Ҷамолиддин Саидзода,

номзади илмҳои филологӣ

 

 

 Марди доно ба ҳунар зубдаи ақрон гардад,

Мева рангин чу шуд, аз барг намоён гардад.

Дониши Машҳадӣ

 Аз устод Аскар Ҳаким – шоир ва мунаққиди тоҷик осори зиёд ба чоп расидааст. Асарҳои ҷамъбастии ӯ дар заминаи нақду адабиётшиносӣ – «Шеър ва замон» (1978), «Дар қаламрави сухан» (1982) ва шеър – «Санги ман – алмос» (2006), «Замини сабзи боварҳо» (2008), «Ба саломи шукуфаҳо» (2012), ки дар солҳои охир нашр шудаанд, дар дастраси хонандагон қарор доранд. Аммо мо ба мақолаву шеърҳои зиёди ӯ, ки дар матбуоти даврӣ чоп мешаванд, аз дер боз ошноем. Ба ҳарфи дигар, устод Аскар Ҳаким (ҳам дар қаламрави нақд ва ҳам шеър) бароямон чеҳраи ошност. Лиҳозо, дар бораи ӯ дар байни донишмандон нуқтаи назарҳои гуногун, парадоксӣ (зидди якдигар, мутаноқизнамо) вуҷуд доранд. Гурӯҳе дар ин ақидаанд, ки устод Аскар Ҳаким дар нақду адабиётшиносӣ, яъне ҳамчун олим чеҳрае муваффақ аст ва бояд ба нақду адабиётшиносӣ машғул мешуд, аммо гурӯҳи дигар ӯро ҳам дар нақд ва ҳам дар шеър симое комёб медонанд. Албатта, назари гурӯҳи аввал як назари тақлидӣ, беасос ва расмию ноогоҳона аст ва аз тарафи касоне гуфта мешавад, ки осори шоирро хуб нахондаанд ва ё хеле каму сатҳӣ хондаанд ва ба шеъри ӯ аз нуқтаи назари дигарон, ба таври умумӣ баҳо медиҳанд, аммо гурӯҳи дигар, ки ҳам ба нақду ҳам ба шеъри ӯ ошноии хуб доранд ва бевосита осори шоирро хондаанд, ӯро дар ҳар ду майдон чеҳраи шоиставу маъруф мехонанд. Мо тарафдори афкори дувумем ва мегӯем, ки устод Аскар Ҳаким дар ҳар ду майдон ҳам соҳиби дастовардҳои муҳимм мебошад. Пажӯҳиш ва нақдҳое, ки ӯ доир ба адабиёт, ба вижа, осори адибони асри гузаштаву имрӯз, аз ҷумла, устод Айнию Лоҳутӣ, Турсунзодаву Қаноату Бозору Лоиқ, Гулрухсору Гулназар, Низом Қосиму Раҳмат Назрӣ ва Фарзона ва дигарон навиштааст, дар адабиётшиносии мо баҳои баланд гирифтаанд ва аз мақоми волои ӯ дар ин қаламрав дарак медиҳанд.

