Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Мардон Неъматзода,
адабиётшинос
Намудҳои минётурии назм – байт, рубоӣ, дубайтӣ чун падидаи деринаи назм дар эҷодиёти як зумра шоирони баркамоли мо, бахусус Лоиқ, Қутбӣ, Гулназар, Аскар Ҳаким ҳамчун рукни муҳимми назм ва ҷинси лирикии он шинохта гардидааст. Аз ин лиҳоз эҷодиёти Аскар Ҳаким ҷолиби диққат ва сазовор ба таҳқиқ аст.
Аскар Ҳаким шоири тавонои рубоисарост. Рубоӣ, ки аслан жанри эҷодиёти лафзии халқ аст, ҳиссу тафаккури гӯянда ва шоирро дар шароитҳои гуногуни таърихӣ ва ҳаёти воқеӣ инъикос намуда, ҳамчун воситаи баёни афкор дар шакли бадеӣ мақоми хоса дорад.
Аскар Ҳаким ҳамчун шоири ҳассосу мутафаккир имкониятҳои хуби ин жанрро ба назар гирифта, бемайлон ба он муроҷиат кардааст ва, хушбахтона, тавфиқ ёфтааст.
Рубоиёти А. Ҳаким аз ҷиҳати мавзӯъ доманфарох буда, бештар фалсафамаъниянд. Аз байни онҳо рубоиҳоеро дучор меоем, ки дар сабку услуб дар пояи шеъри классикӣ эҷод гардидаанд:
Инсон, ки пару боли худ аз хок гирифт,
Гардид бузургу хеш бебок гирифт.
Чун дар дили ӯ меҳри Замин танг омад,
Паҳной биҷусту роҳи афлок гирифт.
Қиссаи аз хок офарида шудани инсон, ки санъати талмеҳ буда, аз санъатҳои волои назми классикист, маъноро хеле барҷаста ва хотирнишин гардонидааст. Дар рубоии фавқ мазмунан комёбиҳои илму техникаи имрӯза ба назар аст ва ба қадамҳои аввалини фатҳи коинот ишора карда мешавад. Ҳамчунин ин рубоӣ ишорагари масъалаи ваҳдати вуҷуд низ мебошад, ки файласуфони бузурги шарқ ба он талош доштанд.
З-асрори вуҷуди одамӣ ҳайронам,
Донам дили худро, дили мардум донам.
Хуршед ситода дар мақомаш ба фалак,
Ман мисли Замин гирди худ гардонам.
Дар оҳанг ва муҳтаво, ин рубоӣ, ҳамрадифи рубоии машҳури «Асрори азалро на ту дониву на ман»-и Ҳаким Хайёми Нишопурист. Ҳамоно ягонагии мазмуну оҳанг дар рубоиҳои Аскар Ҳаким ва классикон далелест раднашаванда. Масалан рубоии А. Ҳаким:
Мекӯш ба зиндагӣ, ки обод шавӣ,
Аз банди тасарруф ҳама озод шавӣ.
Инсонӣ агар ҳеҷ нашояд, ки ба умр,
Монанди саге ба устухон шод шавӣ. –
ба байти зерини Соиби Табрезӣ пайванди монандӣ пайдо намудааст.
Ин нокасон, ки фахр ба аҷдод мекунанд,
Чун саг ба устухон дили хеш шод мекунанд.
Аскар Ҳаким дар назми хеш на танҳо аз шакли рубоӣ, балки аз оҳангҳои халқии рубоисароии фолклорӣ ба таври кофӣ истифода кардаст. Дар ин қабил рубоиҳояш А.Ҳаким аз таъбирот, ибораҳои рехта, зарбулмасал ва мақолҳои халқӣ истифода намуда, бо ин майдони халқияти асарҳои хешро фарох кунонидааст.
Аз роҳи ҷаҳон роҳи туро пай гирам,
Аз ном ба ҷуз номи туро кай гирам?
Аз умр куҷо фурсати дигар талабам?
Фурсат хоҳам, ки пеши поят мирам.
Ё:
Бе тири нишонгир чӣ оӣ ба шикор?
Бе азми ҷаҳонгир чӣ оӣ сари кор?
Бо мардии худ агар ҳамият дорӣ,
Ё дар таги ор мир, ё дар сари дор!
