Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Абдуссалом Самадов,
доктори фанҳои филологӣ, Самарқанд
Асари асили санъат ба ивази машаққати зиёди эҷодӣ ба дунё меояд. Дар ин бора фикри Соиби Табрезӣ ҷолиби диққат аст, ки ба осонӣ муяссар нашудани тасвири баландро ин тавр маънидод кардааст:
Домани фикри баланд осон намеояд ба даст,
Сарв мепечад ба худ то мисрае мавзун кунад.
Ҳақ асту рост. Сохтани бинои шеъре, ки ба дилҳо бармехӯраду месӯзонаду месозонад низ аз ин машаққатҳо холӣ намебошад. Барои офаридани ин гуна ашъор як истеъдоди фитрӣ кам аст. Боз завқи баланд, меҳнати бардавом лозим аст. Ашъори шоири хушбин Аскар Ҳаким дар ҳамин поя офарида мешаванду дар назми муосири тоҷик қадру манзалати ба худ хосеро соҳиб мешаванд.
Одатан ҳусни сухани эҷодкорро аз розу ниёз ва асрори дилу ботини ӯ медонанд. Зеро шахсияти шоир, маҳорати эҷодии ӯ, ки бо ҷаҳонбиниаш вобастагии ногусастанӣ дорад, дар кайфияти эҷодкорӣ ва хусусиятҳои бадеии осораш нақши худро мегузорад. Ин аст, ки шеъри Аскар Ҳакимро батакрор мутолиа менамояму ба сухангустарӣ, умқи маънию мазмуни ҳаётӣ, сеҳри бадеияти вай мафтун мегардам. Аз завқу заковати ӯ дар идроки шоиронаи ҳаёти мардум ба ҳайрат меоям, дарк мекунам, ки шоир дар тасвири набзу нафаси ҳаёт ва ҳақиқати зиндагӣ заҳмати беандоза мекашад. Бори дигар ба ҳаққонияти ин суханҳои Ҷомӣ: «шеър обест зи сарчашмаи дил» бовар мекунам.
Аскар Ҳаким дар шеъри худ аз бесарусомониҳои одамони қадрношинос ва амали номуносиби онҳо сухани дардомез мегӯяд. Тариқи ин гуна шеърҳо кӯшиш мекунад, ки дар инсон бо тамоми нерӯ ҳиссиёти одамиро бедор намояд, дар пайи худшиносӣ ва худтарбиякунӣ буданро талқин кунад. Ба ақидаи шоир суханвар бо ин роҳ ба ташаккули рӯҳу ҷони хонанда ҳисса мегузорад. Дар ин бора ӯ хуб мегӯяд:
...Нест одамзода ҳоло одаме,
Одаме месоз аз худ ҳар даме.
Хешро аз нав бубояд офарид
Ё зи шодӣ, ё ки аз дарду ғаме!
Аскар Ҳаким вазифаи муқаддаси эҷодкорро дар эҳсоси хайру шарр мебинад. Шоир дар эҷодаш на фақат ба муборизаи яке аз онҳо бар алайҳи дигаре эътибор медиҳад, балки боз бисёр масъалаҳои азалию абадии ҳаётро ба доираи муҳокимаи фалсафӣ андохта, роҷеъ ба аслу моҳияти рӯзгор, сарватҳои маънавӣ ва муаммоҳои инсону ҷамъият андеша меронад. Аз ин рӯ шеъри шоир ба дилҳо бармехӯраду қудрати офаридгорӣ касб мекунад.
Шоир дар шеъри «Дуруд ба Фарзона» чунин андеша меронад:
Кай зодаи кӯҳсор ҳама куҳнавард аст?
Кай чашмаи хуршед ба ҳар синаи сард аст?
Гар навъи башар зодаи ишқ асту гуноҳ аст,
Шоир зи азал зодаи дард аст, ки дард аст...
