Адолат дар замин пайдо нашуд, дар осмон ҷустам,

Замин шуд осмон ҳам, чун адолатро дар он ҷустам.

Худовандо, замину осмон, к-эҷоди ҳарфе аз даҳонат буд,

Дигар ман ҳам адолатро чу ҳарфе дар даҳон ҷустам.

Бидидам адл дар кафки даҳони хоҷагон ғарқид,

Ба рағми бардагӣ дигар ниҳон андар ниҳон ҷустам.

Чӣ гӯям, адл ҷустанҳои ман дар рӯзгори даҳр,

Чунон будӣ, ки ман нобудаеро дар ҷаҳон ҷустам.

Чу дидам адл набвад дар ду олам ҳам яқин пайдо,

Ба худ печидаму дигар адолат дар гумон ҷустам.

Замон аз ман сано хоҳад, валеяш чун сано гӯям,

Ки ман ҳар ҷо, ки ҷустам адл, бо сад хавфи ҷон ҷустам.

Сияҳторе намонд имрӯз дар мӯйи сапеди ман,

Чӣ подоше гирифтам, то нишон аз бенишон ҷустам.

                                                                      30.08.2020