Субҳони Аъзамзод,

номзади илмҳои филологӣ

 

 

 Солҳои 60-80-уми садаи бист давраи нисбатан пурҷӯшу хурӯш ва расову пурбори камолоти фикрии нақди адабии тоҷик маҳсуб ёфта, осори наққодии ин давра ба такомули сифатии афкори сухансанҷӣ ва ормонҳои адабӣ мусоидат кардааст. Осори асили мунаққидони ин давра дар шинохти бештари аслу моҳияти кори душворписанди наққодӣ, дарки чигунагии тафаккури пуршӯру шарари ноқидӣ, ошноӣ бо ҷараёнҳои мухталифи пурошӯби нақднависӣ, роҳҳои пурсамари бозгӯи ҳунарии шеъру наср ва анвои дигари ҳунарӣ арзишу аҳаммияти чашмгире доранд.

Болиш ва шукӯҳи нақди адабӣ ва вусъати таърихиву назарии он дар ин давра бо ному пайкори теъдоди неруманди ноқидону суханшиносони заррабин, заррасанҷ ва заршиносе иртибот дорад, ки ба ҷону мадори ин соҳаи пурнабард рӯҳу неруи тавоно бахшидаанд. Дар ин марҳалаи бесобиқа ва нотакрор аз рӯйдодҳои таъсиргузор, аз ормонҳои воқеии адабӣ, аз асари волои ҳунармандона, аз шахсиятҳои арзанда ва шоистаи адабӣ, аз номусу виҷдони адибон ва ғайра ҷиддан пуштибонӣ шудааст. Теъдоди бештари мунаққидон кӯшидаанд, ки дилсӯзона ва ҷонфидоёна барои ба маҷрои матлуб ва дуруст равона кардани диди аҳли замон ва бозгӯи роҳи рости ҷараёни адабӣ саҳм бигиранд. Ин ҷанбаи нақди тоҷик, равиши бесобиқа ва вежагии нотакрор, дар маҷмӯъ моҳияти тозакории марҳалаи мавриди назари мо аз охири солҳои 80-уми садаи бист ба ин ҷониб дар ҷусторҳои илмии аҳли таҳқиқ таъкид мешавад.

Аз оғози даҳаи 60-ум бо ҳузури насли нави ноқидон – Аълохон Афсаҳзод, Худоӣ Шарифов, Раҳим Мусулмонқулов, Абдунабӣ Сатторов, Юсуф Акбаров, Ҷӯрахон Бақозода, Валӣ Самад ва даҳҳо дигар дар баробари насли корвар Абдулғанӣ Мирзоев, Шарифҷон Ҳусейнзода, Холиқ Мирзозода, Носирҷон Маъсумӣ, Соҳиб Табаров, Муҳаммадҷон Шукуров, Атахон Сайфуллоев, Лариса Демидчик, Хуршеда Отахонова, Юрий Бобоев, Абдуқодир Маниёзов, Масъуд Муллоҷонов ва дигарон ин пеша дороии афзун ба даст овард ва дар баррасии осори адабӣ қадами устувор гузошта шуд.

Оғози ба майдони адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ ворид шудани Аскар Ҳаким низ ба ин марҳалаи муҳимми сухансанҷӣ – охири солҳои 60-уми садаи XX рост омада, ҷусторҳои пажӯҳандагиаш дар солҳои 70-80-ум ба нуктаи баланд расидааст. Аввалин намунаҳои маҳсули қалами ноқидии ӯ ҳанӯз замони таҳсили олӣ дар риштаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба матбуоти тоҷик роҳ ёфтанд, ки аз истеъдоди хуби мунаққидӣ ва табъу салиқаи хуши сухансанҷиаш дарак медоданд.

Ҷамъ ва ҳосили қалами мунаққид дар ин ҷода китобҳои «Шеър ва замон» (1978), «Дар қаламрави сухан» (1982), «Творцы созвучий» (1988), «Испитание поэзией» (1992) ва теъдоди зиёди мақола, тақриз, гузориш ва суханрониҳое аст, ки зинаҳои санҷидашудаи ташаккул ва таҳаввули афкори адабиётшиносиву танқидии муаллифро бозменамоянд. Ҷойгоҳи китоби «Шеър ва замон»-ро метавон ба сифати дарбаргирандаи масоили меҳварӣ ва қонуниятҳои зотии рушди шеъри муосири тоҷик арзёбӣ кард, ки бунёди он бар рисолаи номзадии «Ворисияти таърихӣ ва навоварии шоирона» (Москва, 1974) ниҳода шуда, матолиби он ба масъалаҳои умдаи ҷусторҳои адабӣ дар адабиёти сермиллати шӯравӣ гиреҳ мехӯранд (бардоштҳои мо ҳам дар заминаи ҷусторҳои 20-соли аввали таҳқиқ ва татаббӯи Аскар Ҳаким сурат гирифтааст. Фурсате фаро расидааст, ки таҳқиқ дар ин замина дар асоси мероси комили мунаққиди шинохтаи тоҷик анҷом ёбад).

