Аскар Ҳаким Аскар Ҳаким Аскар Ҳаким

Аскар Ҳаким

Шоири халқии Тоҷикистон
шоир, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон. Аз соли 1976 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Image
Суроға: ш. Душанбе
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru 
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
  • Зиндагинома
  • Мақолаҳо
  • Дар бораи Аскар Ҳаким
  • Гуфтор дар бораи худ
  • Китобҳо
  • Ғазалиёт
  • Ашъор
  • Рубоиёт
  • Дубайтиҳо
  • Манзумаҳо
  • Аксҳо
  • Наворҳо
  • Сурудаҳо
  • Тарҷумаҳо
  • Мусоҳибаҳо
  • Зиндагинома
  • Мақолаҳо
  • Дар бораи Аскар Ҳаким
  • Гуфтор дар бораи худ
  • Китобҳо
  • Ғазалиёт
  • Ашъор
  • Рубоиёт
  • Дубайтиҳо
  • Манзумаҳо
  • Аксҳо
  • Наворҳо
  • Сурудаҳо
  • Тарҷумаҳо
  • Мусоҳибаҳо
734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8 askar_hakim@mail.ru

Дар бораи Аскар Ҳаким

  • Саҳифаи асосӣ
  • Дар бораи Аскар Ҳаким

Жарфтар аз дарё ва фаротар аз арш

Аскар Ҳаким
Дар бораи Аскар Ҳаким
02 Октябр 2021
521

Ҷамолиддин Саидзода,

номзади илмҳои филологӣ

 

 

 Марди доно ба ҳунар зубдаи ақрон гардад,

Мева рангин чу шуд, аз барг намоён гардад.

Дониши Машҳадӣ

Муфассал: Жарфтар аз дарё ва фаротар аз арш

НИГОҲЕ КӮТОҳ БАР ҚОМАТИ БАЛАНДИ ШЕЪР  

Аскар Ҳаким
Дар бораи Аскар Ҳаким
02 Октябр 2021
743

Муҳаммадалии Аҷамӣ,

шоир, пажӯҳишгар

 

Ҳамин чанд рӯз қабл тӯри боронҳо шаҳрро дар худ пӯшида буд ва баҳори юсуф кӯча дар кӯча самоъи сабз мерафт… Дар ҳолате чунин нишаста будам бо танҳоии худ ва ин байтро барои худ мехондам:

                     

Боз ҳам боз чатри танҳоӣ,

Боз ҳам кӯча-кӯча борон аст…

Муфассал: НИГОҲЕ КӮТОҳ БАР ҚОМАТИ БАЛАНДИ ШЕЪР  

ҶОНАМ ҲУЗУР КАРД

Аскар Ҳаким
Дар бораи Аскар Ҳаким
02 Октябр 2021
521

Усмон Назир,

шоир, номзади илмҳои филологӣ

      Файласуфи асри XIX, шоир ва публисист Соловев В. С. дар асараш «Муҳаммад» (Санкт-Петербург, 1902) сухани зебое дорад: «шири рӯҳ, ҳоло барои башарият зарур аст». Оре, дар асри XIX, асри бисёр мураккабу фалокатбор шири рӯҳ ҳамчун иксири давобахш барои аҳли башар хеле ва хеле зарур буд. Ба андешаи камина, сухани воло бояд яке аз унсурҳои «шири рӯҳбахш»-и башарият гардад. Ба назарам, омиле барои камолоти олӣ, ки инсоният ба он бояд такя бикунаду ниятҳояшро амалӣ гардонад, то кунун нест. З-ин рӯ, инсонро боястӣ, ки ҳарчи бештар биомӯзад, бихонаду бидонад, то аз асрори азалу он чӣ дар рӯи замин воқеъ мешавад, огоҳ бигардад. Яке аз омилҳои камолёбии инсон хондану омӯхтан аст. Аз чанд китобе, ки дар вақтҳои охир мутолиа кардам, боварам бар он қавитар гашт, воқеан, яке аз омилҳои асосии камолоти инсон хондан ва андешидан дар сари китобе мебошад, ки хонданисту хонданӣ. Китобҳои мутолиа кардаам инҳо буданд: «Замини сабзи боварҳо», «Санги ман – алмос», «Мунтахаби ашъор»-и Аскар Ҳаким. Андеша оромам нагузошт. Қалбам беқарорӣ кард. Ба андеша рафтам. Афзалиддини Кошонӣ ёдам омад, ки гуфта:

Муфассал: ҶОНАМ ҲУЗУР КАРД

АСКАР ҲАКИМ: «ШОИР ЗИ АЗАЛ ЗОДАИ ДАРД АСТ...»

