Суруди нав шунав аз ишқи дерин Тоҷикистонам,

Ки ширинтар туйӣ аз ҷони ширин Тоҷикистонам.

Гулистонҳои шаҳророи атрият барад дилро,

Куҷо ёбам ба ҳуснат ҳарфи таҳсин Тоҷикистонам.

Бубин, ҳафт осмон бар пойи куҳҳои ту сар монда,

Замини ту баланд аз Моҳу Парвин Тоҷикистонам.

Маро ҷуз дар канори ту биҳишти дигаре набвад,

Ки сангат чун пари қуест болин, Тоҷикистонам.

Зи қалби кӯҳҳоят рӯдҳои нуқрагун ҷорист,

Само софу заминат сабзқолин, Тоҷикистонам.

Туро дар бостониву навангезӣ қиёсе нест,

Куҳанбунёди давронҳо, навоин Тоҷикистонам.

  1. 10 2020