Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Муҳаммадалии Аҷамӣ,
шоир, пажӯҳишгар
Ҳамин чанд рӯз қабл тӯри боронҳо шаҳрро дар худ пӯшида буд ва баҳори юсуф кӯча дар кӯча самоъи сабз мерафт… Дар ҳолате чунин нишаста будам бо танҳоии худ ва ин байтро барои худ мехондам:
Боз ҳам боз чатри танҳоӣ,
Боз ҳам кӯча-кӯча борон аст…
Дар чунин рӯзе, ки ҳар чӣ буд, борон буд, устод Аскар Ҳаким вориди коргоҳи банда шуд, бо табассумҳои зебо ва бози худ. Омад даст бар дасти боронҳо ва борони ҳилму муҳаббат ва ошноиро дар ман борид ва ду китоби шеъри худро бо номи «Санги ман – алмос» ва «Замини сабзи боварҳо» бар ман тақдим дошт. Баъд аз он ки устод Аскар Ҳаким бо ман худо ҳофиз гуфт ва баргашт, китобҳои ӯро боз кардам. Дарёфтам, ки Аскар Ҳаким шоире ҳаст, ки ҳанӯз, он гуна ки мебояд, кашф нашудааст. Мутолиаи шеърҳои ӯ маро ба ёди солҳои ҷавонӣ бурд, он солҳо устод Аскар Ҳаким дар бахши нақд бисёр овозадор буданд. Бахусус, китоби нақди ӯ бо номи «Шеър ва замон» даст бар даст мегашт, ки ҳанӯз ҳам он китоб вижагиҳои худро гум накардааст. Китоби «Шеър ва замон»-и устод Аскар Ҳаким дар радифи корҳои таҳқиқотии мунтақидони барҷастае чун Абдунабӣ Сатторзода ва Абдураҳмони Абдуманнон аз беҳтарин пажӯҳишҳо башумор меояд… Ва китоби «Шеър ва замон» маро сахт ба худ маҷзуб сохт ва орзу мекардам, ки бошад, рӯзеву рӯзгоре ман низ дар мавриди шеър чизе бинависам. Аз он орзу солҳо сипарӣ шуд, то андак-андак дар худ таҷруба андӯхтам ва рӯй овардам ба нақд. Нақд, пажӯҳиш фанни аҷиб аст, розҳои печида ва шигарфе дар худ дорад, ҷарақаи аввалини онро дар вуҷуди ман устод Аскар Ҳаким равшан сохта буд. Агарчи ин ҷарақа солҳо дар ман рушд кард, тарбият ёфт, шакл гирифт ва худро дар ниҳоят зоҳир сохт. Ҳоло ки ин сатрҳоро менависам, ба устод Аскар Ҳаким самимона ташаккур мегӯям ва дар кори нақду пажӯҳиш ӯро устоди нахустини худ медонам… Ва ҳоло суҳбати мо аз шеъри ӯст, аз шоир Аскар Ҳаким, шоире, ки дар шеъри худ нафас мекашад, зиндагӣ мекунад ва бо шеъри худ бегона нест. Ҳар шоир ба навъе, ба гунае ворид ба шеър мешавад, ки мутобиқ аст ба сирати ӯ.
Устод Аскар Ҳаким шоире аст, ки аз тариқи таҷриба ба шеър ворид шуда ва даст ба дасти шеър додааст. Таҷрибаи ӯ дар шеър таҳқиқ, пажӯҳиш ва ошноӣ ба шеъри шоирон буда, ки дар ин мактаб ба шеър хубтару беҳтар канор омадааст. Бархе ҳанӯз ҳам бар он ҳастанд, ки беҳтар буд, Аскар Ҳаким даст бар шеър намезад, кофӣ буд, ки дар бахши нақд фаъолият медошт. Ва онон надонанд, ки барнома дар ихтиёри Аскар Ҳаким нест, балки он аз ҷойи дигар танзим ё рехта мешавад. Ба қавли Ҳоҷа Ҳофиз:
Дар андаруни мани хастадил надонам, кист,
Ки ман хамӯшаму ӯ дар фиғону дар ғавғ ост.