Аз банди дили ман аламу дард бихезад,
Кай бе ғами фардои ватан фард бихезад.
3-ин хок, ки бархост чунин духтари бебок,
Бошад, ки пагаҳ боз яке мард бихезад.
Имрӯзҳо мо дар замони мушкилу пурфоҷиа умр ба сар мебарем. Ин айём аз эҷодкор беш аз пеш талаб мекунад, ки ба зиндагӣ назари тозаю амиқ дошта, ба муаммоҳои имрӯзу фардои мардум ҳозирҷавоб бошад, аз рӯйи ошкоргӯӣ, адолатхоҳӣ ва тафаккури нав асар офарад. Зеро пӯшида нест, ки хонандаи имрӯза дигар тоқати дурӯғҳои ҳақиқатнамо, ҳақиқатҳои дурӯғинро надорад. Вай аз эҷодкор офаридаҳои бо кору бор, эҳсосу андешаи худ ҳампайвандро умедвор аст. Хушбахтона, аз ин тақозои давру замон Аскар Ҳаким низ ҳамчун шоири эҳсоси иҷтимоиаш фаъол дар канор намебошад. Китобҳои шеърии ӯ низ дар ҳамин поя ва рӯҳия эҷод шудааст. Ин аст, ки қаҳрамони лирикии яке аз шеърҳои шоир чунин андеша дорад:
Одаму олам кунун ҳамқисматанд,
Ҳар касе имрӯз соҳиболам аст.
Соҳиби олам агар одам бувад,
Бошадаш гар дарди олам, одам аст.
Китоби «Рӯзи умед» (Душанбе: Адиб, 1990) аз чандин бахши ашъор ва «Достони Нону Имон» мураттаб гаштааст. Дар бахши «Шохоб» шеърҳои «Суруди фардо», «Таънаи фаришта», «Армон», «Решаи табархӯрда», «Асри бист», «Бонги ғазаб» ва дигарҳо гирд омадаанд, ки рӯҳу оҳанги тозаи гражданию публисистӣ доранд. Аз онҳо бӯйи замони нав, дигаргуниҳои тозаи иҷтимоӣ ба машом мерасад. Шоир дар саросари ин силсила мақсад кардааст, ки аз навгониҳои рӯзгор, аз тафаккуру маънавиёти нави мардум сухан кунад. Ин аст, ки шеъри аввали китоб «Суруди фардо» бо ҳамин ният оғоз ёфта, бо ҳамин ният анҷом меёбад:
Ту, рӯҳи модари бебахти ман, бибош ором,
Ки аз баҳори наве ман ба мардуми айём
Дуруд хоҳам гуфт,
Суруд хоҳам гуфт.
Оре, шеър нусхаи дилу нияти эҷодкори он аст. Агар ҷиҳати воқеии он пурқувват бошад, он болу пар мекушояд. Бахши ашъори «Шохоб» маҳз бо ҳамин хусусияти худ писанди хонанда мегардад. Қаҳрамони лирикии шеъри «Таънаи фаришта» аз таънаву маломати фариштаи осмонӣ оид ба одамони беэътиқоду бепарво, худнамову ғафлатгаро, ришвахору шиорбоз, мансабпарасту мунофиқ ба андеша меафтад, аз таънаҳои талх гузашт кардани фариштаро мепурсад. Вайро ба замин даъват сохта, ҳамчун одам дар байни одамон зиндагӣ карданашро хоҳон мешавад. Касодии маънавӣ, паст гардидани қадру қимати инсон дар шеъри «Армон» низ басо мутаассиркунанда ба қалам омадааст. Қаҳрамони лирикии шеър бисёр мехоҳад шоири базму дуруд бошад, аммо дарду муаммоҳои замон ӯро ба фикру андеша водор месозанд. Оид ба деҳқони меҳнаткаше, ки аз саҳар то нимашаб пахтаашро мепарвараду худ пасоби заҳрии майдони дорудодаашро менӯшад ва занаш аз заҳри доруи майдонҳои пахта фарзанди ба дунё наомадаашро мепартояд, таассуф мехӯрад. Аз ГЭС-и Норак фахр мекунад, аммо рӯзгори тоҷике, ки «шоми худро мекунад бо дуд рӯз» ё дигар рӯйдодҳои пуртазоди замони мо дарду аламашро дучанд мекунанд.
