешниҳоди хубест, зеро саргузашти шеър, дар асл бигиред, саргузашти шоир ҳам ҳаст, чунки шеър аст, ки шоирро шоир мекунад, вагарна ӯро мардум шоир наменомиданд, ҳарчанд шеърро шоир менависад, яъне сабабгори аввалия ӯ мебошаду шеър натиҷа аст. Ин корро – навиштани саргузашти баъзе шеърҳоямро, шояд, дар оянда хоҳам кард, аммо ҳоло кори дигар мекунам. Дар ҳамон сафҳаи фейсбукии “Се қиссаи як шеър”, ки аз шеъри “Замини сабзи боварҳо”- и банда сухан мерафту онро донишманду шоири фозил, муаллифи “Тафсири зарнигор”, шодравон Саидалии Саид “Шеъре баландтар аз Каҳкашон” номида буд, ки, албатта, муболиға аст, дӯстон андешаву бардоштҳои худро навиштанд. Дар он байн устоди варзидаи журналистикаи тоҷик Қироншоҳ Шарифзода он шеърро “гимни тоҷикият” номид, ки ин ҳам, бешубҳа, муболиға дорад, вале маро ба андешае бурд, ки ба ҳамин манзур чизе дигаре ҳам бинависам ва ҳамоно ба забонам байте рафт, ки ин буд:
Ғазали ишқ ба номи ту бихонам, ватани ман,
Ки ту ширинтарӣ аз шираи ҷонам ба тани ман.
Ва ман онро давом додам, ки навъи ғазалро гирифт, зеро ғазал аз анвои маҳбуб ва суннатии шеъри мо буда, мӯниси дилҳост ва ман ба худ мегуфтам, ки ишқу муҳаббати ватан ҳам ҳамеша аниси ҷонҳост, пас дар қолаби суннатии дилписанд ҷой гирифтани ин эҳсосоту андеша бояд созгори ҳам биёянд. Дуруст аст, ки ғазали суннатии мо маъмулан ба ин муфассалӣ нест, он маъмулан 7-8 байт мебошад, аммо ғазали банда ба эътибори бузургии маънавии ватани мо ба 19 байт кашида шуда, бештар ба қасида шабоҳат пайдо кард, ки онро “Ғазалқасидаи Ватан” номидам.
02.02.2020