Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Тоҷибой Келдиёров
номзади илмҳои филологӣ
Шеър – чун махсусият
Устод Аскар Ҳаким яке аз рӯшантарин чеҳраҳои адабиёти муосир ба ҳисоб меравад. Ӯ шоирест, ки фалсафаи зиндагиро дар рамзҳои шигарфу зебо, ҳарфҳои воло дар хидмати шеър овардааст. Дарди меҳану миллат, ишқу ормон ва ирфон дар андешаи ӯ зиндагии шоирона дорад. Шоирест, ки «ман»-аш бо шеъраш пайванди ногустанӣ дорад. Аскар Ҳаким ҳамонест, ки дар оинаи шеър дилашро чун офтоб овардааст. Ва ин оина абадӣ дили офтобияшро бо ҷило ва нур ба хидмати халқ равон хоҳад кард. Ҷои тардид нест, ки Аскар Ҳаким дар адабиёти муқаддаси мо мақоми муҷаллои хешро дарёфт кардааст. Аскар Ҳаким ҷуз шеър гуфтан, мунаққиди тавоною варзида аст. Аз ин рӯ шеъри санҷида ва мондагор дар абадияти адабиёт мегӯяд. Ӯ сухангӯест, ки офтобу гулу гиёҳро, баҳори рӯҳро рӯи дафтари хеш овард ва онро ба хидмати замонҳо вогузошт. Шинохти ин офтобу гулу гиёҳ нигоҳу завқи солим мехоҳад.
Аҳмад Абдуллоев,
доктори илмҳои филологӣ
ҶӮЯНДАИ РОҲУ ТАРИҚАИ НАВИН
Данте Алигери. Мазҳакаи илоҳӣ. «Дӯзах». Душанбе «Адиб», 1987, тарҷумаи Аскар Ҳаким.
Данте шоири бузурги итолиёвӣ, ба қавли Фридрих Энгельс (дар асари ӯ «Ба хонандаи итолиёвӣ», с.382) «охирин шоири асримиёнагӣ ва нахустин шоири давраи нав» мебошад. Номи ин адиби беназир ба кулли ҷаҳон машҳур буда, асарҳои вай ба аксари забонҳо тарҷумаю тадқиқ шудаанд. Масалан, шоҳасари ӯ «Мазҳакаи илоҳӣ», аз рӯи таъкиди тарҷумони тоҷикии он Аскар Ҳаким, қариб ҳаштсад маротиба ба забонҳои мухталиф баргардонида шуда ва доир ба он наздики даҳ ҳазор ҷилд китоб таълиф ёфтаанд. Танҳо оид ба қисмати «Дӯзах»-и ин асар, ки аз 4790 мисраъ иборат аст, ба забонҳои гуногуни дунё қариб сад ҳазор шарҳу тафсир ва рисолаву мақолаҳо ба майдон омадаанд.
Абдушукури Абдусаттор,
доктори илмҳои филологӣ
НАЗАРИ ТОЗА БА ШЕЪРИ ҒИНОИИ ТОҶИКӢ
(Мулоҳизаҳо перомуни монографияи шоир ва адабиётшиноси тавоно Аскар Ҳаким таҳти унвони “Анвои шеъри ғиноӣ (нимаи дувуми садаи бист”).
Таҳқиқи ҷинсҳо, навъҳо ва қолабҳои шеъри ғиноии тоҷикӣ аз ҷумлаи масъалаҳои мураккаб ва нисбатан кам омӯхташудаи адабиётшиносии муосир маҳсуб мегардад, зеро то имрӯз ағлаби мушкилоти марбут ба таъсири байниҳамдигарӣ ва робитаҳои миёни навъҳо ва қолабҳои шеъри ғиноӣ, қонуниятҳои ташаккули хусусиятҳои навъии онҳо ҳанӯз ҳалнашуда боқӣ мондаанд. Дар адабиётшиносии муосири тоҷик таҳқиқот доир ба вазъи жанрӣ-мавзӯии назми ғиноӣ ва дар бештари мавридҳо дар мисоли эҷодиёти шоирони алоҳидаи тоҷик анҷом дода шудааст, вале то имрӯз асаре, ки масъалаҳои назарӣ ва амалии хусусиятҳои навъии шеъри ғиноии тоҷикро дар шакли ҷомеъ ва монографияи илмӣ фаро гирифта бошад, мушоҳида нашудааст.
