Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Гулназар,
Шоири халқии Тоҷикистон
Дар ибтидои солҳои 70-ум моҳномаи «Садои Шарқ» перомуни равандҳои шеъри тоҷик гуфтугӯе созмон дод. Он замон ман дар Афғонистон маъмурият доштам ва мақолае ба идораи моҳнома фиристодам. Ҷое зикр карда будам, ки дар бораи шеър навиштан осонтар аст, то офаридани шеър. Чун мақола чоп шуд аксари мунаққидон ба ҳамин ишораи ман дарафтоданд ва ҳатто Абдунабӣ Сатторзода, ки созмондеҳи ин гуфтугузор буд, дар мақолааш зикр кард, ки дар бораи шеър навиштан аз эҷоди худи шеър сахттар аст. Ҳоло ки ман қалам ба даст гирифтаам ва мехоҳам дар бораи эҷодиёти Аскар Ҳаким чанд сухан рӯи дафтар оварам, боз ҳамин андеша ба сарам меояд.
Албатта, ҳар гуна эҷод, агар воқеӣ бошад, на кори осон аст. Мақолаи хуби дар бораи шеър навишташуда, бешубҳа, аз шеър кам нест. Аммо вазъи қаҳрамони имрӯзии ман мураккабтар аст. Вай ҳам мунаққид аст ва ҳам шоир. Вақте ки кас ҳусну қубҳи шеъри дигаронро нишон медиҳад, чигунагии шеъри хотирписандро талқин мекунад, оё худаш ҳақ дорад, шеъри носара эҷод кунад? Оё шеъри худи ӯ аз норасоиҳои дар шеъри дигарон дарёфтааш эмин аст? Ё ҳамчунонки халқ мегӯяд: «Гуфти муллоро куну корашро не?!»
Хонандагон Аскар Ҳакимро даставвал ҳамчун мунаққиди шеър шинохтанд. Баъди хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба Маскав рафт, аспиранти Дорулфунуни ба номи Ломоносов шуд ва таҳти роҳбарии донишмандони барӯманди шеър ба омӯзиши забонҳои каломи бадеъ пардохт. Аз ҳамон вақт дар рӯзномаву моҳномаҳои ҷумҳурӣ мақолаҳояш пайваста чоп мешуданд ва ӯ яке аз аввалинҳо буд, ки ба ҳунари шоирӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард. Яъне чӣ гуфтан ҳанӯз ҳалли масъала нест, чӣ тавр гуфтан аз он муҳиммтар аст.
Дар ёд дорам, дар моҳномаи «Садои Шарқ» мақолаи Аскар дар бораи достони Қутбӣ Киром «Ҳарфи аввал» (баъдтар бо номи «Қуллаҳои ноаён») чоп шуд. Муаллиф дар навиштааш нирӯи ҳунарии шоирро кушода талқин мекунад, ки андешаи зебо танҳо дар пироҳани зебо умри дароз дида метавонад. Дар ҳамин мақола бори аввал дар адабиётшиносии мо ҳамоҳангии садонокҳову ҳамсадоҳо дар шевоии мисраъҳо таҳқиқ шуда буд.
Устод Қутбӣ Киром маро дар кӯча диду пурсид:
– Аскар Ҳаким кист?
– Гуфтам:
– Яке аз шарикдарсони ман аст, ки ҳоло дар Маскав мехонад.
Вай бо шӯру қиёми зотиаш афзуд:
– Валлоҳ, мақолааш аз достони ман хубтар аст!
Ҳамчунонки зикр кардам, Аскар Ҳаким худро бо мақолаҳои бисёр зебояш ба хонандагон муаррифӣ кард. Аммо ҳамеша шеър мегуфт. Вай ва Нурмуҳаммад Ниёзӣ аз шогирдони бовафои Аминҷон Шукӯҳӣ буданд. Нурмуҳаммад то имрӯз дар эҷодиёти худ сабку услуби сароиши Шукӯҳиро маҳфуз доштааст. Аскар аз ибтидои кор дарёфт, ки аз паси касе рафтан касро аз кушодани роҳи худӣ маҳрум мегардонад. Худро ба олами таҳқиқ – омӯзиш андохт, навоҳои тоза-тозаро дарк кард, аз хишти сухан сохтани биноҳои нав ба навро ёд гирифт. Оҳиста-оҳиста ба чапу рост назар андохта, ба садоҳои атроф гӯш дода, худро якбора ба оғӯши шеър зад. Ва садои хосаи шеъри ӯ аз миёни ҳазорон садои мухталиф ба самъи дӯстдорони сухан расид.
