Абдураҳмон Абдуманнонов,

номзади илмҳои филологӣ

 

СУХАН АЗ ШЕЪРУ ШЕЪРИЯТ

 

Дар инъикоси рӯзгор шоирони муосири тоҷик аз анъанаҳои беҳтарини шеъри гузаштагон истифода намуда, худашон низ навиҳое ба миён овардаанд, ки онҳо  баъдан ба анъана табдил ёфтаанд. Мавзӯи рисолаи мунаққид ва адабиётшинос Аскар Ҳакимовро, ки нашриёти «Ирфон» таҳти унвони «Шеър ва замон» ба табъ расондааст, паҳлуҳои гуногуни проблемаи анъана ва навоварӣ ташкил намудаанд.

Муаллифи рисола фикру ақидаҳоеро, ки то имрӯз оид ба анъана ва навоварӣ дар шеъри муосири тоҷик ба миён омадаанд, ҷамъбаст намуда, ба чунин хулосае меояд, ки «то ба ҳоло масъалаи мураккаб ва серҷиҳати анъана ва навоварӣ ба тамом яктарафа маънидод мегардад».

Мунаққид таълимоти В.И. Ленинро оид ба мавҷудияти ду маданият дар ҳар маданияти миллӣ, инчунин оид ба муносибат ба мероси гузаштагон ба асос гирифта, ду тамоюли ифротиро дар муносибат ба анъанаҳои шеъри гузаштагон ба зери танқид гирифтааст. Яке аз ин тамоюлот муносибати нигилистона ба шеъри гузаштагон мебошад, ки тарафдорони он «аҳамияти мероси адабиёти классикиро ба зери шубҳа мегузоранд», дигар тамоюлест, ки аз рӯи он анъанаҳои адабиёти классик аз ҳамаи ноқисӣ ва маҳдудиятҳои таърихӣ озоданд.

Дар ҳалли масъалаи анъана ва навоварӣ муаллиф ба предмети асосии адабиёт диққати махсус медиҳад. «Нависандагони иртиҷоии буржуазӣ, - менависад ӯ, - ба адабиёт аз назаргоҳи барғалати идеологӣ нигариста, бо тамоми азму кӯшиш мехоҳанд инсонро ҳамчун қаҳрамони асосӣ аз арсаи он дур андозанд…». Баръакси он, адабиёти шӯравӣ, ки байрақбардори методи реализми сотсиалистист, зиндагиву фаъолияти инсонро мавзӯи асосии худ қарор дода, барои ӯ хизмат мекунад.

Масъалаи навоварӣ, ки бо анъана алоқаи узвии диалектикӣ дорад, низ аз проблемаҳои баҳсноку ҳалталаб ба шумор меравад. «Навоварии асил, - менависад муаллифи рисола, - чи дар соҳаи шакл ва чи дар ҷабҳаи мазмуну мундариҷа бо талаботи замон, ҳамчун дархури дархостҳои тоза зуҳур мекунад». Вале навоварие, ки аз анъанаҳои ғании гузашта бархурдор нест ва ба он такя намекунад, ба завқу салиқаи мардум, ки дар тӯли асрҳо дар рӯҳи он анъанаҳо парвариш ёфтааст, низ мувофиқат карданаш маҳол аст. Бинобар ҳамин, навовариву тозаҷӯиҳое, ки дар шеъри адибони шӯравии тоҷик зуҳур мекунанд, аз тарафи мунаққид чун инкишофу такомули анъанаҳои беҳтарини шеъри гузаштагон, истифодаи имкониятҳои дохилии арӯз ва системаи образҳои шеъри классик, ба талаботи замону рӯзгор ва ҷаҳонбиниву методи эҷодии нав мутобиқ намудани қолабу шаклҳои анъанавӣ дониста шудаанд.