Абдунабӣ Сатторзода
доктори илмҳои филологӣ, профессор.
СУХАНРОНӢ ДАР МАЪРАКАИ
РӮНАМОИ «МАҶМӮАИ ОСОР»-И АСКАР ҲАКИМ
Як гуфтаи машҳурро борҳо аз забони худи Аскар Ҳаким шунидаам ва дар навиштаҳои баъзе аз адибон, аз ҷумла Гулназар, ки бо ӯ робитаи дӯстӣ доранд, хондаам. Он гуфтаи машҳур ин аст: «Ман дар миёни мунаққидон беҳтарин шоир ва дар ҳалқаи шоирон беҳтарин мунаққидам». Ин гуфта беасос нест, аммо, ба назарам, дар он изҳори фурӯтанӣ ва шикастанафсии муаллиф бештар аст. Шояд гуфтаи рост он аст, ки боз ҳам худи ӯ навиштааст: «То ҳол хидматгори ду хоҷаам… Намедонам, ки дар ҷодаи адабиёт аз шеър бештар шукргузор бошам ё аз нақд» (Маҷмӯаи осор, ҷ.VІІ. -С. 15).
Матлубаи Мирзоюнус,
доктори илмҳои филологӣ.
АСКАР ҲАКИМ ВА МАСЪАЛАҲОИ ТАҲҚИҚИ
ШЕЪРИ МУОСИРИ ТОҶИКӢ
Истеъдод, пеш аз ҳама, заҳмат аст ва инсони соҳибҳунар, бешак, заҳматкаши фидокорест, ки ҳама умр пайи инкишоф додани лаёқати худ ранҷ мекашад. Шавқи офаридан бисёр касонро ончунон побанд мекунад, ки барои ба даст овардани зулфи сухан солҳо шабзиндадорӣ мекунанд. Ағлаб дар чандин риштаи суханварӣ – шеър, наср, осори саҳнавӣ, публисистика, нақди адабӣ, тарҷумонӣ ва ҳоказо ҳунар меозмоянд ва пирӯз ҳам мешаванд. Яке аз чунин ашхоси пурҳунар ва муваффақ устод Аскар Ҳаким ҳастанд, ки бо зарофати хос гуфтаанд: «миёни шоирон беҳтарин мунаққид ва миёни муҳаққиқон беҳтарин шоирам». Он нукта бебаҳс аст, ки миёни шоирон ва мунаққидон эшон ҷойгоҳи рафеъ пайдо карда, солҳост, ки ин мавқеъро нигоҳ медоранд. Мунаққиде, ки дар коргоҳи шоирӣ обутоб ёфтааст, воқеан шеърро беҳтар аз дигарон дарк мекунад ва сараву сақат, ҳусну қубҳи онро дақиқтар муайян менамояд. Хоса, агар шоири ростин бошад. Албатта, ҳатто ашъори беҳтарин шоир ҳам сарбасар иборат аз шоҳбайт нест.
Раҳмонзода Абдуҷаббор,
доктори илми филология, профессор, академики АМИТ,
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба
масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа.
НАЗАРЕ БА ШЕЪР ВА АНДЕШАИ АСКАР ҲАКИМ
Нашриёти “Ношир” «Маҷмӯаи осор»-и шоир ва адабиётшиноси шинохта Аскар Ҳакимро дар ҳафт ҷилд [3, 16-18] аз нашр баровард. Дар ҳар ҷилди он ашъори дар давраҳои мухталиф эҷодкардаи шоир, нақду баррасиҳои мунаққид ва мақолаву гузоришҳои адабиётшинос ҷамъ омадаанд. Махсусан дар ашъораш дунёи ниҳоят рангини инсони заҳматкашу ватандӯст тасвир ёфтааст. Нигоҳи пурвусъати адиб ҷаҳони андешаҳои қаҳрамони лирикии ӯро дар фосилаҳои замонию маконии дирӯз, имрӯз ва фардо фаро мегирад.
Саҳифаи 6 то 9