Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Усмон Назир,
шоир, номзади илмҳои филологӣ
Файласуфи асри XIX, шоир ва публисист Соловев В. С. дар асараш «Муҳаммад» (Санкт-Петербург, 1902) сухани зебое дорад: «шири рӯҳ, ҳоло барои башарият зарур аст». Оре, дар асри XIX, асри бисёр мураккабу фалокатбор шири рӯҳ ҳамчун иксири давобахш барои аҳли башар хеле ва хеле зарур буд. Ба андешаи камина, сухани воло бояд яке аз унсурҳои «шири рӯҳбахш»-и башарият гардад. Ба назарам, омиле барои камолоти олӣ, ки инсоният ба он бояд такя бикунаду ниятҳояшро амалӣ гардонад, то кунун нест. З-ин рӯ, инсонро боястӣ, ки ҳарчи бештар биомӯзад, бихонаду бидонад, то аз асрори азалу он чӣ дар рӯи замин воқеъ мешавад, огоҳ бигардад. Яке аз омилҳои камолёбии инсон хондану омӯхтан аст. Аз чанд китобе, ки дар вақтҳои охир мутолиа кардам, боварам бар он қавитар гашт, воқеан, яке аз омилҳои асосии камолоти инсон хондан ва андешидан дар сари китобе мебошад, ки хонданисту хонданӣ. Китобҳои мутолиа кардаам инҳо буданд: «Замини сабзи боварҳо», «Санги ман – алмос», «Мунтахаби ашъор»-и Аскар Ҳаким. Андеша оромам нагузошт. Қалбам беқарорӣ кард. Ба андеша рафтам. Афзалиддини Кошонӣ ёдам омад, ки гуфта:
Гар дар талаби гавҳари конӣ, конӣ,
В-ар зинда ба бӯи васли ҷонӣ, ҷонӣ.
Филҷумла ҳадиси мутлақ аз ман бишунав,
Ҳар чиз, ки дар ҷустани онӣ, онӣ.
Чун ашъори Аскар Ҳакимро хондам, ниёзу баён кардани чанд сухан ба миён омад. Асосан мавриди баҳси ман китоби «Замини сабзи боварҳо» (дар алоқамандӣ бо ашъори дигари шоир) аст. Ба хони густурдаи неъматҳои маънавии шоир нигаристам: Маҷмӯаҳои «Раҳнавард», «Тарозуи офтоб», «Рӯзи умед», «Шаҳри меҳолуд», «Баргпайванд», «Илтиҷо аз уқоб», «…Боз мерасад хуршед», «Санги ман – алмос», «Мунтахаби ашъор», «Замини сабзи боварҳо», рисолаҳои илмӣ: «Шеър ва замон», «Дар қаламрави сухан», «Творцы созвучий», «Испытание поэзией», тарҷумаҳо: «Сотников»-и В.Быков, «Аср. Замин. Ишқ»-и Геворг Эмин, «Хазинадорзани тамбовӣ»-и М.Лермонтов, «Мазҳакаи илоҳӣ»-и Данте ва ғайра. Бемуболиға хони зари шоир тақозо дорад ба хондан, омӯзишу таҳқиқу тадқиқи жарфи меҳнатталаб.
Ғӯтавар бояд шуд ба баҳри андеша, то дурри мақсуд ба даст оварӣ. Гӯши суханшунав низ зарур аст. Сӯзи дили шоири навовар комиландеша, хирадгустар, каломаш пурсӯзу зинда бо ғаму шодии олам вассофи диёру ёр, забонаш шакаррез, суханшинос, мунаққид, сарояндаи «Ашъори ҳамсони ниёиш» (Расул Ҳамзатов) Аскар Ҳаким замину осмонпаймост. Сухан аз ҷон ба забон меорад ва бо сиришки абри найсону шабнами меҳр онро мешӯяд ва пасон бисёр зебову ҷоннавоз пешкаши хонанда мегардонад. Шоир баҳри эҷоди шеъри олӣ аз хуни хеш шеърро рангин менамояд. Пойи хомааш зарранг аст. Ҳақнавис аст.
