Неъматҷон Файзуллоев,

Носир Салимов,

устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

РӮ БА ҶОВИДОН

 Аскар Ҳаким ба адабиёти мо бо асарҳои тадқиқотӣ ва мақолаҳои танқидии худ ворид шуд ва аз ҷониби аҳли адабу хонандагон хеле гарм истиқбол гардид. Дар ёдҳост, ки китоби аввалини ӯ «Шеър ва замон» (1978) мавриди гуфтугӯву мубоҳисаҳои бардавом гардида, дар миёни муштоқони каломи мавзун маҳбубиҳои хосае пайдо намуд. Диди амиқу пурвусъат, тафаккури варзидаи илмӣ ва аз ҳама муҳиммаш сабку усули тозаи таҳлилу баёни мунаққид дар нақди адабии тоҷик як самти ҷадидеро густариш дод. Ғараз аз ин гуфтаҳо ин аст, ки Аскар Ҳаким дар қаламрави илму адаб аз нахустин қадамҳояш роҳи худ ва сухани худро меҷусту меёфт. Ва ин сифат, ки хоси эҷодкори асил аст, баъдтар вақте ки ӯ мустақиман ба таълифи шеъру достонҳо шурӯъ намуд, низ ба сароҳат ва зуҳур омад. Суханваре, ки ба шеър ва рисолати шоир назари тоза дошт, дар ҷодаи офариниш низ ба ҳамин дастур роҳ мепаймуд. Ин аст, ки чеҳра ва сабки шоирии ӯ ҳоло хеле мушаххас аст.

Аскар Ҳаким дар тавсияи бунёди ақлӣ (интеллектуалӣ) ва ҷанбаи андешапарварии назми муосири тоҷик саҳми муҳимм гирифт. Ӯ бо иқтизои муҳит ва фитрати хеш аз дардҳои инсону замон сухан мегӯяд вале шеъри ӯ аслан парвардаи андешаҳои амиқу доманадор, маҳсули муҳокимаҳои серпаҳлуву ҷиддист дар сари муаммоҳои ҳастии инсон. Вай худрову дигаронро на фақат дар масири таърих, балки дар масири сарнавишти азалии инсон ҷустану дарёфтан мехоҳад ва ниёзмандиҳои замону ҷомеаро ба инсонҳои озодманишу созанда, инсонҳои волоназару олиҳиммат хеле тунд эҳсос мекунад ва ин эҳсосро дар зеҳни хонанда ҳам ангезиш медиҳад. Ва он ҳарорату ҳиссиёти пуршӯр, ки фишурдаи тааммуқи пурвусъати шоиранд ба шеърҳои бисёр маҳрамонаву лирикии Аскар Ҳаким бардошту салосати фалсафӣ бахшидаанд. Аз ин нигоҳ хоса маҷмӯаи ашъори ӯ «Тарозуи офтоб» ва «Рӯзи умед» имтиёзи бештаре дорад. Тасодуф нест, ки дар шеъру достонҳои шоир, манзараҳо ва таровишҳои қалбии инсону ҷомеаи имрӯза, бо муқаддасоти милливу башарӣ, паҳлуи ҳам омадаанд ва чунонки худи Аскар Ҳаким дар шеърҳояш пайваста гӯшзад мекунад, қаҳрамони идеалии ӯ инсонест, ки рӯ ба ҷовидон дорад ва маҳз аз ҳамин қиёс моҳияти ҳастии худро шинохтан мехоҳад. Ин маънӣ дар шеърҳои «Заминро деҳқон танҳо барои худ намекорад», «Ҳар саҳар хуршеди дунёдидаи деринаумр», «Тутзори Азим», «Санои деҳқон», «Одами кайҳонкушоро дар масири асри бист», «Ҳар лаҳза ҷовидон шавад» ва ғайра ба таври бориз ифода ёфтааст. Ғояи асосии ин шеърҳо таъкиди пайванди наслҳову асрҳост. Қаҳрамони лирикӣ имрӯзи худро бе дирӯз тасаввур карда наметавонад ва маънии ҳастии хешро дар он мебинад, ки бо гуфтору рафтор ва пиндори нек ҷовид бимонад:

 

Дар ин дунё, ки бо ҳам ҳалқапайванд аст ҳар рӯзаш,

Чу фарде бо башар пайвастаам то Ҳазрати Одам.

