Адиба Хуҷандӣ,

шоир, муҳаққиқ

Ғазал аз шаклҳои шигарфу дилписанди адабиёти тоҷик ба шумор меравад, ки ҳамаи шоирон ва ҳамаи онҳоеро, ки пайванди рӯҳонӣ ба шеър доранд, асрҳои аср маҷзуби худ медорад ва ҳамеша дар ташаккулу таҷаддуд аст.

Ғазал дилбартарин ва ширинтарин қолаби шеър аст ва маҳз ҳунари шоирӣ ва ҷаҳонбиниву илму дониши фарорафтаву фарогиру таъсиргузори бузургтарин шоирони нобиға дар он таҷассум шудааст.

Ҳарчанд дар замони муосир гоҳо ақоиди нодурусте ба назар мерасад, ки умри ғазал ба поён омада, боз ҳам мебинем, ки амвоҷи ғазал бо муҷаллотарин рангҳову ҷилваҳо фарогири қаламрави ҷаҳонгири шеъри порсист.

Ғазале назди хонандаи хос гиромиву азизу чун ганҷур арзишманд аст, ки ҳар мисраъе ороста ба илму ҳикмату фалсафаву тахайюл ва зевари лафз бошад. Ороишоти лафзии шеърро саноати адабӣ таъмин мекунад Бидуни корбурди санъатҳои бадеъӣ шеър мақоми худро аз даст медиҳад, чун барои шеър муҳим мазмуни оливу созгорро дар канори бадеъияти муъҷизаосои лафз нуҳуфтан аст.

Ибрози маъниро дар ҳар шакле, аз қиболи наср ҳикояву роману каломи муназзам метавон хидмати хонанда бурд, ки барои шеър коре намемонад, ин аст ки муҳимтарин талабот аз шеър латофату таровату рамзбориши вожагону ибораҳост.

Албатта шеъре, ки ороиши забарҷадӣ аз бадеъият дорад, шеъри сохтаву оварда нест, балки шеъри омадаи илҳому ваҳйи осмонист.
Шоир танҳо зеҳни худро пурбор аз ҳамаи вожагони доштаи забонаш бояд бикунад, ки илҳом дар ин зеботарину ширинтарину мармузтарин вожаву ибораву ҷумалоти ороста сурат пайдо кунад.

Андешаву ишқу эҳсос танҳо дар сухан арзи ҳастӣ мекунад ва роҳ ба сӯи амал, роҳ ба сӯи дилҳову ақлҳо мегирад. То ба сухан омадан андешаву ишқу эҳсос танҳо мансуби шуури шоир асту бас. Он гоҳ халқӣ мешаваду амалӣ мешавад, ки дар сухан сурат пайдо бикунад, яъне ба дунё биёяд.
Пас, ин андешаву ишқу отифа бояд бо зеботарин пироҳан ороста бишавад, зеботарин сурат дошта бошад. Ҳамин зебоӣ, ҳамин бадеъияти сухан аст.

 Шеъри орӣ аз санъатҳои суханро донишмандони адабиётшинос назм гуфтаанд, на шеър. Роҳи назм аз шеър хеле дур аст.

Дар тамоми ашколи шеърӣ, аз қиболи байт, дубайтӣ, рубоӣ, ғазал, ғазалмаснавӣ, қасида, достон, мухаммас, назира, тарҷеъот ва амсоли ин шарти аввал ин аст, ки ороста ба санъатҳои бадеъӣ бошад. Ин аст ки шеърро каломи мухайял хондаанд.

Ғазалҳои бузургтарин ғазалсароёни адабиёти классикии тоҷику форс, ки шӯҳрати ҷаҳонӣ доранд ва таъсиргузору созандаи адабиёти ҷаҳонӣ ҳам ҳастанд, ба мисли Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил, Соиб, ... маҳз бо ҳамин хусусият, ки мазмунро дар вусъати донишу ҳикмату ирфон ва лафзро дар ҳадди муъҷизавори бадеъият нигоҳ доштаанд мондагор шудаанд.

Барои шоири муосир ҳам, ки меросдору нигаҳдори ин ганҷури бебаҳост, нигаҳ доштани шеър дар садри осмонии иззату зебоӣ рисолат аст.
Яке аз шоирони номвари адабиёти тоҷик, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар қаламрави беҳудуди адабиёти порсӣ ва адабиёти ҷаҳон шинохта аст, устод Аскар Ҳаким мебошад, ки дар тамоми ашколи шеърӣ андешаи худро, ишқу эҳсосу илму ирфону ҷаҳонбиниву маданияти рӯҳонии худро сурат бахшидааст.