Ба китоби шоири дар миёни ситораҳо - Аскар Ҳаким, «Замини сабзи боварҳо», донишманди мӯшикоф, доктор Алиасғари Шеърдӯст пешгуфтори олимона, кашшофона, арзишманд ва мувофиқу муносиб навишта, онро «Назарею гузаре бар «Замини сабзи боварҳо» номгузорӣ кардааст, ки шаҳодати амиқандешии ӯст. Пешгуфторро метавон пажӯҳиши муҷази серпаҳлуи илмӣ номид.
Метавон ҳадс зад, ки «Замини сабзи боварҳо» андешаҳои сабзи шоирро фарогир аст. Суханвар мавзӯъҳои зиёдро мавриди тасвир қарор дода. Дар шеъри шоир зиндагӣ, фалсафаи зиндагӣ, муносибати инсон ба зиндагӣ, нигоҳи инсон ба зиндагӣ васфи ишқ, ситоиши Ватан, муносибатҳои тарафайн (шоиру фардҳои ҷудогона), роз бо табиату Наврӯз, суҳбат бо паррандагон, ниёишҳо, нигоҳ ба зан, зориҳо ба зан, фалсафаи камолот, кашфи ҳаводиси олам, шеър аз нигоҳи шоир, шукр аз зиндагӣ ва ғайра хеле самимӣ, заминиву ҷаззоб баён гаштаанд. Ҳар шеъре, ки ном дорад, тасвири як мавзӯи ҷолиб аст. Чун домани андешаи шоир фарох аст, наметавон дар мақолае ҳамаи бардоштаҳои худро баён кард. Жанру вазни ашъори суханвар низ гуногун аст. Дарк мекунам, ки ин гуна шоирон…. азми парвоз доранд ба сӯи сайёраҳои дуродур ва ҷое, ки пои инсон ва ҳеҷ ҷуку ҷондор нарасида. Шоир олим аст, заррабин аст, ҳамадон аст. Шоир андешамандест, ки аз ҳамаи илмҳо андак огаҳӣ дорад. З-ин рӯ ғозаи ҳусни суханаш бояд ҷаҳон рангин бикунад. Он чиро ки баён кардам, дар бисёр шеърҳои Аскар Ҳаким ба чашму дилу сар дидам.
Китобе, ки мавриди баҳсу андеша қарор додем, бо як пора шеъри бисёр зебо, ки муроҷиат ба башар аст, оғоз меёбад. Эҷодгар инсони хокиро аз он хушиқбол меҳисобад, ки ҷояш дар пастӣ не, балки дар баландиҳо буда, ҷояш «Дар миёни ситорагон холист».
Дар шеъри «Замини сабзи боварҳо» (Эҳдо ба Абдураҳмони Абдуманнон, марди ҷонфидо) шоир муносибати инсон бо инсон, ба ин васила муносибати худ ба «сарзамини хеш»-ро хуб ба қалам дода. Аз нигоҳаш «марзи гиронмоя» марзи Ватан аст, зеро аз азал ин хокро «андозаи тангу фарохӣ» нест. Андешаи шоир оид ба хоки Ватан волост: «Хоки моро то абад тафсиру андоза баландоист». Чаро? Зеро шоир вожаҳои рӯдҳоро мешунавад, «гӯш ба хоки таҳаммулнок» мегузорад, аз гузаштагони некноми худ Зардушту Маздаку Монӣ сухан мешунавад. Ва дуруст менигорад ки «хоки покашон ин ҷост». Бузургии фарзонагонро дар он мебинад, ки «Дар ду олам ҳам нахоҳӣ ёфт ҳамсоншон». Хуб таъкид шуда, ки аз онҳо «...ин ҳама фарҳанги тоҷик ориёнфар монд», ҳар ваҷаб хоки азизи моро баландии ин мардон «Кард гардуни баландахтар».
