Дуктур Алиасғари Шеърдӯст,

Сафири кабири Ҷумҳурии исломии

Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Ман зи таърихи башар дарёфтам ин нуктаро:

Гар забони халқ мирад, зинда мирад хосу ом.

Бо забонаш сар шавад таърихи авлоди башар,

Бо заволи вожааш таърихи ӯ гардад тамом.

 

З-ин сабаб гар душманеро мақсади мардумкушист,

Мекушад ӯ ҷумла фарзанди забондони варо.

Халқ бе фарзанди гӯё тӯдаи гунгу кар аст,

Медиҳад фарди забондонаш забон ҷони варо.

 

Он чӣ дар оғози озинбахши ин ёддошт дарҷ гардид, сухани шоири ин маҷмӯа аст, ки дар ҷустуҷӯи «будан»-и хеш ба забону фарҳанги хеш руҷъат мекунад, бар пешонии гушодаи таърихи инсонии он ҷои хешро боз меёбад, ки забону фарҳангу маданияти хешро боз меёбад. Зеру бами ҳаёти хешро дар фарозу фуруди ҳаракатҳои фарҳангие медонад, ки таърихро рақам мезанад.

Он ҷо ки фарҳанги ӯ ҳузур надорад, садои вай фарёдест, ки дар қаъре беинтиҳо сар медиҳад ва регҳо, саҳро фарёди ӯро мебалъад, гӯё ӯ вуҷуд надорад ва ҳар он куҷо ки фарҳанги вай арзи вуҷуд менамояд, ӯ шиносномаи «ҳастӣ» ва «будан» мегирад. Гусастагӣ ва тафриқае, ки пас аз ҷангҳои Эрон ва Рус дар даврони Қоҷор байни фарзандони забони порсӣ эҷод шуд ва баъдан тасаллути ҳафтодсолаи илҳодии шӯравӣ деворе аз оҳан байни ду бародари хешованд кашид ва дарди фурқатро дучандон кард, таҳмили фарҳанги бегона бар миллате, ки бо дастурамали фарҳангии ҷадид санхияте надошт, натоиҷи дардолуде дар пай дошт, ки ранҷи нолаҳои шоирони тоҷик намудгоре бахше аз он аст ва аъмоли ин дастурамал осоре даҳшатнок бар фарҳанги ин ақвом ба ҷой ниҳод.

Аскар Ҳаким низ фарзанди чунин шароити иҷтимоии буҳронии таърихӣ аст, ки имрӯз дар каламоту ҷумалот бо тамоми фарҳанги порсӣ ҳамсадо мешавад ва суруди ҳаёти худ ва қавми худро иншод мекунад. Вай хотироти таърихии бисёр аз сар гузаронидааст, юриши муғулонро шоҳид буда, кушторҳои даҳшатноки манғиту наводагони ӯро назорагар буда:

 

Канда ҳар як зарбааш як лахти гӯшт,

Кӯфт дарҳам пораҳои сахти гӯшт.

Чӯб шуд аз хун чу шохи арғувон,

Аз лаби Айнӣ наомад як фиғон.

Баски дар пушташ намонд аз гӯшт ҳеч,

Устухон аз зарбаҳо мехӯрд печ...

 

Барои вай ситамҳое, ки дар тайи солиёни дароз бар вай ва падарони вай ворид шуда, на озоре ҷисмӣ, ки дасисае барои маҳви ҳуввияти таърихи ӯст. Онон сари ин доранд, ки «мавҷро аз хонаи дарё ҷудо созанд». Аммо ӯ азми дигар дорад:

 

То шавам як мулк, як миллат,

Кӯҳҳоро аз камар бо тасмаи водӣ ба ҳам бастам,

То миёни кӯҳу кӯҳистон мабодо бишканад,

То мабодо корвони кӯҳсорон барканад,

То ки чашми чашмаҳояш соф бошад,

Соф чун инсоф бошад.

 

Бар хилофи баъзе аз шоирон ва ҳунармандони тоҷик, ки бозгашт ба гузашта дар назди онон гоҳ ранги нажодпарастӣ мегирад, дар шеъри Аскар Ҳаким – агар ин гулчин намунаи кулли шеъри ӯ бошад – ин нажодпарстӣ, ки маҳсули солҳои пур аз илтиҳоби пас аз буҳронҳо ва инқилоб аст, ҷой надорад.

Ҷаҳони ормонӣ дар назди Аскар Ҳаким    ҷаҳоне поку муназзаҳу равшан аст. Ӯ аз уқоби шеъри хеш илтиҷо мекунад, то ӯро бад-ин диёр парвоз диҳад:

 

Маро бибар ба ҷаҳони муназзаҳу равшан,

Ки покро сари парвоз ҷониби покист.

Зи арши нур бигирад фурӯғ синаи ман,

Агарчи покдилеро замин ҳам афлокест.

 

Маро бибар ба сипеҳри баланду нуронур,

Ки рафтанам ба ту бо худ расидан аст имрӯз.

Аз ин насибаи мушкил намешавам маъзур,

Ки мекунӣ ту маро бар муҳоли ман пирӯз.

 

Маркази сиқли шеъри Аскар Ҳаким инсон аст ба ҳамаи ҷавонибу вежагиҳояш. Аз ҳамин рӯ дар шеъри ӯ ашъори ошиқонаву сиёсиву милливу меҳаниву иҷтимоӣ ва васфу мадҳу... даромехтаанд ва занҷираи иртиботи ин ҳама инсон аст. Инсоне, ки ҷавҳараи инсонии хешро дар кори халлоқият ва ишқ ба зиндагӣ боз меҷӯяд.

 

Ростии қомати деворҳо

Рост дорад қомати меъморро.

Зиндагии тоза мебахшад шабе

Мисраи тар шоири бедорро.

 

То шавад ҳар одамизод одаме,

Бояд аз худ сохт одам ҳар даме.

Хешро аз нав бубояд офарид

Ё зи шодӣ, ё ки аз дарду ғаме!

 

Ва гоҳ саъдивор каломи хешро дар хидмати танбеҳу огоҳи инсон мегирад ва вайро аз лағзишҳову бемеҳриҳову номардиҳову номуродиҳо огоҳӣ медиҳад ва ҳақ ин аст, ки ин бахш аз ашъори Аскар Ҳаким дар зумраи беҳтарин сурудаҳои вай ба шумор мераванд. Намунаи ин гуна ашъор манзумаи «Имони саг» аст, ки бо ниҳояти зебоӣ ва устодӣ суруда шуда, агар ҳунари шоирро ба эътибори нақдушшеъри қадим мизон таъсири мухотаб аз идроки манзумаи вай бидонем, ба ҳақ ин манзума яке аз беҳтарин ашъори ин дафтар ба шумор меравад. Гоҳ хешро бо аносиру ашёву падидаҳои табиӣ ҳамзабон мешавад ва бо онҳо дармеомезад ва ин гиреҳхӯрдагӣ чунон бо устодӣ ва маҳорат сурат мегирад, ки хонанда амиқан аз он мутаассир мешавад. Шеъри «Дарё, маро бигир» дар зумраи ин гуна офаринишҳои шоир ба шумор меравад...

Соли 1373 / 1994