Аскар Ҳаким барои он шоири муваффақ ва вижаи адабиёти муосири тоҷик аст, ки парвардаи на танҳо адабиёти классикиву муосири форсу тоҷик, балки бархурдор аз насру назми адабиёти ҷаҳон мебошад.
Дар ашъори Аскар Ҳаким фарҳангу маданияти ғарбу шарқ ба ҳам омехтааст, ин аст, ки ашъори ӯ бо ҳамин хусусият аз ашъори дигар шоирон фарқияти куллӣ дорад.

Дар ашъори Аскар Ҳаким ақоқиёву сӯзанбарг, тӯсҳову ёсуману бобунаҳои Амрикову Аврупо ва садбаргу лолаву насрину дарахтҳои зардолуву анҷиру анори Шарқ дар як боғ рустаанд, дар боғи андешаву ашъори Аскар Ҳаким.

Аскар Ҳаким шоири донишмандест, ки тамоми адабиёти ҷаҳонро дар андешаи худ ба як китобхонаи бузург табдил додааст, яъне хонандаву донандаи доимии насру назм ва адабиётишиносии ҷаҳон аст, ки ин албатта ба шеъри ӯ, ба сухану ҷаҳонбинӣ ва фарҳангу маданияти шахсияти ӯ таъсири амиқ гузоштааст.

Шеър илҳоми илоҳист, ки илтифоти Худованд ба шоир мебошад. Агар ин илҳоми худовандӣ набошад, бо сад хона китоб хондан ҳам намешавад мисраъе бигуфт.

Аммо ин илҳоми худовандӣ аз ҷониби шоир кор мехоҳад. Шоир бояд бо меҳнати шабонарӯзии таҷрибаҳову омӯхтанҳо шеърашро бо зевари илму дониш ороста дорад.

Барои ин ниҳоли осмонӣ, ки дар андешаву эҳсоси шоир рустааст, обу ҳаво ва офтоб илму дониш аст, ки бидуни он ин ниҳол наметавонад шукуфоиву нашъунамо дошта бошад.

Аскар Ҳаким бо омӯхтану фарогирии адабиёти ҷаҳон чун шоири вижае, ки шеъри нотакрори худиро сурудааст ва дар адабиётшиносӣ фарзонаву фард дар мақоми баланди иззату номдорист.

Маҳз ҳамин огоҳӣ аз назму насри ҷаҳонӣ ашъори Аскар Ҳакимро пур аз навгароиву навгонӣ кардааст. Аз ҷумла ғазалҳои Аскар Ҳаким фарқияти куллӣ аз ғазалҳои дигарон дорад. Зеро андешаву фарҳанги офаридгори ин ғазалиёт на танҳо тоҷикӣ, балки андешаву фарҳанги мардумиву ашрофии ҷаҳониро низ дар худ дорад.

Аскар Ҳаким парвардаи мактаби адабиёти ҷаҳон аст, адабиёте, ки аслу асосаш аз адабиёти форсӣ ҳам мубтадо дорад. Ғазалиёти Аскар Ҳаким бо он ки андешаву ҷаҳонбинии инсони муосир ва оинадори осмону замину замони муосир аст, аз муосиронаш фарқият дорад.

Ҳар шоире фарзанди замони худ аст ва дар қатраи алмосии шеър бояд офтобу обу ҳаво, таъриху иҷтимоу иқтисоду фалсафа ва илму ифрони замони худро оинадорӣ кунад, то ба ин оинаи адабӣ ояндаҳо тамошобин бошанд.
Ғазалиёти Аскар Ҳаким пеш аз ҳама бо замонвӣ будан, яъне бо он ки суратгари андешаи инсони муосир аст, фарқият дорад.

Бо омӯхтану таъсирпазирӣ аз адабиёти классикӣ хеле мушоҳида мешавад, ки шоирони имрӯз андешаҳои классиконро низ такрор кардаанд ва дар ашъорашон рӯзгори худашон ҷилвагар нест, барг барги вожаву ибораҳояшон кӯчатшуда аз адабиёти клоссикӣ ё адабиёти ҳамзабонон аст, ки ин фардияти ҳунари шоирро аз байн мебарад.

Хонанда вақте шеъреро мехонад, бояд андеша кунад, ки чӣ суде аз хондани он барои рӯзгори худ гирифт.

Ин аст, шоир масъулият дорад, ки ҳар вожаву мисраъи худро бо донишу илму ирфони раҳнамо ва бадеъияти зебову зебоишиносӣ ба хонанда пешкаш кунад.

 

Саҳар чун ёдат овардам навозид ин садо гӯшам,

Ки сад булбул ғазал сурх аст дар барги баногӯшам.

Ҳазор ангушти тардастӣ занад дар боғҳо оҳанг,

Зи рӯи нутаи қалбам, ман аммо бо ту хомӯшам.

