Фарзона,

шоир

  Салом устод Аскар! Узр ниҳед, ки ба дуруди Шумо баъди танаффуси ҳаштсола ҷавоб мегӯям. Ин ҳашт солеро, ки ҷисми ман паймуд, ба ин ҳазор соле, ки рӯҳи ман сипард, ҷамъ бандам, як савол ё як ҷавоб хоҳад шуд. Кистам? – Ҳеҷ… Садои ҳотиф меояд:

 

Ҷон ҳеҷу ҷаҳон ҳеҷу бақо ҳеҷу фано ҳеҷ,

Эй ҳастии ту нанги адам, то ба куҷо ҳеҷ.

 

Ва аммо ҳеҷ ҳам чизест. Чун биёбоне, ки Маҷнуне дорад. Кас яке нигоҳ мекунад ба вусъати биёбон, ки чизе нест. Аммо на, дар дурдасте Маҷнун нишастааст ва ишқро дар дурҷи дилаш ҳифз мекунад. Аҷиб аст, вақте ки биёбон Ишқро паноҳ диҳад.

Устод, дар шеъри пурдарде, ки ба номи ман навиштед, мухотаб манам, аммо ҳадаф Хуҷанд буд. Он вақт Хуҷанд худро ба ношунавоӣ заду гуфт:

 

Тире, ки задӣ бар дилам ин бор, хато рафт,

То боз чӣ андеша кунад ройи савобат.

 

Аммо оқибат садои Шуморо Хуҷанд шунид. Вақте ки Шумо ва дигар рӯшанфикрони маҳмилкаш аз гӯши ӯ ба нӯки қалам пунбаҳоро гирифтед. Рӯзи ҷашни Шайх Камол ман барҳақ бо Хуҷанд ифтихор кардам.

Вақте ки мардум дар хона нагунҷиданд ва муҳаббати худро ба кӯчаву биёбон бурданд.

Вақте ки мардум ҷашни Камолро ҷашни дили худ донистанд.

Вақте ки шаршараҳои хомӯш ба забон омаданд ва шашмақом хонданд.

Вақте ки пайкараи Шайх Камол ё пайкараи орзуи мо рӯйид.

Вақте ки Сайҳуни шомхӯрда дар пироҳани пирӯзарангаш ҳазор гули ситора рехт ва чашми мармузаш паёме аз абадият гуфт.

Вақте ки саҳнае миёни дарё ларзон буд ва нозанинон чун паримоҳӣ мерақсиданд ва он дам чашми беҳиси моҳиён низ барқ мезад.

Вақте ки меҳмонон Хуҷандро муъҷиза диданд.

Устод, чаро умри муъҷиза як лаҳза аст? Намедонам, барои он шеър чӣ гуна ҳарфи сипос гӯям. Шумо маро, ки ҳанӯз рӯнамо нашуда будам, чи зуд шинохтед ва дар тарозуи офтоб ниҳодед дар рӯзгоре, ки тамоми арзишҳо дар тарозуи шубҳаанд. Мо медонем, ба эҳтироми он азизоне, ки бар асолати мо имон овардаанд, бояд ба ҳақорату сангандозии ношиносон (ки ҳазор сол паҳлуи моянду намехоҳанд, шиносанд) наяндешид, бояд бар идомаи роҳ рафт, бояд худро дуртар бурд. Ба ҷое, ки чашм натавонад дигар нигоҳи сарди танаффур резад, дил натавонад бори кина кашад, лаб натавонад ба ҳарфи талхи ҳосиде талхтар ҷавоб диҳад ва қалам натавонад сухани паст нависад. Ман медонам, ки ба он қулла намерасам, аммо нерӯе ҳаст, ки маро он ҷо мехоҳад, нуре ҳаст, дар ман талолу мекунад ва мехоҳад маро аз сиёҳии ман наҷот диҳад. Боз садои ҳотиф меояд:

 

Дар тахти Ҷам, ки тоҷаш меъроҷи офтоб аст,

Ҳиммат нигар, ки мӯре бо ин ҳақорат омад.

 

Устод вақте ки ман нахустин бор дар бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пайдо шудам, нигоҳам ба рӯйи ҳама кас ихлос мерехт. Ду-се шеърам бо сарсухани устод Лоиқ дар «Садои Шарқ» ва чанд ҷароиди дигар чоп шуда буд. Шармсор будам, ки бо тӯшаи ҳақир шакли муддаиеро дорам, ки дар остона истодааст ва мехоҳад густохона ба кохи шеър дарояд. Он гоҳ Шумо омадед ва гуфтед:

– Хоҳари ширин, ту Фарзонаӣ? – Хуш омадӣ!

Ман мехоҳам монанди Шумо чунин самимонаю бефанд ҳар ояндаи тозаоғозеро «Хуш омадӣ» гӯям. Ва мехоҳам дар мавриди шеър чун Шумо ба ҳеҷ кас наяндешам ва ба худ андешам. Вақте ки Шумо дар қиёми маҳшару ғавғо (дар гирдиҳамоии порсолаи Хуҷанд) шеър мехондед ё дар ҳалқаи тоҷирон, ё дар «гап»-хӯриҳои мардони рӯмонӣ, ё дар толори «Ваҳдат»-и Теҳрон, ё дар Ландан, дар манзили Иброҳими Гулистон, ё раҳравон дар рӯйи пули Сайҳунрӯд мустамеони худро фаромӯш мекунед ва дар оғӯши шеъри худ гум мешавед. Вақте ки Шумо ҳарфи аҳсант ё тамасхуру истеҳзоро намешунавед ва дари бекаронаро ба рӯйи худ боз мекунед, Шумо бо Шеър ишқ меварзед ва мегӯед:

 

Биё, барги рухи худро ба шохи ҷони ман пайванд,

Ки шояд шохаву барге бигирад андар ин озор

Ва сабзад аз тани ман шохаҳои ту

Ва рӯяд шохсори тозаи ишқ аз тани хуншор.

 

Ва Шеър низ посух медиҳад:

 

Ба зери осмон як осмони дигаре дигаре хоҳам,

Фазои синаҳоро Каҳкашони дигаре хоҳам.

 

Устод Аскар! Шумо худро ҳамеша ба боғҳои таҷриба мекашед ва хушо, ки решапайванду баргпайванду муғчапайванди Шумо бо Шеър бегазанд аст. Кош Шумо умри абад бинед ва ҳар лаҳзаатон аз шодӣ борвар бошад ва рӯҳатон ҳамеша дар таҷаллизори зебоӣ ва бекаронаи ишқ пар-пар занад. Кош, зудтар рӯзе фаро расад, ки ҳамаи адибон ва рӯшанфикрон худро иморат кунанд ва ба гӯши ҳам салои ошноӣ зананд. Ва ман боз садойи Шуморо мешунавам:

 

То ба ҳар байте ба мазмуне ишорат кардаам,

Ман ба шуғли шеър ҷонамро иморат кардаам.

 

Орзуманди шодрӯзи Шумо – Фарзона,

Соли 1997