Сайидалии Сайид,

адиб

  Устоди мо Аскар Ҳаким шеъре бисёр баландпоя гуфтаанд бо унвони «Замини сабзи боварҳо», ки эҷод шудааст ба марде ҳам бисёр дар пояи баланди маънавӣ Абдураҳмони Абдуманнон. Мутолиаи ин шеъри эъҷозманд чашмаи ифтихори дилҳоро ба хурӯш меорад, хосса он дилро, ки агар вуҷуди он дар фарҳанги ориёӣ ва хуршеди гарми зардуштӣ аҷдодан иртиботе дошта бошад. Исботи ин ҳарфҳо шарҳе азим мехоҳад. Чунки шеъри муаззамро исботи азим ва исботи азимро майдоне боазаммат бояд. Ҳоло ки мо дар чаҳорчӯбаи чаҳор варақ танг омадем, тафсири мухтасаре бар ин шеър медиҳем, ки умед аст хонандаҳо бо мо ҳамовозӣ пайдо намоянд. Дуруст аст, ки тафсири ин шеър аз Каҳкашонҳо баландтар аст вале маъзарати мо бар ин мемонад, ки ин шеърро тикка-тикка дар пешорӯйи хонандаҳо қарор бидиҳем ва мухтасаран бигӯем, ҳар чӣ мегӯем. Инак он шеър.

«Замини сабзи боварҳо»

Унвони ин шеър дарак аз он медиҳад, ки шоир ва ниёкони қадимии ӯ дар сарзамине будаанд ва ҳастанд, ки он сарзамин сарсабзи ҳамеша аз боварҳо будааст. Аммо он боварҳо кадом боварҳост? Чӣ гуна боварҳост, ки сарзамини шоирро дар сарсабзии ҷовидонӣ қарор додаст ва аслан ҳамон сарсабзӣ худ чӣ сарсабзист? Ин ҷо ғараз аз «боварҳо» гуфтани шоир пеш аз ҳама ифодаи мафҳуми имон аст. Вале имон ба чӣ? Имон ба зоте, ки ягона аст, холиқи ҳамаи чизҳост ва сухани ӯ мабдаи тамоми ақлҳо, фарҳангҳо ва забонҳост. Агар бар мардуме ҳамчунин имкон набошад, мақом ва маконе, ки онон зиндагӣ мекунанд, обод нест ва сарзамине, ки дар он сукунат меварзанд, сарсабз нахоҳад буд. Ин ҷо шоир сарсабзии фарҳангиро дар назар дорад варна замин бе мо ҳам сабз аст... Аммо «боварҳо»-и шоири мо имони мукаммалест ба Худои ягона, он Худое, ки бо забони қадимии ниёкони шоир китобе фиристодааст бо номи Авасто, бар ҷаҳониён пайғамбаре додааст бо номи Зардушт. Ин аст, ки шоири бузургвори мо Аскар Ҳаким дар тиккаи аввали ин шеър мегӯяд:

 

Ҳарф мехоҳам занам аз сарзамини хеш,

Ҳар чӣ мегӯям, вале з-ин хок ҳарфи осмон ояд.

Баски ин марзи гиронмоя, ки мояш пой мемонем,

Дигаронро Каҳкашон ояд.

 

Оре, ҳар гоҳ, ки шоир хоҳад аз сарзамини хеш сухан гӯяд, аз он сарзамине, ки имони Илоҳӣ дар он сабз шудааст, ба дурустӣ ҳарфи осмон ояд. Чаро ки дар ин сарзамин аввалин бор фарзандони Одам дар сурати қавме мукаммалу мутамаддин ва дар сурати муштарак Худойро бо ягонагӣ шинохтанд ва онҳо ориёӣ буданд ва онҳо буданд, ки «Худойномак» навиштанд ва аз Худой ҳарф мезаданд, аз Худое, ки дар дилҳои эшон буд ва баландтар аз ҳафт осмон қарор дошт. Ин аст, ки дар сарзамини шоир ҳар кӣ сухан гӯяд, аз ҳар мушти хоки он ҳарфи осмон ояд, осмоне бисёр баланд, осмоне худоӣ! Ҳақ аст, ин замине, ки шоир по мегузорад, бисёр гиронмоя аст ва бар фарзандони дигар ин замин он қадар тобандагиҳои баланд дорад, ки Каҳкашонро монад. Ин аст, ки шоир дар тиккаи дигари шеър мегӯяд:

 

Чашми мо дар ҳар нигоҳе мехӯрад бар кӯҳ,

Чун ҷаҳони мо уфуқхат нест, шоқулист.