Дар «Шеъри ман» амиқ иброз дошта, ки «Шеъри ман зиндагонии ман буд». Оре, шеър зиндагии пурорзу, пурмуаммои шоир аст. Агар шеър зиндагӣ набошад, зарур ба эҷод нест. Шеърҳои «Наврӯзи фарвардин» (Эҳдо ба Сайидалии Сайид), «Шоҳроҳи нанг ё девори санг» (Эҳдо ба устод Муъмин Қаноат), «Ниёиш бар сари турбати Лоиқ», «Бубахшо, эй Ватан!» (Эҳдо ба Ҳасанбой Шарифов), «Тоқии Мирзову попохи Расул», «Ту худро кам мабин» (Ба духтари тоҷик), «Руҷӯи марди донишвар» (Эҳдо ба Муҳаммадҷон Шакурӣ), «Нози Лайло» (Ба Ҳақназар Ғойиб), «Худ чароғи хеш бош» (Нигоҳе ба ҳайкали 14-метраи Буддо…) ва чанде дигарро метавон рисолаҳои хурд-хурди илмию адабӣ, баёнгари бадеии ҳақиқат номид. Зеро бо эҷоди шеърҳои зикршуда шоир ҳам андешаҳои илмиву бадеиашро изҳор медорад, ҳам ба қадршиносии шахсиятҳои наҷиб ҳидоят мекунад. Ӯ бо чунин шеърҳояш мавҷуд будани анъанаи сипосгузории ашхоси фарзонаро бори дигар таъкид мекунад. Дунё бо бузургонаш зебост, мегӯяд ӯ, ки ҳақ аст. Барои рози дилашро кушодан ва ба ҳар шахс баҳои сазовор додан, шоир гавҳари суханро шаддабандӣ мекунад. Дар шеъри «Наврӯзи фарвардин» бузургии Наврӯзро таъкид карда, ба ҳар лаб ғунчаи ҳарфи салом кушудани субҳро ҷилванамо мегардонад, «рӯдҳои ояи ишқи биҳиштиро» «ба дашти синаҳои ташна» меронад, ёди рафтагони зиндаёди дили мову дили таърих мекунад, ки аз «чанги муғулу тозиён» бо Наврӯз озод гаштаанд. Суханро хеле хотирмон оинабандӣ менамояд. Бо ин тарз мехоҳад мо «савоби ҳастии меҳрофарини хешро» имрӯз «чу абри навбаҳорон бар саропои замин борем». Чаро? Зеро:
Ки мо аз тухмаи пиндору гуфтори накукирдори Зардуштем,
Накудину беҳиноин ба сад ҷадду ба сад пуштем,
Агарчи дар дами теғи аҷониб мо ба хуни хеш оғуштем,
Валекин хештан ҳаргиз на мӯреро биозурдем, на куштем.
Ин шеърро метавон пандномаи ҳифзи нангу номус, эҳдо ба миллати таърихофарин номид.
Мепиндорам, ки шеър бояд ифодагари шахсият, гармдори анҷумани роз бошад. Аскар Ҳаким дар шеъри «Шоҳроҳи нанг ё девори санг» устод Муъмин Қаноатро пешбар ва суръатафзой хонда, ҳамчун бозкушои «шеърҳои нанг» кашф карда, ки андешаи борикбинона аст. Чун олими тавоност, дидашро нисбат ба устод Лоиқ ҳам хеле санҷида, олимона ва шоирона гуфта. Он шеър вазни чанд китобу рисолаи илмиро дорост. Аввал, дар шеъри «Ниёиш дар сари турбати Лоиқ» самимияту дӯстдорӣ ва арҷгузории қаламкаш ба қаламкашро мебинам. Дувум, Лоиқ аз нигоҳи шоир «чашмаи илҳом», «оғози беанҷом», «чилчароғи субҳу шом» аст. Сухантироз хеле бо назокату самимӣ мақоми шоирро аз нигоҳи худ муайян намуда:
Ассалом, оғози беанҷом,
Ассалом!
Ассалом, эй нек, эй Зардушт, эй Буддову Исо,
Эй Муҳаммад, эй расули охирин,…
Ассалом, эй лавҳи таърих,…
Ассалом, эй бодапаймо, ҷодапаймо…
Шеър як ҷаҳон маънии андешабарангез дорад. Арҷгузории гузаштагону имрӯзиёну фардоиён аст. Ҳалқаи пайванд аст, ёдномаи таърих аст. Ҳаққо, ки ниёиш аст. Зеро, агар дар зиндагӣ бо шоир суҳбати гарм дошта бошад, пас аз маргаш ӯро ба курсии арш мегузорад. Ин аст ҳиммату бузургӣ ва қадршиносии инсону сухан. Шеъри «Бубахшо, эй Ватан!» як таърихча ва ёдест аз барафрозандагони парчами шарафи тоҷик. Шеъри «Ту худро кам мабин» муроҷиатест ба духтари тоҷик, ки худро аз дигарон кам мабинад ва гули мурод бичинад. Ҳамоҳангие бо шеъри «Тара Чандри»-и устод Турсунзода дорад:
Агар як доман афшонӣ, зи ҳар як чини домонат
Бубинӣ, рехта чун гарди хоке ҷони сад мардест.