Зимнан бояд гуфт, ки устод Аскар Ҳаким дар осори адабиётшиносиаш роҷеъ ба ҷараёни умумии шеър, ҳусну қубҳи он изҳори назар намуда, роҳро барои рушуду нумувви нақду адабиётшиносии солим ҳамвор месозад. Аммо ӯ дар гуфтани шеър низ маҳорати хуб дорад. Инҷониб гумон мекунам, ки устод Аскар дар адабиёти мо шабеҳи Шафеии Кадканӣ дар адабиёти муосири Эрон аст, ки ҳам дар нақд ва ҳам дар шеър номовар аст ва нақдаш аз шеъраш ва шеъраш аз нақдаш хуб аст ва яке дигареро такмил мекунанд. Масалан, ӯ, вақте ки дар бораи сабку услуб, ҳадафи адибон, дар кадом жанру намуд ва шаклҳои шеърӣ муваффақ будани онон ва ғайра сухан мегӯяд, мекӯшад, ки муваффақият ва нокомии ҳар шоирро дар алоҳидагӣ ва мунсифона нишон бидиҳад ва ҷойгоҳи хосси ҳар якеро дар адабиёт муқаррар созад. Чунончи, ӯ устод Муъмин Қаноатро дар эҷоди асарҳои муҳташам ё достонҳои баланд мумтоз ва чеҳрае комёб медонад, зеро ӯ ашъори лирикӣ, шеърҳои хурд кам мегӯяд, аммо устод Лоиқ, баръакс, бештар ба шаклҳои анъанавӣ, аз ҷумла, ғазалу рубоӣ, таваҷҷуҳ дорад ва табъан шоири лирик, яъне ғазалгӯву рубоисарост, аммо Бозор Собир бештар шеъри нав ва чаҳорпораву тасвирӣ мегӯяд, на достону ғазалу рубоӣ ва ғайра. Аз ин хотир, ин адибон ҳар кадом дар шеваи худ, дар шаклҳои шеърие, ки қаламфарсоӣ мекунанд, чеҳраҳои мумтозанд. Лиҳозо, баҳое, ки устод Аскар ба эҷодиёти ин ё он шоир медиҳад, аз воқеият ва эҷодиёти худи он шоир сарчшма мегирад ва бозгӯи ҳақиқати шеъри эшон аст.

Мо инро дар баҳое, ки ӯ ба шеъри устодон Қаноату Лоиқу Гулрухсору Бозору Ҳабибулло ва дигарон дар мақолаи «Тазодҳои фаровонии шеър» (дар китоби «Дар қаламрави сухан») додааст, равшан боздид менамоем. Мо ҳамин гуна фардияти шоир ва биниши вижа ва ҷойгоҳу сабку услуби хосро дар фаъолияти шоирии устод Аскар низ дида метавонем. Бад-ин маънӣ, ӯ шоири хуби ҳирфавӣ аст. Ҳар чӣ ки мегӯяд, ба мақсад мегӯяд, яъне ӯ моҳияти шеър ва мурод аз шеър гуфтан ва талаботи онро накӯ медонад. Аз ин хотир, пайваста мекӯшад, ки талаботи ин касби пуршараф, яъне шеъру шоириро ба ҷо биёрад, риоя намояд ва суханашро равону равшану фасеҳ бигӯяд. Ҳароина, аз мушкилгӯӣ, мураккабнависӣ, ибҳому иҳом, ороишоти зиёдатӣ, санъатгарию лаффозӣ, хаёлбандиҳои мавҳум ва ифротии сабки ҳиндӣ ва шеъри наву сапед, ки имрӯз мӯд шудааст, дурӣ гузинад. Ба сухани возеҳтар, ӯ саъй менамояд, ки таносуби лафзу маънӣ дар ашъораш риоя шавад, шеъраш ҳамагир бошад, яъне ҳам хоссу ҳам ом онро бихонад, бифаҳмад, бипазирад ва аз ҳама муҳимм сарриштаи хирадгароиро, ки имрӯз бархе аз хаёлгароёни ифротӣ аз даст медиҳанд, аз даст надиҳад. Ҳамин суннати муътадилгӯиро, ки аз устодон Айнию Ҳамдию Лоҳутию Юсуфию Деҳотию Турсунзода ва дигарон дар адабиёти асри гузаштаи мо шурӯъ шудааст (баъд аз тарки сабки печида ва гунги ҳиндӣ, ба вижа осори Бедил, ки адабиёти моро дусад сол қафо бурда буд), ба тарзи дигар идомаву густариш медиҳад. Ба ҳарфи дигар, устод Аскар бо шеваҳои тозаи шеър, ки имрӯз дар адабиёти мо, шеъри ҳамзамонону ҳамзабонон ва олам роиҷ аст, сухан мегӯяд, аммо, ба қавли устод Лоиқ, «ҳам ба азму ҳам ба разму ҳам ба назм» пайраву такмилдиҳандаи роҳу равиш ва шеъри поку софу зулоли устод Турсунзода мебошад. Ба ин маънӣ, ӯ дар шеъри «Ватан» ном сарводааш, ки ба ёди устод Турсунзода гуфтааст, босароҳат хабар медиҳад ва мегӯяд:

 

Рӯзи ман сар мешавад ҳар рӯз бо шеъри Ватан,

Шод бодо рӯҳи ту,то нек бошад рӯзи ман.