Тозаҷӯиҳо бо тамоми маънӣ дар адабиёти шӯравии тоҷик аз ибтидои ташаккули он ва пеш аз ҳама дар эҷодиёти устод Айнӣ, Лоҳутӣ, Пайрав дар роҳи тасвири зиндагӣ ва инсони нав ба миён омада, минбаъд дар эҷодиёти М. Турсунзода, М. Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Шукуҳӣ, Қаноат, Лоиқ, Бозор такомул ёфтаанд. «Дар адабиёти муосир ҷаҳоншиносии инсони нав тасвир карда мешавад… инсон ба миёни мусодамаҳои тезу тунд гузошта мешавад, ба ҳалли мураккабтарин масъалаҳои замон рӯ ба рӯ меояд… нигоҳаш воқеияти серсоҳаро дар бар мегирад, гузаштаро ба ҳозира наздик карда, уфуқҳои ояндаро пеши назар меорад». Ба ҳамин маънӣ Аскар Ҳакимов осори адибони гуногуни шӯравиро, аз қабили Э. Межелайтис, Ю. Мартсинкявичюс, М. Қаноат, О. Сулаймонов, О. Ватсиетис, Дж. Мулдоғалиев ба риштаи таҳлили типологию муқоисавӣ кашидааст. Муаллиф оид ба субъекти лирика ва идеали эстетикии инсони муосир бисёр фикрҳои тоза баён карда, ба хулосаҳои ҷолиби диққат омадааст. Масалан, дар натиҷаи таҳлили шеъру достонҳои М. Турсунзода муҳаққиқ ба чунин ақидае омадааст, ки қаҳрамони лирикии шоир дар ҳама ҳолат «беҳтарин хусусиятҳои субъекти лирикии солҳои 60-умро дар худ таҷассум мекунад, ки он инсони эҷодкор, созандаи коммунизм, хуллас, бо тамоми дилу ҷон коммунист аст».

Паҳлуҳои фаъолият ва боигарии маънавиёти инсони муосир дар эҷодиёти шоирони гуногуни тоҷик аз як мавқеи умумии ғоявӣ, вале бо тарзу усулҳои мушаххаси фардии онҳо таҷассум ёфтаанд. Мунаққид дар эҷодиёти Миршакар дар солҳои охир қувват гирифтани ҷанбаи фалсафӣ ва умумибашарии шеър ва дар ин гуна шеърҳо низ мавқеи устувор ва буррои ғоявии шоирро таъкид менамояд. Ин фикр дар мисоли муқоисаи шеърҳои ба як мавзӯъ оиди Халилуллоҳи Халилӣ ва Мирсаид Миршакар равшан ба субут расидааст.

Аз масъалаҳое, ки ба доираи проблемаи анъана ва навоварӣ мансубанд, вале то имрӯз дастнозаду тадқиқнашуда ба шумор мераванд, системаи образҳои шеъри гузашта ва имрӯз, муносибати ниҳоят мураккаб ва печдарпечи онҳо мебошад. Ҳол он ки  барои тадқиқи дуруст ва таъйини таҳаввулоти адабии пас аз Инқилоби октябр «таҳлили системаи образҳою забон, услубу банду басти осори манзум зарур аст». Муҳаққиқ дар ташаккули системаи образҳои шеъри имрӯз нақши ниҳоят калон доштани забони зиндаи халқро, ки истифодаи унсурҳои он яке аз роҳҳои муҳими демократӣ кунондани забони адабиёти бадеист, махсусан таъкид карда, ду хусусияти асосии омезиши забони адабиву унсурҳои забони гуфтугӯиро нишон додааст;

а) ба забони назм ворид шудани калимоте, ки дар забони зиндаи халқ серистифода буданду дар назм то ҳол маъмул набудаанд;

б) ба забони назм таъсири синтаксиси назми халқ…

Ба назари мо чунин тарзи таҳлил барои муайян намудани роҳҳои ташаккул ва такомули системаи образҳои назми муосири тоҷик хеле мувофиқ аст ва Аскар Ҳакимов ин иддаоро дар фасли «Сухан ва образ»-и китобаш то андозае ҳал намудааст.

Аксар вақт, ҳангоме ки дар хусуси моҳияти навовариҳои шоирони кунунии тоҷик сухан меронанд, бо таъкиди навии мазмуну мундариҷа ва ё шаклу услуб иктифо мекунанд. Аскар Ҳакимов бар он аст, ки бо таҳаввули шеър вобаста ба зуҳуру тағйири сабкҳои адабӣ системаи образҳои шеър низ тағйир мепазирад, сухани маъмулӣ ба образҳои бадеӣ ва баръакс, образҳои бадеӣ ба сухани маъмулӣ табдил меёбанд ва ин тағйиру табдил пеш аз ҳама ба ғояву мундариҷаи шеър пайвастагии сахт дорад.

