БАРРАСИИ ДОСТОНИ «САНГИ МАН –

АЛМОС» ДАР ШӮРОИ СБИН

 

6-уми апрели соли 2000 дар Маскав, дар Шӯрои Созмони байналмилалии Иттифоқҳои нависандагон (СБИН) мулоқоте барпо шуд, ки он бо сухани табрикии раиси шӯрои адабиёти тоҷик дар СБИН, шоиру тарҷумони машҳур Яков Козловский оғоз ёфт. Сипас навбати сухангӯӣ ба Раиси кумитаи иҷроияи шӯрои СБИН Нависандаи халқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, Академики Академияи суханшиносии Русия Темур Пӯлодов дода шуд.

Темур Пӯлодов:

– Имрӯз, ки мо ба мулоқоти эҷодии анъанавии худ ҷамъ омадаем, аҳаммияти хосае дорад. Имсол муҳокимаҳои ҷолиб гузаронида шуданд, бо ходимони шинохтаи адабиёти мамлакатҳои муштарак-ул-манофеъ мулоқотҳои эҷодӣ барпо гардиданд. Дар шумори ин гуна мулоқотҳо имрӯз навбати мулоқот бо Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким аст, мо ӯро аз самими дил табрик мекунем.

Аскар Ҳаким дӯсти дерин ва вафодори мост. Вай яке аз он касонест, ки мо ҳамроҳи онҳо созмони худро таъсис додаем. Ӯ шахсест устувор ва собитқадам дар роҳи иҷрои орзуву ормонҳои наҷиб.

Ба наздикӣ мо ҳамроҳ ба Чин сафар карда будем, он ҷо бо аҳли адаби ин кишвари бузург робитаҳои хуб барқарор намудем. Гумон мекунам, рафту омади нависандагони Тоҷикистон ва нависандагони Чин ба кишварҳои ҳамдигар минбаъд бештару бе ягон маҳдудият хоҳад шуд. Вай дар он ҷо адабиёти тоҷикро сазоворона намояндагӣ кард.

Достони нави ӯ, ки мо имрӯз онро муҳокима хоҳем кард, асари хеле ҷолиб ва ба худ хосест ва ба асарҳои пештарааш монанд нест. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Аскар Ҳаким марди соҳибистеъдод аст ва дар роҳи шеъру шоирӣ ҳамеша дар ҷустуҷӯ мебошад. Чунин аст дебочаи мухтасари мулоқоти имрӯзаи мо.

Станислав Золотсев, шоир ва мунаққиди рус:

- Дӯстони азиз, Аскар Олимовичи азиз, - дӯсти дерин ва меҳрубони ман, барои ҷамъомади имрӯза мо аз Шумо миннатдорем. Барои ман ҳамкорӣ бо адабиёти тоҷик на танҳо як қисмати фаъолияти адабиам, балки як қисмати ҳаётам мебошад.

Аз нимаҳои солҳои ҳафтодум cap карда, ман қариб ҳар сол ба Тоҷикистон сафар мекардам, баъзе солҳо чандин маротиба. Ҳангоми ҳамин сафарҳоям ба ман муяссар шуд, ки бо бисёр шоирони тоҷик ва асарҳои онҳо шинос шавам. Инчунин имконият даст дод, ки асарҳои М. Қаноат, Бозор, Лоиқ, Гулназар ва дӯсти меҳрубонам Саидалӣ Маъмурро тарҷума бикунам. Тарҷумаи асарҳои ин адибон барои мани филологи ихтисосманди забон ва адабиёти ғарб танҳо тарҷума набуда, балки як навъ омӯзиш ва тадқиқи назми форсизабонони маскуни Тоҷикистон низ ҳисоб меёбад.

Бояд гуфт, ки ҳамкорӣ бо Аскар Ҳаким дар роҳи ин гуна омӯзиш ва тадқиқ барои ман гардиши муҳимме шуд.

Гап дар сари он аст, ки 15 сол қабл ҳамроҳи Аскар дар Душанбе, дар хонаи ӯ нишаста, қариб ду моҳ ба таҳияи асари оид ба адабиётшиносии ӯ, китоби мақолаҳо ва очеркҳояш роҷеъ ба гузаштаю имрӯзаи назми форсизабонон – аз Рӯдакию Хайём то он замон, яъне то солҳои ҳаштодум машғул шудем. Аз миёни мақолаҳои сершумораш, рисолаҳояш маводи ҷолиберо ҷудо кардем, ки онҳо барои хонандагон, махсусан, хонандагони русизабон хеле шавқангез ва хотирмон мебошанд. Натиҷаи кори якҷояи мо китоби таълимие шуд, ки он аз таърихи шеъри форсизабонон, шеъре, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он — дар Эрон ва Афғонистон ҳам эҷод шудааст, маълумот медиҳад. Ин китоб аввал дар Маскав, дар нашриёти «Советский писател», сипас дар Душанбе ба табъ расидааст.

Ба ҳамин тариқ, метавонам бигӯям, ки ман дар бораи назми тоҷик, назми форсизабонҳои машриқзамин тасаввури муайяне дорам.

Ман дарк кардаам, ки дар тӯли қарни 20-ум, махсусан панҷоҳ соли баъди Ҷанги дувуми ҷаҳон, назми Тоҷикистон, шоирони Тоҷикистон пайваста ҷустуҷӯ менамудаанд, дар ин роҳ ҳатто дар солҳои осоишта ҳам душвориҳои бисёреро паси cap карда, гоҳо бо нокомиҳо рӯ ба рӯ меомадаанд. Фирдавсӣ, Ҷомӣ ва дигар ситораҳои назми Машриқзаминро низ аз ҳамин мавқеъ омӯхтаанд. Ин кор зарур будааст, зеро ба қавли Тынянов ақоиди нав, забони нав зарур будааст, ҳарчанд ки омӯзиши хазинае чун хазинаи тиллоии назми форсизабонҳо кори чандон осон набуда.