Мавлавӣ гӯяд:
Эй он миёни ҷони ман, талқини шеърам мекунӣ,
Гар тан занам, хомӯш кунам, тарсам, ки фармон бишканам.
Дар байти Мавлоно таркиби «гар тан занам» бар маънии агар сар бибозам, сар бипечам аст аз фармон. Маъно ин аст, ки фармони шеър ба Мавлоно аз ҷои дигар талқин мешавад. Ва агар онро дар ҷони худ хомуш кунад, фармонро бишкастааст. Дар ҷой дигар Мавлоно ошкортар мегӯяд, «Хун, ки меҷӯшад, манам аз шеър ранге медиҳам». Яъне ҳамин омил буда, ки устод Аскар Ҳаким ба ночор гӯш ба садои дарун доданд ва сар ба фармони шеър доданд ва ҷӯши ботинро дар шеър ранг бастанд. Дар ҳамин хат як шеъри зебои устод Аскар Ҳакимро бо ҳам мехонем:
Ин кадомин боғ меояд,
Ин кадомин боғ атри хешро дар чанбари гесӯ-ш меорад,
Ин кадомин боғ бишкуфта ба парпарҳои домонаш
Чун ту меойӣ чамида, раҳ ба раҳ гулбарг меборад.
Ин кадомин боғ меояд?
Ин кадомин боғ меояд,
К-ин ҳама овойи гардунсайри мурғони биҳиштиро
Медиҳад аз арғунуни шохсори сабзи худ парвоз,
То замину осмон пур мешавад аз нағмаву овоз.
Ин кадомин боғ меояд?
Ин кадомин боғ меояд,
К-аз зулоли чашмаҳояш ҳар қадам оинабандон аст,
Сабза дар оғӯши обу обҳо бо сабза дар оғӯш
Ҳамдигарро қиссаҳои ишқ мехонанд зери гӯш.
Ин кадомин боғ меояд?
Ин кадомин боғ меояд,
К-аз кадомин сӯяш ойӣ, сӯйи гул ойӣ
В-аз кадомаш ҳам равӣ, бо бӯйи гул ойӣ,
Ё магар ҳар чор сӯяшро ҳисоре бастаанд аз гул?
Ин кадомин боғ меояд?
Дар бувад ин боғро шояд?! (Замини сабзи боварҳо, саҳ. 53).
Ин шеър дар ҳолу ҳаво ва фазои нимоӣ эҷод шуда ва он як шеъри муваффақ аст, дар кори устод Аскар Ҳаким. Шоир дар шеър калимотро барои ранггузорӣ ва нишон додани ҳисси ботини табиат ва инсон ба кор гирифтааст. Калимотро тавре дар мисроъ оварда, ки ҳар калима ҳокӣ аз ранг, аз ҳолати дарун ва ҳисомезӣ мебошад. Андеша дар шеъри фавқ урён нест, ҷудоӣ ва дурангӣ миёни аносири шеър вуҷуд надорад. Бархӯрди шоир бо андеша отифӣ аст ва тавониста шеърро дар калимот, таркиб ва рангҳо зуб кунад ва бар шеър ҳаёти абадӣ бидиҳад. Тамомии вожа, андеша, тасвир, маъно дар шеъри ҳозир мадюни мисраи аввал «ин кадомин бо меояд» аст. Фаразан, агар шоир мегуфт, «Аз кадомин боғ меойӣ» ҷозибият ва шеърият дар шеър мешикаст. Ва бурди устод Аскар Ҳаким дар шеър он ҷост, ки ӯ бо истифодаи як мисраи рехта, мунсаҷим ва зебо шеърро ба хонанда пешниҳод мекунад, шеърро пеши рӯи хонанда қарор медиҳад. Хонанда аз мисраи аввал бо шеър рӯ ба рӯ мешавад ва даст бар дасти шеър мегузорад. Бо он ки шоир аз вожаи ҳайрат кор нагирифта, аммо ин ҳис дар зеҳни хонанда бурӯз мекунад. Дар баёни мисраи «ин кадомин боғ меояд» ҳам суол ва ҳам шигифту ҳайрат зеҳнро ба худ машғул медорад... Ҳайрат ва таҳайюр дар шеъри ниёгон аз истилоҳоти ирфонӣ аст ва он бар маънии саргардонӣ дар баҳри тавҳид ва дар водии ишқ аст. Самараи тафаккур ҳайрат ва таҳайюр аст, ки банда дар дарёи бекарони аҳадият саргардон шавад ва маҳви ҷамолу ҷалоли ҷабарути илоҳӣ шавад. Ҳофиз гӯяд:
Ишқи ту ниҳоли ҳайрат омад,
Васли ту камоли ҳайрат омад.