Аскар Ҳаким
Дар бораи Аскар Ҳаким
02 Октябр 2021
527

Абдуссалом Самадов,

доктори фанҳои филологӣ, Самарқанд

 Асари асили санъат ба ивази машаққати зиёди эҷодӣ ба дунё меояд. Дар ин бора фикри Соиби Табрезӣ ҷолиби диққат аст, ки ба осонӣ муяссар нашудани тасвири баландро ин тавр маънидод кардааст:

 

Домани фикри баланд осон намеояд ба даст,

Сарв мепечад ба худ то мисрае мавзун кунад.

Муфассал: АСКАР ҲАКИМ: «ШОИР ЗИ АЗАЛ ЗОДАИ ДАРД АСТ...»

ДАФТАРИ ДОНИШИ АНДӯХТА ШӯЯМ ДАР ОБ

Аскар Ҳаким
Дар бораи Аскар Ҳаким
02 Октябр 2021
519

Салимшо Ҳалимшо,

шоир

 Шоир Аскар Ҳаким дониши андӯхтаи худро дар об шустан мехоҳад. Об, ё худ дарё, нахустан хона ва нахустин ватани инсон аст. Ва инсон бар об аз Моҳпоя омада. Дар забони санскритӣ Моҳпояро модархудои Сома низ гӯянд, ки тухмаи инсонро ва нӯшдоруи ҷовидониро нигаҳбон аст. Дар Ведоҳо омадааст, ки эзидон дергоҳе дар замин иқомат доштанд, нерӯи кайҳонии худро аз даст доданд. Барои боз нерӯи яздонӣ пайдо кардан онҳо ба роҳи ҷағ дегкашӣ аз оби Сагара (Яшикӯл) нӯшдоруи Амритаро ба даст оварданд. Аз ин ҷост, ки Аскар Ҳаким нигоштааст:

Муфассал: ДАФТАРИ ДОНИШИ АНДӯХТА ШӯЯМ ДАР ОБ

САРОИШГАРЕ БО ЗАБОНИ ФОХИР ВА БАЁНИ МЕЪЁР

Аскар Ҳаким
Дар бораи Аскар Ҳаким
02 Октябр 2021
482

Дуктур Шамсулҳақи Ориёнфар,

Афғонистон

(Ин нукот ба таърихи 16-уми саври 1390 дар толори донишгоҳи адабиёти Донишгоҳи миллии давлатии Тоҷикистон хитоб ба устодон, донишҷӯён ва шахси Аскар Ҳаким, ки меҳмони барномаи хирадмандони донишгоҳ буд, ироа гардид.)

Аскар Ҳаким сароишгарест, ки дар шеър ба забони фохир ва меъёру баёни расо даст ёфтааст. Шеъри Аскар Ҳаким аз авомзадагӣ мубаррост. Ӯ эҳсос ва ёфтаҳояшро бо забони меъёрӣ ва барин рақам мезанад. Ба гунаи ниёкон ва бар хилофи расми маъмули даврони шӯравӣ, дар вожагузинӣ васвос дорад ва дар қаламрави адаб вожаҳои кӯчаро, ки вежаи гуфту шунуди омиёна аст, роҳ намедиҳад. Аскар Ҳаким адиб аст, шоир аст ва дар сурудаҳояш намодгароӣ, мазмунёбӣ, масоили иҷтимоӣ ва фалсафию интиқодӣ ва андешаву тафаккур мавҷ мезанад.

Муфассал: САРОИШГАРЕ БО ЗАБОНИ ФОХИР ВА БАЁНИ МЕЪЁР

Матлабҳои бештар...

  • ҒАРИЗАИ ТАҲҚИҚ ВА ДИДИ МОҲИЯТҶӮЙ ДАР НАҚД
  • Назарею гузаре бар «Замини сабзи боварҳо»
  • Муқаддимаи ношир
  • «НУРИ СУЛҲ АСТ БА ҲАР ҲАРФИ САЛОМ…» (Андешаҳо дар бораи достони Аскар Ҳаким «Санги ман – алмос»)
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • ...
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9

Саҳифаи 3 то 9

© Аскар Ҳаким 2025.