Ҳар кӣ аз шеъре ва ё аз китобе барои худ чизе пайдо карданӣ мешавад, онҳое ки маънипараст ҳастанд, маънии, ба қавли Соиб, бегона меҷӯянд. Онҳое, ки тасвирро дӯст медоранд, мехоҳанд аз шеъри шоир тоблуи зебое дарёбанд. Онҳое ки ошиқи ташбеҳу истиораҳои тоза ҳастанд, аз паи тозакориҳои эҷодкор мешаванд. Шояд аз ҳамин рӯ таърифи шеър ҳархела аст ва, воқеан ҳам, барои шеър ҷустани меъёри ягона корест носавоб.
Ман низ ба чамани шеъри Аскар Ҳаким аз равзанаи худ нигоҳ мекунам. Ба ҳар ҳол фармудаи Бедил раҳнамои ман аст:
Сухан хуш аст ба кайфияте адо кардан,
Ки маънӣ об нагардад зи нанги урёнӣ.
Агар эҷодкорӣ ҳунар ва ҳунар эҷодкорӣ бошад, бояд сухан нанги урёнӣ накашад. Ва ба сухан ба ҳар тариқ ҷома метавон пӯшонд. Аммо ҳунарманд он аст, ки ҷомааш рангу бори ориятӣ нагирад ва дастикам ба қомати сухан шинам афтад.
Китоби шеъри шоирро варақ мезанам…
Шеъри куҳани мо зулфу гесӯи ёрро асрҳо шона задааст. Аммо бозёфти Аскар бисёр тоза ва фавқулода аст:
Доимо пар мезанад дар гирди зулфат сӯзанакҳо.
Занону духтарони мо ба мӯи худ гулимӯ ва ё сӯзанак мезананд ва шоири мушоҳидакор ба устокорӣ чунин мисраи зебо сохтааст. Ман дар ҷое бозёфти ба ин монандро надидаам.
Ва ба мисраи зер таваҷҷуҳ фармоед:
Ба рӯи шохаҳоят мурғакон зангӯлаи субҳанд.
Аз ин мисраъ насими атрафшони субҳгоҳонӣ мевазад, моро ба ёди бомдодони беғубори пур аз навои мурғакон мебарад. Ибораи «мурғакон зангӯлаи субҳанд», ки аз бозёфти тозаи шоир аст, хонандаро ба ҷаҳони моломоли рангу бӯ ва созу наво ва нуру равшанӣ раҳнамунӣ мекунад.
Дар рубоие омада:
Бо ёди ту беёд, ки меистодам,
Печида ба ман ошиқи печон гул кард.
Бар замми он ки «бо ёди ту беёд истодан», «печидани ошиқи печон» худ дар сари худ ибораҳои зебои шоиронаанд, ҳолати мавриди тасвир низ бисёр хотирнишин ва тару тоза аст. Ин ҳамон ҳолат аст, ки гузаштагонамон шеъри дурӯғинро пурфурӯғтарини он номидаанд. Вагарна ба бару дӯши ошиқи интизоре то ҳанӯз гули ошиқи печон напечидааст. Ва аммо бубинед, ки сурудаи Аскар Ҳаким ба кадом андоза зебост!
Мо ҳама ҷузъи табиати бузург ва намиранда ҳастем. Дар шеъри «Ман баҳори ишқ, ту ишқи баҳор» ин нукта равшантар ифода ёфтааст:
Бо баҳорон менависам шеъри худро,
Ӯ ба талҳо менависад, ман ба дафтар.
Дар шеъри «Оҳанги шаб»-и Аскар омадааст:
Мурғони шаб ба шохаи бедор хуфтаанд,
Ҳамчун наво ба мисраи ашъор хуфтаанд.
Дар ин порча шохаи бедорро ба мисраъ ва хуфтани мурғаконро ба навои нуҳуфтаи шеър монанд кардан ҷолиб аст.