Маро ҳар тори ҳастӣ обшори савту оҳанг аст,

Вале дур аз канорат обшорони фаромӯшам.

Ба пеши пойи ту ҷорист ҷӯе тозаву урён,

Намедонӣ, чаро бо сабзааш аз чашм мепӯшам.

Саҳар хуршед мебинад, ки дасте мезанам дар об,

Зи об оина медорад ба симосо бару дӯшам.

Шаҳи гардуни шаб гирад арӯси моҳро дар бар,

Шароби орзуятро ба ҷоми бода менӯшам.

Қиёми бодаи лабҳо-т бар ин ташна мегӯяд

Ки гар имрӯз менӯшӣ, хуморовартар аз дӯшам.

Хумори имшабат дар сар, хумори дил биё ин ҷост,

Ки беш аз сад ҳазору як шаб аст имшаб як оғӯшам.

 

Чунонки мебинем, дар ин ғазал ягон таркибу иборае баргирифтаву оварда аз адабиёти клоссикӣ ба назар намерасад.

 

Саҳар чун ёдат овардам навозид ин садо гӯшам,

Ки сад булбул ғазал сурх аст дар барги баногӯшам.

 

Ёди дилбарро ба садои улвии саҳарӣ, монанд кардан хоси худи шоир аст, ки собиқа надошт Ҳамчунин таркибҳои зебои шоирона чун "булбули сурхи ғазал", "барги баногӯш", ки мутаносиб аст, зебои бесобиқа мебошанд.

 

Ҳазор ангушти тардастӣ занад дар боғҳо оҳанг,

Зи рӯи нутаи қалбам, ман аммо бо ту хомӯшам.

 

Дар боғҳо оҳанг навохтани баргу гул манзараи муъҷизаосоеро ба назар ҷилва медиҳад, дар ҳақиқат ҳам ранг-ранг зебоиву рамзу рози нотафсири чаманҳо дар хотираи мо оҳангҳои дилошӯбро меофарад. Қалбро ба як дафтари омӯзиши оҳанг (нотаҳо), ки дар мактабу донишгоҳҳои мусиқӣ мавриди омӯзиш аст, монанд кардан ишора ба он аст, ки дили ошиқ пур аз розҳои зеботарин аст.

 

Маро ҳар тори ҳастӣ обшори савту оҳанг аст,

Вале дур аз канорат обшорони фаромӯшам.

 

Дар ин байт шоир ба он ишора мекунад, ки инсон бидуни ишқ дар фаромӯшӣ қарор хоҳад дошт, зеро ҳар амали мо ба касбу коре, ҳар робитаи мо бо инсоне чун модару падар, ҳамсар, фарзанд, дӯсту ҳамкор бо ишқу эҳтирому ихлосу иродат имкону маъно дорад.

Ишқ пайванди инсон ба осмону замин аст. Таркиби шоиронаи обшори савту оҳанг ҳам, ки дар ин байти зикршуда омадааст, бесобиқаву тоза аст.

 

Ба пеши пойи ту ҷорист ҷӯе тозаву урён,

Намедонӣ, чаро бо сабзааш аз чашм мепӯшам.

 

Таркиби "ҷӯи тозаву урён", ки пеши пои маъшуқ ҷорист, киноя аз гиряи ошиқи азият дида аз фироқ, аз пазмониву иштиёқи ӯст, ки метавонад ашки шодӣ аз дидор бошад ё ғаму андӯҳи ҷудоӣ.

 

Саҳар хуршед мебинад, ки дасте мезанам дар об,

Зи об оина медорад ба симосо бару дӯшам.

 

Таркиби "дасту по задан дар об" ишорагари кӯшишу ибтикор аст. Ин аз ранҷу азобу азият дар ҳиҷрон ва кӯшишҳо барои расидан ба дидори маҳбуб киноят мекунад.

 

Шаҳи гардуни шаб гирад арӯси моҳро дар бар,

Шароби орзуятро ба ҷоми бода менӯшам.

 

Ин тасвир, шоҳи гардуни шаб, яъне осмонро ба домоде ва моҳро ба арӯси зебо ташбеҳ додан тасаввуре аз ишқи осмонӣ буда, идомаи ғазал ибрози ишқу эҳсоси заминист.

Дар ғазалҳои Аскар Ҳаким тасвиру таркибҳо аксар наву тоза ва бесобиқа ҳастанд. Ин далели он аст, ки шоир дар натиҷаи омӯзиши беҳтарин намунаҳои шеъри ғарбу шарқ роҳи дурусти худро пайдо карда, ба офаридани сувари хаёли тоза даст ёфтааст, ки ба шеъри ӯ таровати тоза ва ҷаззобияти махсус мебахшанд.