Сергей Сухоян,

шоири рус

  Бо ҳар чӣ ки зодаи илҳоми саршор аст, муносибати муқаррарӣ нашояд, зеро он ғайриодист ва дар қолабҳои муқаррарӣ намеғунҷад. Ин ҷо ман достони нави Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким «Санги ман – алмос»-ро дар назар дорам. Ба мазмуни достон на обу ранги идеявӣ дода мешаваду на онро ба наср гардонида нақл кардан имкон дорад, он серпаҳлу, гуногуннаво ва рангоранг мебошад.

Шеъри асил ба тавзеҳу ташреҳ эҳтиёҷ надорад, чунонки ташреҳи гули зебо – ба қисмҳои таркибӣ, яъне баргҳо, поя ва ғайра ҷудо кардани он на танҳо ҳусни гулро, балки худи гулро ҳам аз байн мебарад, аз тавзеҳу ташреҳ ҳусни шеъри асил ҳам мекоҳад. Достони «Санги ман – алмос» маҳз ҳамин гуна асар аст, ки ҳусну зебоӣ ва арзишмандии онро танҳо дарк бояд кард. Рӯҳан, моҳиятан ва аз нигоҳи маънавӣ он як навъ ибодат аст, ки бо ҳиссиёти хеле баланд, ҳатто метавон гуфт, муаллиф ба ваҷд омада изҳор кардааст, ибодатест дар ишқ, ибодатест дар таҳозури ҳақиқат, нурест барои равшанӣ андохтан ба ҳақиқатҳои норавшан.

Достон масъалаҳои нави бисёреро ба миён мегузорад, ки барои ҳалли онҳо бояд тамоми ҳастии инсон амал бикунад. Аз нигоҳи мундариҷа ва сохт достон монологи ғиноӣ ва ҳамосиест, ки он бо манзараҳои басо зебо ва лаҳзаҳои драмавӣ, ки маҳсули хаёлоти рангин ва мушоҳидаҳои ҳаётии шоир мебошанд, нигориш ёфтааст. Аз нигоҳи паҳнову фарогирии воқеият ва дарки фалсафии ҳаёт, достони «Санги ман – алмос» тазоҳури парвози беинтиҳои фикр дар фазо ва замон аст. Достон моро водор менамояд, ки эҳсосоти шоир, ғаму шодии ӯро, ки аз ягон ҷиҳат эҳсосоти мо, ғаму шодии мо низ мебошад, дарк намоем ва сари андешаҳои шоир амиқу равшан фикр бикунем.

Аввалин маъние, ки хонандаро ба андеша водор менамояд, изтироби шоир дар хусуси он аст, ки ӯ чун дарахт болои решаҳои азалии худ устувор истода метавониста бошад ва ё пайванди генетикии эҷдодиаш канда мешаваду боди замони дигаргунисозиҳо ӯро меафканаду бо худ мебарад… Шоир худро дарахте тасаввур мекунад, ки «решааш рафта дар оби дили деҳ…» ва аз он ғам хӯрад, ки «шохааш сабз шуда дар тани шаҳр» ва бо ҳамин андешаҳои дарднокеро ифода менамояд, ки онҳо на танҳо баёнгари ҳаёти ӯянд, балки ба ҳаёти бисёре аз одамони замонаш мутааллиқ мебошанд. Ӯ мегӯяд :

 

Ки бад- ин ҳол на шаҳрӣ, на деҳотӣ бошам,

Кандам аз хеш, чӣ сон бо дигаре пайвандам?!