Масъалаи бо тафаккур, амалиёт ва ҳаракату андешаҳои қаҳрамон ҳамбастагии зич доштани образ дар таҳқиқи Аскар Ҳакимов мавқеи махсус дорад ва бо таҳлили шеъри «Нарав, қуи сафеди ман»-и Мӯъмин Қаноат аёнан нишон дода шудааст, ки чунин тарзи таҳлил барои таъйини арзиши ғоявиву эстетикии шеър хеле мувофиқ аст.

Боби «Таҳаввули арӯз»-и китоби Аскар Ҳакимов низ як баҳсест, ки агарчанде тоза набошад ҳам, мушоҳидаву мулоҳиза ва хулосагириҳои муҳим дорад.

Доир ба масъалаи пайдоиши арӯз ва хосса арӯзи форсу тоҷик дар илми адабиётшиносӣ ақидаҳои зиёд ва ниҳоят мухталиф мавҷуданд. Арӯзшиносони Ғарбу Шарқ муддатҳои дароз асоси вазни шеъри форсу тоҷикро ҳамон арӯзи шеъри араб мешумориданд ва ин ақида то замони мо низ комилан рад нашудааст, агарчанде мушоҳидаву мулоҳизаҳои муҳими як қатор олимони номӣ бар он рахнае даровардаанд. Бештар ва ҷиддитар аз ҳама устод Айнӣ асоси халқии вазни шеъри тоҷикиро таъкид ва таъйин намуд. Баъзе аз фикрҳои устодро И. Брагинский дар тадқиқоти ба назми халқии тоҷикӣ бахшидааш тақвият дод. Аскар Ҳакимов дар заминаи ақидаҳои мавҷуда бо таҳқиқи вазни рубоӣ, ки асоси халқии форсиву тоҷикии он бешубҳа аст, пардохта, ба чунин хулосаи муҳим омадааст, «ки вазни рубоӣ ҳаргиз вазне нест, ки танҳо ба адади баробари ҳиҷоҳо асос ёфта бошад. Рубоӣ шакли қадимтарини назми мардуми форсизабон аст ва вазни он низ эҷоди онҳост». Бояд гуфт, ки зимни таҳлили ашъори шоирони муосири тоҷик мулоҳизаҳои ниҳоят муҳим ва ҷиддие ба миён омадаанд, ки барои таҳқиқи минбаъдаи поэтикаи шеъри имрӯзаи тоҷик аҳамияти калон доранд. Масалан, мулоҳизаҳои муаллиф дар хусуси он ки «арӯзи озоди имрӯз ва таҷаддудҳои вазнии солҳои бистуму сиюм ҳодисаҳои адабии якранг» нестанд ва ё оид ба ҳамбастагии оҳангу вазн дар арӯзи озод, бо вуҷуди он ки қисман баҳсталабанд, диққати муҳаққиқонро ба тадқиқу ҳалли масъалаҳои муҳими поэтикаи шеъри имрӯз ҷалб мекунанд.

Фасли «Аз ғазал то шеъри озод»-и китоб ба таҳқиқи таҳаввули шаклҳои шеърӣ оид аст. Дар ин фасл муҳаққиқ оид ба мақоми қофия дар таъйин намудани шаклҳои шеъри классик, махсусиятҳои жанру шаклҳои гуногуни шеърӣ аз қабили рубоӣ, дубайтӣ, маснавӣ, ғазал муҳокима ронда, таҳаввули ин шаклҳоро пайваста бо талаботу тақозои мазмуну мундариҷаҳои тоза ба риштаи тадқиқ кашидааст.  Муаллиф нақши пешбаранда ва тақозокунандаи мазмунро нисбат ба шаклҳои шеърӣ ба асос гирифта, роҳҳо ва сабабҳои пайдоишу ривоҷи шаклҳои нави шеъриро, ки дар ифодаи мазмунҳои бикру мураккаб имконияти бештаре доранд, аз назари тадқиқ гузаронидааст.