Чунонки маълум аст, дар солҳои 30-ум баъзе шоирони тоҷик кӯшиш кардаанд, ки аз арӯз даст бикашанд вале ин кӯшиши онҳо барор нагирифтааст, зеро арӯз на танҳо фарзу суннати эҷоди шеър, балки фарзу суннати баёни эҳсос низ мебошад. Аз ин рӯ, ман ҳис мекунам, ки беҳтарин шоирони тоҷик, аз ҷумла Муъмин Қаноат, Лоиқ, Гулназар имрӯз ҳам беҳтарин ашъори худро бо истифода аз арӯз эҷод кардаанд, ҳарчанд ки онҳо низ пайваста дар ҷустуҷӯи роҳҳои нави баёни эҳсос, роҳҳои нави ифодаи мақсад мебошанд. Ва ман, чунонки мегӯянд, бо тамоми дилу ҷонам, бо тамоми ҳастии шоири руси дӯстдори назми Тоҷикистон ҳис мекардам, ки ин гуна ҷустуҷӯҳо дер ё зуд бояд ягон натиҷае бидиҳанд, дар шеъру шоирӣ дар шакли падидаи наве зуҳур намоянд. Ё худ агар ба забони файласуфҳо бигӯем, тағйироти миқдорӣ бояд ба тағйироти сифатӣ гузарад. Албатта, дар ин роҳ нокомиҳои мудҳиш ҳам пеш меомаданд, ки дар шароити солҳои 80-ум ман ҳамаи онҳоро пешбинӣ карда наметавонистам. Вале, метавон гуфт, ки воқеаю ҳодисаҳое, ки пушти cap шудаанд, боиси ба зинаи нав баромадани афкору ақидаҳо, шеъри шоирони тоҷик гардиданд. Достони нави Аскар, ки ман соли гузашта ҳам матни тоҷикӣ ва ҳам матни тарҷумаи таҳтуллафзи онро хондаам, далели ин гуфтаҳо, натиҷаи ҷустуҷӯҳо, зуҳури падидаи нав мебошад. Дар ҳар ҳол, ман гуфта метавонам, ки амсоли ин достонро то кунун ба забони тоҷикӣ нахондаам. Ман ин асарро ҳамчун як падидаи мутлақо наве пазируфтам. Барои ҳамин ҳам ман фикри бисёре накарда, худи ҳамон замон ба Аскар Олимович гуфта будам: Аскарҷон, ту худат мехоҳӣ, намехоҳӣ, ман ин достонро тарҷума мекунам.

Ва инак ман як соли дарозамро сарфи ин кор – тарҷумаи ин достон кардам. Варианти аввалаш тайёр шуд. Сипас муддате бо Аскар нишастем, баъди ин ман тарҷумаамро такмил додам. Иқрор мекунам, барои мани шоири тарҷумони рус ин кор кори басо душворе буд. То ба ин дам асареро бо чунин мураккабӣ во нахӯрда будам. Бо вуҷуди ин иҷрои чунин корро зарур донистам. Баъзе монандиҳоро дар шеъри нави Эрон, дар назми нави Афғонистону Ҳиндустон дучор омадаам. Вале ба забони русӣ гардонидани ин гуна шеър падидаи нав буда, ҳеҷ гуна собиқае надорад. Акнун ман гумон мекунам, ки фарзу суннати тарҷумаи чунин шеърро бояд ба вуҷуд овард. Ин кори ман ба кадом андоза барор гирифтааст, бароям равшан нест, баҳои инро бояд дигарон бидиҳанд. Иқрор мекунам, ки кори тарҷумаи ин асарро ман хеле дур аз Тоҷикистон, ҳатто аз Маскав ҳам дур, дар зодгоҳи худ Пскови бостонӣ ба ҷо оварда, бо он , пеш аз ҳама, адибони ҳамдиёри худро ошно карда, баҳои онҳоро гирифтаам, онҳо изҳор карданд, ки дар назми машриқзамин ба ин монанд шеъреро мушоҳида накардаанд. Барои ман ҳиссиёти шашум, ки асосан хоси одамони шӯравӣ буд, яъне ҳиссиёти қаноатмандӣ аз худ, бегонааст. Ман эҳсос менамоям, ки ин корро ҳоло бояду шояд иҷро накардаам ва дар бобати тарҷумаи ин асар маро кори бисёре дар пеш аст. Аз ин рӯ банда барои фикру мулоҳиза, изҳори андеша ва зикри ҳар як норасоие, ки ба тарҷума ва умуман ба кори иҷрошуда оид аст, изҳори сипос менамоям.

Шавкат Ниёзӣ, мушовири СБИН оид ба адабиёти тоҷик:

– Шояд дар хотир дошта бошед, ки баъди пош хӯрдани ИҶШС аввалин рӯзҳои адабиёти Русия дар Тоҷикистон маҳз бо ташаббус ва салоҳдиди Президент Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов гузаронида шуда буданд. Ман бо ӯ чандин маротиба ҳамсуҳбат шуда, боварӣ ҳосил кардаам, ки ҷаҳду талоши вай на танҳо барои пешрафти иқтисодиёт, барои ваҳдати миллӣ мебошад, балки ӯ барои ҳар як инсони алоҳида, махсусан барои ходимони адабиёт, фарҳанг ва санъат ҳам талош мекунад. Вай барои ҳар як шаҳрванди мамлакат мубориза бурдааст, то ки ӯ дар ин замони душвор аз роҳи дуруст набарояд. Муттаҳидии нависандагони Тоҷикистон, ки имрӯз дар Иттифоқашон сурат гирифтааст, маҳз бо шарофати ғамхории Президенти мамлакат мебошад.

Самараи ин ҷаҳду талош, ин ғамхориро мо имрӯз мебинем. Имрӯз мо барои муҳокимаи достони нави Аскар Ҳаким ҷамъ омадаем. Ин аввалин муҳокима баъди пош хӯрдани ИҶШС мебошад, ман боварӣ дорам, ки охирин нахоҳад шуд. Ҳамкории шоирони тоҷику рус бояд идома биёбад.

