Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Неъмати Оташ,
шоир
Банда бисёр хушбахт ҳастам, ки ду даҳсола ин тараф бо шахсияту осори устоди гиромиқадр шоир ва мунаққиди тавоно, инсони покдилу покҷавҳар Аскар Ҳаким ошно ҳастам. На танҳо ҳамчун шогирд ба хизматашон расидаам, балки бо амри тақдир солҳои зиёд бо ишон ҳамкору ҳамнафас будаам. Ҳаргиз дар пеши худ мақсад нагузоштаам, ки осору эҷоди гаронмояро баррасӣ кунам, танҳо ҷуръат дорам, баъзе лаҳзаҳои зиндагии марбут ба ишонро рӯи қоғаз оварам.
Таълифоти устод, ки аз шеъру достонҳои дилангез, мақолаҳои илмии ҷолибу пурмуҳтаво ва тарҷумаву тасҳеҳ иборатанд, интизори омӯзиши амиқ ҳастанд ва ман аминам, ки таҳқиқи пурарзиши онҳо дар оянда боиси ба миён омадани чандин рисолаву китоб хоҳад шуд. Зеро беш аз сӣ сол аст, ки фарҳангу адабиёти мо аз файзи вуҷуди устод баҳра мебарад ва боз ҳам рангину пуртароват мегардад.
Муаллимон ва шогирдони мактаби миёнаи рақами 12-и идораи маорифи ноҳияи Хуҷанд дар Рӯмон бо он ифтихор доштанд, ки дабиристонашон ба олами пурнафосати адабиёт ду шоири соҳибистеъдод – Аскар Ҳаким ва Нурмуҳаммад Ниёзиро раҳнамун сохтааст. Ҳар як муаллиме, ки вориди синфхона мешуд, дар бораи ин ду нафар бо муҳаббату самимият сухан меронд. Махсусан, устоди адабиётамон Абдусамад Файзиев меболиданд, ки дар дили ин ду нафар меҳри шеъру шоириро бедор кардаанд. Аскар Ҳакимро водор намуданд, ки шеъру достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»-и Мирзо Турсунзодаро пурра аз бар кунанд. Ман он вақт ҳаминро медонистам, ки Аскар Ҳаким ба мактаби мо баъди хатми мактаби ибтидоии рақами 25-и деҳа омадаанд ва алҳол дар факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил доранд. Вақте ки дар матбуоти даврӣ шеърҳои Аскар Ҳаким чоп мешуданд, барои мо – шефтагони шеъру адаб ид буд. Онҳоро бо шавқ мехондем ва азбар мекардем.
Нахустин ошноии ман бо Аскар Ҳаким соли 1976 рух дод. Як рӯз раиси маҳфили адибони ҷавони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон Санавбар Соҳибова хабар доданд, ки имрӯз бо Аскар Ҳаким мулоқот мешавад. Ростӣ, дилу ҷонам аз изтиробу ҳаяҷон ба ларза омад. Зеро медонистем, ки Аскар Ҳаким чун мунаққид ва муҳаққиқи шеър бо нигоҳи тоза ба майдон омадаанд ва ҳамагон мақолаҳои ҷиддиашонро оид ба шеъри муосир хонда будем ва суҳбаташонро ба шоири маҳбуби ҷавонон Лоиқ Шералӣ, ки дар саҳифаи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» чоп шуда буд, дар ёд доштем ва ба Аскар Ҳаким ниҳонӣ меҳр меварзидем. Инро ҳам медонистем, ки Аскар Ҳаким муовини сармуҳаррири маҷаллаи адабии «Садои Шарқ» ҳастанд. Бегоҳ дар хобгоҳ бо ишон мулоқоти самимона баргузор шуд ва Аскар Ҳаким бо муҳаббату самимият, ғамхориву дилсӯзӣ ба навиштаҳои мо баҳо доданд.
