Паёми ман ба шумо, дӯстони ҷон, ин аст,

Ки ишқ аз ҳама ширинтарини ширин аст.

Ба ишқ ёр шаведу абад ба он бошед,

Ҳамин маро ба шумо орзуи дерин аст.

Чу худ ҷавонаи ишқеду ишқ бор оред,

Баҳоратон ҳама гул, баргрез заррин аст.

Агар хаёли рухи ёр меҳри рӯзи шумост,

Фурӯғи шом зи моҳу чароғи Парвин аст.

Ҳамон бино напазирад халал, гараш бунёд

Зи ишқ бошаду абёти ишқаш озин аст.

На бад, на зулму тааддист дар қаламрави меҳр,

Чу ҳар се ин набувад, даҳр ҷаннатоин аст.

Зиёда бод ба мо шафқати фариштаи ишқ,

Ки ишқ қотили деви адовату кин аст.

Маро зи маънии ҳастӣ ҳамин сухан гуфтанд,

Ки пешгоҳи шумо гӯямаш, ки он ин аст.

                                                  18.12.2020