Дуктур Сайд Алии Мӯсавии Гарморӯдӣ,

шоир, Эрон

Дӯсти шоирам ҷаноби оқои Аскар Ҳакими азиз!

Манзумаи «Санги ман – алмос»-и Шуморо ба диққат хондам ва лаззат бурдам. Ҳам забони Шумо дар ин манзума фахимтар аз шеърҳои пешини шумост ва ҳам тахайюл, ки аз аносири аслии шоирӣ аст, дар он бориктар ва нозуконатар аст. Дар Эрон ҳам ин навъ манзумасароӣ ва дар ҳамин ҳаҷм ва бо аҳдофе мушобеҳ ба он чӣ Шумо дар ин манзумаи зебои худ гуфтаед, дар муосирон собиқа дорад. Нимо «Афсона»-и худро ба ҳамин сабк гуфтааст, аммо албатта, «Афсона» комилан мавзун аст.

Баъд, Ахавон, Шомлу, Меҳрдоди Авасто, Сиёвуши Касроӣ ва Ҳамид Мусаддиқ ва бисёр касони дигар, манзумаҳои баланд дар авзони нимоӣ (монанди манзумаи Шумо) ва ё дар авзони классик ва ё ҳатто дар шеъри бевазн ва озод доранд.

Ман гумон мекунам, агар сари он доред, ки онро ба чоп бисупоред ва махсусан, агар мехоҳед, дар Эрон нашр ёбад, беҳтар аст бархе луғоти маҳаллии он, мисли патакреша, шудгор ва испор ва амсоли онҳоро дар зернавис маъно кунед. Ман сайъ кардам, миқдоре аз онҳоро барои Шумо дар нусхае, ки ба ман дода будед, анҷом диҳам. Даст марезод. Иншоаллоҳ муваффақ бошед.

89/13/16