 

Албатта, чунин ҳолат на барои ҳама дарднок аст, махсусан, барои онҳое, ки аз решаҳои таърихии худ канда шудаанд, нажод, аслу насаби худро намедонанд, гирифторӣ ба чунин ҳолат чандон дарднок нест. Аммо, бо вуҷуди ин, достон зарурати мустаҳкам ва бегазанд нигоҳ доштани решаҳои аҷдодӣ, пайванди наслҳоро таъкид мекунад ва дар ниҳоди хонанда эҳсоси садоқат ба арзишҳои гаронқадру муқаддаси гузаштаро қавитар мегардонад. Дар ин бобат ҳаёти муаллифи достон, ки дар ҳаққи худ «маданӣ гаштам, яъне ки шудам шаҳрзада» мегӯяд, қобили таваҷҷуҳ аст. Хонанда ба хубӣ дарк менамояд, ки торҳои муҳаббати зодгоҳ, диёри маҳбуб ногусастаниянд – хоҳ аз он дур бошию хоҳ наздик, пайваста ба худ мекашанд. Зеро меҳри Ватан на бо масофа, балки бо чӣ андоза дар дил буданаш меъёр карда мешавад. Ба ин маънӣ, касе ки меҳри Ватанро дар дил дошта бошад, чунин сатрҳои достони шоирро бепарвоёна нахоҳад хонд:

 

Дӯстони бачагиям ҳама дар деҳ монданд.

Ман ба деҳ меоям,

Лек ҳамроҳи парастуҳо соле як бор,

То дароям ба канори токистонҳояш

Ташнаи меҳри канори модар,

Ҳамчу бо хоҳаракам ҳарф занам бо чашма,

Ба сафедори сарафрохта гӯям, ки :

Салом, эй додар !

 

Он чиро, ки дӯст медоранд, азизаш мешуморанд, эҳтиёташ мекунанд. Тасвири ишқу муҳаббат хеле зебо, дилрабо ва фараҳбахш буда, ҳамчун алмоспораҳои тобон дар саросари достон ба назар мерасад. Доираи ин тасвир хеле васеъ буда, муҳаббати падару писар, марду зан, муҳаббат ба халқи худ ва умуман, ба одамон, муҳаббат ба Парвардигор ва ҳамаи мавҷудоти оламро дар бар мегирад.

 

Чун бубинам, шаби маҳтоб, ки як ҷуфти ҷавон

Чун ду саршохаи нур аст ба ҳам печида,

Бикушояд зи фараҳ баҳри дилам

Аз замин то маҳтоб,

Ё фарохотар аз уқёнус.

 

Тамоми пайраҳаҳое, ки ишқу муҳаббати шоир бо онҳо роҳ мепаймояд, ба қуллаи эътиқод мерасонад. Таъкиди зарурати эътиқод ва дарки он, ки ҷавҳари асосии ҳамаи динҳо мебошад, махсусан дар шароити боло гирифтани мавҷи низоъҳои динӣ, маҳдудиятҳои мазҳабӣ ва ҷудоиандозиҳо арзиши бештару беҳтар пайдо мекунад:

 

Дил ибодатгаҳи ман.

Ҳамди ислом аст

 он сура, ки ман мехонам,

Бо нафасҳои Масеҳ

Ва ба имони Яҳуд

Ва мудоро, ки расад аз Буддо

Ва ба ҳар кас, ки ба дил маъбади имонаш ҳаст,

Мебарам рӯи намоз.

 

Умуман, аз нигоҳи оҳанги ифодаи фикр ва эҳсос достони «Санги ман – алмос» асарест, ки дар он ҳадафи ҳаётии муаллиф хеле фарох баён шудааст, ки дорои ҷанбаҳои маънавӣ, ахлоқӣ, шаҳрвандӣ ва ҳунарӣ мебошад. Ақоиди ӯ дар бораи хайру шарр кушоду равшан, аммо бо истифода аз воситаҳои тасвири бадеӣ, бо рамзу киноя, бе ҳеҷ гуна изҳори фазл ба забон омадаанд.

 

Чашми бад дур,

Гар нагӯяд зи ҳасад душмани ту,

(Чу наёбад зи ту айб)

Каҷ бувад думби сагат.

Ва ҳар он кас, ки занад лофу гизоф,

Ки чун ӯ дар ду ҷаҳон нест башардӯст касе.