Сарҳади марзаш на дар дарёву на дар рубъи маскунест,

                                            на дар дашту на кӯлест,

Дар савойи ҳафт гардунест.

Шоиронаш ҳам бад-ин ваҷҳ осмониянд,

Гарчи рӯйи ин ҷаҳон худрӯй месабзанд,

Онҷаҳониянд.

 

Табиист, вақте шоир мегӯяд, ки ҳар нигоҳи мо бар кӯҳ мехӯрад, чаро ки ин сарзамин мақоми пастиҳо нест, балки сарзамини кӯҳҳои сар ба фалак кашида ва сарзамини баландиҳост, мисли боқии ҷаҳон уфуқхат набуда, балки шоқулист, рост аст, баланд аст, дуруст аст мисли хате, ки болобаланд аст… Дар ин сарзамин ҳар ҷо, ки нигоҳ афканӣ кӯҳҳои рости сар ба осмон - ба ҷойгоҳи Парвардигор саркашидаро мебинӣ, ки дар он ҷойгоҳ Арш аст, Курсӣ аст, Худоест яккаву Парвардигорест ягона. Дар ин сарзамин ҳамагӣ ба ростӣ офарида шудааст, ҳама чизи он росту дуруст аст, рост мисли ҳарфи алиф. Ин ҷо, ки сухан аз алиф омад, бояд чун муфассири тафсири «Зарнигори Валӣ» бигӯям, ки аз ҳамаи ҳарфҳо Парвардигор алифро дӯст доштааст, чароки алиф росту баланд ва ифодаи иқомат ба зоти поки вай ва дуруст дар муҳаббати бепоёни ӯст, ҷалла ҷалолаҳу! Ин аст, ки зоти илоҳӣ Қуръони каримро бо алиф оғоз карда ва бо алиф анҷом додааст. Ҳамон Алиф, ки мисли кӯҳҳои сарзамини ориёии шоир росту дурустанд. Дуруст аст, ки ҳарфи дол ҳарфи рукӯъ ва ҳарфи нун ҳарфи саҷда аст. Ин ҳарфҳо низ мақоме доранд. Аммо дар шакли дол ва рукӯъ хамидагие ҳаст ва дар нуну саҷда печидагие. Ин алиф аст, рукӯъ мисли қомат баланду рост ва ҳусни дилпазире дорад, Худо ҳам инчунин шакл ва қарорро чи дар намоз ва чи дар офаридаҳояш сахт дӯст медорад. Сарзамини шоир пур аз чунин кӯҳҳои рост мисли алифанд ва ҳадди анҷоми онҳо дар мақоми осмонҳо, дар мақоми Парвардигор аст на дар дашту кӯлу дарёҳо ва на дар кадом рубъи маскуни дигар. Аз ин хотир аст, ки шоирони ин сарзамин гарчи рӯйи ин ҷаҳон худрӯй месабзанд шоирони осмонианд, балки аз ҷаҳоне дигаранд, онҷаҳонианд!

Шоир давом медиҳад:

 

Хоки моро аз азал андозаи тангу фарохӣ нест,

Хоки моро то абад тафсиру андоза баландоист.

Дар чунин хоке, ки дар ҳар зарраи хеш осмон дорад,

Метавон оё ба ҳадди хоку меъёри заминӣ зист?

Ман намедонам, вале медонам ин ҷо хокпош ар ҳаст,

Дил саройи ишқи гардунаш набошад, нест.