Дар гузориши бомуваффақияти заминаҳои назарӣ ва ҳаллу фасли огоҳонаи масъалаҳои умдаи шеъри муосири тоҷик таъсири омилҳои муҳимм, аз ҷумла таҳсил ва фарогирии тахассусӣ дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов, ширкати ҳамешагӣ дар ҷараёни пурҷӯши адабии кишвар ва умумииттифоқ, ошноӣ ва баҳрамандӣ аз дастовардҳои ҷадиди нақди усулии русӣ, гузашта аз ин, истеъдод ва завқу қареҳаи фитрии ҷӯяндагӣ дар таҳқиқ ва шеърнависӣ таҷассум ёфтаанд. Ин омилҳои таъсиргузор имкон фароҳам овардаанд, ки пажӯҳиши илмӣ дар сатҳи назаррасу матлуби замон, бо фарорафти ёфтаҳои бунёдии назарии адабиётшиносии он давра анҷом ёбад. Ба ин маънӣ, дар роҳи сайқал ёфтани салиқаву малакаи наққодии муҳаққиқи ҷавон нақши табъу имконияти фикрии мактаби камназири сухансанҷии рус, дар баробари ин, нақди суннатии адабӣ таъсири босамару пурфайз доранд. Нахустин китоби муҳаққиқ – «Шеър ва замон» аз мақолаҳои ҷиддиву пурмуаммои «Баҳси бардавом», «Шеъри инсон», «Сухан ва образ», «Таҳаввули арӯз», «Аз ғазал то шеъри озод», «Ба ҷойи анҷом», «Достони қалъаҷанг» фароҳам омадааст, ки бештари инҳо қаблан дар матбуоти адабии бонуфузи умумииттифоқ ва кишвари Тоҷикистон, аз ҷумла маҷаллаи маъруфи «Садои Шарқ» ба табъ расида, аз ҳузури як тан аз андешаманди густурданазар дарак додаанд. Дар китоби дувум – «Дар қаламрави сухан» симоҳои барҷастаи теъдоде аз адибони номӣ: Раҳим Ҷалил («Умри пурмаъно»), Муъмин Қаноат («Обшори шеър»), Аминҷон Шукӯҳӣ («Шохаи райҳон ва себҳои шукуфта»), Лоиқ Шералӣ («Даҳ сол ва чаҳор нигоҳ»), Бозор Собир («Бӯйи гулхор») офарида шудаанд. Дар мақолаҳои дигар «Шеъри замонӣ ва ҷустуҷӯҳои маънавию ахлоқӣ», «Тазодҳои фаровонии шеър», «Масъалаҳои адабиёт – масъалаҳои танқиданд» силсилаи масъалаҳои муҳимми назарӣ, омилҳо ва заминаҳои муҳиммтарини вусъат ёфтани адабиёт ва арзишҳои адабӣ дар қиёми ҳаводиси замон, дар баробари ин, нукоти заъфу нуқсон ва коҳиши завқи адабӣ мавриди гуфтугӯ қарор гирифтаанд.

Муаммои мубрами таҳқиқ дар ин ҷусторҳо ворисияти таърихӣ дар ҷаҳони ормонҳои шоирӣ аст. Дар ҳаллу фасли ин муаммои умда шеваву равишҳои судманд ва корвари адабиётшиносии русу тоҷик ба кор рафта, кӯшиш шудааст, ки воқеияти умдаи замон, фарорафти амиқу ҳамаҷониба ба олами фитрӣ ва маънавияти инсон аз ҷониби адибон, ҷустуҷӯи шаклҳои бадеии наву тоза асосу мояи ҷусторҳои адабӣ арзёбӣ гардад. Муҳаққиқ бо «ҷустуҷӯҳои далерона» ба унвони ҳадафи аввалиндараҷа ба коркарди илмии қазияи ворисияти таърихии тамаддун ва рушди он, робита ва таъсири байниҳамдигарии онҳо пардохтааст. То ин вақт истилоҳи «ворисияти таърихӣ» дар асарҳои таҳқиқӣ асосан бо мафоҳими анъана ва навоварӣ ифода ва омезиш ёфта, аз ин рӯ, ноқид дар наздаш вазифа гузоштааст, ки ин қазияро аз чашмандози фарохи таҳаввулоти замон ҳал намояд. Чунин бармеояд, ки равиши мазкур барои таъйини роҳи баъдии рушд, фаҳмиши чигунагии таъсири писандидаву баҳушона ба равандҳои адабӣ, «барои бо назари тоза нигаристан ба масъалаҳои муҳимми адабиёти муосир, аз ҷумла анъанаю навоварӣ» имкон ва шароити мусоид фароҳам овардааст. Ба ин маънӣ, – ба андешаи мо, – диди нав ва назари тоза афкандан ба масоили меҳварӣ, зотӣ ва мабоҳиси назарии адабиёт ҳамеша аз ниёзҳои аслии рӯҳиву ақлӣ маҳсуб шуда, он на танҳо дар даврони пурҷӯши гардишҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва гузариш аз як сохтор ба сохтори дигар, балки дар марҳалаҳои хосаи томравои як сохтори ҳокими иҷтимоӣ низ ба миён омадааст. Чашмандози тоза ва густурдаи муҳаққиқони аслбини русу тоҷики солҳои 60-70-уми садаи XX аз бисёр ҷиҳат ба дигар шудану вусъати назарӣ дарёфтани меъёри қазоват дар илми адабиётшиносӣ ва тағйири муносиби фикри адабии аҳли замон мусоидат кардааст, ки ин қазия нигоҳи ҷудогонаеро тақозо дорад.