Бале, Аскар Ҳаким вақте ба арсаи адабиёт по ниҳоданд, ки шеъри тоҷик таҳаввулоти азимеро аз сар мегузаронд. Вуҷуди Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Мастон Шералӣ, Бозор Собир, Қутбӣ Киром, Ғоиб Сафарзода, Гулназар ва чанде дигарон шеъри тоҷикро рӯҳи тоза мебахшид. Адабиёти мо ба мунаққиде ниёз дошт, ки ҳама навиҳоро нишон диҳад, шеъри асилро аз шеърҳои тавсифии бебунёд ҷудо кунад ва шоиронро ба роҳи дуруст ҳидоят намояд. Хушбахтона, устод Аскар Ҳаким ин вазифаи пурмашаққат ва пурмасъулиятро ба дӯши худ гирифтанд ва раҳоварди сафарашон аз ин ҷодаи пурзаҳмат китобҳои «Шеър ва замон» ва «Дар қаламрави сухан» ҳастанд, ки дар таҳқиқи марҳилаҳои гуногуни рушду такомули шеъри тоҷик ва дар офариниши чеҳраи фардии адибони маъруф нақши бағоят муҳимм доранд. Касе, ки очеркҳои ишон «Обшори шеър» (чеҳраи шоирии Муъмин Қаноат), «Шохаи райҳон ва себҳои шукуфта» (Аминҷон Шукуҳӣ), «Даҳ сол ва чаҳор нигоҳ» (Лоиқ) ва «Бӯи гулхор» (Бозор Собир)-ро хонда бошад, ҳатман аз нубӯғи Аскар Ҳаким, ҳамчун мунаққид ва олими мӯшикоф, пай бурдааст.
Ҳамагон огоҳ ҳастанд, ки то солҳои 80-ум адибони тоҷик рӯзномаи худро надоштанд ва шеъру ҳикояҳоро асосан дар матбуоти даврӣ чоп мекарданд. Кӯшишу талоши устодон Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода барабас мерафт. Ниҳоят соли 1980 орзуи дерин ҷомаи амал пӯшид ва рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон» таъсис ёфт. Аскар Ҳаким сардабири ҳамин рӯзнома таъйин гаштанд. Ин рӯзнома дар муддати кӯтоҳ таҳти сарпарастии ишон ба нашрияи дӯстдоштаи мардум табдил ёфт. Вале Аскар Ҳаким аз дастовардҳо қаноатманд набуданд. Ният доштанд, ки онро ба ҳафтавор мубаддал кунанд. Аммо дар Кумитаи Марказӣ баҳона пеш меоварданд, ки имконияти полиграфӣ маҳдуд аст ва барои чопи рӯзномаи бисёрсаҳифа имконият нест. Аскар Ҳаким аз онҳо набуданд, ки ором нишинанд. Ба матбаа рафтанд, 16 саҳифа рӯзномаро дар ҳаҷми нашрияи «Тирози ҷаҳон» омодаи чоп карданд ва ҳамроҳи худ ба Кумитаи Марказӣ бурданд ва ба исбот расониданд, ки чопи чунин рӯзнома имкон дорад. Ҳамин тавр, соли 1983 бо заҳмат ва талоши пайгиронаи ишон нашрияи «Маданияти Тоҷикистон» ба ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» табдил ёфт. Дар байни хонандагон маҳбубият пайдо кардани ин рӯзномаро бо ҳамин рақам метавон қиёс кард. Он агар соли аввал 7 ҳазор хонанда дошта бошад, солҳои дигар адади нашри он ба 100 ҳазор нусха расид. Дар идораи рӯзнома беҳтарин рӯзноманигорону адибон ба кори офаринишу таҳлил машғул буданд ва мекӯшиданд, ки беҳтарин дастовардҳои адабиёти тоҷикро сари вақт дастраси хонандагон гардонанд. Бо ташаббуси Аскар Ҳаким баъдтар замимаи он «Пайванд» бо ҳуруфи форсӣ рӯи чопро дид.
Соли 1984 устод Аскар Ҳаким маро ба кори рӯзнома ҷалб намуданд. Хушҳолам, ки таҳти раёсати иэшон ҳафт сол мухбири махсуси ин ҳафтанома дар вилояти Ленинобод будам ва ин солҳо, бешубҳа, аз беҳтарин ва хубтарин солҳои ҳаётам ҳастанд.
Имрӯз устод Аскар Ҳаким ба синни мубораки 50-солагӣ расиданд. Фаро расидани ҷашни камолотро барояшон шодбош мегӯям ва бахту саодат ва комёбиҳои эҷодӣ таманно мекунам.
Соли 1996