Натарошад ҳама шаб

Лоақал сояи ҳамсояи хеш аз девор…

 

Ё худ:

 

Чашми бад дур,

Гар ҳамоне, ки бигуфт :

Ин манам бораи подори диёр!

На фақат пораи девори диёр,

Балки девори ҷаҳонро як хишт

Ҷониби худ ва фақат ҷониби худ н-афтонад,

Ки на девор бимонад ба Ватан з-ӯ бар ҷо,

На дару дарвоза…

 

Шоир хирад ва рӯҳи хешро бо оятҳои Қуръон ва Инҷил равшан карда, ҳикматҳои оид ба шинохти олами «Авасто», рисолаҳои бостонии тоҷику ҳиндро мавриди истифода қарор дода, аз тасвирҳои достонҳои мардумӣ илҳом гирифта ва такя ба далелҳои таърихӣ намуда, доираи ҳодисаву воқеаҳои достони худро ба андозае вусъат бахшидааст, ки дар он ҷанбаҳои миллӣ бо ҷиҳатҳои умумибашарӣ пайванди ногусастанӣ пайдо кардаанд. Шоир ва донишманди афғон Ғулом Сахии Ғайрат дар маҳокимаи ин достон, ки дар шаҳри Маскав - дар Созмони Байналмилалии Иттифоқҳои нависандагон 6-уми апрели соли 2000 баргузор шуда буд, чунин гуфтааст:

«Ман аҳсан мегӯям ба шоире, ки суннати бузурги шеъри форсиро, ки дар он ҳар як сухан аз дили инсон ва барои дили инсон гуфта мешавад, идома додааст. Аз ин нуқтаи назар достони Аскар Ҳаким достони хеле олист ва суханони он қудсӣ ва дар айни замон сурурбахшанд. Дар он ба чашмони бинанда тамоми паҳлуҳои зиндагӣ аён мегардад».

Дар достон воситаҳои тасвир ва дигар санъатҳои бадеӣ, ки ба таври фаровон истифода шудаанд, барои ифодаи барҷастаи андешаҳои эҷодии шоир хеле созгор омадаанд, тавсифҳо, ташбеҳҳо, рамзу кинояҳо, муболиғаҳо, талмеҳҳо, маҷозу истиораҳо ва дигар воситаҳои тасвир ва санъатҳои бадеӣ, ки дар достон ба назар мерасад, ҳама дар мақому мавриди хеш оварда шудаанд ва бори маънӣ мекашанд. Тасвироти барҷаста ва забони пурғановати образнок яке аз афзалиятҳои ин достон мебошад, асолати сухан ва тасвирҳои барҷастаи шоир хонандаро мафтун менамояд. Инак, мисоле:

 

Дӯстдори суханам,

Лона дорад ба кафам парри қалам.

Баски ҳам ишқ ба шудгори хазонӣ дорам

Ва дар ин дам, ки маро нест замину испор,

Рӯи марзи варақи тоза қалам меронам,

Ки баногаҳ гияҳе сабз шавад,

Гандум ё ҷав рӯяд

Ва аз он қитъаи шудгори қалам

                                  ҳадди ақал

Мӯр бар хонаи худ дона кашад…

 

ин бозёфт дар достон ҷилои ягонаи истеъдод нест. Дар порчаи боло сатрҳои минбаъдаи ҳамон банди достонро ба хотир оварда, метавон гуфт, ки то кунун ба касе ҳам муяссар нашудааст, ки бо қалам кори испорро карда ва дар мазрааи шеъру шоирӣ барои мӯр ҳам дона рӯёнида бошад!