Мекунад шеъри дилошӯбат маро аз худ бадар,

То ба даҳрам мекунад сад решапайванди дигар…

 

Лозим ба ёдоварист, ки инҷониб на танҳо ба навиштаҳои устод Аскар арҷ мениҳам, балки бо шеърдонию шеърхонии ӯ низ қоилам. Воқеан, боре бо аҳли оила намоишеро, ки дар он устод Аскар шеърхонӣ мекард ва ҳамаро аз ҳифз мегуфт, тамошо мекардем. Пас аз тамошои ин намоиш аҳли оила ба ман, ки гоҳе даъвии шеърдонӣ мекардам ва ҳанӯз ҳам мекунам, гуфтанд: «Дидӣ, ки ту танҳо нестӣ, дигарон ҳам шеъри зиёд аз ёд медонанд…». Ростӣ, аз ҳамон ҳангом эътиқодам ба устод Аскар, ки қавӣ буд, боз ҳам қавитар гардид. Ба сухани равшантар, баъд аз ин намоиш, ки хаёл мекунам, ки дар Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе сурат гирифта, ба воситаи телевизион намоиш дода шуда буд, ман сахт андешаманд шудам ва бисёр ба фикр фурӯ рафтам, ки, дар ҳақиқат, ӯ дар ин боб, алалхусус ашъори худро аз ёд донистан ва аз ёд хондан яди байзо дорад ва беназир аст. Лиҳозо, ӯ воқеан ҳам шоир аст, зеро яке аз талаботи шоирӣ (чи дар гузашта ва чи имрӯз) шеъри зиёд аз ёд донистан аст. Дар бораи ногузир будани ин талабот ба шеър ва шоир метавон даҳҳо мисол аз гуфтори донишмандон ва аҳли назарро овард, аммо мо ба нақле мисоле аз «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ иктифо менамоем, ки дар фасли «Дар чигунагии шеър ва шоир» гуфта:

«Аммо шоир бад-ин дараҷа нарасад, илло ки дар унфавони шабоб ва дар рӯзгори ҷавонӣ бист ҳазор байт аз ашъори мутақаддимон ёд гирад ва даҳ ҳазор калима аз осори мутааххирон пеши чашм кунад... ».

Дигар, боре дар вохӯрие (дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон) устод Аскарро ҳамроҳӣ мекардам. Вақте ки устод суханронию шеърхонӣ намуданд, ҳамаро ҳайратзада ва мафтун намуданд. Чун суолу ҷавоб сар шуд, нафаре аз аҳли толор аз устод хоҳиш карданд, ки фалон шеърашро қироат намояд. Мо мутааҷҷиб шудем, ки устод аз байни анбӯҳи шеъри худ чӣ гуна онро аз ҳофизааш аз ёд мехонад, зеро қариб ҳеҷ адибе тамоми осори худро аз ёд намедонад ва ҳам наметавонад дошта бошад (хусусан, имрӯз), аммо хушбахтона, устод он шеъре, ки шунаванда хондани онро хоҳиш намуда буд, аз ёд хонд. Боз чанд каси дигар бад-ин минвол аз ӯ дархости хондани шеърҳояшро карданд. Ӯ бе ҳеҷ даккахӯрӣ, ба қавли устод Айнӣ, ки дар бораи шеърдонӣ ва аз ҳофизаи худ шеър хондани Ҳайрат дар «Ёддоштҳо», ки «қасидаҳои чилбайтии устодони гузаштаро бе ҳеҷ даккахӯрӣ ва мулоҳиза аз ёд хонда медод», -мегӯяд, ашъорашро аз ёд хонд. Ростӣ, маро ҳаяҷон фаро гирифт. Ба худам гуфтам, ки ин як ҳодисаи фавқулода аст, хусусан дар замони мо. Чаро мо ин падидаро нодида мегирем ва онро тарғиб наменамоем, ки имрӯз дар адабиётамон шоир ва олиме дорем, ки қариб тамоми осорашро аз ёд медонад ва бемалол дар маҳофил ва маҷолис мехонад. Воқеан, устод Аскар дар ин қаламрав, ба гумони ман, нобиға аст, бояд ин ҳақиқатро пазируфт ва эътироф кард. Агар ҳамаи шоирони мо мисли устод Аскар аз масъулият ва маъмурияти касби худ - талаботи шоирӣ, хусусан, як талаботи он, ки ҳифзи ашъори зиёд ва донистани шеъри худ аст, хабар медоштанд ва ба ҷо меоварданд, мо ба ин интиқод ва эътирози шадиди хонандаи яке аз рӯзномаҳои кишвар рӯ ба рӯ намешудем ва дар хиҷолат намемондем: «Классикони мо агар то 30.000 байт намедонистанд, дар роҳи шеър қадам намезаданд. Ҳоло аз шоирони мо пурсед, ки чанд байт медонанд? Аксари онҳо ҳатто шеъри худро дар минбар аз рӯи коғаз мехонанд».

