Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
На прилавках книжных магазинов появились «Творцы созвучий» Аскара Хакимова. Однозначно определить жанр этой книги невозможно. В ней собраны литературоведческие статьи, эссе, литературные портреты, критические обзоры. Название точно выражает ее содержание: это книга о творцах, создающих созвучия, о поэтах и поэзии.
Несмотря на небольшой объем, она очень емкая: вобрала в себя много имен, поэтических судеб, различных аспектов творчества. Даже простое перечисление названий некоторых глав («Личность и мир», «Слово и образ», «Поэтика и эпоха») дает представление о многомерности исследования.
Тоҷикистон, обу хокам обу хоки поки туст,
Ту маро ҳам ҷои ҷон, ҳам ҷои дил, ҳам ҷои чашм.
Ман қадам чун мениҳам, дар зери поям хоки туст,
Гарди хокатро табаррук мениҳам болои чашм.
Устод Аскар Ҳаким аз зумраи суханварон ва суханшиносонест, ки ибтидои солҳои ҳафтодум бо назари тоза, нигоҳи дигар, бо қалами навсозу навпардоз ба арсаи адабиёт ворид гардид. Мусаллам аст, ки охирҳои солҳои шастум ва ибтидои солҳои ҳафтодуми асри гузашта адабиёт ба марҳилаҳои нави адабӣ ворид шуд ва ба қавле «адабиёти андеша», ки зимнан маънипардозиву мазмунофариро таҷассум мекард, рӯи кор омад. Суханварони ин давраро мебоист бо назардошти анъанаи дерини адабиёт, ки дар ашъори устод Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Абдусалом Деҳотӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ, Боқӣ Раҳимзода, Муҳиддин Аминзода ва чандеи дигар инъикос меёфт, ҷодаеро интихоб намоянд, ки он такрори пешин набошад. Гузашта аз ин, густариши адабиёт худ тақозо мекард, ки дар назми тоҷик таҳаввулоте рух диҳад, то он ҳамқадами адабиёти гуногунзабони халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ гардад. Аз ин ҷост, ки як гурӯҳ шоирони навпардоз чун Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Саидалӣ Маъмур, Гулназар, Ашӯр Сафар, Ғ оиб Сафарзода ва чандеи дигар дар ин солҳо бо чакидаҳои хомаи хеш рӯҳи тоза ба равони шеъри тоҷик бахшиданд.
«Раҳнавард» (1984) аввалин маҷмӯаи шеърҳои Аскар Ҳаким мебошад. То ҳол хонандагон ӯро асосан ҳамчун яке аз беҳтарин мунаққидони адабиёти муосир мешинохтанд, ки на танҳо ҳусну қубҳи шеърро нозук дарк мекард ва сари вақт дилсӯзона, вале берӯю риё нишон медод, балки оид ба роли шеър, умуман адабиёт, мавқеи иҷтимоии шоир, санъаткор дар ҷамъият, дар ҳаёти маънавии инсон изҳори ақида менамуд. Ба шакли китоби алоҳида гирд омадани шеър-ҳои Аскар Ҳаким, ки аксари он дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо дарҷ шуда буд, ба хонанда имкон медиҳад, ки дар бораи хусусиятҳои эҷодӣ, сабки нигориш ва мазмуну мундариҷаи бофтаи бадеии ӯ низ тасаввуроте ҳосил намояд. Шеърҳои шоир аз лиҳози жанру навъҳои адабӣ мухталиф буда, роҷеъ ба муҳиммтарин рӯйдодҳои зиндагӣ, замон мебошанд.
Бояд иқрор кард, ки дар танқид ва адабиётшиносии муосир тадқиқи масъалаҳои назми имрӯза, хусусан шеъри муосир, қаноатбахш нест, ҳол он ки шеъри тоҷикӣ дар раванди адабии муосир пешсафу пешрав аст. Дар ду даҳсолаи охир шеъри мо сифатан такмил ёфт, ғанӣ гардид ва инкишоф ёфт. Навҷӯӣ дар шеър хеле бошиддат ҷараён гирифт ва ҳатто тамоюле бо номи «шеъри нав» ҳоло мавриди гуфтугӯи аҳли тадқиқ гардидааст. Вале таҳқиқу ҷамъбасти ҳодисаҳои нави шеъри имрӯз, самти инкишофи он, аз назари таҷрибаи таърихии назми советии тоҷик ба мушоҳида гирифтани он, ошкор сохтани ҷиҳатҳои милливу интернационалӣ дар поэтикаи вай ҳам акнун шурӯъ мешавад.
Ман мунтақиди адабӣ нестам, аммо меҳр ба адабиёт дорам, махсусан ба шеър. Ин шояд аз он сабаб бошад, ки риштаи асосии фаъолияти ман фалсафа аст ва дар дарозои таърих фалсафаи тоҷик ҳамеша бо шеър чунон қаробати наздик доштааст, ки гоҳо намешавад фарқ кард, ки куҷо фалсафа асту куҷо шеър. Дар ин ҷо ман албатта мазмуну мундариҷа, муҳтаво, аслу моҳиятро дар назар дорам, на тариқи ифодаи онҳоро.
Маълум аст, ки тарзи ифодаи фалсафа забони илму андеша асту тариқи баёни шеър шеваи отифаву сувари хаёл. Вале ҳақиқат ин аст, ки олитарин асарҳои илму адабиёт дар натиҷаи ба ҳам ҷӯш хурдани ин ду сарчашмаи ҳастии инсон – эҳсосу тафаккур офарида шудаанду офарида хоҳанд шуд. Хуллас, ки ман дӯстдори шеърам ва шеъре, ки дорои фикру андеша буда, онро бо отифаи муассиру фарогир ва сувари хаёли рангин ба ҷилва оварад, зеро ман дар фалсафа андешаи сатҳиро намеписандам ва дар шеър баёни урёнро ва ҳоло, ки манзури ин навишта пажӯҳиши шеър аст, бояд сараввал таъкид кунам, ки маро танҳо шеъре, ки андешаи амиқ ва бозтобе аз фалсафаи ҳастӣ дошта, онро бо муаассиртарин отифаву тасвирҳои шоирона бозгӯ мекунад, ба худ машул медорад.
Саҳифаи 9 то 9