Чунин ҷустор ва гузориши амиқи илмӣ дар адабиётшиносии тоҷик боиси таваҷҷуҳи ҷиддӣ ва доманадор ба масъалаи фардияти вежаи инсон бо назардошти паҳлуҳои мухталиф ва тазодҳои ахлоқи маънавии шахс дар шеъри муосир гардид. Аз ин ҷиҳат, мақолаи «Шеъри инсон» ба нуктаҳои мубрами алоқаи диалектикии байни Инсон, Замин ва Олам дар шеъри шоирони маъруф Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Ғаффор Мирзо, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Қутбӣ Киром ва дигарон дар робита бо эҷоди адабии шоирони умумииттифоқ Александр Твардовский, Эдуардас Межелайтис, Расул Ҳамзатов ва ғайра бахшида шудааст.

Бунёди меҳварии ин таҳқиқот асосан бар пояи равишшиносиву афкори назарии пажӯҳандагони бонуфузе қарор дорад. Аз ҷумла, дар тақвияти андешаи адабиётшиноси маъруфи рус З. Османова ин нукта таъкид шуда, ки «масъалаҳои ҷудогона ва умумии методологӣ аз доираи вазифаҳои сирф филологӣ текстологӣ берунанд» ва аз ин дидгоҳ кӯшиш ба харҷ рафта, то «фарқияти тасвири психологӣ дар миқёси адабиётҳои миллӣ ва регионҳо» муайян гардад («Шеър ва замон», с. 28). Ба ин маънӣ, қабл аз ҳама ба муҳаққиқони таърихи адабиёт ҳушдор дода шуда, ки осори лирикии пурбори адабиёти классикии форсии тоҷикӣ барои тадқиқи психологизм ва ҷанбаҳои психологӣ маводи фаровон медиҳад.

Нуктаи меҳварии ҷусторҳои муҳаққиқ ба ҷойгоҳи пешбари лирика ва қаҳрамони лирикӣ дар фарозу нишеби шеъри муосири тоҷик гиреҳ хӯрда, аз он ки ба лирика бештар роҳу равиши воқеиятгаро ва пуррамзу маҷози инсон, амиқрафти хулосаи фалсафӣ-ҳикамӣ, тасвири фарорафти инсон дар вусъати олам хос аст, масъалаи қаҳрамони лирикӣ, яъне, дар маркази шеър қарор гирифтани образи худи шоир, «ман»-и шоир низ ба унвони баҳси муҳимми адабиётшиносии тоҷик дар робита бо имконият ва таъсирпазирӣ аз нақду сухансанҷии рус қарор ёфт. Дар таҳқиқоти Аскар Ҳаким моҳияти мунозираҳо ва натиҷаҳои он дар ин замина хеле равшан таҷассум ёфтаанд.

Сухан аз баҳси ибтидои солҳои 60-уми садаи XX оид ба ҷойгоҳи қаҳрамони лирикӣ дар назм меравад. Муҳаққиқ решаи ин мунозираро аз мубоҳисаи машҳури «назарияи худифшоӣ» ҷустуҷӯ карда, ифода ва таҷассуми равшани эҳсосу тафаккури фардии қаҳрамони лирикиро то ҷое ба он назария марбут донистааст. Ба ин маънӣ, барои падид омадани қаҳрамони лирикӣ талаботи «худифшоӣ» ба сифати василаи тасвири амиқи хулқу атвори фардӣ ва шинохти мутафаккиронаи инсон мусоидат кард, баҳси «худифшоӣ» боиси ба вуҷуд омадани истилоҳи машҳури «қаҳрамони лирикӣ» гардидааст. Ин мунозирот аз бисёр ҷиҳат ба сатҳи ҷории тафаккури наққодӣ таъсир доштанд: дар фаҳмиши шеършинос Ал. Михайлов қаҳрамони лирикӣ «назарияи худифшоӣ»-ро комилан рад мекард, шоири номвар К. Симонов ин мубоҳисаро «баҳси истилоҳӣ» мехонд.

Сипас баҳс аз таъйини заминаҳои пайдоиш ба кашфи қонунияти дохилии мафҳумҳо кашида шуд: Оё шахсияти шоир ва қаҳрамони лирикӣ тавъаманд ё байни инҳо тафовут ҳаст!? Сохторшиносии шеър аз лиҳози ҷойгоҳи қаҳрамони лирикӣ дар чӣ ҳад қарор дорад!? Дар ин замина ба ҷойгоҳи назарияҳои муҳаққиқони маъруфи шеъри муосири рус О. Берголтс, Ал. Михайлов, Б. Рунин, Б. Томашевский, В. Назаренко, Л. Тимофеев, З. Панерный, И. Гринберг, В. Сквозников, Г. Гачев, В. Гусев, И. И. Грибушин ва дигарон дар мавриди муҳтаво ва бардошту натиҷаҳо аз боби мавзӯъ – мавҷудияти умуман «қаҳрамон» дар лирика, ҳузури қаҳрамонҳои субъективӣ ва объективӣ дар лирика, субъект ва объекти лирикӣ ва ғайра баҳои арзишманди ноқидона дода шудааст. Аз байни ин истилоҳот муҳаққиқи тоҷик асосан «субъекти лирика»-ро пазируфта, онро чун як навъи шуур аз дарки фардии шоир боло мегузорад. Дар ин росто аслу маншаи эҷоди истилоҳи мазкур аз ҷаҳоншиносӣ ва замонфаҳмии ягонаи шоирон ҷустуҷӯ шуда, он дар радифи истилоҳоте аз қабили «ман»-и лирикӣ, қаҳрамони лирикӣ, персонажи лирикӣ мақом ёфтааст.

