Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Дуктур Алиризои Қазва,
шоир, Эрон
АСКАР ҲАКИМ – ҒАЗАЛСАРОИ
МУТАФОВИТ
Дурахшиши Аскар Ҳаким дар ғазалҳои ӯст. Агарчи шояд аз ӯ дар бештар қолабҳо шеър хонда ва шунида бошем, аммо ғазалҳои солҳои охири ӯ, бахусус, ғазалҳое, ки дар китоби охираш (… Боз мерасад хуршед) ба чоп расидааст, ғазалҳои комилан мутафовит ва таҷрибаҳои тоза дар зиндагии шоирии ӯ ба ҳисоб меояд. Ҳатто хондани баъзе аз ин ғазалҳо комилан ғофилгиркунанда аст. Он ҳам дар вазъияте, ки ба назар мерасад, корҳое сангин ва вазифаи сиёсиву иҷтимоӣ фурсати хилватҳои аз ин дастро аз ӯ салб (ҷудо) кунад, аммо ӯ дуруст, дар ин рӯзҳои пурмашғала нишон додааст, ки бо шеър бархӯрде ҷиддӣ доштааст. Қазовати мо маҳсули хондани ғазалҳоест аз ин даст:
Чӣ кунам ба номи ҷовид, ки зи худ нишон гузорам,
Ки ман аз ҷаҳони ҷовид, ғами ҷовидона дорам.
Чӣ ҷаҳон, ки ормонаш сари дор дидани мост
Ва хуш аст, агар чу Ҳаллоҷ бикашад ба ҳалқа корам.
На табиби ҳушёре, на ҳабиби ғамгусоре,
На давои ҷисми бемор, на илоҷи ҷони зорам.
На маҷоли зуд рафтан, на тавони дер мондан,
Ба кӣ бори тан гузорам, ба кӣ накди ҷон супорам?
Бахусус, дар байти чаҳорум бо истеҳкоми лафзию маъноии хубе бархӯрдорем ва байтҳое аз ин даст метавонад барои ғазали имрӯзи Тоҷикистон обрӯ ва эътибор шавад. Байте, ки аз як шоҳбайт ҳеҷ кам надорад ва шоире, ки битавонад чунин байте халқ кунад, бегумон тавони такрори онро низ дорад.
Фазои маънавии ин ғазал ҳикоят аз зулолӣ ва хилвате ноб дорад, ки дар лаҳазоте бо шоир ҳамроҳ будааст. Ва ин навиди лаҳазоти дурахшонеро дар ғазали фардои Тоҷикистон медиҳад. Бештар ва пештар гумони мо бар ин буд, ки агар ҳодисае ва иттифоқе дар ғазали Тоҷикистон рӯй диҳад, маҳсули зеҳн ва забони шоироне ҷавонтар чун Аҷамӣ ва Рустами Ваҳҳобниё ва Фарзона ва Сиёвуш ва …аст. Гарчи ин ҷамоат ғазал ва шеъри Тоҷикистонро обрӯ ва эътиборе музоаф (дучандон) бахшидаанд, аммо ғазалҳое аз ин даст, ки дар ин китоб ҳам кам нестанд, ҳикоят аз он дорад, ки насли ботаҷриба ва пухтаи шеъри Тоҷикистон ҳанӯз ҳам метавонад холиқи шигифтие шаванд.
Ба эътиқоди ман ғазалҳои солҳои охири ин шоир ва низ шоироне чун Гулрухсор ва Раҳмат Назрӣ ва ҳатто Гулназар Келдӣ аз рушде чашмгир бархӯрдор будааст. Чаро ки ин рушд маҳсули хилватҳои ноб ва лаҳазоти бехешии онҳост. Ба дигар забон, ғазали Тоҷикистон тоза дорад худро ва ҳуввияти гумшудаашро пайдо мекунад ва ин ҷонҳое ҳашевор ва ошиқ дарёфтаанд, ки метавон пилла-пилла ба мулоқоти нур рафт.