Агар бо амри яздонӣ зи ҷаннат ронда гаштам ман,

Биҳишти хеш месозам ба рағми ӯ дар ин олам.

 

Чу бо оби ҷабини хеш мекорам замини хеш,

Ба дунё ҳар чӣ дорам, ман аз ин оби ҷабин дорам.

Агар аз киштаҳои худ ба кас ноне тавонам дод,

Бақои ҷовидона дар замону дар Замин дорам.

 

Аз мутолиаи кулли ашъори шоир метавон хулоса бардошт, ки Аскар Ҳаким шоири андешапарвар ва таммуқписандест. Ӯ дар ҳар мавзӯе шеър гӯяд, ба тасвири ҳар кадом ашёе бипардозад, кӯшише ба кор мебарад, ки дар ҳар падидаи зиндагӣ осори абадиятро дарк намояд, гузаштаро бо имрӯз ва имрӯзро бо фардои ҳаёт бипайвандад. Табиист, ки ин навъ сурат гирифтани тасвири бадеӣ ҷанбаи фалсафии ашъори шоирро тақвият бахшида, муаллифро дар назари хонанда чун суханвари мутафаккир ҷилвагар месозад:

 

Ҳар гаҳе гирам миёни дӯстон ҷоми мае,

Гӯиё ҳамрози Ҷамшедам ба дастам Ҷоми Ҷам.

Дар нигоҳам мерасад пурнуртар фардои ман,

Мерасам бар он агар бар аҳди Сомон мерасам.

 

Риштаи дирӯзаю фардо ба ҳам пайвастааст,

Ҳикмату андарзи сад дунёст дар дунёи ман.

Беасар бошад агар сӯзи ман аз дирӯзи ман,

Беасар аз ман равад имрӯзи ман, фардои ман!

 

Дар ашъори солҳои охири Аскар Ҳаким, махсусан, ғояи ватанхоҳиву ватанпарварӣ, ифтихор аз гузаштаи таърихии халқу миллати хеш пайваста қувват гирифта, сифатҳои тоза касб карда истодааст. Шоир дар ин қабил шеърҳояш бештар ба худшиносӣ ва худифшоӣ кӯшида, ба ин васила хонандаро низ водор намудааст, ки дар сари муқаддасоти зиндагӣ: хоки ватан, забони модарӣ, ғурури миллӣ ва ғайра биандешад. Дар ин навъ чакидаҳои қалами шоир назари фарох ва афкори лангардори ӯ амиқ эҳсос мешавад. Гоҳо шоир ба сифати хирадманди ҳикматпарваре аз воқеияти зиндагӣ пандҳои судманде берун меорад ва бо шевае оливу хотирнишин онро ироа медорад.

 

Аз миллату аз забони худ ёд кунед,

Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед,

То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо,

Дунёи варо тоҷикӣ обод кунед.

 

Аскар Ҳаким шоирест хушзавқ, тавоно. Далели рӯшани ин матлаб ҳунари мумтози ӯст, ки дар бисёр жанрҳои манзум, хоса дар жанри ғазал бо сароҳат инъикос ёфтааст. Пайдост, ки ғазалгӯӣ кори саҳл набуда, қобилият ва истеъдоди фитриро тақозо мекунад. Ғазал аз лиҳози табиати бадеӣ ва услубӣ бештар ба ифодаи эҳсосоти ишқӣ, ҳаяҷону изтироби ботинии инсон мувофиқ аст. Дар ишқияҳои Аскар Ҳаким, ки ғолибан аз ғазал таркиб ёфтаанд, ин ҳиссиёти наҷибу поки инсонӣ дар либоси ҳарир бадеӣ нигориш ёфтааст. Дар нигоришоти ӯ таровишҳои қалби нозуку пурорзӯ ва туғёни ошиқи ҳассос басо табиӣ ва рехта ба тасвир омадааст, ки фикри зер намунаест аз он:

 

 

Нақши ишқат менишинад дар дилу авзои ман,

Бӯи ту меояд аз ҳар зарраву аъзои ман.