Достон ба тавассути системаи инъикоси бадеиву фалсафии воқеият моро водор менамояд, ки алоқамандӣ ва бо ҳам вобаста будани тамоми мавҷудоти оламро дарк бикунем ва дар ин маврид аз ҳеҷ чиз қатъи назар нанамоем, ҳатто аз мавҷудоти ба қавле «пасту ночиз» ҳам. Муносибати муаллиф бо ҳама гуна шаклҳои ҳастӣ, хоҳ он ҳашараи хурдтарин ва базӯр ба дида намудор ва дар нисбати одам ночизу хеҷ бошад ҳам, ҳамеша эҳтиромона ва самимона аст, зеро, ба ақидаи ӯ, ҳар як мавҷудот дар зоти худ арзише дорад, ки на ҳама инро медонанд:

 

Бикунад дониши мӯраш ҳамаро дар ҳайрат,

Ки агар донаи арзан бибарад,

                        карда ду тақсим варо

Ва агар донаи гандум бибарад,

                        карда чаҳораш пора,

Бигузорад, ки нарӯяд ба баҳор.

То намирад ба баҳорон гушна,

То баҳораш нашавад айни хазон…

 

Муаллифи достон хонандаро ба ниҳонхонаи асрори табиати фусункор ворид сохта, дар ниҳоди ӯ ҳиссиёти хайрхоҳӣ ва нисбат ба тамоми мавҷудоти атроф, махсусан, нисбат ба одамон хайрхоҳ буданро бедор менамояд, зеро ҳам табиат ва ҳам одамон эҳтиёҷ ба як чиз – ба хайрхоҳӣ доранд. Ба ин маънӣ, метавон гуфт, ки достон ғояи бузурги инсондӯстиро тарибу ташвиқ менамояд:

 

Осмон дорад агар панҷаи оби раҳмат,

На фақат бар сари сарву гулу райҳону тамишк,

Ба сари газна, шутурхору ғумой,

Ба сари хори хасак ҳам борад.

Хор худро ба чаман хор кунад,

То гуле ханда ба гулзор кунад.

 

Чунин тарзи баён дар назм, метавон гуфт, ки комилан нав аст. Шоир ашёеро ба ҳам мепайвандад, ки пайванд нашуданиянд. Чунончи, гулро бо шутурхор, сарвро бо газна…

Аслан дар як саф, паҳлуи ҳамдигар гузошта шудани ин гиёҳҳо ҳусн не, балки кубҳ аст вале агар чунин коре раво дониста шавад, маҳз барои ифодаи тазоди маъниҳо хоҳад буд. Аммо дар достони «Санги ман – алмос» ин маъниҳои ба ҳам зид якҷоя оварда шуда, маҳз ба туфайли муносибати эҳтиромона ва меҳрубононаи муаллиф, онҳо ҳусн гирифтаанд, арзишашон дар пеши назари хонанда баланд шудааст.

Оё сазовор нест, ки чунин муносибат ба ҳар як узви ҷамъияти инсонӣ ҳам раво дониста шавад?! Дар бораи он ки ин достон экологияи рӯҳ ё сириштро хуб ба тасвир гирифтааст, дар муҳокимаи мазкури дар Маскав барпошуда, шоир ва тарҷумони машҳури арман Ашот Сагратян чунин изҳор доштааст, ки комилан дуруст аст:

«Агар дар оянда дар мактабҳо фанне бо номи «экологияи рӯҳ» ё худ «экологияи сиришт» ҷорӣ намоянд, шубҳае нест, ки дар мактабҳои Тоҷикистон ҳангоми таълимоти ин фан аз китобҳои Аскар Ҳаким истифода менамоянд. Пантеизми ҷаҳонбинии ӯ барҷаставу ҳунармандона ва аниқу равшан ифода ёфтааст. Мо инро дар шеъри ӯ аз тасвири шабнами барги гул сар карда, то тасвири барфкӯҳҳои бузургу мӯҳташам, ки ҳифозатгари оби ҳаёт буда, оби чашми ошиқон ҳам аз онҳо ибтидо мегирад, равшан дида метавонем».