Аскар Ҳаким ба муаммоҳои иҷтимоӣ, алалхусус муаммоҳои муҳимми рӯз таваҷҷуҳи зиёд дорад. Шеърҳое, ки ӯ дар ин мавзӯъ офаридааст, ҳикматомезанд. Ба ин маънӣ, бисёре аз ашъори шоир ба монанди «Шеъри воло», «Ҷанги охирин», «Гарди имон», «Тутзори Азим», «Рӯҷӯи Севак» ва ғайра аз мушоҳидаҳои рӯзгор ва рӯйдодҳои зиндагӣ ба майдон омадаанд. Дар онҳо паҳлуҳои гуногуни зиндагии инсон ва маънавиёти он ба қалам гирифта шудааст. Рӯҳи гражданӣ, самимияти баён ин қабил ашъори шоирро хотирнишину хушоҳанг кардаанд. Чунончи, дар «Тутзори Азим» аз тутзори калони Сорбоғ и Ғарм сухан меравад, ки онро замоне Азим-девона ном касе бунёд кардаасту ҳоло ҳам сабз мебошад. Муаллиф бо ин тасвири шоирона одамонро ба некӣ, табиатдӯстӣ даъват мекунаду аз ҳиммати Азим-девона меболад:
Дили шӯридаро обу адо кард,
Ки охир Copбoғaшpo кунад боғ .
Вай инро чун дуо такрор мекард:
Зи неке боғ монад, аз баде доғ !
Ба он бегона ҳасрат мебарам ман,
Зиҳӣ ин сон ғapибӣ, эй ватандор!
«Вафо аз одами девона хезад»,
Зиҳӣ девонагӣ, эй марди ҳушёр!
Ватан мафҳуми хеле васеъ ва доманадорест. Он аз остонаи хона оғоз ёфта, тамоми зодгоҳу кишварро дар бар мегирад. Ин аст, ки он ба маънои кулл ва ҷузъ дар ашъори шоир рангу бӯйи тозае гирифтааст. Дар китоб шеърҳое ҳастанд, ки аз ғояҳои ватандӯстӣ саршоранд: «Тоҷикистон», «Ватан», «Шеъри Ватан», «Забони тоҷикӣ», «Номбардори Ватан», «Падруди Варзоб» ва амсоли инҳо. Дар онҳо шоир аз обу хоки зодгоҳи худ, одамони сарбаланду меҳнатқаринаш меболад:
Хоки одамро, ки шӯриданд бо хоки Ватан,
То абад аз ӯ намегардад ҷудо хоки Ватан,
Пур шавад рӯзаш, кашад сӯяш варо хоки Ватан,
Баски ҳаст ӯ з- обу хоку оташу боди Ватан.
Пӯшида нест, ки таърих барои шоир минбар аст. Ӯ аз баландии он ба дарду муаммои замон менигарад, ҳақиқату дурӯғро, адолату зулмро, неку бадро аз ҳам ҷудо месозад. Аз ин лиҳоз шеърҳои «Офтоби хуншор», «Ғyccaи Хуҷанд», «Дуруд ба Фарзона» махсусан ҷолиби диққатанд. Ин аст, ки дар шеъри «Офтоби хуншор» шоир аз факти таърихӣ – 75 чӯб кӯфта шудани устод Айнӣ сухани шоирона карда, ин воқеаро бо рӯзгори имрӯза пайваст менамояд, бар зидди торикию зулмот мехезад, аз нерӯи инсон сухан мекунад. Ин гуна шеърҳои баландмазмун хонандаро ба фикр кардан, андеша рондан водор месозанд, меҳру муҳаббати ӯро нисбати халқу Ватан зиёд мекунанд.