Ин гузориши масъала дар тақвияти пурсишҳои Гегел ва Белинский аҳаммият пайдо кардааст, ки «...агар фикру андеша таассуроту ҳиссиёти қаҳрамони лирикӣ ниҳоят фардӣ ягона ва нотакрор бошад, пас чӣ тавр метавонад, ки дар он моҳияти инсон ва характери замони ӯ инъикос шуда бошад!?» Аз ин ҷиҳат, хулосаи зерин бо камоли дарки масъулият ва фарорафти ҷанбаи истидлолӣ арз шудааст: «Инкишофи тафаккури мураккаби як давраи адабиро аз рӯи таҳлили эҷодиёти як шоир, бигзор, ҳатто шоири бузург, агарчи дар диди бадеии ӯ ҷаҳоншиносии замон ба қадри зарурӣ пурра инъикос шуда бошад ҳам, муайян кардан мумкин нест». Аз ин нуқтаи назар «таҳлилу тадқиқи инъикоси бадеии воқеият дар эҷодиёти гурӯҳи калони шоирон ба он мерасонад, ки дар он давраи алоҳида умумияти типологӣ, фардияти бадеӣ, ҷараёнҳои услубӣ, ки ҳама дар ягонагӣ симои бадеии замонро инъикос мекунанд, муайян карда шаванд.»

Муқаррар шудани се субъекти лирикӣ дар шеъри муосири тоҷик – субъекти аввал дар эҷоди шоирони насли се (ба қавли муҳаққиқ инро агар аз рӯи тафриқаи солҳои 60-ум гирем, инҳо насли аввал ҳастанд) – М. Турсунзода, М. Миршакар, Б. Раҳимзода, субъекти дувумро дар маҳсули табъи шоирони насли чор (насли дувум) – А. Шукӯҳӣ, М. Қаноат, Ғ. Мирзо, Г. Сулаймонӣ, А. Қаҳҳорӣ ва субекти севумро дар офариниши шоирони насли панҷ (насли севум) Қ. Киром, Л. Шералӣ, М. Шералӣ барои хеле амиқ ва бо ҷузъиёти том равшан кардани моҳияти ҷусторҳои зебоишиносии шоирони муосири тоҷик замина фароҳам меоварад.

Ворисияти таърихӣ дар ин чашмандози таҳқиқ асосан ба шинохти маънавии падидаҳои эҷодӣ такя дошта, дар ҷавҳари он ҳамбастагӣ ва диалектикаи маънавият, зуҳуроти амиқрафти падидаҳои маънавӣ дар арсаи олам қарор дорад. Аз ин ҷиҳат фаҳмиши навини Инсон, Замин ва Олам аз дарки хоси имконот ва иқтидори бузурги ҳастии маънавӣ дар он марҳалаи тафаккури илмӣ дарак медиҳад. Дар иқтибоси зер моҳияти дигаргуниҳои замон бо назардошти «ягонагии маънавии Инсон, Замин ва Олам» ба унвони ғаномандӣ ёфтани он хеле равшан ва, дар айни ҳол, амиқ ба мушоҳида омадааст: «Замин барои Инсон нафақат боиси ҳастӣ, мавзеъест барои зиндагии ӯ, балки Замин акнун ҷоест, ки дар рӯи он таърихи Инсон эҷод шудааст. Ҳоло қариб дар ҳар муносибати инсон бо Замин дарки таърихи ӯ дида мешавад ва ин дарки ягонагии Замин бо Инсон ва таърихи ӯ ба назми муосир оҳанги зӯри гражданӣ медиҳад».

Пажӯҳандаи инсоншинос ва набздон фарохназарона муносибати ин се гурӯҳи образро дар саҳифаҳои назми муосир мушоҳида кардааст. Ӯ дар заминаи дарки алоқаҳои мураккаб ва сершумори Инсон бо воқеияти муосир дар шеъри имрӯз, хоса шеъри сараи устод Лоиқ боз ҳам фаротар рафта навиштааст: «Дар тасвири Замин раҳ ёфтани ҳисси таърих ва воқеияти муосир барои нигоҳи пурвусъате андохтан ба Инсон сабаб шуд. Дар натиҷа Инсон ба қувваи бештар соҳиб шуда, ин қудрат ба ӯ имкон медиҳад, ки худро дар бисёр масъалаҳои воқеияти муосир фармонраво бинад ва дар тақдири Замин ва Олам ҳисси ҷавобгарӣ дошта бошад» (с. 62).