Мегӯянд ҳамаи онҳое, ки дар бурҷи тарозу ба дунё омадаанд, ба баробарӣ ва инсофу адолат майли зиёд доранд, ки ин дар дунёи пур аз шӯру шарр тамоюли басо нодир мебошад. Аз майли шоир ба баробарӣ ва инсофу адолатписандӣ чунин сатрҳои ҳикматангези ӯ ба хубӣ гувоҳӣ медиҳанд:

 

Шӯри ҷанг аст ба ҳар бонги ситез,

Нури сулҳ аст ба ҳар ҳарфи салом.

 

Бешак, ин сатрҳо баёнгари мақсади асосии муаллиф, ҳадафи хиради шаҳрвандии шоири инсондӯст мебошанд. Гумон мекунам, сазовор аст, ки дар маркази пойтахти ҷумҳурӣ ёдгории махсусе бо номи «Муҷассамаи оштӣ» бунёд гардаду дар он ин гуна мисраъҳои шоир ҳаккокӣ карда шаванд, зеро ин ифодаи он ҳақиқати талхест, ки миллати тоҷик паси сар карда, дар роҳи расидан ба сулҳу оштӣ матонату мардонагӣ нишон дода, умеди душманони хориҷиву дохилии худро, ки мехостанд, ин миллатро ба ҳалокат бирасонанд, барбод додааст.

Ба вуҷуд омадани достони «Санги ман – алмос» воқеаи муҳимми ҳаёти адабӣ, савияи сифатан навест, ки назми тоҷик ба он боло шудаасту маншаи асосии он талаботи воқеан классикӣ бар хилофи назми сустбунёди дурӯғин, каммазмуну берӯҳ ва сифатан паст мебошад.

Дар хусуси тарҷумаи достон ба забони русӣ, ки аз ҷониби устоди сухан Станислав Золотсев ба ҷо оварда шудааст, метавон гуфт, ки шоири тарҷумон дар иҷрои чунин кори воқеан мушкилу мураккаб масъулияти бузургеро дарк намуда, кори ӯ ҷавобгӯи он талаботест, ки замон дар назди ҳар як суханвар гузошта аст. Кори якҷояи муаллиф ва мутарҷими достон намунаи шоистаи ҳамкории эҷодкорон дар роҳи такмили ҷараёни ҳаёти адабӣ мебошад.

Станислав Золотсев, ки солҳо боз ба тарҷумаи шеъри тоҷик машғул аст ва вазъи онро хеле хуб медонад, дар бораи ин достон чунин гуфтааст:

«Ман дарк мекардам, ки дар тӯли қарни 20-ум, махсусан дар панҷоҳ соли баъди Ҷанги дувуми ҷаҳон, назми Тоҷикистон, шоирони Тоҷикистон пайваста ҷустуҷӯ менамудаанд, дар ин роҳ ҳатто дар солҳои осоишта ҳам душвориҳои бисёреро паси сар карда, гоҳо бо нокомиҳо рӯ ба рӯ меомадаанд.

Достони нави Аскар Ҳаким, ки ман соли гузашта ҳам матни тоҷикӣ ва ҳам матни тарҷумаи таҳуллафзи онро хондаам, далели ин гуфтаҳо, натиҷаи ҷустуҷӯҳо, зуҳури падидаи нав мебошад. Дар ҳар ҳол, ман гуфта метавонам, ки амсоли ин достонро то кунун бо забони тоҷикӣ нахондаам. Ман ин асарро ҳамчун як падидаи мутлақо наве пазируфтам».

Ба дилҳои хонандагон роҳи сафед бозат бод, достони нав! Санге, ки дар тоҷи ту, унвони ту тобон аст, сеҳрангез мебошад. Он, воқеан алмос аст, рамузи истеъдоди нотакрори муаллифи туст. Аз ин рӯ, ҳақ бар ҷониби офаридагори туст, ки гуфтааст:

«Шуълаи теғаи алмоси ман аз нури дил аст».