Албатта, шеъразёдкунии устод Аскар танҳо ба забони тоҷикӣ маҳдуд намешавад, балки ӯ ба забонҳои дигар, аз ҷумла русӣ, низ шеър аз ёд медонад. Ман инро ба газоф намегӯям, зеро боре дар Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ, ки устод дар як мавзӯи муҳимми шеър маърӯза мекард, дар суханронияш (вобаста ба мавзӯъ, ки ба шеъри шоирони рус ихтисос мегирифт) шеърҳои зиёдеро ба забони русӣ аз ёд хонданд ва бад-ин тартиб аҳли толорро дар ҳайрат гузоштанд. Дар воқеъ, устод забони русро хеле хуб медонад ва ба андешаи банда, имрӯз агар касе аз адибони мо, ки тавонад ба воситаи телевизиони Русия (Маскав) суханронӣ кунад, шеър бихонад (мисли адибони қазоқ – Олҷас Сулаймонов, Анвар Олимҷонов…), пеш аз ҳама, устод Аскар хоҳад буд. Мо кам касонеро суроғ дорем, ки дар ин майдон бо ӯ баробарӣ намоянд. Дигар, касе, ки «Мазҳакаи иллоҳӣ»-и Дантеро дар тарҷумаи ӯ хондааст, медонад, ки ӯ дар донистани забони русӣ чӣ поя дорад. Худи ҷуръат карда, ин шоҳкори адабиёти ҷаҳониро аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардан аз ҷасорати адиб хабар медиҳад. Бад-ин маънӣ, устод Аскар на танҳо наққоди хуб, шоири хуб, балки тарҷумон ва муаррифгари хуби адабиётамон ҳам ҳаст ва метавонад буда бошад.

