Умри одамро, ки мегӯянд, як дам будааст,

Нек бинам, суҳбати ёрони ҳамдам будааст.

Рӯзи шодӣ, гарчи мегӯянд, бисёр аст ёр,

Он, ки аз шодии ту шодӣ кунад, кам будааст.

Ҳар чӣ аз одам расад, ноодамӣ ё одамӣ,

Лек одам боз ҳам муҳтоҷи одам будааст.

Гарчи дилро мекунад ғам сахт бемору хароб,

Чорасози ҷони беғам боз ҳам ғам будааст.

Гавҳари одам бубояд дид, в-арна ҳар даво

Бар яке нешу ба дигар нӯшу марҳам будааст.

Он ҷавонмаргон, ки рафта қарздору қарзхоҳ,

Қарзҳои умрашон бар қарзи мо зам будааст.

Бошад аз ин пас ба қадру қимати одам расем,

К-ин ҳаёти мо ба дунё одаму дам будааст.