Раҳим Муқимов, мушовири СБИН оид ба адабиёти ӯзбек:

– Ман Аскар Ҳакимро ҳамчун шоир кайҳо боз медонам, ӯ дӯсти наздики ман аст. Понздаҳ сол қабл ман ба китоби ашъори ӯ тақризе навишта, дар нашрияи «Адабиёт ва санъат» ба табъ расонида, сухан аз асолат, ҳусну зебоии ашъори ӯ гуфта будам.

Охири солҳои 60-ум буд. Дар Душанбе симпозиуме барпо гашт, ки дар он сухан аз шеъри нав мерафт. Дар он машварат аз Эрон шоир Нодири Нодирпур иштирок дошт. Дар бораи шеъри нав Нодирпур ва бисёр шоирони дигар сухан гуфтанд. Ман ҳам сухан гуфтам. Дар бораи назм Мирзо Турсунзода низ изҳори ақида кард. Ҳамон вақт ман эҳсос карда будам, ки дар фазои назми тоҷик насими наве мевазад, ки он шеъри тоҷикро тариву тозагӣ мебахшад, ба он тобиши нав, савту садои комилан наве ворид хоҳад кард. Шеъри нав, ки дар Эрон, дар эҷодиёти шоирони навпардоз, аз ҷумла Нодирпур оғоз ёфта буд, дар Тоҷикистон дар эҷодиёти Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Аскар Ҳаким такмил ва инкишоф ёфт. Ногуфта намонад, шоирони тоҷик тақлид накардаанд, балки дар эҷоди шеъри нав мазмун ва роҳу воситаҳои худро ба вуҷуд овардаанд.

Достони нави Аскарро ман ҳам ба забони тоҷикӣ хондааму ҳам ба забони русӣ. Лозим аст, ки дар бораи тарҷумон аз рӯи инсоф сухан бигӯем: ин гуна достонро бо чунин хубӣ тарҷума кардан ба ҳар кас муяссар намешавад.

Ман мехоҳам дар бораи шеърҳои Аскар Ҳаким, дар бораи маҷмӯаи ашъори ӯ «Илтиҷо аз уқоб», ки дар Душанбе ҳам бо алифбои арабию ҳам бо алифбои кириллӣ чоп шудааст, чанд сухан бигӯям. Ба назари ман чунин менамояд, ки шеъри Аскар Ҳаким аз шеъри бисёре аз шоирони дигар комилан фарқ мекунад. Қудрати назми ӯ дар он аст, ки он ба назми дигар шоирон монанд нест, ҳарчанд бисёре аз онҳо намояндагони як насланд. Дар рубоиёт, ғазалҳо ва шеърҳои алоҳидаи лирикии ӯ унсурҳои ҳамосӣ ҷой доранд ва чунин унсурҳо ҳамеша дар ҷо ва мавриди худ омадаанду фаҳмову дилрасанд ва дар худ ҳусну зебоии забони тоҷикиро таҷассум кунонидаанд.

Онҳое, ки дар ин ҷо хоҳиши сухан гуфтан доранд, бисёранд, аз ин рӯ, ман зиёда аз ин ҳарф задан намехоҳам, танҳо мегӯям: Дӯсти азиз, Аскар Ҳаким, Шуморо бо достони бисёр хубатон табрик мекунам.

Расул Ҳамзатов, Раиси Иттифоқи нависандагони Доғистон:

– Дӯстони азиз, ман имрӯз аз Махач-Қалъа парвоз карда омадам ва дафъатан ба Иттифоқи нависандагон, ба Шӯрои Созмони байналмилалии Иттифоқҳои нависандагон занг задам, зеро ман дар ин ҷо дӯстони бисёре дорам. Кореро, ки онҳо дар ин ҷо иҷро мекунанд, ман бисёр эҳтиром мегузорам ва дӯст медорам. Худи ман ҳам аз ҷумлаи онҳо ҳастам.

Пурсидам: «Чӣ навигарӣ ҳаст?»

Ҷавобам доданд...

Аммо сабаби омадани ман дигар аст. Дар пеш иде ҳаст. 1400-солагии пайдоиши ислом ҷашн гирифта хоҳад шуд. Кумитаи тадорукоти олимақоме созмон дода шудааст. Маро, ҳамчун мусулмон, ба ҳайати ин кумита дохил кардаанд. Машварати кумита ҳамин бегоҳ оғоз меёбад. Вале Шавкат ба ман гуфт, ки имрӯз китоби нави Аскар Ҳаким муҳокима карда мешавад. Ман ба ин ҷо омадам ва Аскар маро бо достони наваш хурсанд кард. Дар муҳокимаи достон иштирок карда наметавонам, зеро онро нахондаам. Аммо бо назардошти он чӣ, ки дар ин ҷо гуфта шуд ва пораҳое, ки тарҷумон қироат кард, метавон гуфт, ки достон асари арзандааст. Ман Аскарро ба сифати як нафар ходими давлатӣ ва шоири бисёр хубе кайҳо боз эҳтиром мекунам. Ман дар бораи навигариҳои Тоҷикистон аз Шавкат ҳамеша пурсида меистам. Вақте ки Тоҷикистонро бо телевизор нишон медиҳанд, ман ҳисобамро гум мекунам, фарқ карда наметавонам, ки Тоҷикистон бошад ё Доғистон. Гоҳо, ҳангоме ки дар бораи Доғистон гуфтугӯ мекунанд, ман хаёл мекунам, ки дар бораи Тоҷикистон гуфта истода бошанд...

Вақте ки ман аз Доғистон ба сафар баромадам, он ҷо ҳаво офтобӣ буд, оби ҷӯйҳо сурудхонон ҷорӣ мешуданд, мурғони ҳаво тарона мехонданд, ба ифодаи шоира Мария Петровна Хоссе, агар ҷанг намебуд, ба он ҷо кайҳо баҳор меомад. Аммо боиси таассуф аст, ки дар Қафқоз ҷанг идома дорад. Вале ман аз сулҳу оштӣ, ки ба Тоҷикистон омадааст, хурсандам. Ин барои ман фараҳбахштарин навигарӣ мебошад...