Низомӣ гуфтааст:
Дар ин манзил касе к-ӯ пештар рафт,
Ба ҳар гомаш таҳайюр бештар шуд.
Ва Аскар Ҳаким бо ҳайрат ва шигифт мегӯяд: «Ин кадомин боғ меояд» ва боғ магар ҳамон ниҳоли ишқ нест, ки Хоҷаи бузургро ба ҳайрат гирифта. Боғ дар шеъри устод Аскар Ҳаким ҳамон ниҳоли ишқ аст, ки шоирро дар эъҷози ҳайрат ва шигифт қарор додаст. Навиштаҳои фаровон ба чашм мехӯрад, ки андеша дар як ҳолат ба шеър гиреҳ мехӯрад ва мегӯянд ин хулоса шеър аст. Дар шеъри ҳозир ин тавр нест, зеро он аз ҳамон оғоз аз шеър шурӯъ мешавад ва дар шеър поён меёбад. Ҳар он шеър, ки аз бадеият шурӯъ мешавад ва дар бадеият поён меёбад, аз беҳтарин шеър аст ва ин таъриф ба шеъри «Ин кадомин боғ меояд» бисёр мувофиқ аст. Боғ дар шеъри фавқ аввал як инсон аст баъд аз он маъшуқ, инсоне, ки ғарқ аст дар маърифат ва маъшуқа, ки саршор аз эъҷози зебоиҳост. Ва бо ин қадам мезанад ва атру зебоиро дар чанбари гулҳо пароканда месозад. Бо ин қадам мезанад ва мушку анбар, зебоӣ, ранг, атр дар гесӯи вақт ҷорӣ мешавад. Агар як наққош бо чирадастӣ ин ҳама тасвирро дар таблу ранг бирезад, боз ҳам зебоии шеър ба тамом ошкор нашавад. Танҳо худ шеър аст, ки ҳолати қадам задани боғ, ранг ва шукуфоии онро дар баёни зебо пеши чашм ба тамошо мегузорад. Ҳар инсон боғбони худ аст, ӯ зебоиро дар худ ё тарбият медиҳад, ё онро маҳв месозад. Ва манзур аз тарбияти зебоӣ маърифат, озодагӣ, ворастагӣ, эътимод, бовари инсон будан аст дар маънои асл. Инсони имрӯз, барои он ки ба хушбахтӣ бирасад, ҷинс иваз мекунад, чеҳра тағйир медиҳад, ҷарроҳии маснӯъӣ мекунад, аммо боз ҳам хушбахт нест. Зеро зебоии маърифат, забони эътиқоду бовар, зебоии ботинро фаромӯш кардааст ва ин аст, ки ҳамеша саргашта ва парешон аст. Аскар Ҳаким дар шеъри «Ин кадомин боғ меояд» ба инсон зебоии маърифат ва озодагиро нишон медиҳад. Инсонро ба сӯи ҳамин зебоӣ, зебоии ботин даъват мекунад ва дари хушбахтиро ба инсонҳо нишон медиҳад. Яъне инсони шукуфта аз ботин, инсони шукуфта дар маърифат ва ишқ ба як боғи зебо шабоҳат дорад. Ва ҳар ҷой ки қадам бизанад, бо худ оини шукуфтанро мебарад, оини муҳаббатро ва оини садоқатро. Ва ҳар инсон як дарахте аст дар боғи маърифат ва ишқ, шукуфтан дар ин боғ рукни муҳимм аст дар зиндагии ҳар инсон. Аммо афсӯс, инсонҳо