Боби охирини китоб «Достони қалъаҷанг» ном дошта, ба таҳлили дақиқ ва амиқи хусусиятҳои ғоявиву мундариҷавӣ ва таъйини арзиши эстетикии достони «Суруши Сталинград»-и Мӯъмин Қаноат бахшида шудааст. Дар заминаи тадқиқ муаллиф оид ба сохти композитсионии достон, ҳамбастагии он бо мазмуну мундариҷаи асар, ниятҳои услубии шоир, инчунин дар хусуси ягонагии ҷуз ва кулл дар сохти умумии достон фикрҳои ҷолиб баён кардааст.

Шиносоӣ бо китоби нахустини Аскар Ҳакимов аз доираи васеи назари тадқиқии муаллиф, аз ниятҳои ҷиддии ӯ дар кори омӯзиш ва таҳлили масъалаҳои ҳалталаби инкишофи шеъри муосири тоҷик дарак медиҳад. Дар баробари ин, чун дар ҳар асари ҳақиқатан илмие, ки ба проблемаҳои муҳим бахшида мешаванд, дар китоб як қатор фикрҳои баҳсангез низ ҳастанд, ки ном бурдани баъзеи онҳо аз аҳамият холӣ нахоҳад буд. Масалан, муаллиф мафҳумҳои «шеъри нав», «шеъри озод», «арӯзи озод» ва «шеъри сафед»-ро ба таври фаровон истифода мебарад, вале моҳияту маънои истилоҳии ҳар яке аз онҳоро, ки аз ҳам тафовути нисбӣ доранд, ташхис намедиҳад. Мулоҳизаи муаллиф дар хусуси он ки «Одатан дар маснавӣ ҳар мисраи байт комилҳуқуқ (?) буда, ба якдигар эҳтиёҷи маънавӣ ва ё синтаксисӣ надорад», низ ба назар он қадар саҳеҳ намерасад. Зеро дар аксари анвои шеъри классикӣ воҳиди нисбатан мукаммал байт (ба ҷуз дар рубоӣ, мухаммас, мусаммат, таркиббанд, тарҷеъбанд ва монанди инҳо, ки чунин воҳид банд аст) буда, мисраъ ба сари худ ба истиснои фард, воҳиди мустақили шеър шуда наметавонад.

Аксари таҳқиқоти мавҷуда сарфи назар аз ихтилофоти фикр дар хусуси замон ва омилу манбаъҳои пайдоиши ғазал, ба он далолат мекунанд, ки ғазал чун шакли мустақили шеъри форсию тоҷикӣ маҳз дар заминаи ҳамин адабиёт зуҳур карда, дар ҳамин адабиёт инкишоф ёфта, ба авҷи тараққии худ расидааст. Ва қисме аз муҳаққиқон бар онанд, ки агар дар адабиёти араб ғазал аз қасидаи арабӣ ҷудо шуда, шакли жанри мустақили адабиро гирифта бошад, дар адабиёти форсу тоҷик ташаккули жанри мустақили ғазал ба ҷуз тағаззули қасидаи форсию тоҷикӣ омилҳои дигаре низ аз қабили суруду таронаҳои халқӣ дорад. Чунон ки мебинем, тадқиқи ин масъала то ба дараҷаи баровардани ҳукми қатъӣ нарасидааст.

Дар охир ҳаминро бояд гуфт, ки аз қайдҳои болоии мо ба ҳеҷ ваҷҳ аҳамияти илмии ин асар намекоҳад. Аксари масъалаҳое, ки дар китоб мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирифтаанд, худ масъалаҳои баҳсу ҳалталабанд ва Аскар Ҳакимов дар гузоришу тадқиқи қисме аз онҳо қадами аввалин ва муҳимро гузоштааст. Илова бар ин ҳама, китоби мазкурро аз нахустин тадқиқотҳои ҷиддие бояд донист, ки муаллифи он ҷанбаҳои бадеиву эстетикии шеъри имрӯзро дар пайвастагии зич бо мундариҷа ва ғояи шеър мавриди таҳлил қарор додааст.

                                                                                                       с. 1979