 

Ин ҷо шоир муътақид аст, ки хоки ниёкони ӯро ба тангӣ ё ба фарохӣ андозагирӣ намекунанд. Чароки андозаи ин хок баландиҳост ва ҳар зарраи он осмонест бопаҳнову беохир, балки осмоне дорад бо авҷҳову рангҳову истораҳову Каҳкашонҳои худ. Пас, чиҳоанд он авҷҳову рангҳо? – Авҷҳои тафаккури ориёӣ! – Рангҳои чашмнавози Монӣ! Киёнанд он ситораҳо?...—Магар мардони ориёии ин сарзамин дар осмони тамаддуни инсонӣ ситораҳои ҷовидонӣ нестанд, ки то ба имрӯз медурахшанд ва худ навиштани танҳо номҳои муаззами онҳо фарогири садҳо китоб аст?! Оре, ин родмардони мисли осмонҳои баландмартабаи сарзамини шоир ҳар яке Каҳкашонест, ки дар вусъат ва мақомҳои хеш ҳамеша қоиманд! Ҳамин андешаҳост, ки устоди мо Аскар Ҳаким аз худ мепурсад: – Метавон оё ба ҳадди хоку меъёри заминӣ зист? Ва худ ҷавоб медиҳад, ки: «Оре, дар сурате, ки ин ҷо марде бошад хокпош, рӯёнанда, ҳаётбахш ва парваришдиҳанда, он ҳам агар дар дили он мард «ишқи гардунӣ», ишқи осмоние бошад. В-арна мумкин нест! Ва ин чӣ ҳарфи зебоест, ки шоир гуфтааст!!!

Дар идомаи шеър мо мебинем, ки шоир гарчи сайр дар осмонҳо дорад, аммо пойи худро аз ин сарзамини аҷдодии худ накандааст. Ва ин маъниро чунин тасвир медиҳад:

 

Аз пайи хеш ӯ барад бар авҷи гардунҳои гардонам,

К-аш наёрам бар замин дигар фуруд оям.

Шоирон ҳарфи баланд аз моварои осмон ҷӯянд,

Ман вале бар хоки ин манзар фуруд оям.

То ба ҳарфи хомуши води-ш гӯшамро фаро орам,

Вожаҳои рӯдҳоро бишнавам дар вежапардозӣ,

Гӯш бар хоки таҳаммулбор бигзорам,

Оядам аз Зардуҳишту Маздаку Мони-ш овозе,

Баски хоки покашон ин ҷост,

Саҷдагоҳу зинаи афлокашон ин ҷост.

 

То ҷаҳон боқист, фармудаи он некфар боқист,

Дар се дастураш: накупиндору гуфтору накукирдори зардуштӣ.

Дар ду олам ҳам нахоҳӣ ёфт ҳамсонаш,

Бигзарад сад пушт агар ҳам баъди сад пуште.

   

Дигар он, к-ӯ

              ҳар киро бо ӯ баробар буд,

                                                      бародар хонд,

То сухан аз маздакият ронд.

В-он дигар з-инсониву фарҳанг

Тоза нақши монавӣ овард дар Аржанг.

З-ин ҳама фарҳанги тоҷик ориёнфар монд.

 

Ин ҷо ба устоди мо, Аскар Ҳаким, аҳсант мегӯем! Чароки хоки аҷдодии худро вақте ба тасвир мекашад, аз «ҳанҷараи ҳар ҳарфи он» санои он сарзамин меояд, ки пайваста ба осмонҳост. Ҳоло барои шоир фарқе надорад, чи аз осмон бигӯяд, чи аз хоки аҷдодии хеш. Чунки:

 

Шоирон ҳарфи баланд аз моварои осмон ҷӯянд,

Ман вале бар хоки ин манзар фуруд оям.

