Аскар Ҳаким Аскар Ҳаким Аскар Ҳаким

Аскар Ҳаким

Шоири халқии Тоҷикистон
шоир, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон. Аз соли 1976 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Image
Суроға: ш. Душанбе
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru 
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
  • Зиндагинома
  • Мақолаҳо
  • Дар бораи Аскар Ҳаким
  • Гуфтор дар бораи худ
  • Китобҳо
  • Ғазалиёт
  • Ашъор
  • Рубоиёт
  • Дубайтиҳо
  • Манзумаҳо
  • Аксҳо
  • Наворҳо
  • Сурудаҳо
  • Тарҷумаҳо
  • Мусоҳибаҳо
  • Зиндагинома
  • Мақолаҳо
  • Дар бораи Аскар Ҳаким
  • Гуфтор дар бораи худ
  • Китобҳо
  • Ғазалиёт
  • Ашъор
  • Рубоиёт
  • Дубайтиҳо
  • Манзумаҳо
  • Аксҳо
  • Наворҳо
  • Сурудаҳо
  • Тарҷумаҳо
  • Мусоҳибаҳо
734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8 askar_hakim@mail.ru

Дар бораи Аскар Ҳаким

  • Саҳифаи асосӣ
  • Дар бораи Аскар Ҳаким

АСКАР ҲАКИМ – ҒАЗАЛСАРОИ МУТАФОВИТ

Аскар Ҳаким
Дар бораи Аскар Ҳаким
02 Октябр 2021
697

Дуктур Алиризои Қазва,

шоир, Эрон

АСКАР ҲАКИМ – ҒАЗАЛСАРОИ

МУТАФОВИТ

 Дурахшиши Аскар Ҳаким дар ғазалҳои ӯст. Агарчи шояд аз ӯ дар бештар қолабҳо шеър хонда ва шунида бошем, аммо ғазалҳои солҳои охири ӯ, бахусус, ғазалҳое, ки дар китоби охираш (… Боз мерасад хуршед) ба чоп расидааст, ғазалҳои комилан мутафовит ва таҷрибаҳои тоза дар зиндагии шоирии ӯ ба ҳисоб меояд. Ҳатто хондани баъзе аз ин ғазалҳо комилан ғофилгиркунанда аст. Он ҳам дар вазъияте, ки ба назар мерасад, корҳое сангин ва вазифаи сиёсиву иҷтимоӣ фурсати хилватҳои аз ин дастро аз ӯ салб (ҷудо) кунад, аммо ӯ дуруст, дар ин рӯзҳои пурмашғала нишон додааст, ки бо шеър бархӯрде ҷиддӣ доштааст. Қазовати мо маҳсули хондани ғазалҳоест аз ин даст:

Муфассал: АСКАР ҲАКИМ – ҒАЗАЛСАРОИ МУТАФОВИТ

БАРРАСИИ ДОСТОНИ «САНГИ МАН – АЛМОС» ДАР ШӮРОИ СБИН

Аскар Ҳаким
Дар бораи Аскар Ҳаким
26 Сентябр 2021
577

БАРРАСИИ ДОСТОНИ «САНГИ МАН –

АЛМОС» ДАР ШӮРОИ СБИН

 

6-уми апрели соли 2000 дар Маскав, дар Шӯрои Созмони байналмилалии Иттифоқҳои нависандагон (СБИН) мулоқоте барпо шуд, ки он бо сухани табрикии раиси шӯрои адабиёти тоҷик дар СБИН, шоиру тарҷумони машҳур Яков Козловский оғоз ёфт. Сипас навбати сухангӯӣ ба Раиси кумитаи иҷроияи шӯрои СБИН Нависандаи халқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, Академики Академияи суханшиносии Русия Темур Пӯлодов дода шуд.

Муфассал: БАРРАСИИ ДОСТОНИ «САНГИ МАН – АЛМОС» ДАР ШӮРОИ СБИН

СУХАН АЗ ШЕЪРУ ШЕЪРИЯТ

Аскар Ҳаким
Дар бораи Аскар Ҳаким
26 Сентябр 2021
781

Абдураҳмон Абдуманнонов,

номзади илмҳои филологӣ

 

СУХАН АЗ ШЕЪРУ ШЕЪРИЯТ

 

Дар инъикоси рӯзгор шоирони муосири тоҷик аз анъанаҳои беҳтарини шеъри гузаштагон истифода намуда, худашон низ навиҳое ба миён овардаанд, ки онҳо  баъдан ба анъана табдил ёфтаанд. Мавзӯи рисолаи мунаққид ва адабиётшинос Аскар Ҳакимовро, ки нашриёти «Ирфон» таҳти унвони «Шеър ва замон» ба табъ расондааст, паҳлуҳои гуногуни проблемаи анъана ва навоварӣ ташкил намудаанд.