Пештар мо медонистем, ки гурҷиҳо чӣ менависанд, ба назди дӯстонамон мерафтем... Пештар мавридҳое мешуданд, ки мо рӯзи ҷумъа аз Махач-Қалъа ба сафари Грозний мебаромадем, дар он ҷо сайру гашт мекардем, сипас ба Осетия гузашта, аз дӯстонамон хабар мегирифтем, баъд ба роҳи ҳарбии гурҷӣ даромада, ба Гурҷистон мерафтем, баъд ба Арманистон, баъд ба Озарбойҷон ва баъд ба хонаҳои худ бармегаштем. Дар ҳама ҷо одамони худӣ будем. Дар ҳама ҷо боғи дилҳоямон аз хурсандӣ шукуфон буд, дар ҳама ҷо ид доштем. Баъди ин ҳама кадом вақте ки мехостӣ, ба Тоҷикистон ҳам парвоз кардан мумкин буд. Ҳоло чӣ? Ҳоло бошад, девори Берлин нест, онро бардоштанд, аммо чунин деворро дар миёни халқҳои Қафқоз гузоштанд. Мо ғам мехӯрдем, ки Кипрро тақсим кардаанд вале худамон халқҳоро аз ҳам ҷудо кардаему парвое надорем. Нависандаҳоро низ аз ҳамдигар ҷудо кардем... Ин ҳама хеле дарднок ва таассуфангез аст. Мо ҳатто наметавонем, ки аз аҳволи саломатии ҳамқаламони худ, нависандагони дигар бохабар бишавем. Мо аз марги ин ё он нависанда баъди гузаштани вақти бисёре аз ягон рӯзномае хабардор мешавем...

Бо вуҷуди ин ман хурсандам, ки нависандаҳо менависанд, кор мекунанд. Далели ин достони Шумост, Аскари азиз! Ин хуб аст. Туро аз самими дил табрик мекунам. Саломи маро ба ҳамаи дӯстони тоҷики ман бирасон. Темур Пӯлодовро бо унвони баланди Нависандаи халқии Тоҷикистон табрик мегӯям. Аммо, агар росташро гӯям, ман ба ин гуна унвонҳо муқобилам. Онҳо чунон бисёранд... Охир, нависандагони зидди халқ набудагистанд. Дар Итолиёву Фаронса чунин унвонҳо нестанд. Вақте ки маро «шоири халқӣ» ном мегиранд, хушам намеояд. Охир, ин чӣ маънӣ дорад? Магар шоири ғайрихалқӣ ҳам мешавад? Умуман чунин унвонҳову мукофотҳо бисёранд. Аммо хубиаш дар он аст, ки аз ин гуна унвонҳову мукофотҳо мо аз худ нарафтаем, онҳо пеши чашмҳои моро гирифта наметавонанд, мо эҳсоси муқаддаси ноқаноатмандӣ аз худро аз даст надодаем.

Виктор Потиевский, раиси Иттифоқи нависандагони Карелия:

– Дӯстони азиз, Аскар Ҳаким достонашро дирӯз ба ман дод. Ман онро бо диққату алоқамандии зиёде мутолиа намудам. Таассуротамро ба осонӣ гуфта наметавонам. Достон асари одӣ нест. Асарест, ки дар он тобишҳои суҷетдору бесуҷет пайванди ногусастанӣ доранд ва касро водор менамояд, ки дар сари ҳар як мисраъ, байт амиқ фикр бикунад. Шоир аз ҳаёт ҳодисаву воқеаҳои назаррасро гирифта, фишурда, ҳамаҷониба таҳлил карда, аз онҳо маънӣ берун меоварад.

Хулосаҳо, маъниҳои ӯ, ки ҳама фалсафианд, бо назокату ҳикматписандие, ки доранд, дили хонандаро ба ваҷд меоранд... Чунин аст таассуроти ман аз ин достон.

Аскари азиз, ман туро бо ин кори бобарорат, бо достони бисёр хубу дилчаспи фалсафиат табрик мекунам. Ин достони ту асарест дорои мазмуни амиқи ба худ хос, рӯҳу равони одамро, ба вижа одами машриқзамин, одами мутафаккирро бо як ҷиддияти махсусе инъикос намудааст. Туро ман бори дигар табрик мекунам. Ин комёбии бузург аст.

Искра Денисова, мунаққиди рус:

– Ин ҷо дар бораи асари одӣ набудан ва ҷиҳатҳои ба худ хоси достони Аскар сухани бисёре гуфта шуд... Ман ӯро солҳои зиёдест, ки медонам ва ҳамчун адабиётшинос, мунаққид ва файласуфи бисёр аҷоибе бештар мешиносам. Метарсам аз он, ки андешаҳои ман субъективӣ мебароянд. Бинобар ин, дар бораи достон сухани бисёр гуфтанӣ нестам. Фақат чанд сухан аз таассуроти умумии худ мегӯям...

Шояд махсусияте, ки дар ин достон ба мушоҳида мерасад, аз он иборат аст, ки ҳар як сатри он саршори ақоиди пантеистист ва чунин маънӣ аз ақидаҳои зардуштӣ, аз Суғди бостонӣ ибтидо мегирад. Пантеизм заминаи асосӣ, пойдеворест, ки бинои ҷустуҷӯҳои маънавии шоир дар болои он бунёд карда шудааст. Доираи ҷустуҷӯҳои маънавии шоир бисёр фарох аст ва он ҳамаи динҳову мазҳабҳоро фаро мегирад. Фаҳму фаросати шоир аз ҳамаи динҳову мазҳабҳо чизи асосии онҳо – инсофу адолат, порсоиву парҳезгорӣ, андешаҳои пок ва албатта, ишқу муҳаббат ба тамоми мавҷудот ва пеш аз ҳама, ишқу муҳаббат ба инсонеро интихоб менамояд, ки бори ҷаҳон бар дӯши ӯст. Ба назари ман чунин менамояд, ки зебоӣ, тавоноӣ ва қудрати маънавии ин достон натиҷаи ба ҳам омадани фаросати баланд, фарҳанги воло ва решаҳои қадимаи бутпарастӣ, зардуштӣ, пайвастагии ҷавҳари табиӣ ва модарзодӣ мебошад...