Дар бораи фаъолияти мунаққидӣ ва шоирии устод Аскар, чи дар дохили кишвар ва хориҷ, ба вижа Русия ва Эрон, мақолаҳои зиёд иншо шудаанд, аммо, мутаассифона, дар бораи ӯ ва осораш ҳанӯз китоб ва ё рисолаи алоҳидае ба майдон наёмадааст (ба ҷуз китоби Мӯсо Диноршоев, ки ба ҷанбаҳои фалсафии эҷодиёти ӯ ихтисос мегирад), ки тамоми осори адабӣ ва адабиётшиносии ӯ мавриди пажӯҳиш қарор гирифта бошад. Умед аст, ки ин кор рӯзе анҷом хоҳад шуд. Аммо дар силсилаи мақолаҳое, ки доир ба ашъори ӯ навиштаанд, пажӯҳишгарон беш аз ҳама, дар бораи достони машҳури ӯ – «Санги ман – алмос» изҳори назар кардаанд. Дар ин достон, ки воқеан ҳам дар силсилаи достонсароии адабиёти муосири тоҷик як асари тоза аст, арзишҳои миллӣ, инсонӣ ва мазҳабию динӣ ба ҳам гиреҳ мехӯранд ва як навъ ваҳдати кулли инсонҳоро ба намоиш мегузоранд. Бад-ин тартиб, адиб муборизаи мудаввоми хайру шарро, ки дар олам ҷараён дорад ва дар осори аксари адибони бузурги олам нишон дода шудааст, ба тарзи худ, бо сабку баёни вижа ба қалам медиҳад ва ба ҷамъбастҳои ҳунарию ғоявию фалсафию ахлоқӣ ва иҷтимоию сиёсиву эътиқодиву инсонӣ даст меёбад. Гузашта аз ин, ӯ иртиботи инсонро бо табиат, фалсафаи хайрхоҳӣ ба ҳамнавъон, ба ҳамагон ба як чашм нигаристан, шоҳу гадо, мӯру филро яксон дидан, арҷ гузоштан ба бани одамро на танҳо дар миён мегузорад, балки нишон медиҳад. Бад-ин маънӣ, ӯ маънию мафҳум ва ашёҳои мутазодро паҳлуи якдигар мегузорад, онҳоро оштӣ медиҳад, то фосилаеро, ки байни инсонҳо, тамаддунҳо, фарҳангҳо, арзишҳо, эътиқодҳо, динҳо, мазҳабҳо, миллатҳо аз ҷаҳлу нодонӣ, таассубу хурофот ва ғаразҳои мухталиф эҷод шудааст, барҳам занад ва ё ақаллан коҳиш бидиҳад. Хусусан, таассуби мазҳабиро, ки имрӯз аҳли ҷаҳонро нигарон сохтааст, маҳкум менамояд ва ба сӯи одамият, имон, виҷдон, боварӣ, меҳр, шафқат, муҳаббат, ҳамгароӣ, ҳамнавоӣ, ҳамзистӣ, ҳамдигарфаҳмӣ даъват менамояд. Ин беҳтарин роҳ ва тадбир аст, ки имрӯз инсонро аз муқовимати бадфарҷом ва маҳвшавӣ наҷот медиҳад ва ба кӯи саодат мебарад. Ӯ гӯё бо ин гуфтори ростини адиб ҳамовозӣ менамояд, ки мегӯяд:

 

 

В-ар бипурсӣ, ки дар ин кор чӣ тадбир бувад?

Дину дунё ба ҳам омез, ки иксир бувад.

 

Ҳамин гуна вусъати андеша, бозтоби тафаккури миллӣ, инсонӣ, эътиқодӣ, пайванди рӯҳ ва ақл, андешаву эҳсос, тозагии забону баён сабаби баҳои баланд гирифтани ин асар аз ҷониби донишмандон ва хонандагон гардидааст. Чунончи, нависандаи маъруф Темур Зулфиқоров гуфтааст: «Шоири тавоно Аскар Ҳаким достони тару тоза, зебову пурнафосати «Санги ман – алмос»-ро эҷод кардааст, ки он офаридаҳои Уолт Уитменро ба ёд меоварад».

Дар ҳақиқат, устод Аскар шоири пурмутолиа буда, на танҳо аз рамзу рози шеъри гузашта ва имрӯзи тоҷику ҳамзабонон, балки шеъри русу ҷаҳон низ огоҳ аст. Тарҷумаҳои ӯ дар ин замина, аз ҷумла «Сотников»-и В. Быков, «Хазинадорзани тамбовӣ»-и М. Ю. Лермонтов, «Аср. Замин. Ишқ»-и Г. Эмин, «Мазҳакаи илоҳӣ»-и Данте ва ғайра далели гуфтаҳои мо метавонанд буда бошанд. Ба ҳарфи дигар, устод Аскар шоир ва олими огоҳу ҳушманд аст ва пайваста меомӯзад, то биёмӯзонад. Аз ин рӯ, ҷилваҳои шеъри ҷаҳон, аз ҷумла Уолт Уитменро, ки Темур Зулфиқоров дар шеъри ӯ ба мушоҳида гирифтааст, андешаи беҷо нест, балки баҷост, зеро Уолт Уитмен аз адибони маъруфи ҷаҳонӣ аст, ки дар кишвари мо ҳаводорони зиёд дорад ва осораш аз ҷониби адибон мавриди тарҷума қарор гирифтааст. Аммо устод Аскар гӯяндае физоянда аст, дар гуфтани шеър ба як сарчашма такя намекунад, иктифо наменамояд, балки аз тамоми сарчашмаҳои дастрас ва имконоте, ки дар даст дорад ва дар олами шеъру шоирӣ мавҷуд аст, ба қадри маҳорату иқтидору ҳавалаи худ суд меҷуяд, аммо ҳамеша симои худ, нигоҳи хосси хешро нигаҳ медорад. Масалан, мафҳуми фалсафаи дил, мақому ҷойгоҳи он дар таълимоти мухталиф, хусусан ирфону тасаввуф ҳамеша ҷой дорад ва дил ҳамчун мазҳари таҷалии ҳама чизи пок аст ва он дар осори эшон то ҳадди хонаи Худо уруҷ мекунад. Албатта, ҳар кас онро аз зовияи нигоҳи худ, аз равзанаи биниши хеш тавзеҳу ташреҳ менамояд. Бинобар ин, муҷиби пайдо шудани даҳҳо осори манзуму мансур ва дилномаҳои бешумор дар адабиёти мо ва ҷаҳон шудааст, аммо дар достони «Санги ман – алмос»-и шоир ин мавзӯъ ба ранги дигар худро ба намоиш мегузорад ва густардагии бештар пайдо менамояд. Ба ин маънӣ он аз дашту саҳрову дарёву аршу афлок фаротар меравад, зеро ба заъми шоир, он бори амонати дилро тавъам бо ишқ мекашад:

