Аскар Ҳаким Аскар Ҳаким Аскар Ҳаким

Аскар Ҳаким

Шоири халқии Тоҷикистон
шоир, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон. Аз соли 1976 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Image
Суроға: ш. Душанбе
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru 
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
  • Зиндагинома
  • Мақолаҳо
  • Дар бораи Аскар Ҳаким
  • Гуфтор дар бораи худ
  • Китобҳо
  • Ғазалиёт
  • Ашъор
  • Рубоиёт
  • Дубайтиҳо
  • Манзумаҳо
  • Аксҳо
  • Наворҳо
  • Сурудаҳо
  • Тарҷумаҳо
  • Мусоҳибаҳо
  • Зиндагинома
  • Мақолаҳо
  • Дар бораи Аскар Ҳаким
  • Гуфтор дар бораи худ
  • Китобҳо
  • Ғазалиёт
  • Ашъор
  • Рубоиёт
  • Дубайтиҳо
  • Манзумаҳо
  • Аксҳо
  • Наворҳо
  • Сурудаҳо
  • Тарҷумаҳо
  • Мусоҳибаҳо
734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8 askar_hakim@mail.ru

Дар бораи Аскар Ҳаким

  • Саҳифаи асосӣ
  • Дар бораи Аскар Ҳаким

ҒАРИЗАИ ТАҲҚИҚ ВА ДИДИ МОҲИЯТҶӮЙ ДАР НАҚД

Аскар Ҳаким
Дар бораи Аскар Ҳаким
02 Октябр 2021
546

Субҳони Аъзамзод,

номзади илмҳои филологӣ

 

 

 Солҳои 60-80-уми садаи бист давраи нисбатан пурҷӯшу хурӯш ва расову пурбори камолоти фикрии нақди адабии тоҷик маҳсуб ёфта, осори наққодии ин давра ба такомули сифатии афкори сухансанҷӣ ва ормонҳои адабӣ мусоидат кардааст. Осори асили мунаққидони ин давра дар шинохти бештари аслу моҳияти кори душворписанди наққодӣ, дарки чигунагии тафаккури пуршӯру шарари ноқидӣ, ошноӣ бо ҷараёнҳои мухталифи пурошӯби нақднависӣ, роҳҳои пурсамари бозгӯи ҳунарии шеъру наср ва анвои дигари ҳунарӣ арзишу аҳаммияти чашмгире доранд.

Муфассал: ҒАРИЗАИ ТАҲҚИҚ ВА ДИДИ МОҲИЯТҶӮЙ ДАР НАҚД

Назарею гузаре бар «Замини сабзи боварҳо»

Аскар Ҳаким
Дар бораи Аскар Ҳаким
02 Октябр 2021
557

 

 Ҳудуди чаҳордаҳ-понздаҳ сол пеш «Баргузидаи ашъори Аскар Ҳаким» – шоири номдори тоҷикро дар силсилаи Интишороти байналмилалии «Алҳудо» (соли 1373 ҳ.ш.) ба хатти ниёгон мунташир намудам ва муқаддимае, ҳарчанд кӯтоҳ ва дархури маҷол, бар он нигоштам. Акнун ҷои хушвақтии дубора аст, ки пас аз гузашти ин солиёни сол дафтари дигаре аз ашъори навин ва рӯи чопнадидаи ин шоири дилбарбоддодаро бо унвони «Замини сабзи боварҳо» ва ба хатти тоҷикӣ ҷиҳати баҳрабардории умум тақдими ҳузури мардуми аҳли завқу дил ва ҳунаршиносу ишқпарвари Тоҷикистон менамоям.

Муфассал: Назарею гузаре бар «Замини сабзи боварҳо»

Муқаддимаи ношир

Аскар Ҳаким
Дар бораи Аскар Ҳаким
02 Октябр 2021
483

Дуктур Алиасғари Шеърдӯст,

Сафири кабири Ҷумҳурии исломии

Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Ман зи таърихи башар дарёфтам ин нуктаро:

Гар забони халқ мирад, зинда мирад хосу ом.

