Аскар Ҳаким Аскар Ҳаким Аскар Ҳаким

Аскар Ҳаким

Шоири халқии Тоҷикистон
шоир, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон. Аз соли 1976 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Image
Суроға: ш. Душанбе
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru 
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
  • Зиндагинома
  • Мақолаҳо
  • Дар бораи Аскар Ҳаким
  • Гуфтор дар бораи худ
  • Китобҳо
  • Ғазалиёт
  • Ашъор
  • Рубоиёт
  • Дубайтиҳо
  • Манзумаҳо
  • Аксҳо
  • Наворҳо
  • Сурудаҳо
  • Тарҷумаҳо
  • Мусоҳибаҳо
  • Зиндагинома
  • Мақолаҳо
  • Дар бораи Аскар Ҳаким
  • Гуфтор дар бораи худ
  • Китобҳо
  • Ғазалиёт
  • Ашъор
  • Рубоиёт
  • Дубайтиҳо
  • Манзумаҳо
  • Аксҳо
  • Наворҳо
  • Сурудаҳо
  • Тарҷумаҳо
  • Мусоҳибаҳо
734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8 askar_hakim@mail.ru

Дар бораи Аскар Ҳаким

  • Саҳифаи асосӣ
  • Дар бораи Аскар Ҳаким

«ХЕЗАД АЗ ҲАНҶАРАИ ФОХТА ОҲАНГИ БУЛӮРИНИ САҲАР...»

Аскар Ҳаким
Дар бораи Аскар Ҳаким
02 Октябр 2021
573

Дуктур Сайд Алии Мӯсавии Гарморӯдӣ,

шоир, Эрон

Дӯсти шоирам ҷаноби оқои Аскар Ҳакими азиз!

Манзумаи «Санги ман – алмос»-и Шуморо ба диққат хондам ва лаззат бурдам. Ҳам забони Шумо дар ин манзума фахимтар аз шеърҳои пешини шумост ва ҳам тахайюл, ки аз аносири аслии шоирӣ аст, дар он бориктар ва нозуконатар аст. Дар Эрон ҳам ин навъ манзумасароӣ ва дар ҳамин ҳаҷм ва бо аҳдофе мушобеҳ ба он чӣ Шумо дар ин манзумаи зебои худ гуфтаед, дар муосирон собиқа дорад. Нимо «Афсона»-и худро ба ҳамин сабк гуфтааст, аммо албатта, «Афсона» комилан мавзун аст.

Муфассал: «ХЕЗАД АЗ ҲАНҶАРАИ ФОХТА ОҲАНГИ БУЛӮРИНИ САҲАР...»

СУХАНЕ АЗ ЯК ҒАЗАЛ

Аскар Ҳаким
Дар бораи Аскар Ҳаким
02 Октябр 2021
746

Адиба Хуҷандӣ,

шоир, муҳаққиқ

Ғазал аз шаклҳои шигарфу дилписанди адабиёти тоҷик ба шумор меравад, ки ҳамаи шоирон ва ҳамаи онҳоеро, ки пайванди рӯҳонӣ ба шеър доранд, асрҳои аср маҷзуби худ медорад ва ҳамеша дар ташаккулу таҷаддуд аст.

Ғазал дилбартарин ва ширинтарин қолаби шеър аст ва маҳз ҳунари шоирӣ ва ҷаҳонбиниву илму дониши фарорафтаву фарогиру таъсиргузори бузургтарин шоирони нобиға дар он таҷассум шудааст.

Муфассал: СУХАНЕ АЗ ЯК ҒАЗАЛ

СОҲИБСУХАНИ НЕКУХИСОЛ

Аскар Ҳаким
Дар бораи Аскар Ҳаким
02 Октябр 2021
555

Неъмати Оташ,

шоир

  Банда бисёр хушбахт ҳастам, ки ду даҳсола ин тараф бо шахсияту осори устоди гиромиқадр шоир ва мунаққиди тавоно, инсони покдилу покҷавҳар Аскар Ҳаким ошно ҳастам. На танҳо ҳамчун шогирд ба хизматашон расидаам, балки бо амри тақдир солҳои зиёд бо ишон ҳамкору ҳамнафас будаам. Ҳаргиз дар пеши худ мақсад нагузоштаам, ки осору эҷоди гаронмояро баррасӣ кунам, танҳо ҷуръат дорам, баъзе лаҳзаҳои зиндагии марбут ба ишонро рӯи қоғаз оварам.