 

Чашми дил боз шуду дидам ман,

Ки ҳамин мушти муҳаббат, ки варо Дил ном аст,

Дар қафасбанди ниҳони сина

По фаро мениҳад аз саҳроҳо,

Жарфтар аз дарё

Ва фаротар аз арш

Ва ҳамон бори амонат, ки на дарёву на кӯҳ

Ва на афлок тавонист кашид,

Мекашад ин дили ошиқ бар дӯш.

 

Зимнан бояд гуфт, ки мо дастоварди устод Аскар дар ин достон, ки фарогири мавзӯъҳои ҷузъ ва кул низ мебошад, дар ҳалли муваффақонаи мавзӯъ ва маводи он мебинем. Дигар, ин асар аз ҳар лиҳоз асари пургунҷоиш, серпаҳлу, серрамзу роз аст ва тору пуди он аз фалсафаву ҳикмати ҳаёт танида шудааст ва ба ташбеҳу истиораву кинояву маҷозу тамсилу талмеҳу аносири мухталифи шеърофарин, устураву сураву ояҳову боварҳо ва панду ҳикмату суханони омӯзандаву дастурбахш тазйин ёфтааст. Шоир бад-ин тартиб воқеиятро бо устураву боварҳову андешаву орои миллию инсонию диниву мазҳабӣ пайванд зада, байни онҳо пул барқарор кардааст, пули зиндагӣ ваҳдат, ормон, одамият, ки меъмораш инсон аст, инсоне, ки масъулияти ҷонишини ҳастии мутлақро бар дӯш дорад ва дилаш анбошта аз меҳру муҳаббату бахту ишқу имон аст, лаҳзае наметавонад бидуни меҳру муҳаббату ишқ бизияд:

 

Ҳамчу моҳӣ, ки варо ҳастии бедарё нест,

Ҷумла занбури асалро, ки ҳаёти бегул,

Шохи гулро, ки набошад нафасе бе гулбод,

Пас чӣ инсон битвонад, ки бувад дар дунё

Бе муҳаббат ба Худо?!

 

Албатта, дар бораи ин достон, тавре ки гуфтем (ҳам дар дохили кишвар ва ҳам хориҷ аз он), суханони зиёд гуфта шудаанд ва боз ҳам хоҳанд гуфт, зеро он аз ҳар лиҳоз тозагӣ дорад ва ё ҳадди ақал ба тарзи тоза гуфта шудааст. Лиҳозо, ба андешаи мо, таҳлили ҳамаҷонибаи он кори ояндаи мунаққидону адабиётшиносон мебошад. Беҳуда ба ин асар дар Созмони байналмилалии Иттифоқҳои нависандагон, ки дар соли 2000 дар Москав баргузор шуд, баҳои баланд надодаанд.