ғафлат меварзанд, аз шукуфтан фаромӯш мекунанд ва дар ботин хушк мегарданд. Хушк зиндагӣ кардан чӣ фоҷиаи талх аст, аммо, мутаассифона, на ҳама онро бидонад. Ҳарф ин ҷост, ки инсони муосир худро дар зиндагии маснӯӣ асир кардааст ва дигар дари боғи зебоиро гум бинмудааст. Инсони муосир як мошини мудели охирро бо шавқу завқ тамошо мекунад, вале ба табассум ва шукуфтани гул дар боғ бетаваҷҷуҳ аст ва онро як ҳолати маъмулӣ медонад. Дар ҷое ҳолатеро мушоҳида кардам ва бештар бовар кардам, ки инсон аз зебоӣ дар фосила қарор дорад. Ҳолат ин гуна буд: шаш-ҳафт нафар бо ҳам як мошинро бисёр бо завқу шавқ тамошо менамуданд ва аз он баҳс мекарданд. Дар канори онон, як қадам он тарафтар, чамани гул, боғи гули садбарг зебо шукуфта буд вале аз он ҷамъ касе бар боғи гул таваҷҷуҳ надошт. Ин ҳама далолат бар он мекунад, ки зебоӣ дар инсонҳо андак-андак маҳв мешавад ва дидори боғи чунин зебо барои Аскар Ҳаким боиси ҳайрат аст. Яъне дар ин замин, ки инсонҳо дур аз зебоӣ мешаванд, ин боғ аз куҷост, ки чунин гулбор меояд.
Ин кадомин боғ меояд,
К-ин ҳама овойи гардунсайри мурғони биҳиштиро
Медиҳад аз арғунуни шохсори сабзи худ парвоз,
То замину осмон пур мешавад аз нағмаву овоз.
Ин кадомин боғ меояд?
Зебоӣ аз нигоҳи шоир талаби камол аст, аз нигоҳи тасаввуф рӯҳи одамӣ, барои талаби камол ба олами сифлӣ меояд ва баъд аз касби он ба олами улвӣ боз мегардад. Манзур аз боғ дар шеъри фавқ гулистон аст ва гулистон дар ирфон мақоми кушодани дили солик аст, дар маориф. Аскар Ҳаким дар шеъри «Ин кадомин боғ меояд» мақоми кушода шудани дили ошиқро дар зебоӣ ба мушоҳида нишаста аст. Дар ғазали суннатӣ устод Аскар Ҳаким ҳамин маърифат ва зебоии ботинро дар намоди як чароғ дармеёбад:
Чароғ хоҳаму як рӯзи рушноӣ ҳам,
Миёни ин ҳама бегона ошное ҳам.
Аз ин шабонгаҳи зулмат магар равон раҳ бурд,
Ки нест чашми чароғею раҳнамое ҳам.
Чароғ дар сари роҳам зи даст бирбуданд,
Ки ҳеҷ каҷ нашиносам зи ростое ҳам.
Навои булбули ошиқ зи хок мехезад,
К-аз осмон нарасад бар замин садое ҳам.
Ба ҷон ҳидояти ӯро, ки нашнавӣ аз ғайб,
Ба гӯши ӯ расад оё зи ту нидое ҳам.
Туро, ки ҳар даме аз худ ҳазор ранҷе ҳаст,
Чӣ ҷойи шиква аз бандаву Худое ҳам.
Нафас ба оинаи субҳи мунҷамид ях баст,
К-ишоратест ба боми сапедазое ҳам.