Дар мақолаҳои пурмуҳтавои «Сухан ва образ», «Таҳаввули арӯз» ва «Аз ғазал то шеъри озод» дидгоҳҳои назарӣ роҷеъ ба омилҳои ҷустуҷӯ ва бозёфтҳои шоирони муосири тоҷик аз лиҳози шакли бадеӣ, образ ва забон фароҳам омадаанд. Ин ҷо ба ҷойгоҳи дигаргунӣ дар заминаи шакл ба сифати муайянкунандаи роҳи ояндаи инкишофи назми муосир ва «манбаи ғизобахши навовариҳои имрӯза» таваҷҷуҳ шудааст. Ин тарзи муайян кардани моҳияти ҷустуҷӯ ва бозёфтҳои шоирони муосир зарурати «таҳлили системаи образҳою забон, услубу банду басти осори манзум»-ро ба миён овардааст. Аз ҷумла, асоси мақолаи аввалро синтези равишҳои забонӣ, ба вуҷуд омадани услубҳои ифодаи нақлию афсонавӣ дар забони назм, хусусиятҳои тозаи истифодаи унсурҳои забони зиндаи халқ, ҳадафҳо ва василаҳои баҳрамандӣ аз калимаву ибораҳои халқӣ, ба талаботи забони забони адабӣ мувофиқ кардани унсурҳои забони халқӣ, демократӣ шудани забони назм, истифода аз рамзу мафҳумҳои асотирию афсонавӣ, таърихӣ, динию ахлоқӣ ва ғайра дар бар мегиранд.

Дар ин гузориш бештар ба ду хусусияти вуруди забони зиндаи халқ ба забони назм – аввалан, вуруди калимоти серистифода ба забони зинда ва дар забони назм номаъмул, сониян, таъсири синтаксисии забони халқ ва демократӣ гардидани забони назм аз ҷиҳати услуб, рӯҳ ва тарзи ифода таъкид шудааст. Ин назарияи хеле ҷолиб аст, ки «истифодаи калимаҳои халқии гуфтугӯӣ аллакай то андозае ба услуби шоир таъсир мекунад, вале на ҳама вақт ба он ғолиб омада метавонад. Аз ҳамин сабаб дар эҷодиёти шоирони муосири тоҷик дар ин давра истифодаи ин калимот ба услуби баъзеи онҳо бисёртар таъсир карда бошад, ба услуби қисми дигар таъсири казоӣ накардааст» (с. 68).

Нуктаи дигар таъкиди таъсири хоси забони зиндаи халқ ва адабиёти он ба услуб ва равияи эҷодии шоирон аст, ки дар шеъри муосир ба се хусусияти он таъкид шудааст: истифода ва таъсири фаровони унсурҳои зиндаи халқ (М. Миршакар, Ғ. Мирзо, Қ. Киром); истифодаи кам, аммо таъсири зӯри услуби назми халқ (М. Турсунзода, А. Шукӯҳӣ); таъсири норасо ва ноказои истифодаи таъбироти халқӣ (М. Қаноат, Л. Шералӣ).

Чунин ҷустор симои муҳаққиқро ба унвони равандшиноси хуб ва огоҳи ҷараёни илмӣ ва адабии шӯравӣ намоён кардааст. Ӯ аз зуҳурот, аслу бунмояву дарунмоя ва моҳияти кулли рӯйдодҳои умумииттифоқӣ ва кишвар огоҳ аст ва аз дастовардҳои умдаву назарраси замон, паҳлуҳои мубрам, мушаххас ва, дар айни замон, ниҳоят нозуки масъалаи анъанаву навоварӣ андеша рондааст.

Дар таълифоти Аскар Ҳаким бештар ба мутолиаи ҷаҳони зеҳнии шоир таваҷҷӯҳи хос шудааст, ки василаи муҳимми мукошифаи шеър дар нақди адабии тоҷик мебошад. Дар меҳвари ин таълифот қазияи тасвир ва тасвирпардозии шеъри муосир бо беҳтарин шева ва завқи хос бозгӯ шудааст. Кашфи падидаи шеър ва шинохти асли оини шеърнависӣ бо вусъати дид ва умқи нигоҳи шоирона ба ашё, замон ва иҷтимоъ муносибати шоир ва муҳаққиқро ба нақд ба сифати шеър-офариниш муқаррар мекунад, ки коргоҳи хаёлоту ҳиссомезии шоиронаро бо меъёри мухталифи таҳқиқ ба ҳам овардааст.

Нақдномаҳои Аскар Ҳаким дар заминаи шеъри муосир сирфан «нақди олимона» ва «нақди шоирона»-анд. Вежагии умдаи наққодии ӯ «тафаккур ва тааммул дар зоти адабиёт ва назарияҳои адабӣ ва илал ва асбоби масоили адабӣ» (Сируси Шамисо) аст. Ин маҳсул дар баробари намунаи хуби «нақди олимона» буданаш ҷавобгӯи қонунияти дохилии «нақди шоирона» ҳам ҳаст, ки дар перомунаш ҷанбаи устувори таҳқиқӣ, истидлолӣ ва қонунгаро дорад. Фазилати ин навиштаҳо дар он зоҳир мешавад, ки нуктаҳои амиқу борики шеър усулан ба мулоҳиза омада, ба ин васила, намунаи арзишманди нақд ба алоқамандон пешкаш шудааст.