В. Орлов, адиби рус:

– Анъанае, ки дар доираи СБИН кайҳо боз мавқеъ пайдо кардааст, яъне он анъанаи волое, ки беҳтарин ашхос, метавон гуфт, асилзодагон аз кишварҳои дуру наздик, ҳамҷавор ба ин ҷо меоянду беҳтарин офаридаҳои худ, беҳтарин дастовардҳои солҳои охири халқи худро ба мо нишон медиҳанд, суннатест ҳақиқатан ҳам воло.

Радио, телевизион, рӯзномаҳо ҳар чӣ, ки гӯянду талқин кунанд, ин кори онҳост, вале мо мебинем, ки ҳаёти маънавии ин кишварҳо бисёр ҷолибу дилрабост. Дар ин кишварҳо ба сӯи одамон на танҳо тир меандозанд, балки одамон фикр ҳам мекунанд, эҳсос ҳам доранд, ишқ ҳам меварзанд ва монанди «Санги ман – алмос» шеъру достонҳои олиҷаноб ҳам менависанд.

Ман итминон дорам, ки он нафосату зебоие, ки аз назми Аскар Ҳаким эҳсос мешавад, нафосату зебоии нодирест, ки аз саҳифаҳои безаволи Қуръон ибтидо мегирад...

Темур Зулфиқоров, шоир ва нависандаи русзабони тоҷик:

– Пеш аз ҳама гуфган мехоҳам, ки ман аз дидори яке аз хирадмандтарин шахсиятҳои Машриқзамин, муаллими бузурги Шарқ Расул Ҳамзатов шодмонам ва худро хушбахт мешуморам, ки мо чунин устоди бузург дорем. Ман ин лаҳза хеле хушбахтам. Суханҳои ӯро шунида, пас кас худро дар биёбоне тасаввур мекунад, ки ҳама мавҷудоти он аз одӣ ҳам одитар аст. Ман аз мавзӯи гуфтугӯямон андаке дуртар меравам, зеро вақте ки суханҳои ин пири хирадмандро гӯш мекардам, ба хотирам чизи дигаре омад... Чанде пеш ман дар Марокаш будам ва дидани шабонгоҳи Кособланка муяссарам гардид. Тамошои манзараҳои ин шаҳри бузурги соҳили уқёнус маро ба ваҷд овард. Мири шаҳр ҳам ҳамроҳи мо буд. «Шомгоҳи Кособланка маъқул шуд?» - пурсид ӯ аз ман. Ман ба ӯ ҷавоб додам, ки шабчароғ ҳои ҳамаи шаҳрҳо хубанд вале онҳо ба гулханҳои хурдакаки чӯпоние, ки дар он пайғамбар дастҳои сармозадаашро гарм мекард, баробар шуда наметавонанд.

Тамоми намуди чароғҳое, ки фурӯзонанд, аз ҷумла чароғҳои электронии имрӯза ҳам, аз ҳамон гулханҳое ибтидо гирифтаанд, ки назди онҳо пайғамбарон менишастанд. Гумон мекунам, ки телевизион ҳам аз ҳамин гулханҳо баромадааст, ки шоҳиди суҳбатҳои қудсии пайғамбарону на танҳо наздикони онҳо, аз ҷумла наздикони Исои Масеҳ, балки тамоми инсонҳо бигардад.

Ман гуфтаҳои Расул-муаллимро шунида, ба андешае рафтам, ки имрӯз роҳи телевизиони мо, ки онро «бути шайтон» мегуфтагӣ шудаанд, барои чунин пирони хирад бастааст. Ба гумони ман, танҳо як маротиба дар оинаи нилгун пайдо шудани Расул Ҳамзатов нисбат ба садҳо баромади сиёсатмадорони дурӯғини дасисаангез, ки имрӯз атрофи телевизионро печонида гирифтаанд, манфиатноктар аст. Бисёр хуб аст, ки ба шарофати шоир Аскар Ҳаким барои мо муяссар гардид, ки имрӯз ин пири хирадро бори дигар бубинему ба суханҳояш гӯш бидиҳем. Мутаассифона, суханронни ӯ хеле кӯтоҳ шуд, бо вуҷуди ин гуфтан мумкин, ки мо дар пайроҳаи барфпӯше нақши пои палангро дидем...

Дар хусуси ҷамъомадамон бошад, фикри ман ҳамин ки он ба заврақе монандӣ дорад, ки аз киштии «Титаник»-и ғарқшаванда ҷудо карда шудааст. Мамлакатро бераҳмона кӯфтанд... Дурӯғ аст, ки мамлакат худ аз худ футур рафт мегӯянд. Дурӯғ аст, дурӯғ . Барои он ки ин киштӣ ғapқ карда шавад, чӣ қувваҳое рӯи кор омадаанду кор кардаанд. Мо бошем, бо заврақҳои фарсудаи худ аз он ҷудо шудему ба чунин рӯзҳои сахт гирифтор гардидем, бенаво шудем. (Аммо мегӯянд, ки Худо бенавоёнро дӯст медорад).

Аскар Ҳаким достони тару тоза, зебову пурнафосате эҷод кардааст, ки он офаридаҳои Уолт Уитменро ба ёд меоварад. Ман аз дил гузаронидам, ки ӯ чӣ гуна тавонистааст, ки рози дили худ, матои басо нозуки муҳаббат ба инсон, ба табиатро ба муддати дарозе дар дил ниҳон дорад. Бешубҳа, достони нави Аскар Ҳаким на танҳо сухани тару тозае дар шеъри тоҷик, балки умуман дар шеър мебошад. Дар он биниш ва дарёфти биҳишт аст — дар охир дар тасвири ҳамон рӯдҳои булурин...