(Санги ман - алмос, саҳ 56)
Дар истилоҳи орифон манзур аз чароғ дили равшан ва огоҳ бошад ва дил равшан ба нури маърифат аст. Ва мурод аз чароғи мурда дилҳои мурда аст, ки нури маърифат дар онҳо натобида бошад.
Ҳофиз гӯяд:
Зи рӯи дӯст дили душманон чӣ дарёбад,
Чароғи мурда куҷо, шамъи офтоб куҷо?!
Дар ин байт:
Дарунҳо тира шуд, бошад, ки аз ғайб
Чароғе баркунад хилватнишине.
Мавлавӣ гӯяд:
Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,
К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.
Аскар Ҳаким дар орзуи дили равшан ва огоҳ аз маърифат аст, диле, ки зинда ва равшан бошад аз нури маърифат.
Чароғ ҳоҳаму як рӯзи рӯшноӣ ҳам,
Миёни ин ҳама бегона ошное ҳам.
Ин байт аз ғазал чӣ қадар аз нигоҳи маъно ва отифа посухгӯ аст ба он байти Хоҷа Ҳофиз ва Мавлоно. Ба монанди Мавлоно Аскар Ҳаким низ муштоқи як инсони огоҳ ва бедордил аст ва ӯро дар миёни мардум ҷустуҷӯ мекунад. Чароғ дар ғазали устод Аскар Ҳаким намоди озодӣ, озодагӣ ва таърих, фарҳанг ва худогоҳӣ низ мебошад. Бар ин маъно мегӯяд:
Чароғ дар сари роҳам зи даст бирбуданд,
Ки ҳеҷ каҷ нашиносам зи ростое ҳам.
Аз як шоири эронӣ бар ин маънӣ хонда будам: писар аз падар, ки барои дифоъ ба ҷанг мерафт, мепурсад:
Падар куҷо меравӣ?
Меравам,
То чароғро дасти душман
Аз ту нарабояд.
Чӣ дастҳое ниҳону ошкор қасд кардаанд то ин чароғро аз миллати тоҷик бирабоянд ва чӣ ҷонҳое дар ҳифозати ин чароғ қурбон гардидааст. Устод Аскар Ҳаким бо нигариши зебо сифати чароғи маърифатро дар ин ғазал ба тасвир кашидааст. Мақтаи ғазал бисёр зебо ва шево аст, ки хонандаро ба сӯи равшанӣ ҳидоят мекунад. Субҳи баста ва гирифтаро ки дар худ ях бастааст, иморати сапед, яъне башорати офтоб гарм мекунад. Дар мақтаъ чароғи орзуи шоир табдил ба хуршеди паём мешавад, ки дари яхбастаи субҳро об месозад.
Бояд тазаккур дод, ки муносибати Аскар Ҳаким дар халқи шеър бо забон, калима мутаносиб аст бо ниёзҳову додаҳаи инсони асри ҳозир. Ба ин шеъри «Ду шодӣ» аз шоир таваҷҷуҳ шавад:
Ду нафар
Раҳ ба як чашмаи равшан овард,
Як нафар
Акси худ дид дар он,
бол заду шодӣ кард,
В-он дигар
Туф бар он чашмаи равшан андохт,
Низ болидаву шод,
Ки туфаш,
рост
ба оинаи он чашма фитод.
(«Замини сабзи боварҳо», саҳ. 57)
Агарчи ин шеър бисёр фишурдааст, вале муҳтаво дар он умқ ва вусъат дорад. Аз шеър ду ҳолат, ду фитрат, ду сиришт, ду нигоҳ, ду ботин, ду зиндагӣ пеши чашм пайдо мешавад. Чашма намоди покӣ, ростӣ, равшанӣ, бахт, шодобӣ, накӯкорӣ ва худшиносӣ аст.