Барои духтари тоҷик, ки гурдзода аст, сарпастиро раво намебинад. Мегӯяд:
Сарат бардор, мо, к-аз сарбадоронем, як ҳарфат
Аз ин ҳафт осмон моро фаротар барфарозад ҷон…
Ту шере бош, то ҷуфти ту бошад шеру наслат шер…
Ки фардо ин Ватан нозад ба мардони барозанда…
Аз мутолиаи шеъри Аскар Ҳаким дарёфтам, ки таърихро хуб медонад, ҳам шоирона, ҳам олимона васфу тасвир мекунад. Ӯ ба шеъри гузашта арҷгузор аст. Шеъраш ба ашъори бузургтарин устоди каломи бадеъ Рӯдакӣ, Ҳофиз, Мавлоно, Турсунзода, Иқбол, Нимо Юшич, Лоиқ, Бозор Собир ва дигарон ҳамсадоӣ дорад. Чӣ тавре ки мегӯянд, аз шеъри худ шеъри беҳе бинад, ҳасад намебарад, балки ҳавас мекунад. Меъморона бинои шеър месозад, «ҷоми бодаро бо соғари хуршеди тобон ҷанг» меандозад. (Аз шеъри «Наврӯзи фарвардин»). Дар шеъри дигаре меафзояд:
Достак, боз ба миқрози пару боли баланд…
Ва бибур риштаи ҳар фанду фиреб…
(Аз шеъри «Достак»)
«Ёри яккаҳо - Худо» ҳамоҳангӣ ба ашъори Иқбол дорад. Шоири эҷодгарро метавон таъйингари мақоми фард номид:
Ки як тан мерасад бар кӯйи мақсуд,
Ки як тан мезанад парчам сари кӯҳ.
Шеъри «Гуфтугӯ бо рӯҳи падар» меҳрнома, ифтихорнома, саёҳатномаест, ки дар он дарду фиғони шоир нуҳуфта. Адиб дар саропардаи ишқ дар афту дарафт аст. Дар ҷодаи ишқ ҷуз зи ҷон дӯст доштан, дигар ҳунаре надорад. Ҳунари воло. Тасвиру суханаш лангардор аст. Санохони ишқ аст:
Ало оне, ки рӯёнӣ ҳазорон дона аз як дон,
Ва аз як хӯша сад хирман,
Ҳамин як дона ишқамро ба эҳсон хирмане гардон,
Ки бо сад шукр резам ман ба пойи зан.
(«Аз ту раҳмат, з-ӯ муҳаббат»)
Зебову ҳимматбаландона гуфта:
Ман баландат зи арш биншонам,
Каҳкашонро ба пойи ту резам…
Медиҳем авҷи ишқ гардунро,
Ки замин баҳри ишқи мо танг аст.
(«Мавҷи ишқ»)
Ғазалҳояш «Биё, ки биё!», «Эй сабзтар ба қомат», «Эй баҳори боронҳо…», «Шеъри хундори ман гиряд», «Тоати ишқ», «Ҳавсалаи бекорӣ» ва ғайра пурлатофатанд.
«Замини сабзи боварҳо»-ро сафҳа-сафҳа гардонидам, сабадгули зебое аз вожаву ибораву сатру байту пораҳои шеърӣ оростам, ки басо чашмрабостанду дилбар. Ва дарёфтам, ки шоир дар сухансозӣ эҷодгари навовар аст. Далелҳои зер исботи даъвистанд. Иборасозӣ: афлоки ноҳамёр, риши даҳр, боғи хирад, шаҳпари хеш, ғунчаи маъно, гул кард варақ, хомаи ғамнишон...