Бар хилофи назари шоир ва мунтақиди арҷманди тоҷик Гулназар Келдӣ (ниг. «Равандҳои тоза дар шеъри муосири тоҷик» - Мусоҳиба бо Гулназар- Адабиёт ва санъат-№10, декабри соли 2002), ки муътақид аст шеъри муосири тоҷик нисбат ба рӯзгори шоироне чун Ғаффор Мирзо ва Қутбӣ Киром ва Муъмин Қаноат ва …. аз рушде бархӯрдор набуда ва бо ҳамаи эҳтироме, ки ба ҳамаи ин шоирон ва бахусус, барои устод Муъмин Қаноат қоилем, метавон гуфт, ки шеъри имрӯзи Тоҷикистон дар ҳоли як дигардесии (дигаргуншавии) муҳимм ва халқи як шигифтӣ аст. Лоақал дар ҳавзаи ғазал чунин ба назар мерасад.
Идомаи ғазали болоро бо ду байти поёнии он пай мегирем. Байти аввал ҳикоят аз ҳавзаи таъсирпазирии шоир дорад.
Ғазале аз Фахриддини Ироқӣ:
Ба тавофи Каъба рафтам, ба ҳарам раҳам надоданд,
Ки буруни дар чӣ кардӣ, ки даруни хона оӣ.
Ду байти Аскар Ҳаким чунин аст:
«Ба тавофи Каъба рафтам», ки Худо ба хона ёбам,
Чу Худо зи хона рафта, манат аз чӣ хонадорам?
Чу Худоям офарида ба замин вакили мутлақ,
Зи Худо ба ин ваколат «бахудо, ки шармсорам». –
Ки байти поёнӣ бо истинод бо оёти Қуръонӣ, ки инсонро халифаллоҳ медонад, шакл гирифтааст ва ин байт замоне зеботар ҷилва мекунад, ки таваҷҷуҳ ба шуғли ваколат ва муовини Раиси Маҷлис будани шоир ба иҳоме зебо мерасад ва ин мақомҳои дунявиро шоир дар муқобили халифаллоҳӣ дар як тарозу намегузорад ва ин ҳамон гом ниҳодан дар ҷодаи зулолӣ ва расидан ба ҳол ва мақоми ирфонист, ки метавонад дар замири офтобӣ ва ҷони нуронии шоир иттифоқ биафтад ва афтодааст.
Ва боз бар хилофи назари Гулназар, ки фазои ғазали имрӯзи Тоҷикистонро ғамгин дидааст, ба назар мерасад, ки радифҳои лафзии гиря ва лабханд наметавонад ба тамомӣ далели шодмонӣ ва ғаме бошад ва гоҳ ғамҳои ширин ҳам ҳаст, ки лаззаташ ба ҳазор шодии пуч меарзад. Дуруст мисли абре, ки бо борише ба офтоб салом мекунад. Ва чӣ зебо ин фазоро Аскар Ҳаким бо ин байти зебояш тарсим (нақшин) мекунад, ки:
Баъд аз ин лаб фурӯ бандам, к- ин чунин гиря то чандам,
Лек ҳар гаҳ, ки ман хандам, шеъри хундори ман гиряд.
Шояд рӯи сухани Гулназар бо чунин шоироне набудааст. Ӯ шоиронеро мухотаб қарор додааст, ки бо ғамҳои кӯчак ва ҳарфҳои кӯчактар хамудагӣ (сукут) ва яъсро дар ҷомеа доман мезананд. Ва изофа мекунем, ки унсури отифа дар шеър ва дар ғазал танҳо ба шакл ва ҳайот ғами худро наменамоёнад, ки гоҳ отифа дақиқан айни шодӣ ва шодмонист ва гумони мо ҳама он аст, ки Гулназар хостааст, то бар ин нуктаи зариф низ ангушт бигзорад.
Аз ин ҷо ки байти оғозини ғазали боло низ аз зарофате чанд бархӯдор аст, бад нест, то ба он низ ишорае дошта бошем:
Абр хушкид аз гиря, то чӣ бар тори ман гиряд,
Боми афлок нам гирад, абри озори ман гиряд.