Бо забонаш сар шавад таърихи авлоди башар,

Бо заволи вожааш таърихи ӯ гардад тамом.

Муфассал: Муқаддимаи ношир

«НУРИ СУЛҲ АСТ БА ҲАР ҲАРФИ САЛОМ…» (Андешаҳо дар бораи достони Аскар Ҳаким «Санги ман – алмос»)

Аскар Ҳаким
Дар бораи Аскар Ҳаким
02 Октябр 2021
570

Сергей Сухоян,

шоири рус

  Бо ҳар чӣ ки зодаи илҳоми саршор аст, муносибати муқаррарӣ нашояд, зеро он ғайриодист ва дар қолабҳои муқаррарӣ намеғунҷад. Ин ҷо ман достони нави Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким «Санги ман – алмос»-ро дар назар дорам. Ба мазмуни достон на обу ранги идеявӣ дода мешаваду на онро ба наср гардонида нақл кардан имкон дорад, он серпаҳлу, гуногуннаво ва рангоранг мебошад.

Муфассал: «НУРИ СУЛҲ АСТ БА ҲАР ҲАРФИ САЛОМ…» (Андешаҳо дар бораи достони Аскар Ҳаким «Санги ман – алмос»)

«…ИШҚИ ТУРО ҒАЗАЛ КУНАМ»

Аскар Ҳаким
Дар бораи Аскар Ҳаким
02 Октябр 2021
615

Гулназар,

Шоири халқии Тоҷикистон

 Дар ибтидои солҳои 70-ум моҳномаи «Садои Шарқ» перомуни равандҳои шеъри тоҷик гуфтугӯе созмон дод. Он замон ман дар Афғонистон маъмурият доштам ва мақолае ба идораи моҳнома фиристодам. Ҷое зикр карда будам, ки дар бораи шеър навиштан осонтар аст, то офаридани шеър. Чун мақола чоп шуд аксари мунаққидон ба ҳамин ишораи ман дарафтоданд ва ҳатто Абдунабӣ Сатторзода, ки созмондеҳи ин гуфтугузор буд, дар мақолааш зикр кард, ки дар бораи шеър навиштан аз эҷоди худи шеър сахттар аст. Ҳоло ки ман қалам ба даст гирифтаам ва мехоҳам дар бораи эҷодиёти Аскар Ҳаким чанд сухан рӯи дафтар оварам, боз ҳамин андеша ба сарам меояд.

Муфассал: «…ИШҚИ ТУРО ҒАЗАЛ КУНАМ»

АСКАР ҲАКИМ – ШОИРИ СОХТОРГАРО

Аскар Ҳаким
Дар бораи Аскар Ҳаким
02 Октябр 2021
478

Муҷиби Меҳрдод,

шоир, муҳаққиқ, Афғонистон

 

  Шеъри Аскар Ҳаким, бидуни шак, аз шеърҳои қобили таваҷҷуҳ дар шеъри муосири Тоҷикистон аст. Дар миёни шоирони муосири тоҷик шеъри ӯ ба лиҳози забонӣ ва корбурди вазну қавофӣ солимтарин шеър аст; забони ҳамвор ва наздик ба забони меъёр ва орӣ аз калимоти сангину сақил ба лиҳози овоӣ, истифодаи хуб аз вазн бидуни ҳар гуна удул ё сустӣ, ки дар кори соири шоирон ба далели наздикии шеърашон ба лаҳҷаи бумӣ дида мешавад, ҳама ва ҳама имтиёзоти шеъри Аскар Ҳакиманд.

Муфассал: АСКАР ҲАКИМ – ШОИРИ СОХТОРГАРО

Матлабҳои бештар...

  • АСКАР ҲАКИМ – ҒАЗАЛСАРОИ МУТАФОВИТ
  • БАРРАСИИ ДОСТОНИ «САНГИ МАН – АЛМОС» ДАР ШӮРОИ СБИН
  • СУХАН АЗ ШЕЪРУ ШЕЪРИЯТ
  • РӮ БА ҶОВИДОН
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • ...
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9

Саҳифаи 4 то 9

© Аскар Ҳаким 2025.