Муфассал: СУХАН АЗ ШЕЪРУ ШЕЪРИЯТ

РӮ БА ҶОВИДОН

Аскар Ҳаким
Дар бораи Аскар Ҳаким
26 Сентябр 2021
502

 Неъматҷон Файзуллоев,

Носир Салимов,

устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

РӮ БА ҶОВИДОН

 Аскар Ҳаким ба адабиёти мо бо асарҳои тадқиқотӣ ва мақолаҳои танқидии худ ворид шуд ва аз ҷониби аҳли адабу хонандагон хеле гарм истиқбол гардид. Дар ёдҳост, ки китоби аввалини ӯ «Шеър ва замон» (1978) мавриди гуфтугӯву мубоҳисаҳои бардавом гардида, дар миёни муштоқони каломи мавзун маҳбубиҳои хосае пайдо намуд. Диди амиқу пурвусъат, тафаккури варзидаи илмӣ ва аз ҳама муҳиммаш сабку усули тозаи таҳлилу баёни мунаққид дар нақди адабии тоҷик як самти ҷадидеро густариш дод. Ғараз аз ин гуфтаҳо ин аст, ки Аскар Ҳаким дар қаламрави илму адаб аз нахустин қадамҳояш роҳи худ ва сухани худро меҷусту меёфт. Ва ин сифат, ки хоси эҷодкори асил аст, баъдтар вақте ки ӯ мустақиман ба таълифи шеъру достонҳо шурӯъ намуд, низ ба сароҳат ва зуҳур омад. Суханваре, ки ба шеър ва рисолати шоир назари тоза дошт, дар ҷодаи офариниш низ ба ҳамин дастур роҳ мепаймуд. Ин аст, ки чеҳра ва сабки шоирии ӯ ҳоло хеле мушаххас аст.

Муфассал: РӮ БА ҶОВИДОН

ДАР ҚАЛАМРАВИ ШЕЪРИ ҶОДУЙӢ

Аскар Ҳаким
Дар бораи Аскар Ҳаким
26 Сентябр 2021
560

Умар Сафар

доктори илмҳои филологӣ

 

ДАР ҚАЛАМРАВИ ШЕЪРИ ҶОДУЙӢ

 

Ҷомеаи адабии мо дар соле, ки гузашт, шоҳиди падидаҳои тозаву шоистаи пуршуморе буд, ки намунааш интишори «Маҷмӯаи осор»-и шоири арҷманд Аскар Ҳаким дар ҳафт ҷилд маҳсуб мешавад. Нашри осор бо сифати аъло тавассути нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд сурат гирифтааст. Ҳафт ҷилд замоне манзури ҳамватанони гиромӣ гардид, ки холиқи он аз сарҳади хушоянди ҳафтодсолагӣ гузаштаанд. Маҷмӯъаро бо иқрори худи шоир шояд тавонист, мунтахаби осор номид, чун ҳама сурудаҳову офаридаҳои эшонро фарогир нест. Вале дар ҳар сурат аз синаи ин марз метавон ба масири офаринандагии як ҳунарманд назари муҳаққиқона афканд. Зиндагии як шоир, ҳунарвар мардум зиндагии хусусӣ, фардӣ нест, балки омезае аз воқеияти асру ҷомеаи ӯст. Вуруд ба ҳарими эҷодии як ҳунарманд дидор бо шебу фарози таъриху фарҳанги як қавм аст, шинохти дарду ранҷҳо, бурду бохтҳо, омолу орзуҳои мардуме аст, ки шоир ҳамдӯшу ҳамканори онҳо ба сар бурда, шодиву ғам, шикасту боландагии хешро бо онҳо қисмат намудааст.

Муфассал: ДАР ҚАЛАМРАВИ ШЕЪРИ ҶОДУЙӢ

АСКАР ҲАКИМ

Аскар Ҳаким
Дар бораи Аскар Ҳаким
26 Сентябр 2021
655

Ҷумъақул Ҳамроев,

доктори илмҳои

филологӣ, Самарқанд

АСКАР ҲАКИМ

 Аскар Ҳаким шоир ва мунаққиди шинохтаи тоҷик аст, ки охири солҳои шастуми асри гузашта ба арсаи адабиёт қадам ниҳод ва дар муддати кӯтоҳе миёни хонандагон шӯҳрат пайдо кард... То нашри нахустин маҷмӯааш «Раҳнавард» (1984) хонандагон ӯро «чун яке аз беҳтарин мунаққидони адабиёти муосир мешинохтанд, ки на фақат ҳусну қубҳи шеърро нозук дарк мекард ва сари вақт дилсӯзона вале берӯю риё нишон медод, балки оид ба роли шеър, умуман адабиёт, мавқеи иҷтимоии шоир, санъаткор дар ҷамъият, дар ҳаёти маънавии инсон изҳори ақида менамуд» (Д. Бақозода. Нависанда ва идеали замон.-Душанбе: «Адиб», 1987, с. 123-124).

Муфассал: АСКАР ҲАКИМ

Матлабҳои бештар...

  • Шеър – чун махсусият
  • ҶӮЯНДАИ РОҲУ ТАРИҚАИ НАВИН
  • НАЗАРИ ТОЗА БА ШЕЪРИ ҒИНОИИ ТОҶИКӢ
  • СУХАНРОНӢ ДАР МАЪРАКАИ РӮНАМОИ «МАҶМӮАИ ОСОР»-И АСКАР ҲАКИМ
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9

Саҳифаи 5 то 9

© Аскар Ҳаким 2025.