Ду нафарро тақдир бар сари ин чашмаи ҳастӣ овард, як нафар худро дар он кашф кард, шинохт, озодаву шодоб аз ин ҳадяи тақдир меболад. Маънои нуҳуфта ин аст, ки инсон барои шинохтани худ омадааст, омадааст, то худро, ҳастиро, зиндагиро бишносад. Аммо нафари баъд:
Туф бар он чашмаи равшан андохт,
Низ болидаву шод,
Ки туфаш
рост
ба оинаи он чашма фитод…
Тафовутро бингаред, нафари аввал дар чашмаи маърифат худро кашф кард, худро шинохт ва аз он эҳсоси шодобӣ мекунад. Нафари баъд бар чашмаи равшан туф андохт ва аз ин амалаш хушҳол аст. Нафари дуввум касе аст, ки ҳақиқати зиндагӣ, маънии зистан ва ҳастиро кафш накардааст. Ӯ одам ҳаст, вале ҳанӯз ба мақоми инсон будан нарасидааст. Дар ҷаҳли мураккаб қарор дорад ва дар ҷаҳли хеш ғӯтидааст. Кайфият ва лаззати шинохтанро дарк ва ҳис намекунад, фитрати ӯ аз ин ангезаи наҷиб дур аст. Бар маънии дигар, чашмаи равшан худ инсон аст ва он ҷоҳил туф бар худ мекунад.
Дигар аз ҷилваҳои андеша дар шеърҳои устод Аскар Ҳаким таърихи миллат аст дар фарозу фуруди замонҳо. Бихонем:
Мо гиристем,
вале бар ғами мо хандиданд,
Уфтодем,
вале бар сари мо по монданд.
Мо ба онон ҳама аз хонаи худ ҷо додем,
Мардуми хонагадо, хонахудоро ронданд.
Лек моро ба дари хонаи худ,
Ҳеҷ кас роҳ надод.
Мекашиданд якеро чу ба дор
Дигаре чӯбу расан овардем.
Амр шуд:
Гӯр канед
Ва дар он гӯр бимиред ҳама.
Гӯр кандему ҳамоно мурдем.
Ба сари мурдаи мо ҳеҷ касе гиря накард,
Баски ҳар кас ба сари мурдаи худ мегиряд.
Чӣ кунам,
Боз ба домони сиришк овезам
Ё дигар наъразанон бархезам?! («Санги ман – алмос», саҳ. 86)
Ин шеър аз сарнавишти миллат, аз таърихи миллат, ранҷҳои миллат бар мо мегӯяд. Чӣ дардовар ва ҳузновар аст вақте фарде аз фоҷиа бигиряд, вале бар ӯ биханданд. Аммо ҳақиқати талх он аст, ки мо борҳо гиристаем, вале бар мо хандидаанд. Ашки миллати тоҷик ба дарозои таърих аст, ба дарозои замон аст ва мо дар ин дарозо борҳо афтодаем. Дар ин афтодан бар сари мо по ниҳодаанд, то қомати худро баланд насозем, аммо бо ин ҳама хандиданҳо, бо ин ҳама позаданҳо миллати тоҷик боз қад баланд кард. Агарчи дар ҷое ин миллат барои худ ашк рехтааст ва бар ӯ хандидаанд, тоҷик боз ба шукуфтан худро расонидааст. Шеър аз аввал то охир як ҳуҷҷат аст, ки тоҷик дар масири таърих чӣ гуна зистааст, чӣ гуна аз нобудӣ худро чун қақнус боз эҳё кардааст, худро чӣ гуна кашф кардааст. Ва шоир мегӯяд дар қарни ҷадид, ки ба истиқлол расидаем, оё шоистааст, боз худро дар сиришки аҷз бишӯем… Посух ин аст, на, дигар вақти сиришк ва гиря нест, балки замони худро сохтан аст. Дигар вақти наъраи бедорӣ задан аст, замоне аст, ки миллат бояд худро ҳам ҳифз кунад ва ҳам бисозад. Фарҳанги худро, дини худро, оини худро, забони худро, хулоса, ҳастии худро аз ҳар касу нокас ҳифз бикунад.