 

Ва шоир ин баландиҳои осмонии хоки ватанашро чунин шоирона ба ҳамагон ошкор месозад, ки чун ба ин хок гӯш андозам, аз ҳар зарраи он вожаҳои рӯдҳо дар вежапардозианд (тасвире бисёр шоирона) ва овози Зардушту Маздаку Мониро мешунавам, чунки турбати пок ва саҷдагоҳи ба сӯйи Парвардигори ягонаи онҳо, ки ба сӯйи афлок хати тиллоӣ дорад, дар ҳамин ҷост. Гузашта аз ин, хоки аҷдодии шоир он саҳифаи ҷовидонии таърихи башар аст, ки беҳтарин таълимоти зардуштӣ «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-и он дар рӯйи он сабт шудааст ва дар ин хок ба ҷуз мардони нек аз он пайғамбар ҳампуште, фарзанде, пайраве нест ва нахоҳад буд ва ҳар касе ҳам баръакси ин аст, нохалаф аст, аз он пушт нест! Чунки таълимоти зардуштӣ мақоми бародарӣ ва баробарист, мақоми баланди инсонию фарҳангист, мақоми нақшҳои зебои Монӣ-Арисот аст, мақоми фархундаи тоҷики бонанг аст!!! Ҳоло ба ҳарфҳои устоди бузургвори мо гӯш андозед, ки аз сайри таърихии динии сарзамини муқаддаси хеш ба чӣ хулосаҳои зебое меояд:

 

Эй замини сабзи боварҳо,

Решаҳоят сабз бас дар оби имон асту кавсарҳо,

Чун ту ислом оваридӣ, дидам ислом инчунин бояд,

К-аз мусалмонии ту имрӯз худ Оли Муҳаммад(с)

ҳам ба ваҷд ояд.

Ҳамди исломат, ки ҷуз исломи некӣ нест,

Рӯдакию Мавлавиятро назири одамият кист?!

То расад насли башар бар ҳадди инсонӣ,

Боядаш омӯхт аз ин ҳар ду мусалмонӣ.

Чун тавон гуфтан варо наъту сано дигар,

Он, ки ӯро нек нек асту бадаш аз нек некутар.

 

Шоир дар ин тикка низ боз ба сарзамини ориёии хеш, ки сарсабз аз боварҳо ва имон ба Худои яккаву ягона аст, бармегардад. Аммо ин бозгашт вусъати дигар дорад. Ӯ мегӯяд ва таъкид месозад, ки решаи ин «сабз буданҳо» ба ғайр аз имони комил боз рафтаву таршуда дар Кавсар аст. Ин сухан маънои онро дорад, ки то омадани ислом ба сарзамини шоир мардуми ориёии он аз таълимоти Зардушт барвақттар аз арабҳо хуб медонистанд, ки имон ба Худои ягона ва Ҳавзи Кавсар чист. Ин мафҳумҳои исломӣ мафҳумҳое буданд, ки мардумони сарзамини тоҷикон ҳазорҳо сол қабл аз арабҳо фарогирифтаи онҳо буданд. Қисса ва ривоятҳои таърихӣ гувоҳи онанд, ки аз наздикони Расули Акрам(с), ки оли ӯву хешовандонаш буданд, чун ба сарзамини форсҳо омаданд ва хостанд онҳоро ба ислом даъват намоянд, ба шигифтиҳои азиме дучор шуданд.

Вақте мегуфтанд «Ислом биоваред!» аз онҳо мепурсиданд:

– Ислом чист?

Мегуфтанд:

– Ислом имон овардан аст ба Худои ягонаву беҳамто.

Тоҷикҳои ориёӣ посух медоданд:

– Мо ҳам Худоеро мепарастем, ки яккаву ягона аст, холиқи беҳамтоест, фариштаҳо дорад, биҳишт дорад, Кавсар дорад…

Дини мо ҳамон дин аст, ки шумо мегӯед.

Мубаллиғони ислом, ки аз Оли Расули Акрам буданд, дар шигифт мемонданд ва ҳамон замонҳо аз пайғамбари ислом пурсида буданд:

– Ё Расули Акрам(с) маҷусиҳо киёнанд?