Алиасғари Шеърдӯст – муҳаққиқ ва тарғибгари баисрори назми тоҷик – дар пешгуфтори «Баргузидаи ашъори Аскар Ҳаким», ки онро соли 1373 интишороти «Алҳудо» (Теҳрон) чоп кардааст, навиштааст, ки баъзе пораҳо ва шеърҳои шоири тоҷик панду ҳикмати Саъдиро ба ёд меоранд. Шеърдӯст ҳамчун намунаи барҷастаи ин ҳамоҳангӣ шеъри «Имони саг»-и Аскар Ҳакимро ба мисол мекашад. Воқеан, майлу иштиёқи шоири тоҷик ба шеърҳои сужетдор, ки бори муфиди панду ҳикматро ба дӯш доранд, зиёд аст. Ин равандро дар «Достони Нону Имон» метавон ба мушоҳида гирифт. Ба ман аз ин достон боби «Талбаки талбидаам» хушоянд аст. Зеро ин ҷо ҳолати фоҷиабори мавриди тасвир бо камоли суханварӣ ба қалам омадааст. Ҳамин ки ибораи «Талбаки талбидаам» ба гӯш мерасад, мусиқии пуршукӯҳи ҳузнангезе аз миёни мисраъҳо боло мешавад ва тамоми ҳастии маро фаро мегирад.
Як хосияти шеъри Аскарро наметавон зикр накард. Шоир ҳамеша мекӯшад ба воситаи шеъраш ба хонанда паёме аз бозёфтҳои илмӣ бирасонад. Ин вижагӣ дар ашъори дигар шоирони мо назаррас нест.
Донӣ, ки ҳар он ҷой бувад модаи шер,
Наршери тавоно накунад ҳеҷ шикор.
Ё:
Оташ набувад чу дар дили миқнотис,
Он пораи оҳан набарояд ҳаргиз.
Ҳамчунин дар чанд шеър нуктаи илмии аз таҳшини зери уқёнус пайдо шудани одамизод таъкид гардидааст. Мутаассифона, дар бештари чунин ҳолатҳо шоир комёб нест. Зеро таваҷҷуҳи ӯ зиёда ба баёни ахбор сарф мешавад ва равониву зебоии шеър ба мадди дуввум мегузарад. Аскар аксаран ҳосили таҷрибаҳои илмиро барои тақвияти ин ё он андеша дар чаҳорбайтӣ ва рубоиҳояш истифода кардааст.
Дар омади гап бояд гуфт, ки дар силсилаи рубоиҳои ӯ намунаҳои хубу зебо кам нестанд. Якеро мисол меорам, ки он дар пояи беҳтарин рубоиҳои адабиётамон суруда шудааст:
Айёми ҷавонӣ ҳавасе доштаме,
Садҳо ҳавасе дар нафасе доштаме,
Дар дастраси хоҳиши дил гӯям ҳол,
Кош он ҳаваси барабасе доштаме!
Бо ибрози маъзарат бояд гӯям, ки бо чанд ишора наметавон эҷодиёти гуногунпаҳлуи Аскар Ҳакимро баррасӣ кард. Ва албатта, манзури ман низ ин кор нест. Фақат мехоҳам зикр кунам, ки дар паҳлуи мо инсоне ҳаст, ки зебоиро дарк мекунад, дӯст медорад ва дигаронро ҳам ба шинохтани он ҳидоят мекунад. Ин ҳамон зебоиест, ки, ба қавли Достоевский, оламро наҷот медиҳад. Вақте ки шоир «хонаи ман хонаи дунёст» мегӯяд, бовар кунед, ки ӯ бо ғаму шодии мо зинда аст, шеъраш ҳам бо ғаму шодии шумо нафас мекашад.
Дар суҳбате Аскар гуфта буд:
– Ман дар миёни мунаққидон беҳтарин шоир ва дар ҳалқаи шоирон беҳтарин мунаққидам.
Албатта, ин сухан бо шӯхӣ гуфта шудааст. Ҷиддияти сухан дар он аст, ки Аскар Ҳаким дар маҳфили шоирон ҳам на танҳо беҳтарин мунаққид аст.
Ба ин шеъраш гувоҳӣ медиҳад.