Лиҳозо, на танҳо ин достони нави ӯ, балки тамоми осори шоир як пажӯҳиши ҳамагирро (аз лиҳози мавзӯъ, муҳтаво, ғоя, сувари хаёл, ҳузури мусиқӣ, вожагузинӣ, калимасозӣ, таркибофаринӣ, суннатгароӣ, навандешӣ, қолабҳои шеърӣ, аз ҷумла ғазалу рубоиву дубайтӣ, чаҳорпораву шеъри нави нимоию шомлуӣ, таъсирпазирию таъсиргузорӣ ва ғайра) талаб менамояд, то ҷойгоҳи ӯ дар шеъри асри гузашта ва имрӯз мушаххас ва муайян гардад. Албатта, ин кор, тавре ки гуфтем, дар оянда сурат мегирад.

Тавре ки гуфтем, устод Аскар шоир ва наққоде пурмутолиа аст. Лиҳозо, дар шеъраш ҳароина таъсири осори пешиниён ва шоирони ҳамзамону ҳамзабон эҳсос мешавад. Албатта, ин як ҳақиқати мусаллам аст, ки ҳеҷ чиз дар ҷои холӣ зуҳур намекунад, ба вижа шеър, ки аз сарчашмаҳои гуногун об мехӯрад. Аз ин рӯ, пайравӣ, илҳом, тазмин, назира амсоли ин ҳамеша дар шеъри шоирон ҳузур дорад ва амре ногузир аст, зеро касе ки намеомӯзад, наметавонад биёомӯзонад. Дигар, касе ки таъсир намегирад, наметавонад таъсиргузор бошад. Албатта, таъсирпазирӣ рангу ҳоли мухталиф дорад. Дар яке ошкор аст, дар дигаре ниҳон. Хушбахтона, устод Аскар дар ҳар ду маврид ҳам муҳаққиқи комёб аст, на муқаллиди ноком.

Устод Аскар дар қаламрави нақду адабиётшиносӣ, ба вижа шеъру шоирӣ, соҳиби дастовардҳои зиёд мебошад, аммо дар як навиштаи иҷмолӣ наметавон аз ҳамаи онҳо сухан дар миён овард. Бинобар ин, мо бо нишон додани бархе аз кӯтоҳиҳо дар осори ӯ ба сухани хеш хотима мебахшем. Нахустин эроди мо ба такрор дар шеъри шоир иртибот мегирад, зеро такрор дар осори адибон ҳамеша вомехӯрад. Бузургтарин адибон низ наметавонанд аз такрор эмин бимонанд. Такрори мавзӯъ, такрори мазмун, муҳтаво, сувари хаёл, таркибот, вожагон ва ғайра як амри ногузир аст. Албатта, ҳар гӯянда мекӯшад, ки аз такрор худдорӣ намояд, як мавзӯъ, як мазмун, як сурати хаёл, як таркиби тоза ё як вожаи навро борҳо такрор накунад, зеро такрорро нуқс гуфтаанд, аммо такрорҳое, ки ба хотири ҳадафҳои бузург ва муҳимм дар осори гӯяндагон буруз менамоянд, ҷоиз дониста мешавад. Ба қавли

Носири Хусрав:

 

Дар шеър зи такрори сухан бок набошад,

Зеро ки хуш ояд сухани нағз ба такрор.

 

Албатта, мурод аз «сухани нағз»-и Носири Хусрав, ки ба шеъри сабки хуросонӣ иртибот мегирад, орову афкори миллӣ ва мазҳабӣ буда, ки шоир ҳамвора таъкид ва тарғиб мекард. Ба ҳар ҳол, дар адвори пасин такрорро дар сухан нуқс донистаанд, аммо, тавре ки гуфтем, ҳеҷ суханваре наметавонад аз доираи такрор берун бимонад. Такрор ба вижа такрори худ чи дар осори адибони пуркору пуросор ва чи камгӯю камосор ба чашм мерасад. Лиҳозо, дар осори устод Аскар низ мо ба такрор рӯ ба рӯ мешавем.