Расули Худо гуфта буд:

– Маҷусиҳо парастандаи Худои ягонаанд, онҳо бародарони моанд, онҳо мусалмонанд. (Иқтибос аз «Саҳеҳи Бухорӣ» - С.С.) Ин буд, ки Расули Акрам(с) ба ҳазрати Имом Ҳусайн иҷозат дода буд, ба Шаҳрбонуи духтари шоҳи Форс Яздигурди 111 издивоҷ намояд, ин аст, ки наберагони пайғамбари ислом ба форсӣ ҳарф мезаданд, чунки забони модариашон буд, ин аст, ки ҳадиси саҳеҳи Расули Акрам (с) аст, ки: «–Забони аҳли биҳишт арабист ва форсии дарист.»…Оре, ин аст, ки вақте Рӯдакиву Мавлавӣ ба ҳамди Худо ва наъти Расул(с) пардохтанд, ҷаҳониёнро ба ҳайрат оварданд, бисёр мардумоне дар ҷаҳон ва боз худи арабҳо низ аз ҳамчунин мардони ориёӣ мусалмонии ҳақиқиро фаро гирифтанд. Чаро ки аҷдоди ин мардони пок ҳазорҳо сол қабл аз арабҳо бо Парвардигори бешарику беҳамто ошноӣ доштанд, тариқи гуфтани ҳамду санои холиқи якторо омӯхта ва омӯзонида буданд. Гоҳе дар таърих барғалат гуфтаанд, ки арабҳо сарзамини форсиёнро забт карданд ва дар ҳар хонаи тоҷик араби аскареро зӯран гузоштанд, ки бар онҳо ислом омӯзанд. Ин ҳарф туҳмате беш нест! Балки тоҷикҳо бар ҳар хона араберо зархарид оварданд ва аз онҳо забони арабӣ омӯхтанд, то Қуръонро фаро бигиранд. Варна он араби аскари зархарид ғайр аз забони арабӣ чизеро аз Қуръон фаро гирифта набуд ва то ин ки ба замини ориёиҳо омада буданд, Қуръонро бо он ҳама азамат фаро гирифта наметавонистанд. Барои ин ба он мардум вақт лозим буд ва он вақт бояд зиёда аз ҳазор сол мебуд. Ин гуна вақтро ва ин гуна таҷрибаи осмониро аҷдоди шоири халқи мо Аскар Ҳаким дошт ва ин буд, ки онҳо дар як муддати кӯтоҳ Қуръонро ва забони онро фаро гирифтанд ва ҳақиқати онро пештар ва бештар бар ҷаҳониён муаррифӣ намуданд ва табиист, ки дар ҷараёни ин гуна ҳаракат Оли Расули Акрам(с) дар шигифт мемонданд. Мақсади шоир низ ифодаи ҳамин маъност, ки моро ба сӯйи ифтихороти миллӣ ва аҷдодӣ мекашад.

Аҳсант ба вай!

Тиккаи охирини шеърро устоди мо чунин ҳусни анҷом мебахшад:

 

Эй диёри кӯчаки аз чор дарё ҳам фарохотар,

Ҳар ваҷаб хоки азизатро баландиҳои ин мардон

Кард гардуни баландахтар,

К-ин мани сарводагӯ дар ҷустуҷӯйи ҳарфи шоёнат

Мезанам акнун ба авҷи ҳафт гардун сар.

 

Оре, сарзамии ориёии тоҷикӣ имрӯз кӯчак аст. Аммо ҳар чӣ кӯчак аст, азизу ноёб аст! Шоир онро аз вусъати чаҳор уқёнус васеътар медонад ва дуруст ҳам мекунад. Чаро ки ҳамчунин мардони таърихие, ки дар боло гуфтем, ҳар ваҷаб хоки ин сарзаминро болотар аз ахтарҳои гардунҳо бурдаанд ва имрӯз шоирони он дар ҷустуҷӯйи ҳарфи шоёне дар боби ин хоки муқаддас ва ин гуна родмардони баландмартаба ба авҷи ҳафт гардун сар мезананд… Шоири устоди мо низ ба чунин гардунҳо сар задааст ва чунин шеъре бо номи «Замини сабзи боварҳо» ба бор овардааст… Мо аминем, ки ин шеър шоёни ин сарзамин аст! Шумо чӣ?