Ман мехоҳам, ки Стасик (муроҷиат ба тарҷумони достон) дар баъзе ҷойҳои достон унсурҳои бузургманишӣ камтар карда шаванд.

Қариб ҳама маҳз ҳамин гуна ҷойҳо, гӯё ҷойҳои зебову пурназокаттарини достонро иқтибос овардаанд, ки ин беҳуда нест. Чунончи, тоқиро ба ҳаво партофтани бачаҳо, то ба он хаффош дарояд ё худ ба ёди биҳӣ, ки рамзи ҳосили фаровон ва зебоист, гаштани зан аз қабили ҳамин гуна ҷойҳои достон мебошад. Дар он ҷое, ки ҷузъиётро хусусияти мушаххасӣ ва махсусӣ фаро гирифтааст, ҳарчанд мегӯянд, ки шайтон дар ҷузъиёт шайтониашро мекунад, хуб аст. Шеъри бузург дар ҷузъиёт аст. Мехостам дар он ҷое, ки дар дусолагиат аз модари меҳрубон, аз падар, ки аз ҷанги бузург баргаштааст, сухан мегӯӣ, пафосро, табу тобро як каме поинтар фурорӣ. Ва дар он ҳолат мувозинати оламшумули табу тоб ба даст меояд. Аммо он асолате, ки саросари достонро фаро гирифтааст, олиҷаноб аст. Ман туро, Аскарҷон, ҳамчун шахси оқилу хирадманд, кайҳо боз эътироф намудаам вале дар достонат ҷо-ҷо фикрҳои мавҳуму муҷаррад ҳам роҳ ёфтаанд, ки ба фикри ман, лозим меояд, ки онҳо таҷдиди назар ва андак ҳам бошад, таҳрир карда шаванд...

Вале он тасвирҳое, ки ҳамчун гунбази булурин ба назар мерасанд, нафосату зебоии он, муҳаббати нозуке, ки нисбат ба тамоми мавҷудоти зинда дар достон эҳсос мешавад, хеле олиҷаноб мебошад.

Ғулом Сахии Faйpaт, муовини Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Афғонистон дар Федератсияи Русия, адиб:

– Дӯстони бисёр азиз ва муҳтарам, бародари бисёр гиромӣ Аскар Ҳаким, устод Расул Ҳамзатов, устод Ниёзӣ ва дигар меҳмонони гиромӣ! Ҳарф задан ба забони русӣ барои ман душвор аст. Вале вақте ки гӯш ба шеъри хуб, ба суханони қудсӣ медиҳӣ, боварӣ ҳосил менамоӣ, ки Худо ҳаст. Итминони мо, афғонҳо, низ ба ягон вақте анҷом ёфтани ҷанге, ки даҳсолаҳо боз идома дорад, бешак, аз ҳамин ҷо ибтидо мегирад. Ҳақиқат ин аст, ки дар ҳамин чанд лаҳзае, ки ин шеърро шунидем ва суҳбатҳое, ки дар перомуни ин шеъри дароз шуд, моро шод сохт ва шояд ин ба хотири он буд, ки ҳамаи ин шеър, дар ҳақиқат, тафсире, баёне буд аз имрӯз, аз як байти як ғазали ҳазрати Мавлоно, ки гуфта шуда:

 

Чу обат дар ҷигар бошад, дарахти сабзро монӣ,

Ки мева медиҳад ҳар дам, даруни дил сафар дорад.

 

Дар нисбати достони Аскар Ҳаким, бояд иқрор кард, ки бо он танҳо ҳамин рӯз ошно шудам. Ман аҳсан мегӯям ба он шоире, ки суннати бузурги шеъри форсиро, ки дар он ҳар як сухан аз муқаддасоти яздонист ва ҳар як сухан аз дили инсон ва барои дили инсон гуфта мешавад, идома додааст. Аз ин нуқтаи назар достони Аскар Ҳаким достони хеле олист ва суханони он қудсӣ ва дар айни замон сурурбахшанд. Дар он ба чашмони бинанда тамоми паҳлуҳои зиндагӣ аён мегардад.

Мехоҳам роҷеъ ба тарҷумаи хеле хуби он низ чанд сухан бигӯям. Ин кор дар сатҳи хеле баланд иҷро карда шудааст. Ҳатто ман ҳам, ки ҳамаи нозукиҳову вижагиҳои забони русиро хуб намедонам, аз хондани тарҷумаи русии ин достон ба ваҷд омадам. Вақте тарҷумон аз ин достон пораҳоеро қироат мекард, дили ман боз ҳам ба шӯр меомад.

Он чӣ ки Аскар Ҳаким навиштааст, роҳи инкишоф ва камолоти назми шодравон Нодири Нодирпур ва шоири дигареро, ки низ аз нобиғагони назми муосири форсизабонон ҳисоб меёбад, яъне Сӯҳроби Сипеҳриро, ба хотир меоварад. Достони Аскар Ҳаким бо достони ин шоир «Садои пои об» як навъ умумияте дорад. Дар ин достон ҳам шоир ҳикоят аз ҳаёти худ мекунад, оғози ин достон ҳам ба оғози достони Аскар Ҳаким шабоҳате дорад. Ман ҳардуи ин достонҳоро шоҳкории адабиёти муосири форсизабонон мешуморам. Ман аз зуҳури ин достонҳо шодмонӣ мекунам ва Аскар Ҳакимро бо ин қуллаи камолоти шоириаш самимона тибрик менамоям, орзуманди комгориҳои минбаъдаи эҷодии ӯ ҳастам. Ташаккур.

Людмила Шипахина, шоираи рус:

– Нисбати Аскар метавон гуфт, ки ӯ барои мо тӯҳфа, балки аз ин ҳам зиёдтар, мукофоти гаронбаҳоест, зеро Аскари азиз, ман чунии мешуморам, ки Шумо ҳатто Оскари зиндаи тоҷик ҳастед, ки имрӯз барои он ки мо якҷояем, барои он ки мо ягонагиамонро нигоҳ доштаем ва барои он ки мо муттаҳиду муттафиқ ҳастему якҷоя нашъунамо дорем, ба ҳар кадоме аз мо эҳдо карда шудааст.