Рубоиҳое вомехӯранд, ки саропо аз зарбулмасалу мақолҳо фароҳам омадаанд:
Мушкил набувад, ки ҳеҷ осон нашавад,
Дарде набувад, ки ҳеҷ дармон нашавад.
Гар баҳр нашӯрад, бишавад мурдобе,
Инсон набувад, агар баисён нашавад.
Қобили қайд аст, ки тамоми зарбулмасалу мақолҳои истифодакардаи шоир дар ду услуб: айнан ва мазмунан вомехӯранд ва санъати ирсоли масал дар ашъори А. Ҳаким ҳамон вазифаеро адо кардааст, ки он дар сухан дорад.
Парварда шудем дар дили уқёнус,
Аз об баромадему дар хок шудем.
(Мисраи дуюм бо назардошти рубоии Хайём санъати ирсоли масал аст).
Машҳуртарин санъат дар рубоиҳои халқӣ рамз аст. Мақоми ин санъат дар рубоӣ, байт ва дубайтиҳои шоир низ коста нагардидааст.
Навмед шавам, туӣ умеди дили ман,
Аз рӯзи хуше туӣ умеди дили ман.
Зоғони сияҳ гирди сарам чарх зананд,
Зуд ой, кабутари сафеди дили ман!
Хушбахтона, байт ҳамчун шакли шеърӣ ва яке аз машҳуртарин намуди лирикаи халқӣ дар эҷодиёти шоир А.Ҳаким низ мақом пайдо кардааст. Аз нахустин маҷмӯааш («Раҳнавард») шоир ба ин рукни назм, яъне байт муроҷиат намудааст...
Гар шавад ҳар рӯз ҷогардон дарахти борвар,
Ё зи реша хушк гардад ё ки монад аз самар.
...Мақоми дубайтӣ, ки ин намуди шеърӣ низ баромади фолклорӣ дорад, дар назми шоир А.Ҳаким на камтар аз рубоист.
Дубайтиҳои шоир аз рӯи миқдор ва чандомади худ дар эҷодиёти ӯ баъд аз рубоӣ меистанд. Аз рӯи он ки бисёр шеъру қитъаҳои ӯ дар вазни дубайтӣ гуфта шудаанд, ин шакли шеърии минётурӣ дар назми шоир, бешак, ояндадор ба назар мерасад...
Туро дидам, заифу хастаҳолӣ,
Ки дунёят шуда чун саҳна холӣ.
Замон худ коргардони ҳаёт аст,
Бигардонад туро нолӣ, нанолӣ.
* * *
Маро аз баҳси мардум дил гирифта,
Ки ҷамъе хешро оқил гирифта.
Така дӯшидаву беде шинонда,
Аҷаб дорам, ки ҳам ҳосил гирифта.
Хулоса, байту рубоӣ ва дубайтӣ, чун шаклҳои маъмули назми лирикии халқӣ ва китобӣ, дар эҷодиёти як зумра шоирони адабиёти шӯравии тоҷик, дар марҳилаҳои гуногуни таърихии он, ҳамчун намудҳои мувофиқи жанри адабӣ корбаст гардидаанд. Ин намудҳои минётурии назм, қатъи назар аз ғунҷоиш ва имкониятҳои жанриашон, тавонистаанд воқеияти ҳаётро ба тасвир гиранд.
Аскар Ҳаким ба ин пайроҳаи эҷодиёташ қадам ба қадам пеш рафтааст. Маҷмӯаи «Рӯзи умед» (1990) барои шоир қуллаи баланди нумӯ ва инкишофи ин жанрҳост. А.Ҳаким аз ибтидои муроҷиат ба ин намудҳои хурди назм дарёфтааст, ки рубоӣ, дубайтӣ ва ниҳоят байт шаклҳои хеле мувофиқи баёни ҳиссу ҳаяҷони одамӣ ва ифодагари мазмунҳои баланди лирикию фалсафианд. Бахусус, рубоӣ ва дубайтӣ бо табиати жанриашон, пеш аз ҳама, ифодагарӣ эҳсосоти қалбию рӯҳонии инсони мутафаккир аст...
Санъату воситаҳои тасвири бадеии рубоию дубайтиҳои А.Ҳаким фаҳмрас ва маънипардоз буда, моро ба олами нафосату зебоии сухан ва каломи бадеъ ошно ва дилбаста месозанд.