Он чӣ бар маҳосини ин пажӯҳиш меафзояд, назару андешаҳои матин ва устувори интиқодӣ, ба таъбири дигар, нерӯмандии ҷанбаи мудаллали танқидӣ мебошад. Ин аст, ки зимни бознамоии тарҳи таърихӣ ва назарии мавзӯъ маънидоди гуногуни қазия аз ҷониби аҳли таҳқиқ мӯшикофӣ ва, дар натиҷа, нақду сара шудааст. Масалан, ҷое ба нуктае таъкид варзида, ки «анъана қариб ҳама вақт ҳамчун чизе ки танҳо хоси шеъри классик бошад, дар доираи он маҳдуд дониста мешавад». Сониян, сатҳи ночиз ва норасои фаҳмиши қазия аз ҷониби муҳаққиқон муқаррар гардидааст. Ӯ мегӯяд, ки «дар замони мо анъанаҳои адабиёти классик бе таҳияи эҷодӣ ба кор баста намешавад» ё «махсусияти эстетикии он аз назари эътибор соқит дониста мешавад». Танҳо аз ин нуқтаи назар аҳли таҳқиқ «аксаран ба тадқиқи таърих ва анвоъ, жанрҳои ҳозираи шеър иктифо мекунанд. Масъалаҳои ҳалталаби нахустиндараҷа бошанд, аз ҷумла роҳҳои тасвири қаҳрамони мусбат, сурат ва суратнокӣ, забон ва услуб, поэтикаи авзон ва анвои шеър аз назаи тадқиқ дур мемонад. Ба ҳақ, бояд инсоф дод, ки дар асарҳои ба таҳлили шеъри классик бахшида баъзан кӯшиши тадқиқи масъалаи анъана ва навоварӣ аз ҷиҳати такомул ва ташаккули услуб ва бадеият ба назар мехӯрад, вале он ҷо ҳам таҳлил рӯякӣ ва қолабакӣ буда, бо ёфтан ва нишон додани ин ё он тарзи истифодаи ташбеҳу истиора, иғроқу муболиға ва монанди инҳо қаноат мекунанд. Ва ин норасоии тадқиқотчиёни алоҳида набуда, балки як камбудии маъмули илми адабиамон аст...» (с. 7).

Назари дигари интиқодӣ ба бардошти аҳли таҳқиқ марбут аст, ки мафҳуми анъанаро дар чаҳорчӯби назми классикӣ танҳо аз анъанаи навъҳои шеърӣ вазн, қиссасозӣ, қиссапардозӣ ва бадеият иборат донистаанд; «тозаҷӯии шаклпарастонаи назарфиребро навоварии асил пиндошта, тасвири қолабрез ва беҳиссу ҳаёҷонро ҳамчун натиҷаи таъсири анъанаҳои адабиёти классик ба қалам медиҳанд ё бо мақсади сифат кардани асаре онро «аз ҳама гуна анъанаҳои адабиёти классик дур аст» гӯён қадр карданӣ мешаванд»; анъанаро танҳо падидаи мусбат ба шумор оварда, норасоӣ ва маҳдудияти таърихии онро дар марҳалаҳои тозаи адабӣ дидан намехоҳанд.

Ба устувор будани ҷанбаи интиқодии ин таҳқиқот боз ҳам метавон ишора кард. Масалан, ин нуктаро метавон бамаврид таъкид кард, ки ба суратҳои анъанавӣ табдил ёфтани корбурди зиёду беҳади санъатҳои бадеӣ барои дар паси пардаи бадеият мондани қимати ғоявию бадеии назми мо дар чашмандози муҳаққиқони русиву урупоӣ замина шудааст. Ба ин маънӣ, детерминизми ҷусторҳои муҳаққиқ хонандаро барои огоҳӣ аз аслу решаю моҳияти қазия омода мекунад. Аз ҷумла ӯ, вақте ки сабабҳои рӯйкарди манфиро ба анъанаҳои адабиёти классикӣ ҷустуҷӯ мекунад, гӯшзад менамояд, ки ба усули дар он замон ҳокими реализми сотсиалистӣ «рамзҳои шарқиёна» монеъ мешуд ва ин амр ба инкори анъанаҳои барозандаи адабиёти классикии форсӣ-тоҷикӣ, радди куллии мероси классикӣ сабаб мегардид.