Шоир хоҳони дилест, ки қимати дард донад. Шеъраш пур аз рамз аст. Пораҳои зер исботи даъвист:
Ман чӣ гардунам,
Бар сарам гар ҳафт гардуни дигар набвад
Ҳамчунин боло,
Ҳамчунин воло…
Ва:
Абрҳо ҳамчун сарандози арӯсӣ рахт нашкаста,
Осмон чун шаҳ камар бо фӯтаи рангинкамон баста,
Рӯз рӯзи васлу дидор аст,
То замину осмон ёр аст.
Сатрҳои фавқ аз парвозгари сухани воло будани шоир гувоҳӣ медиҳанд.
Таъкид кардем, ки шоир бо рамз сухан мегӯяд. Чаро? Андеша дорам, ки замон шахсони пурдилро водор мекунад, ки бо рамз (бо рамзҳои муаммо ва орзуҳои дар дил ғӯрамарг) сухан гӯянд. Сатрҳои зер аз «Шеъри хундори ман гиряд» ҷаззобанд дар пироҳани зебои рамз.
Лутфи сухан дар ашъори шоир бисёр ҳаловатбахш аст. Дар хоб дидани маҳбубе, ки решаи дину оин месӯзаду ҷон мебахшад, дар дафтари зиндагӣ мондагор аст.
Гар биҳишташ биҳиштам, ӯям дод
Як биҳишти дигар дар оғӯшам.
Лаби нӯшаш чу бар лабам бинҳод,
Чашмаи Хизр шуд фаромӯшам…
Аскар Ҳаким бо шеъри худ дили хонандаро ба зиндагӣ гарм мекунад, ба ӯ умед мебахшад, ки зиндагиро дӯст дорад. Шоир аз касе, ки «навову нағмаи шодист», хоҳиш дорад, ки умедҳояшро барбод надиҳад. Бо орзуи «як сабад дидор аз ҳар субҳ», бо орзуи «сафои савсани рӯ», «як ҳарам оғӯш аз ҳар шом» ва «абирафшонии гесӯ» илтиҷо мекунад:
Эй, ки дар номат навову нағмаи шодист,
Ҳамчу номат сабзу шодам соз…
Сухани шоир ҳам об мекунад ҳар дилро ва ҳам менавозад дилҳоро. Шеъри шоир таъкидҳои омӯзанда дорад. Дар шеъри ба назари мо рамзӣ - «Ҳавсалаи бекорӣ» гӯяд:
Ман дигар ҳавсалаи кор надорам, оре,
Ки маро кори бузургест кунун бекорӣ.
Кор, коридани чизест агар дар марзе,
Марзи ман хеҷ намондаст, ки чизе корӣ.
Ҳар чӣ дар марзи дилам ҳаст, бурун андозам,
То ки боре ба дили худ бикунам дилдорӣ…
Даъват мекунад ба ҳушёрӣ:
Чун тавон гуфт, вале фош аз он роз, ки ҳаст,
Он ки ҳарфе зад аз ин, рафт сараш бар доре…
Ҷоми баргҳои сабз дар даст рафтам ба бӯстони рубоиёти Аскар Ҳаким. Бояд бигӯям, ки ҳама анвои шеър хубанд, вале писандидатару арҷмандтарин жанри бадеӣ барои камина ғазалу рубоист. Навиштани рубоӣ кори осон нест. Уқёнусро, дунёро, кайҳонро, зиндагиро боястӣ, ки дар пиёла ё киштӣ, ё хумдон, ё сандуқчаи зулбиёи даркушо ҷой кард. Иксиру давост ин рубоӣ:
Дил ҷӯй, ки мардум диҳадат дар дил ҷо,
Дарди дили ту кунанд бо меҳр даво.
Дар даҳри муомилат на ин аст равиш,
К-аз дасти ту гиранд, ту гирӣ аз по.
Рубоӣ оҳанги халқӣ дорад. Зебову чун оби зулол нӯшиданист.
