Муҷиби Меҳрдод,

шоир, муҳаққиқ, Афғонистон

 

  Шеъри Аскар Ҳаким, бидуни шак, аз шеърҳои қобили таваҷҷуҳ дар шеъри муосири Тоҷикистон аст. Дар миёни шоирони муосири тоҷик шеъри ӯ ба лиҳози забонӣ ва корбурди вазну қавофӣ солимтарин шеър аст; забони ҳамвор ва наздик ба забони меъёр ва орӣ аз калимоти сангину сақил ба лиҳози овоӣ, истифодаи хуб аз вазн бидуни ҳар гуна удул ё сустӣ, ки дар кори соири шоирон ба далели наздикии шеърашон ба лаҳҷаи бумӣ дида мешавад, ҳама ва ҳама имтиёзоти шеъри Аскар Ҳакиманд.

Бо нигоҳ ба шеърҳои ӯ метавон дарёфт, ки беш аз ҳар шоири дигари тоҷик ӯ бо шеъри муосири форсӣ-дарӣ дар соири ҳавзаҳои форсизабонон унс ва ошноии бештар доштааст. Ин масъаларо метавон аз рӯи корбурди забони меъёре, ки дар шеъри Тоҷикистон як истисност, донист ва ҳам аз рӯи текникҳое, ки дар шеърҳояш ба кор мебарад. Дар шеърҳои нимоии ӯ таъсироти Нимо, Ахавон, Шомлу, Оташӣ ва Восифи Бохтариро метавон дид. Ба ҳамин гуна дар чаҳорпораҳояш асароти Симини Беҳбаҳонӣ, Нодирпур ва Фурӯғи Фаррухзодро метавон ёфт. Аз сӯи дигар, эҳтимоми ӯ ба рӯйкарди самбулик, фурм ва сохтор ба маънои мутаорифи калима, нуктаи тамоюзи дигарест миёни шеъри ӯ ва соири шоирони Тоҷикистон.

Нуктаи дигаре, ки дар шеъри Аскар Ҳаким қобили ёдкард аст, камбуди шеърҳои меҳанӣ ё пардохтан ба масоили миллӣ-таърихии Тоҷикистон аст, ки дар насли пештар аз ӯ муҳтавои бахши аъзами шеърҳои шоирони тоҷикро месохт ва дар басо маворид шеъри шоирони пешинро дучори шиорзадагии музмин карда буд, ҳарчанд ки шеъри ӯ аз ин масоил ба куллӣ холӣ нест, вале ҳузури ин аносир бо кори шоирони пеш аз ӯ қобили муқоиса нестанд. Аскар Ҳаким агар аз сиёсат ҳам ба шеваи шеъри сиёсӣ-иҷтимоии Эрону Афғонистон ба масоиле чун фаромӯшии устураи рисолату тааҳҳуд он ҳам ба сурати намодин мепардозад; мисли шеърҳои «Дури дилхоҳ», «Аспи кишанбанд», ки шеъри «Ханҷарҳо, бӯсаҳову паймонҳо»-и Манучеҳри Оташиро ба ёд меоварад, «Баргпайванд» ва …ки ин рӯҳия ҳатто дар чаҳорпораҳои ӯ низ тадовум ёфтааст. Ҷилваи дигари шеъри Аскар Ҳаким ҷилваи табиии шеъри ӯ аст, ки шеърашро бо шеъри пеш аз худаш ягона месозад. Хулоса, ӯ аз тамоми фанҳои мумкин барои расидан ба сохтор дар шеърҳояш истифода мекунад, ки ҳамаи инҳо даст ба дасти ҳам дода, сурати шеъри комил ва мунсаҷими ӯро месозанд. Иттифоқан беҳтарин шеърҳои Аскар Ҳаким шеърҳои нимоӣ ва чорпораҳои ӯянд.

Шоири тоҷик наметавонад аз табиати зебои ватанаш ба осонӣ бигзарад. Шеъри Аскар Ҳаким низ машҳун аз кӯҳу дарё ва дарахту паранда аст ва ҳатто дарунмояашро низ аносири табиат ба пеш мебаранд:

 

Ғубори нилии шабҳо бипечонад маро дар хеш,

Қабои сабзи баргамро бисӯзад тафти тобистон

Ва дар реги равон ҷуз рези кӯчокӯчи гардон нест.

Дар ин дӯзах, ки по дар хок сӯзад, бол дар афлок.

Тавонад гар ба ёдат сабз монад, кист ё худ чист?

 

Кунун ман решаҳоямро ба дасти худ канам аз қаър

Ва бо он хоки худ дар ормони хоки пайвандӣ

Кашонам хешро аз баҳру бар сӯи замини ту.

 

Ё ин тиккаи зебои шеъри «Чӣ эҳсоне?!», ки аз шеърҳои хуби ӯст:

 

Чу шабҳо барф меборад, паёпай барф меборад,

Ки мепӯшад раҳу пайроҳаи танги кӯҳистонро,

Ва боми кулбаҳоро, то пагоҳӣ мекунад он гӯр,

Маро на дар сапедӣ,

Дар сиёҳӣ мекунад он гӯр!