Яке аз нуктаҳои меҳварии масъалаи анъанаю навоварӣ баҳси «нав»-у «куҳна» аст, ки дар тамоми марҳалаҳои таҳаввули фикрии адабӣ, чи дар гузашта ва чи имрӯз, мавзӯи таъсиргузор ва таъсирпазир шинохта шудааст. Аз паҳлуҳои мухталифи ин баҳсу баррасӣ ва бардору бизани навгароён ва суннатпарастони замон чунин хулоса мешавад, ки «ҳар як адабиёти миллӣ дар ин ва ё он марҳалаи инкишоф ба анъанаҳои зиндаи худ рӯй меоварад, ки ин натиҷаи талаботи иҷтимоии замон аст. Бинобар ҳамин, фақат як сабаби «куҳна» будан ҳаргиз ба истифодаи онҳо монеъ шуда наметавонад». Дар ин замина онҳое ҳадафи интиқоду маломати илмӣ қарор гирифтаанд, ки арзишу аҳаммияти мероси классикиро зери шубҳа қарор додаанд. Мусалламан, мероси классикӣ дар солҳои 20-30-юми садаи XX низ куллан инкор мешуд, зеро давраи асосии инкори мероси классикӣ ба шумор мерафт, бо вуҷуди ин, дар давраи нави руҷӯъ ба эҳёи арзишҳои миллӣ, марҳалаи боло рафтани муносибат ба асли муқаддасоти адабии гузашта дар солҳои 60-70-уми садаи бист низ бо майлонҳои хиҷолатовари ангезабарангез ва нишонаҳои пурихтилофи инкори мероси классикӣ рӯбарӯ мешавем. Аз ҷумлаи ин гуна мункирон шоир Ғаффор Мирзо буд, ки ба ҳавои сарди садгузорӣ дар роҳи омӯзиши мероси классикӣ нафас мекашид. Аҷобати кор дар он аст, ки минбаъд низ дар паи инкори мерос сухан аз «гуноҳи жанр»-и ғазал ба миён омадааст.

Бо баррасии мундариҷа ва шакл дар контексти анъанаю навоварӣ моҳияти навоварии асил, чигунагии ҳунарнамоӣ ва ё худсарии фарди эҷодкор, сар фурӯ бурдан ба умқи инсон бо дарки ҷиддии диалектикаи замони муосирро бозкушоӣ кардан имкон дорад. Мусалламан, яке аз нукоти баҳси пурпечутоби илмии адабиётшиносии шӯравӣ бознамоии таъсири яктарафа ва яксӯнигаронаи адабиёти як халқ ба адабиёти халқи дигар аст, ки аз нигоҳи наққодии иҷтимоии то миёнаҳои солҳои 50-уми садаи бист мавқеи ғоявии алоқамандонро собит мекард. Аз ин ҷиҳат, барҳақ ноқидони адабӣ ва эҷодкороне танқид шудаанд, ки дар назм дар зери таъсири Маяковский шикастанҳои азими қолабҳо, шакли бадеӣ, авзону анвои шеър, яклухт кӯчонидани Маяковскийро ба адабиёти миллӣ мукарраран исрор мекарданд. Дар ин самт дуруст исбот шудааст: «Моҳияти аслии назми Маяковский барои халқҳои дигар дар он аст, ки маҳз таҷрибаи эҷодии вай ёрии беназире кард, ки дар таҷрибаи миллии адабиётҳо имкониятҳои азиме кашф карда шавад».

Дар замоне, ки шаклпарастон моҳияти анъана ва навовариро танҳо дар амри «арӯзшиканӣ» ва ё тозаҷӯӣ дар вазн ба шумор оварданд, ин натиҷа арзиш пайдо кард, ки муҳтавои бузургу пураҳаммият ба ҷустуҷӯи шаклу воситаҳои тоза ва падид омадани навоварии асил сабаб мегардад. Аз ин ҷиҳат, солҳои 60-70-уми садаи бист марҳалаи муҳимми ҷустуҷӯи фаъолона ва бозёфтҳои писандида мебошад.

Тангбиниву маҳдудандешии аҳли таҳқиқи он замон муҳаққиқро ба муайян кардани аслу асосҳои моҳияти навоварӣ дар муҳтаво, мундариҷа ва шакли шеъри муосири тоҷик дар чунин заминаҳо водор кардааст:

  1. Тасвири амиқ ва доманадори воқеият;
  2. Пурқувват ва фарогиранда шудани эҳтиросоти гражданӣ;
  3. Омӯзиши гуманизми нав;
  4. Муносибати наву тоза ба сухану сурат, шаклҳои анъанавӣ, унсурҳои услуб, авзону анвои шеър.

Ба назари мо, ҷунбиш ва таҳаввули шеъри тоҷикӣ дар солҳои 60-70-уми садаи XX ҳар ноқиди ҳушмандро ба борикбинӣ ва завқу салиқаи мумтози шинохт водор мекунад. Яке аз ҷунбишҳои асаргузор пайдоиши «шеъри нав» буд, ки дар ин замина сухани зиёде метавон ироа кард. Дар бораи пайдоиши «шеъри нав» ва заминаҳои таҳаввули он изҳори назари зиёд сурат ёфтааст. Дар таҳқиқи мавриди назари мо низ ин муаммо бо фарорафти ҷиддӣ ба дарунмояи ин ҷунбиш, бо такя ба фарозу нишеби мулоҳизоти бештари донишмандон дар заминаи «шеъри нав» гуфтугӯ шудааст. Ҷустори мазкур ба ин маънӣ доманаи густурда дорад, ки дар он овон алҳол «шеъри нав» ба дараҷаи зарурӣ омӯхта нашуда, сарчашмаҳо ва моҳияти ғоявию зебоишиносии он пурра дақиқ арзёбӣ нагардида буд. Дар ҳоле ки бархе аз андешаварони «шеъри нав» (аз ҷумла, Жола Бадеъ) бештар ба ҷанбаи шаклии он рӯ ба рӯ шудаанд, муҳаққиқони аслбин ва моҳиятҷӯ талқин кардаанд, ки он ҷунбишу тозаҷӯиҳо дар шеъри муосири тоҷик «бешак аз доираи мафҳуми шеъри нав ва ё шеъри озод, ки бештар ба махсусияти шакли шеър ишорат мекунад, вусъатноктар аст» (с. 19).