Вазни тоза ва нав (фоилотун мафоилун, фоилотун мафоилун) ё (фоилан фоилан фаълан, фоилан фоилан фаълан) вазни зебое ва мутафовитест, ки шояд барои аввалин бор аст, ки онро дар ғазали муосири тоҷик мешунавем ва агар ҳам аввалин набошад, аз ҷумлаи аввалинҳост ва чӣ хуб шоир вазнро чун мум дар дасти худ нарм кардааст ва бо мусиқии болое онро арза кардааст. Аз ин манзур зеҳни арӯзии шоир қобили ситоиш аст. Ҳамчунин калимаи озор ба озор номи яке аз моҳҳои суриёнӣ ё румӣ баробари моҳи саввум ва муодили моҳи морс (март) ҳам назар дорад, чаро ки борони баҳориро ба ёд меоварад.
Дар ин вазнҳои давриву баланд – беш аз ҳама таҷрибиёти шоир дар қолаби чаҳорпора ба ӯ кӯмак кардааст. Шояд дар мавриди шоире чаҳорпорасаро чун Раҳмат Назарӣ низ ин ҳарф дуруст бошад ва ӯ низ дар халқи бархе аз ғазалҳои муваффақи ахираш аз таҷрибиёти чаҳорпорасароӣ низ суд ҷустааст.
Нуқтае дигар дар ғазали тоҷик истифодаи фаровон аз санъати тибоқу тазод аст, ки ин албатта дар ғазалҳои сабки хиндӣ ва бахусус дар ғазалҳои сабки Мирзо Бедил ба фаровонӣ иттифоқ афтодааст. Истифода аз ин шигарди (равиши) забонӣ ва баёниро дар чанд ғазал аз Муҳаммад Ғойиб низ дидаем. Ғазали «Дар пойи озодӣ» яке аз ғазалҳои хуби Аскар Ҳаким аст, ки дар ин фазо шакл гирифтааст:
Дар пойи озодӣ аз пой уфтодем,
Озоди побандем, побанди озодем.
Мо куштаи зинда, мо зиндаи кушта,
Мо доди бедодем, бедодэҷодем.
Манзил намонд обод, як дил намонд обод,
Ободи вайронем, вайрони ободем…
Гоҳе мусиқии каломии шоир авҷ мегирад, масалан бо истифода аз санъати ҳамҳуруфӣ ё вожаороӣ шоир байте чунин зебо халқ мекунад:
Эй уқоби гардунсайр, аз чӣ ҷони ту хаста-ст,
Ё ки осмон паст аст, ё ки боли ту баста-ст.
Овардани панҷ бор - т ва панҷ бор – с дар мисраи дувум, мусиқии байтро бисёр боло бурдааст.
Яке дигар аз ғазалҳои зебо ва ба ёд мондании шоир, ки иттифоқан он ҳам дар вазни баланд ва даврӣ шакл гирифтааст, ғазали «Ба камон чӣ гуна хӯ гирам…» аст:
Зи рафоқати камондорон ба дили рамида ғамгинам,
Ба камон чӣ гуна хӯ гирам, ба камин чӣ гуна биншинам?
Ба камаршикастагон ҳаргиз набувад маро забардастӣ,
Ки адолат аст талқинам, ки муҳаббат аст оинам.
Худ агарчи гушна мемирад таги осмони безинҳор,
Зи кабӯтарону гунҷишкон накунад шикор шоҳинам.
Ғазали камондорон дар фазои ривояти ҳол ва басалшиквӣ (шикваи шадид) ҷон мегирад ва шоир мардум ва халқи хешро ба ҳеҷ баҳое намефурӯшад ва одоби ҷавонмардӣ ва футувватро фаро ёд меоварад ва аз ин раҳгузар низ фазои ин ғазал реша дар маънавият ва ҳол дорад.
Ғазалҳое бо ин ҳолу ҳаво дар парвандаи шоирии Аскар Ҳаким як нуқтаи авҷ ба ҳисоб меояд. Бахусус ин ки халқи ин фазоҳо дар қолаби ғазал, он ҳам бо чунин авзони баланде, аз шоироне ботаҷриба чун Аскар Ҳаким бармеояд.