Дилам ба ёди ту равшан чу офтоб шавад,

Валек дар ғами дури-т адову об шавад.

Биёву васл бидеҳ обу офтоберо,

Ки ҳар чӣ мешавад аз ҳар дуе, савоб шавад.

Гарам зи хона бурун меравӣ пайи дидор,

Рухи шабони сияҳ пур зи моҳтоб шавад.

Бувад, ки аз лаби нӯшат бинӯшам ояти ишқ,

Катибаҳои лабат то ки шаҳди ноб шавад.

Маро чу даст расад бар баёзи гардани ту,

Ки ҳар чӣ гӯям агар, байти беҷавоб шавад.

Агарчи ҳар нафаси умрро ҳисобе ҳаст,

Зи шафқати ту пур аз шукри беҳисоб шавад.

Бад-ин ниёз зи ту посухе бувад ё на,

Кунад Худой муқаррар, ки мустаҷоб шавад.

                                25.09.2020