То шабе аз хештан лабрези ишқам мекунӣ,

Мерасад савдои ишқи ту ба ду дунёи ман.

Ҳамчу дарё мекушоӣ ту маро тангии дил,

Метапад дар тангно бе ту дили дарёи ман.

Бе ту шомам кӯрмаҳтобу шабам беахтар аст,

Хӯшаи парвинию маҳтоб дар шабҳои ман.

Ёди лабҳоят зи ёдам мебарад ёди сухан,

Бо лабони худ сухан омӯз бар лабҳои ман.

Дар миёни ошиқонат гар якам аз садҳазор,

Дар миёни сад ҳазорӣ гавҳари яктои ман.

Ман ба дунё ҳамқаринам, гар қарини ман туӣ,

Беҳтарин пайдои ман яктои ман, зебои ман…

 

Дар фаъолияти бисёрҷабҳаи адабии Аскар Ҳаким тарҷумаи бадеӣ низ ҷои муҳиммро ишғол мекунад. Муҳиммтарин ва барҷастатарин дастовардҳои адабии ӯ дар ин ҷода тарҷумаи ёдгории таърихии асри XIV – «Мазҳакаи илоҳӣ»-и шоири бузурги итолиёвӣ Данте Алигерӣ ба шумор меояд. Ин асари ҷаҳонӣ, ки дар зарфи бештар аз 600 сол ба бисёр забонҳои дунё тарҷума шуда, дили оламиёнро басо тасхир кардааст, ба туфайли ҷасорати эҷодӣ ва заҳмати бурдборонаи Аскар Ҳаким ба хонадони тоҷикон низ ворид гардид.

Чунонки дар ифтитоҳи мақола иброз доштем, Аскар Ҳаким ба майдони адабиёт чун мунаққид ворид шуд ва ҳанӯз низ дар ин ҷода пайваста заҳмат мекашад. Кулли таълифоти илмии шоир дар китобҳои «Шеър ва замон» ва «Дар қаламрави сухан» гирд омадааст. Аксари ин таълифот ба забони русӣ низ тарҷума шуда, дар Москва бо номи «Тварци созвучий» (1988) ва дар Душанбе таҳти унвони «Испитание поэзией» (1992) интишор ёфтаанд.

Бо мақолаву китобҳои Аскар Ҳаким дар илми нақду адабиётшиносии тоҷик тамоюли наве падид омад, ки ҷавҳари он шинохти шеър аз назари арзишҳои ҳунарӣ маҳсуб мешавад.

Шоири донишманду тавоно, мунаққиди хушзавқу нозуксанҷ, мутарҷими мумтозу забардаст Аскар Ҳаким аз ҷумлаи беҳтарин суханварони муосири тоҷик ба шумор меравад ва тасодуф нест, ки ӯ бо раъйи адибони тоҷик чандин сол ин ҷониб Иттиҳодияи нависандагонро сарварӣ мекунад ва дар ин ҷода низ бо ҳамон хушзавқиву кордонӣ амалҳои шоистаро ба сомон мерасонад. Мо дар мақоми ифтихор аз шахсиятҳои маънавӣ ва фарзонае чун Аскар Ҳаким, ки воқеан номбардори миллати мутамаддини мо ҳастанд, эшонро бо камолоти умрашон сидқан муборакбод мегӯем ва орзу мекунем, ки дарёи табъи олиашон ҳамеша хурӯшон бошад.