Аз чашмандози мазкур, ин ҷунбишро на ба сифати «навоварӣ дар шеър», балки «чун майлони тозаи адабиёт», ки ба ниёзи давраи тоза ва дархостҳои дигари замон аз эҷоди бадеӣ ва ҳамчунин шеър посухгӯ аст, дарк ва маънидод бояд кард». Бояд ба шеваи махсус ва маҳсус ба аслу табиату моҳияти «шеъри нав» наздикӣ ҷуст, табиист ва дуруст ҳам ҳаст, ки чунин исрор шудааст: «Танҳо дар ҳамин ҳолат метавон сурати ҳақиқии ин тозаҷӯиҳоро аён намуд, ба моҳияти аслии онҳо расид ва онҳоро ҳамчун як шохаи ҷараёни адабӣ шинохта, барои муайян кардани замина ва решаҳои ин майлон имконият пайдо кард» (с. 20).

Аз мутолиаи ин нигоштаҳо пайдост, ки оғози гузориши масъала аз боби поэтикапажӯҳии шеър дар адабиётшиносӣ низ ба давраи падид омадани ин таҳқиқот алоқаманд аст. Моҳияти асосии таҳқиқи поэтикии шеъри муосири тоҷик дар ифодаи муҳиммтарин зиддияти замон дар шеър, тасвири фароху пурдоманаи воқеияти зиндагӣ ва инъикоси «ҳазороҳанги андешаю эҳсосот», ифодаи нутқи саршори ҳиссиёту ҳаяҷони одамӣ, истифодаи тамоми ғановат ва қудрати сухани шоирона бо махсусияти таркиб, темп, ритм, интонатсияи шеър, ба таъбири дигар, аз «бойшавии мазмуни мундариҷаи шеър ба афзудани имконияти услубии шеър, интонатсия ва ритми он» зоҳир мешавад. Ба дарёфти муҳаққиқ «аз ин дидгоҳ ба поэтикаи шеъри муосир нигаристан яке аз роҳҳои маҳсулноки ҳалли ин масъала аст».

Ин бардошти мушоҳидакорона аз дарки хосаи имтизоҷи воқеии шеър ва замон дарак медиҳад, ки ритми шеър аз «пурраю барҷаста акс кунонидани гуногунӣ ва боигарии ритмҳои зиндагии мо ба даст омадааст». Ба ин маънӣ, ҷустани ритми шеър аз ритми зиндагӣ, дарёфти таносуби расои шеър аз таносуби зиндагии расо ғаризаи аслии таҳқиқии теъдоди каме аз ноқидони сарабин, аз ҷумла Аскар Ҳаким аст.

Ба назари мо, аз арзишҳои хуб ва вежагиҳои умдаи ин таълифоти илмӣ-интиқодӣ фаро гирифтани матолиби фаровони таърихиву назарӣ, огаҳии бештар аз осори адабиёти пурбору пурпаҳнои ҷаҳонӣ, ошноии усулӣ бо шеъри гузашта ва муосири форсӣ-тоҷикӣ, дар маҷмӯъ, кӯшиши ғаврҷӯӣ дар нақди адабӣ ва даст ёфтан ба таҳлиле умқиву жарфӣ аст. Хушбахтона, ин гуна нақди равишманду усулӣ ва диди ноқидонаи мутамоизу мутафовит нақши шинами худро дар оинаи ҳастинамои адабиёт гузоштааст.

Аз эҷоди ноқиди борикбини сухан Аскар Ҳаким ва насли корозмуда ва барозандаи мунаққидони солҳои 70-80-уми садаи бисти тоҷик барои имрӯз ва имрӯзиён чӣ сабақеро метавон ба кор бурд? Аввалан, ин осор, ин шеваи таҳқиқ, ин наҳваи ҷустуҷӯ, ин тарзи гузориши қазия ва ин сабки матини нигориш барои ба таври хос ва равишманд сайқал ёфтани тафаккури насли нави ноқиду адабиётшинос мусоидат мекунад, ки бо вуҷуди пурбориаш, мутаассифона, насли нави адабпажӯҳ камтар ба ғавру кунҳи он мерасад.

Аз мутолиаи пайваста ва усулии осори ин ноқидони ҳирфаӣ ва аслҷӯю сарабин чигунагии асолат ва воқеияти нақд ва пуштибонӣ аз рисолати ин ҳирфа равшан мешавад, ки дарку пайгирии он дар тарбияву парвариши завқи хосаи ноқидӣ хеле муҳимм хоҳад буд.

Ба василаи ин таълифоти пураҳаммият раванди таҳаввули нақд дар як давраи фарорафти фикрӣ ва махсусияти фитрии ин ҷодаи душворгузару пурхатар муқаррар хоҳад гашт.