Дигар, ба нудрат ҳам бошад, афкори ғалат ва хилофи мантиқ низ дар осори шоир мушоҳида мешавад. Мисли ин байт:

 

 

Аз ростравон каҷравӣ асло н-ояд,

Дар ҷӯйи каҷе оби равон рост равад.

 

Ҳол он ки, ба фикри мо, дар ҷӯйи каҷ ҳеҷ гоҳ об рост намеравад. Соиброст:

 

Шиква бо норостӣ аз чархи каҷрав мекунем,

Ростӣ дар ҷӯйи каҷ аз об меҷӯем мо.

 

Мисоли дигар, ки ба корбасти ноҳамгуни вожагони инкорӣ (ҳаргиз) ва саволӣ (оё) ва ҳамнишин нашудани онҳо дар мисраи нахусти шеъри «Фарёди хомӯшӣ» ихтисос мегирад:

 

Ҳаргиз оё шунидаӣ, фарёд

Назди хомӯшие биёяд паст,

Гаҳ хамӯшии шоир аз фарёд

Гӯш деҳ, сад карат баландтар аст.

 

Мо гоҳ-гаҳ зиёдаравиро дар корбурди боварҳои динӣ, талмеҳоти арабӣ, сураву оягароӣ низ дар шеъри шоир боздид менамоем, ки ҳаргиз ба фоидаи ӯ ва адабиёт нест. Албатта, шоир мехоҳад, ки осораш аз ҳолу ҳавои мазҳабӣ низ бархӯрдор бошад. Аз ин рӯ, оягароӣ мекунад, аз асотиру боварҳои мазҳабӣ суд меҷӯяд, ба ишораву талмеҳот рӯ меорад. Шояд ин ба хотири интиқоди Қазва аз шеъри мо, ки он аз мазомини динӣ орӣ аст, карда буд, дар шеъри шоир рух дода бошад. Ҳар чӣ ҳам бошад, овардани ҳадису сураву ояву талмеҳу боварҳои динӣ, ки саросари адабиёти гузаштаи моро фаро мегирад, имрӯз дар асри мо дигар чандон зебоӣ надорад, зеро шоирро аз мақсаду мароми аслӣ, аз зиндагӣ, аз воқеият дур медорад ва бори дигар ба мавҳумгароӣ, мазҳабисозии адабиёт роҳ мекушояд. Албатта, устод ин ҳамаро хуб медонад, аммо аз осораш чунин истинбот мешавад, ки ӯ ба масобаи шоири инсондӯсту ваҳдатсаро дину дунёро канори ҳам, паҳлуи ҳам, мегузорад, меомезад, онҳоро оштӣ медиҳад, то ваҳдати арзишҳо, неруҳо, боварҳо, назарҳо, идеяҳо, ҳадафҳо, динҳо, таълимотҳо, ҷаҳонбиниҳоро ба ҳам оварад ва бад-ин тартиб ба муҳаббату ваҳадати бани одам даст ёбад. Аммо, ба ҳар ҳол, устод Аскар шоири воқеъгаро ва худшиносу масъул аст. Лиҳозо, дунболи афкору андешаи асримиёнагӣ ва корбурдҳои фасурда гом намениҳад, балки ҳамеша мекӯшад, ки пайи афкори тоза, корбурдҳои тоза, тарзҳои тоза бошад, суннати шеъри устодон Айнию Лоҳутию Турсунзодаву дигар гӯяндагони шеъри ҳаётиро бо тарзу равиши хос идомаву густариш бахшад, ҳароина ба мазҳабишавии каломи хеш, ки имрӯзҳо дар адабиёти мо (бо сабабҳои айнию зеҳнӣ) шоеъ шудан дорад, худдорӣ намояд, зеро ӯ шоиру мунтақиде донишманду миллӣ аст ва аз масъулияти худ ва шеър дар назди иҷтимоъ бохабар мебошад. Бинобар ин, аз паси оҳу воҳу фолу абдол намеравад. Тавре ки худ дар ҷое ба ин нукта босароҳат ишора менамояд:

 

Ҳайф аст, агар ба ҷустани фол афтам,

Аз хеш бимонам, пайи абдол афтам.

Гар даври фалак хирмани худ бардорад,

На донаи хурдам, ки зи ғирбол афтам.