 

Ба олам Иттиҳоди мост ҷовид,

Зи нав раҳҳо ба ҳам оранд моро.

Ба ҳам биншаста Пӯлодову Аскар

Ва Козловский бо Шавкат Ниёзӣ

Шуд Антошкин дар ин ҷо маҷлисоро.

Аҷаб не, ин мулоқоте, ки морост,

Бувад фармудаи Оллоҳ - таоло.

Ва ё Исо васият карда бошад,

Ки дидори хирадманде чу Аскар

Чу Наврӯзи Аҷам ид аст моро.

Ва шояд бошад ин кори накуе

Зи некукорҳои садри даврон:

Зи роҳи мо гирифта садду сангар,

Ба ҳам овард моро аз сари нав

Президент Эмомалии Раҳмон.

 

Ашот Сагратян, файласуф, шоир ва тарҷумони арман:

– Дӯстони азиз, Аскари азиз, чанде пештар аз вафоташ модари ман ҳангоми яке аз гуфтугӯҳои телефониаш пурсида буд:

«Аҳволи ҳамон ҷавонмарди зебо чӣ тавр аст? Дар хотир дорӣ, ӯ ба Ереван, ба хонаи мо омада буд?»

Ман ҷавоб дода будам:

«Дар хотир дорам. Ӯро Аскар ном аст. Агар ба гуфтаи Шавкат Ниёзӣ бовар бикунем, ӯ нашъунамо дорад».

Модарам боз гуфта буд:

«Саломи маро ба ӯ бирасон».

Ҳоло модарам нест, саломи ӯро, ман акнун ба ту мерасонам. Ман ба назди ту, ба иди имрӯзаи ту бо дуои модар омадаам.

Хонишҳои пӯлодовиро давом дода, ман гуфтаниям, ки қудрати шифобахши назмро, ки мо имрӯз дар бораи он ин ҷо муттафиқона сухан мегӯем, ман ҳам мепарастам. Тарҷумаи достонро ман ҳам бодиққат хондам. Худи ман тарҷумони касбӣ ҳастам ва дар ин лаҳза мехоҳам ба шумо бигӯям: рафту дар оянда дар мактабҳо фанне бо номи «экологияи рӯҳ» ё худ «экологияи сиришт» ҷорӣ намоянд, шубҳае нест, ки дар мактабҳои Тоҷикистон ҳангоми таълими ин фан аз китобҳои Аскар Ҳаким истифода менамоянд. Пантеизми ҷаҳонбинии ӯ барҷаставу ҳунармандона ва аниқу равшан ифода ёфтааст. Мо инро дар шеъри ӯ аз тасвири шабнами барги гул cap карда, то тасвири барф – кӯҳҳои бузургу муҳташам, ки ҳифозатгари оби ҳаёт буда, оби чашми ошиқон ҳам аз онҳо ибтидо мегирад, равшан дида метавонем.

На ҳар кас метавонад иқрор кунад, ки ӯ аз замин, аз деҳаи зодашудааш канда шуда, ба шаҳр рӯ овардаасту ҳеҷ наметавонад, ки шаҳрии дуруст шавад, дар аъроф мондааст, зеро вай наметавонад, ки расму русуми ниёгону замонро пеши по занад; ӯ санъаткорест, ки бо матои сухан сари кор дорад ва намехоҳад он торҳое, ки робитаи миёни замину осмонро барқарор менамоянд, канда шаванд. Фарохии доираи ҷустуҷӯҳои рӯҳонӣ дар асарҳои нависандагони машҳури ҷаҳон бисёр ба мушоҳида мерасад, аммо истеъдоди гирду ғyн кардани натиҷаи ҷустуҷӯҳо камтар дида мешавад. Чунин ҳолат хоҳ дар тасвири симои модар, ки ибтидою интиҳои ҳамагуна ҷустуҷӯҳост ва хоҳ дар ифодаи хоҳишҳои инсон, ки дили ӯ лабрези орзую умед аст, пеши назар меояд. Натиҷаи ҷустуҷӯҳои Аскар Ҳаким, чизи дигарест ва имрӯз шоир аз ҳамқаламони худ маҳз бо ҳамин ҷиҳати эҷодиёташ, яъне гирду ғyн карда тавонистани натиҷаи ҷустуҷӯҳояш фарқ мекунад.

Тазодҳои ботинӣ ва ҷунбишҳои сеҳрангези эҳсоси рӯҳонӣ, ки Станислав Золотсев онҳоро зиракона дарк карда аст, достони «Санги ман - алмос»-ро ба саҳнае табдил додаанд, ки ҳар як лаҳзааш бо нури ҳаракати рӯҳонии зудгузар суфта ва муҷалло гардонида шудааст.

Агар тасаввуроти мо дар бораи боғҳои муаллақи Семирамида аз рӯи шунид, ривоятӣ бошад, пас дар достони Аскар Ҳаким олами зебоӣ дар шакли зинабоғ пеши назар меояд ва эҳсосе, ки аз дидани он бедор мешавад, эҳсоси мусалсал буда, бедории як ҳиссиёт боиси ба вуҷуд омадани ҳиссиёти дигаре мегардад ва чунин алоқамандии рӯҳонӣ саросари достонро фаро гирифта, ба инсон эҳсоси масъулият барои покиро талқин менамояд, ки бедор кардани чунин ҳиссиёт на ба ҳар кас муяссар мегардад. Чунин менамояд, ки шоир бо эҷоди ин достон қуллаи наверо фатҳ кардааст. Шоири тарҷумон Золотсев ҳам бо тарҷумаи худ дар роҳи фатҳи ин қулла, ки аз бозёфтҳои охири аср мебошад, гом мебардорад ва барои хонанда имконият фароҳам меоварад, ки ӯ низ муҳити орӣ аз маънавиёти рӯҳонӣ ва ҳавояш ғализу нафасгиркунандаро паси cap карда, ин қулларо фатҳ намояду худро шиносад. Дар миёни тарҷума ва матни асл ҳамоҳангие ба мушоҳида мерасад, ки онро одами аз маърифати рӯҳонӣ бенасиб пай бурда наметавонад. Ин ҳамоҳангӣ, пеш аз ҳама, аз оҳанг, зарби сухани шоир маншаъ мегирад, яъне он ба кардиограммаи бо назардошти тамаддуни дар асоси рӯҳу имони халқ ба вуҷуд омада, ки муаллифи достон низ зодаи он аст, шабоҳате дорад. Шоир Аскар Ҳаким дар роҳи фатҳи ин қулла танҳо аз он ҳарос дорад, ки он олами зебоие, ки дар ин роҳ пеш меояд, халалдор нагардад, бешак, маншаи чунин биму ҳарос дар таъсири тарбияи оила, дар таъсири муҳит мебошад.