Аҷоиб муҳокимарониҳои пурроз дорад шоир. Дуруст мегӯяд: Дар хоки тар решаи мо сабз аст, «Бар решаи мо занад фақат тешаи мо». Ин фикр водор мекунад, ки сар ба дунёи андеша фурӯ барем ва ҷавоб биҷӯем. Шоир дар як рубоӣ ишора мекунад, ки мо зери бағал девонҳо дидем, ғазалдевонҳо хондем. Вале аз ақл мепурсад: Чаро? Ва худ ҷавоби амиқ медиҳад: «Девона шудем аз ин касалдевонҳо». Калимаи «касалдевонҳо» кашфи шоир аст. Шоир башарро бемор мепиндорад ва баҳри табобати он даво меҷӯяд. Ғаму шодӣ тавъаманд. Хизрро даъват мекунад ба тамошои инсони даст бар гардани ёр. Шоир рамзкушост. Ба рақибони ноҷавонмарду пуштисаргӯй худро чунин мешиносонад:
Шамъам, ки зи шамси ту пуранвортар аст,
Як лаҳзаам аз асри ту пурбортар аст.
Ҳақ ҷуставу ҳақ гуфта, ки месозам шеър,
Як байти ман аз қасри ту подортар аст.
Шеър бо чунин салобату нишонрасӣ метавонад вазифаи шермардӣ ва сиёсатмадориро иҷро кунад.
Намебитвонам сатр ба сатр андешаи худро оид ба рубоиҳои Аскар Ҳаким иброз дорам. Вале дарк кардам, ки ҳаққо навиштаҳояш шоиставу сазовори омӯзишу тадқиқ ва навиштани рисолаҳои номзадиву докторист. Ба гуфтаи барҳақи утоди бузурги каломи бадеъ Расул Ҳамзатов Аскар Ҳаким «яке аз шоирони пешбар ва давомдиҳандаи ҷараёни тоза дар шеъри муосири форсӣ аст».
Дар рубоиёти шоир нафрин ба «даврони камону зеҳ» қавист. Сӯзиши дил аз «оҳи шикаста дар гулӯ», «дар хуни худ ғарқ будани гулу булбул», «аз хулқи каҷи башар» ба сари каҷ «деги каҷ сохтан»-и гардун ва масъалаҳои дигари рубоиёташ риққатоваранд. Шоир чаҳор сатри рубоии худро «чаҳор сӯйи дунё», «гуфтугӯи дунё» эълом дошта, билкул дуруст менигорад, ки «Ду байти рубоиям ду рӯи дунёст». Ҳамин аст ҳунари баҳрро дар пиёла ҷой додан. Доносухани тозагӯй ва навҷӯй Аскар Ҳаким дар эҷод на танҳо худро, балки ҳамагонро низ дар назар дорад. Қаламкаш ҳақи сухани паст гуфтан надорад. Ӯ бо сеҳри андеша аз сухан бояд беҳин ва навтарин тайёраҳо ба сӯи сайёраҳо эҷод бикунад. Бинобар он гуфтаҳояш, дар хусуси он ки дар ҳар рагаш «ҳазорҳо овоз», дар ҳар нафасаш «ҳазорҳо оғоз», «Дар ҳар шиканаш ҳазорҳо парвоз аст», айни муддаост. Аз нигоҳи нигоранда ин даҳр «ҳама тақсир», «ҷойест, ки муши мурда беш аз шер», хокистари афсурда рӯю «оташ андар зер», «айёми фарохдастӣ беимкон», «умр пурозор» аст. Чунин нигориш ҳақ аст! Аскар Ҳаким, ки аз мактаби эҷодии бузургон тавонмандона гузаштааст, ҳакимона сухан мегӯяд:
Роҳе, ки ба мақсад бибарад, тадбир аст...
* * *
Тарс аз саги хомӯш, ки ғофилгир аст.
* * *
Аз шеваи осмон биёяд аҷабам,
Ҳар ҷо сари пӯк аст, таҳи боли ҳумост.
* * *
Азбас сухани ҳақ аст бурранда чу теғ,
Лаб бандӣ агар, лабат бурад в-арна сарат.
* * *
Нурат нарасад зи маҳфили тирадилон
Хуршед зи файзи ахтарон равшанрӯст.
Шоир суҳбаторост бо мардум. Мардумона сухан мегӯяд: «Дил бошаду азми мард, майдон ҳама ҷост», «Ҳар бол задан ба арш парвозе нест», «Мурғони чаман низ ҳама булбул нест». Табъи сухансозаш бо хуни абёташ рангин гашта. Аз рубоиёт дарёфтам, ки соҳиби сухан аз замон, макри он, арғуштакҳои баҷову беҷояш, аз домгузориҳояш, заҳру шакаромезиҳош хуб огаҳӣ дорад. Ҳайратгузор навишта:
Эй саг, ту ҳам аз макри замон огаҳ бош,
Ноне агарат дод, дар он сӯзан ҳаст.