Муфассал: СОҲИБСУХАНИ НЕКУХИСОЛ

НОМА БА УСТОД АСКАР ҲАКИМ

Аскар Ҳаким
Дар бораи Аскар Ҳаким
02 Октябр 2021
739

Фарзона,

шоир

  Салом устод Аскар! Узр ниҳед, ки ба дуруди Шумо баъди танаффуси ҳаштсола ҷавоб мегӯям. Ин ҳашт солеро, ки ҷисми ман паймуд, ба ин ҳазор соле, ки рӯҳи ман сипард, ҷамъ бандам, як савол ё як ҷавоб хоҳад шуд. Кистам? – Ҳеҷ… Садои ҳотиф меояд:

Муфассал: НОМА БА УСТОД АСКАР ҲАКИМ

ШЕЪРЕ, БАЛАНДТАР АЗ КАҲКАШОН

Аскар Ҳаким
Дар бораи Аскар Ҳаким
02 Октябр 2021
565

Сайидалии Сайид,

адиб

  Устоди мо Аскар Ҳаким шеъре бисёр баландпоя гуфтаанд бо унвони «Замини сабзи боварҳо», ки эҷод шудааст ба марде ҳам бисёр дар пояи баланди маънавӣ Абдураҳмони Абдуманнон. Мутолиаи ин шеъри эъҷозманд чашмаи ифтихори дилҳоро ба хурӯш меорад, хосса он дилро, ки агар вуҷуди он дар фарҳанги ориёӣ ва хуршеди гарми зардуштӣ аҷдодан иртиботе дошта бошад. Исботи ин ҳарфҳо шарҳе азим мехоҳад. Чунки шеъри муаззамро исботи азим ва исботи азимро майдоне боазаммат бояд. Ҳоло ки мо дар чаҳорчӯбаи чаҳор варақ танг омадем, тафсири мухтасаре бар ин шеър медиҳем, ки умед аст хонандаҳо бо мо ҳамовозӣ пайдо намоянд. Дуруст аст, ки тафсири ин шеър аз Каҳкашонҳо баландтар аст вале маъзарати мо бар ин мемонад, ки ин шеърро тикка-тикка дар пешорӯйи хонандаҳо қарор бидиҳем ва мухтасаран бигӯем, ҳар чӣ мегӯем. Инак он шеър.

Муфассал: ШЕЪРЕ, БАЛАНДТАР АЗ КАҲКАШОН

СЕҲРИ СУХАН (Мақоми байт, рубоӣ ва дубайтӣ дар назми шоир)

Аскар Ҳаким
Дар бораи Аскар Ҳаким
02 Октябр 2021
798

Мардон Неъматзода,

адабиётшинос

  Намудҳои минётурии назм – байт, рубоӣ, дубайтӣ чун падидаи деринаи назм дар эҷодиёти як зумра шоирони баркамоли мо, бахусус Лоиқ, Қутбӣ, Гулназар, Аскар Ҳаким ҳамчун рукни муҳимми назм ва ҷинси лирикии он шинохта гардидааст. Аз ин лиҳоз эҷодиёти Аскар Ҳаким ҷолиби диққат ва сазовор ба таҳқиқ аст.

  Аскар Ҳаким шоири тавонои рубоисарост. Рубоӣ, ки аслан жанри эҷодиёти лафзии халқ аст, ҳиссу тафаккури гӯянда ва шоирро дар шароитҳои гуногуни таърихӣ ва ҳаёти воқеӣ инъикос намуда, ҳамчун воситаи баёни афкор дар шакли бадеӣ мақоми хоса дорад.

Муфассал: СЕҲРИ СУХАН (Мақоми байт, рубоӣ ва дубайтӣ дар назми шоир)

Матлабҳои бештар...

  • Жарфтар аз дарё ва фаротар аз арш
  • НИГОҲЕ КӮТОҳ БАР ҚОМАТИ БАЛАНДИ ШЕЪР  
  • ҶОНАМ ҲУЗУР КАРД
  • АСКАР ҲАКИМ: «ШОИР ЗИ АЗАЛ ЗОДАИ ДАРД АСТ...»
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • ...
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9

Саҳифаи 2 то 9

© Аскар Ҳаким 2025.