Владимир Гусев, раиси Иттифоқи нависандагони Маскав:

Ман хеле хурсандам, ки мавзӯи гуфтугӯи имрӯзаи мо Аскар Ҳаким ва достони ӯ мебошад. Ман бо ӯ ҳамеша бо ҳусни таваҷҷуҳ муносибат кардаам, балки қариб ҳамаи ҳамқаламони Маскавиаш ҳам ӯро нағз медонанд ва бо ӯ муносибати хуб доранд. Достони ӯ низ, ки онро Золотсев нaғз тарҷума кардааст, гувоҳи равшани ин суханҳоест, ки мо дар бораи Аскар борҳо, ҳам дар Тоҷикистону ҳам дар Покистон ва кишварҳои дигар сухан гуфтаем. Дар достон зарурати эҳтиром ва эҳтиёт кардани табиат бори дигар таъкид карда шудааст. Мо, аҳли Евразия, одамони Машриқзамин ҳастем. Сарфи назар аз гуногунӣ ва ихтилофи динҳову мазҳабҳоямон эҳсоси эҳтироми табиат дар хуни мо, рагу пайванди мо ҷойгир аст. Чунин ҳолат ҳам дар тарҷума ва ҳам дар асли достон, ки он бо яке аз забонҳои қадимаи ҳинду аврупоӣ навишта шудааст, ба мушоҳида мерасад...

Павел Уляшов, мунаққиди рус:

–Ба назарам чунин менамояд, ки ман имрӯз дар Тоҷикистон, дар дараи зебоманзараи Варзоб, дар фароғатгоҳи Иттифоқи нависандагон бошам. Моро кӯҳҳои баланд иҳота кардаанд, дарёчае, ки дар он қариб ғapқ мешудем, равон аст. Умуман, ин дарё чандон чуқур нест, аммо бисёр тезоб аст. Мо аз об базур берун шудем, дӯстони тоҷикамон ба ҳоли мо, ки дар ҳақиқат ҳам, тарсида будем, хандида буданд...

Назми русро бе Шарқ тасаввур кардан душвор аст вай бидуни ҳамбастагӣ бо Машриқзамин дилгир менамояд. Ман табиатан мунаққиди сахтгир ҳастам ва ин ҷо хушомадгӯйӣ кардан ҳам намехоҳам ва ин на барои он аст, ки муҳокимаи мо дар як доираи васеъе мегузарад, балки, пеш аз ҳама, барои он аст, ки имрӯз он муҳити хайрхоҳонае ба хотирам мерасад, ки моро дар Тоҷикистон фаро гирифта буд ва аз он 10 сол аст, ки маҳрум шудаем. Медонед, мо ин ҷо гоҳо аз ҳамдигар меранҷему сахту дурушт мегӯем, асабӣ мешавем, вале бо вуҷуди ин аз муваффақияти ҳамдигар хурсанд мешавем, дар чунин мавридҳо дил мехоҳад, ки ҳамдигарро ситоиш бикунем, бо ҳамдигар суханони эҳтиромангезе бигӯем, ки бештар аз ҳама дар назми Шарқ мавқеъ доранд. Умуман ҳоло дар мо ана ҳамин чиз намерасад... Бигузор он касе, ки ИҶШС-ро пароканда кард, дар ду дунё — ҳам дар ин дунёву ҳам дар он дунё рӯзи некро набинад, осоиш наёбад. Шаке нест, ИҶШС аз нав эҳё хоҳад шуд. Ман барои тарҷумаи ин достон ба С.Золотсев арзи сипос менамоям. Ба Аскар бошад, сатрҳои зайлро мебахшам, ки ҳамин ҳоло, дар худи ҳамин ҷо навишта щуданд:

 

Зи Помири баланд омад ба Маскав,

Ҳама ӯро ҳаводоранду хонанд.

Садояш шуд танинандоз дар Чин,

Ба Пекин ҳам варо акнун бидонанд.

 

А. Кожедуб, нависандаи рус:

– Ман шоир не, насрнависам, бо вуҷуди ин барои ҳаловате, ки аз хондани ин достон бардоштам, ҳам аз муаллифи достон ва ҳам аз тарҷумони он сипосгузор ҳастам. Албатта, мо, нависандагони русзабон, пеш аз ҳама, ба хизмати тарҷумон баҳо медиҳем. Аз ин достон пеш аз ҳама, бӯи Машриқзамин, бӯи он Шарқе ба машом мерасад, ки мо онро дар адабиёти шӯравии худамон шамида ва ба он дил баставу баҳо дода будем.

Адабиёти шӯравӣ барои мо адабиётест, ки дорои суннатҳои бениҳоят бузургу пурғановат мебошад. Дар ин бобат адабиёти форсизабонон мақоми боз ҳам бузургтар дорад, зеро умри суннатҳои таърихии он ба ҳазорсолаҳо мерасад ва бешубҳа, арзиши бештар дорад. Ҳангоми баҳо додан ба тарҷумаи асаре, ки ба ин забон эҷод шудааст, ин ҳамаро дар назар бояд дошт. Ташаккур ба Золотсев, ки чунин кори бузургро анҷом додааст.

Тарҷумаи Ҳикмат Раҳмат

Соли 2001