* * *
Дӣ бар сари мо, ки мекашидӣ теғат,
Имрӯз ҳамон теғ туро хоҳад кушт.
Гиребонгириҳо баҳри курсӣ ва дигар воқеот боиси ба забон омадани ин рубоии баланд шуда:
Ҳоло на фақат, ки гуфта хунолуд аст,
Ҳам рози ба дил нуҳуфта хунолуд аст.
Дирӯз, ки дар баҳори гул хунҳо рехт,
Ҳоло гули ношукуфта хунолуд аст.
Вазифаи ҳамагон аст ғубор аз рӯи гули хунолуд ба меҳр бардоштан ва нагзоштан, ки дигар гулҳои зиндагӣ хунолуд гарданд. Шеъри шоир баёни ҳакимона дорад. Соҳибсухан соҳибистеъдод аст, ҳарзагӯю пургӯй нест, санҷидагӯй аст. Ба хонанда ҳақро мегӯяд: «Ҳар мушаки мурда муддаии шер аст», «Ишқ аст, ки булбул ҳама шавқ асту навост». Одами бадро, ки ҳур дар дидааш мӯр, дебои биҳишт дар дидааш бурё метобаду сарднафас аст, чунин мешиносонад: «Бар дӯзах агар равад, кунад дӯзах ях». Ҳаққо, ки рост аст. Шоирро метавон муаллими дабистон номид. Ӯ ба дабистониён чунин рози дил арза медорад:
Ҳар кас ба фанои самараш мегиряд,
Дил об шавад, чашми сараш мегиряд.
* * *
Ҳар кас, ки сухан сохт ватан иншо кард,
Ҳуббулватане ба ҷону тан иншо кард…
* * *
Бо боли замингир ба гардун нарасӣ,
Парвози баланд хоҳад оғози баланд.
Ашъори Аскар Ҳакимро хонда, ба чунин андеша омадам: Оне мегӯяд, ки мо шеър надорем, шеър такрор аст, ҳарфаш ҳаргиз мақбул нест!
Дар шеъри шоири мумтоз андешаҳои ирфонӣ низ ба чашм мерасад:
Ман мурғи ҳумоям осмонҳо бар дӯш.
* * *
Шабнам накунад пиёлае ҳаргиз пур,
Баҳре ба пиёла низ натвонӣ бурд.
* * *
Хуршед, ки бедор кунад оламро,
Як шабпараро ҳеҷ, ки бедор кунад.
Аскар Ҳаким эҷодкори кашшоф аст. Оварда, ки лоли безабон метавонад бо ҳарифаш бо забони чашму рӯ роз гӯяд, бо ҷаҳд гурба паланг нагардад, мусича уқоби тезчанге, моҳичаи рӯд наҳанге нашавад. Хушбахтиро дар он мебинам, ки «агар касе ниёзат дорад». Дуруст андеша меронад, ки сабаби ҳамаи ҷангҳо даъвии «ман хубу ту бад аст». Хушаш меояд, ки «Оқил зи нишони доғ маҳ меҷӯяд», на баракс аз чеҳраи моҳ доғ. Таъкид дорад ба халқ: То ин ки якдигарро нахӯред, ба худ нигаред, на сӯи дигар. «Онон»-ро (ба сад ҳизбу ҳукумат гаравидагонро) мардона даъват мекунад, ки «мардум бишаванд». Бозӣ дорондани сухан ва санъати сухан дар рубоиёти Аскар Ҳаким моҳирона аст. Инсонро ба суҳбат мекашаду бишнав мегӯяд:
Бо хор ҳам, эй ёр, биё, биншинем,
Як бор бубинем, чӣ мегӯяд хор.
* * *
Ин даҳр магар нест, ки як хуршедаш
Равшан бишавад, кушта ҳазорон ахтар.
* * *
Бо ман бувад ин даҳр пуру бе ман лек,
Яксар ҳама холист чу Саҳрои Кабир.