Чунонки дар тамоми назми Аскар Ҳаким дида мешавад, дар ин маҷмӯа низ ишқияҳо мақоми хосе доранд. Ин шеърҳо дар бахши махсуси «Ту маро мешунавӣ?» гирд омадаанд. Ашъори ин бахш гуворою дилангез буда, аз тахайюлоти бою рангини шоир дарак медиҳанд. Қаҳрамони лирикии он чун шахси ҳалиму меҳрубон ҳассосу рангинхаёл пеши назар ҷилвагар мегардад. Вай ошиқест, ки муҳаббати софи инсониро асоси ҳастӣ мешуморад:
Ту маро мешунавӣ?
Саҳар оӣ сари сарчашма ба об,
Нигарӣ ҳалқарави мавҷи маҳин,
Шунавӣ гӯшакии обу алаф,
Даме эҳсос кунӣ набзи замин,
Дар миёни ҳама ин муъҷизаи арзу само
Ту маро мешунавӣ?
Дар ишқияҳои шоир ишқ басо рангину муъҷизаосост. Ишқ чароғест, ки роҳи одамиро пурнур месозад, олами ӯро мусаффою мунаққаш мегардонад. Қувваест, ки ӯро аз роҳи хатои носазо берун месозад. Ишқ болест, ки парвоз мебахшад. Ишқ дардест, ки гирифторашро одамшиносӣ меомӯзад. Ин маънӣ дар ишқияҳои Аскар Ҳаким пуртаъсир ифода ёфтаанд. Чунончи, дар шеъри «Дилам гум мезанад» файзу назокати ишқ ин тавр баён шудааст:
Мерасӣ бар ёди ман ҳар гаҳ, дилам гум мезанад,
В-ар зи ёдам меравӣ ногаҳ, дилам гум мезанад.
Ман ба ҷойи ҷони худ ҷони туро мепарварам,
Чун зи ҷонам мешавам огаҳ, дилам гум мезанад.
Ин сатрҳо ҳастӣ ва дили пурармони қаҳрамони лирикиро пеши назар меоварад, ки дар ниҳодаш ишқ офтобесту ба вай ҷон ато мекунад. Ҳамин аст, ки шодию фараҳ, ғаму андуҳи қаҳрамони лирикӣ аз ишқ аст. Ишқе, ки шоир тараннум месозад, заминию самимист ва гарму нарм аст. Аз ин ҷост, ки ин гуна ашъор хонандаро ба поку беолоиш нигаҳ доштани он даъват месозад.
Дигар аз хусусиятҳои назарраси ашъори Аскар Ҳаким манзаранигорӣ аст. Аз мутолиаи ашъори ӯ манзараҳои рангину мушаххас пеши назар ҷилвагар мегарданд, ки дар айни замон бо ҳиссиёту руҳияи қаҳрамони лирикӣ сахт марбутанд. Масалан, шеъри «Афсонаи шаб», ки асоси онро ҳиссиёти баланди шоир аз дидани ҷамоли духтари нозанине дар нимашаб ташкил кардааст, бо чунин банд оғоз меёбад:
Духтар аз пайроҳа бар соҳил фуромад,
Гӯиё маҳтоб дар дарё даромад.
Мӯйҳояшро ба рӯйи мавҷҳо партофт,
Мавҷро бо мӯйҳояш тофт.
«Достони Нону Имон» аз бобҳои гуногун фароҳам омадааст. Мавзӯи асосии он аз неъматҳои муқаддас будани нону имон аст. Ин аст, ки шоир дар қисматҳои ба ҳам аз ҷиҳати мантиқӣ мустаҳкам алоқаманд нону имонро тавсиф мекунад, ба ҳам сахт марбут будани онҳоро таъкид месозад:
Дони гандумро кунад гар зери по нобуд кас,
Мекунад худро яқин аз ин ҷаҳон мардуд кас.