* * *
Аз хуни башар гашт ду олам рангин,
Ин олами ранг аст ва ё олами нанг?!
Шеъри Аскар Ҳаким шеъри андеша ва шеъри андешабарангезу гулрезу гулбез аст, зеро «Аз хок уруҷи осмон оварда». Соҳибқалам «шогирду дабири мактаби худ» аст ва ҳамагонро даъват бар он дорад, ки «завлона зи фикри худ канем». Оре, бе ин амал озод нестем. З-ин рӯ даъват ба «бедористон» мекунад ва мегӯяд. Эй чӯҷаи навбол, кош замона нашканад боли туро, агар майли шиштан дорӣ, «ба шохи Парвин биншин», маҳ дар фалак аст, дар чаҳаш маҷӯед! Таъкидаш бомавқест. Хулосаи пиндораш оид ба одам ин пурсиш аст:
Донӣ, ки чаро ба оламат меоранд,
К-одам шудан омӯзиву олам гардӣ.
Бесабаб нест, ки доктор Алиасғари Шеърдӯст ҷаззобияти шеъри Аскар Ҳакимро баёнгари хираду маънӣ ва халлоқияту ишқ ба зиндагӣ, Гулназари санҷидагӯй шоирро «бо ғаму шодии мардум ҳамнафас», адиби рус В. Орлов лиризми шеърашро «комилан нодир» номидаанд.
Шеъри шоир маро чун оҳанрабо ба худ кашид, диламро ба эҷоди шеър гармтар кард. Хуллас, аз ашъори шоир заҳматҳо, такопӯҳо, андешаҳои пурдард, фарёдҳо, ҷаҳони андешаи ба силки назм кашидааш: тавсифи ишқи ҷоннавози ҷонона, меҳри қавию гарм ба Халқу Ватан, хоҳишу ниёишҳо баҳри ғамхории мардум, ободии диёр, ғирев баҳри Ваҳдату Сулҳ, оромии ҷаҳон, ғанимат донистани умр, арҷгузории инсон ва меҳнати он, мисро аз зар фарқ кардан, бо пари анқо орзуи парвоз ба он сӯи фалак накардан, ҳар лаҳза аз одамӣ ба маймун табдил нашудан, аз роҳи ҳаво ба Каъба рафтану «ҳоҷии ҳавоӣ барнагаштан», бо асл дидаи дил равшан кардан, шасти худ ба дарёи само наандохтану ва аз мавҷи сароби дашт орзуи моҳигирӣ накардан ва ғайра, як ҷаҳон маънӣ дарёфтам. Дарёфтам, ки шоири навҷӯ сабки худ, мавзӯъҳои худ, парвози худ, латофату балоғати сухани худро дорост. Аз каломаш айб наҷустам. Айби чашмрасе ҳам ба чашм нахӯрд. Орзу мекунам, ки шоири ба мавҷи худ печида бо паҳно, дар користони дилаш ҳамеша размандаи фотеҳ бошад. Шоири маҳбуб, суханаш пуртаровату дар дилу дидаҳо мондагор Аскар Ҳаким нисбат ба худ ҳақ гуфта:
Ман нақши замири матлаби худ ҳастам,
Шогирду дабири мактаби худ ҳастам.
Як нуктаи дигарро бояд таъкид намоям, ки шоири борикбину навгӯву навҷӯй дар истифодаи санъатҳои бадеӣ, лафзию маънавӣ, истифодаи забони халқ ба пояи устодӣ расидааст. Далели даъвии мо зебоӣ, ҷаззобӣ, рӯҳафзоӣ, бонамакӣ, равонӣ, меҳрсириштӣ, хусусиятҳои хос ва рӯҳи башардӯстона доштани шеъри ӯст. Бе муболиға «Замини сабзи боварҳо» даъвии моро тасдиқ мекунад. Аз хондани ин китоб ва навиштаҳои дигари шоир ҷонам ҳузур кард. Бузургии сухан ҳам бояд дар ҳамин бошад, ки ба инсон рӯҳ бахшад, ба қаҳрамониву бешикастӣ барад. Бо мутолиаи ашъори пурмағзу сара ва латифи Аскар Ҳаким ба хулосае омадам, ки ӯ дар кӯраи эҷоди шеър обутоб ёфтааст.