Бобҳои «Ҷоннисор», «Дар музеи гандум», «Талбаки талбидаам», «Тахтасанги гушнагӣ», «Дар ҳисори гушнагӣ» ва дигарҳо низ асоси воқеӣ дошта, аз фикру андешаҳои бикр бой ҳастанд. Дар онҳо дар асоси воқеаҳои ҳаётӣ қадру қимати нон басо назаррас ва таъсирбахш ба қалам гирифта шудааст. Тасвиру тавсифи қаҳрамонписари тоҷик Фатҳулло Аҳмадов дар майдони ҷанг, фикру андешаҳои қаҳрамони лирикӣ дар музеи гандуми шаҳри Улми Германия, ғаму андуҳи модари Талбак ном ҷавони данғарагие, ки ҳангоми аз сӯхтор наҷот додани гандумзори колхоз қаҳрамонона ҳалок шудааст, ғаму андуҳи Таня ном духтараки ленинградие, ки дар солҳои ҷанг аз гуруснагӣ беҳолу бемадор ба падари сарбозаш мактуб навиштааст ва дигарҳо аз лаҳзаҳои фаромӯшнашавандаи достон мебошанд. Аз мутолиаи достон бармеояд, ки шоир ба таҳлилу хулосаҳои ҳаётӣ бештар майл пайдо карда, фикру андешаҳои шоиронаи худро бо рӯҳи гуманистию некбинона ифода намуда тавонистааст.
Масъалаи шаклҳои шеърӣ ва бадеияти маҷмӯаи ашъори «Рӯзи умед» низ диққатҷалбкунанда аст. Шеърҳои маҷмӯа дар шаклҳои мураббаъ, мухаммас, мусаддас, маснавӣ, ғазал, рубоӣ таълиф шуда, баъзеашон ба шаклҳои анъанавӣ мутобиқ нестанд. Дар байни ин шаклҳо мураббаъ, рубоӣ ҷойи асосиро ишғол кардааст. Ҳамчунин кор фармудани шаклҳои омехта, дарозу кутаҳ сохтани мисраъҳо, наовардани қофия ва монанди ин таҷрибаҳо натиҷаҳои хуб додааст. Забони соддаю равон ва аз бадеият бой ба ҳусни шеъри шоир ҳусни тозае зам кардаанд. Инчунин аз бисёр ҷиҳат фазилати шеъри шоирро ибораороии ӯ муайян кардааст. Дар маҷмӯа ибораҳои ҷолиби диққат бисёранд, ки чандтои онро чун намуна зикр менамоем: «косаи чашмони лабрез», «модархудо», «санги кин», «шамси тозарӯ», «мири ғазаб», «ҳалқарави мавҷи маҳин», «решаи табархӯрда», «мисраи тар», «зиндагии садрӯя», «абри матир», «гули тармарг» ва ғайра.
Хулоса, мавзӯъ ва муҳтавои китоби шеърии «Рӯзи умед» васеъ ва гуногун аст. Ашъори он дар мавзӯъҳои роиҷтарини адабиёти муосир офарида шудаанд. Эҷодкораш дастагуле барои хонанда омода сохтааст, ки нақши хоса ва биниши тозае дорад. Бахшҳои «Хӯшаи сабз», «Резавор», «Ишқу армон» низ далели ҳамин фикранд. Онҳо низ хонданианд ва аз сабки хосу ҷустуҷӯҳои навини шеъргӯии Аскар Ҳаким башорат медиҳанд. Ҳамаи ин бори дигар гувоҳи онанд, ки Аскар Ҳаким шоири баркамол асту ӯ қудрат дорад, ки адабиёти имрӯзаи тоҷикро бо асарҳои барҷаста бой гардонад.
Бахтиёр Муртазоев,
мутарҷим