 

Аскар Ҳаким дар тамоми қолабҳо ва бахусус нимоиҳояш ҳамон гуна, ки ёд кардам, шоирест самбулист ва сохторгаро: ӯ усули Ниморо хуб донистааст ва онро ба тамомӣ ба кор бастааст. Шоирони пеш аз ӯ бештар ба ҳам задани тасовии тӯли мисроъро дар назар доштанд ва агар сохторе ҳам дар шеърашон буд, бештар ба сабаби хусусияти ривоӣ ва достонии шеърҳо буд вале сохтори шеъри Аскар Ҳаким санҷидашуда ва бархоста аз зеҳне тарбиятёфта ва огоҳии амиқи ӯ аз моҳияти ҳаракати Нимост. Сохтор дар шеъри ӯ ба чандин гуна лиҳоз шудааст. Аввал ба тариқи қиссапардозӣ, ки дар шеъри нимоӣ бисёр маъмул аст; дар ин шева шоир қиссае мепардозад ё тамсилеро сомон медиҳад, чи аз тариқи барангехтани отифаи мухотаб бо пардозишҳои достонӣ – отифӣ ва чи аз тариқи баёни самбулик, ки шефтагии мухотабони ҷиддии шеърро бармеангезад. Қисса дар шеъри Аскар Ҳаким аз навъи дуввум аст. Ҳамчунон Аскар Ҳаким ба сохтори дарунӣ, ки иборат аз ҳормунии дарунии тасовир дар тӯли як шеър аст, хуб вуқуф дорад: масалан, шеъри кӯтоҳи «Арӯсии хуршед»-и ӯ, ки ба гунаи тарҳи Шомлу аст.

 

Бегаҳ,

Шукуфта сад чамани лола дар уфуқ,

Хуршедро ба дил набувад хоҳиши сафар.

Шоҳи сипеҳр гар наравад дар канори шом,

Оё шавад арӯсии шаб обистани саҳар?

 

Ё шеъри «Аспи кишанбанд»-ӯ, ки қиссаи аспест, ки дар банд монда аст, барои ин ки саворе нест, ки ӯро ба тохт дароварад.

 

Аспе дар марғзори хурраму сарсабз

Чун ҳайкал истодаву хомӯш аст.

Ӯ ба алафҳо намезанад даҳане ҳеҷ,

Сар боло кардаву саропо гӯш аст.

 

Гарчи ҳавои чаҳорхезаш бошад,

Лек куҷо чорае, ду пояш банд аст.

 

Ёбад рӯзе агар зи банд раҳойӣ,

Сунби ваю дашти осмон баланд аст.

 

Ӯ бештар ба тавсифи авзои ин асп мепардозад:

 

Ёли шафақранги ӯ ба зер авезон

Пур шуда чашмаш зи оби ҳасрату андуҳ,

Гашта чу сандуқи ғусса синаи паҳнаш,

Мезанад аз по варо гаронии сад кӯҳ.

 

Ва дар охири ин чорпора қисса ба сурати ғамангезе поён меёбад:

 

Ғуссаи дилро физояд аспи кишанбанд,

К-асп натозад, шавад хари бекоре.

Домани ин дашт пойгоҳи умед аст,

Банд аст аспу куҷост шоҳсаворе?!

 

Ё шеъри «Дарё, маро бигир...»-и ӯ, ки яке аз корҳои мондагори ӯст. Дар ин шеър дарё ҳам модар аст ва ҳам гӯр ва шоир аз фарти ғамҳои бепоёни зиндагӣ мехоҳад дарё ӯро чун модар пазиро шавад, ки метавонад талвеҳан тавҷеҳи марг бошад, ба вижа он гоҳе, ки ин марг дар ҳаёти дарёӣ шоирро дар комаш фурӯ кашад. Ин шеъри ӯ, ки дорои сохторе муҳкам ва устувор аст, тиккаҳои дурахшони фаровоне дорад. Ин шеър ин гуна оғоз мешавад:

 

Ман меравам зи соҳили дарёи мавҷхез,

Дар сангбанди соҳили худ лолу бесадо.

Дарё пур аз сухан,

Дарё пур аз наво.

 

Мавҷе баногаҳ аз бари дарё гурехта

Бо ҷасту хез пои маро бехабар кашад.

Дарё вале чу модари ғамхору меҳрубон,

Бозаш ба бар кашад.

 

Гар зиндагист модари ғамхору мушфиқам,

Охир, чаро зи хеш маро тард мекунад.

Ҷонам ба сад азоб гирифтор мекунад,

Ҳам лоф мезанад, ки маро мард мекунад.

 

Тиккаи дигаре, ки ӯ ба кор мебарад, расидан ба меҳвари амудии шеър аз тариқи такрори як сатр дар тӯли шеър аст.

Роҳсатри «Тифлаке афтону хезон мегузорад по...» баёнгари танҳоии инсон дар роҳи такомули ӯ аст. Такрори ин сатр дар оғози ҳар банд шеърро ба лиҳози мавзӯӣ ваҳдату якпорчагӣ бахшидааст.

 

Тифлаке афтону хезон мегузорад по,

Лек шоҳин меравад озод дар гардун,

Лек моҳӣ меравад чолок дар дарё,

Лек ҳатто мор печон меравад дар рег.

 

Дар шеърҳои Аскар Ҳаким ба изофаи нимоиҳои зебояш, ки саршор аз тасовири бикранд, метавон аз чорпораҳояш низ ном бурд, ки аксаран аз аввал то охир қисса ё мавзӯи мушаххасеро бо забоне намодин баён мекунанд. Мисли чорпораи «Мурғакони сафарӣ». Ӯ, ки мафҳуми ишқи Ватанро ба сурати бисёр зебову ҳунарӣ ва ғайримустақим баён кардааст, пас аз ин ки мурғакони ватанашро ба асоси тағйири иқлим дар кӯч мебинад, ҳифзи пайванди ин мурғакон ва иштиёқашонро ба бозгашт ин гуна нишон медиҳад:

 

Шомгаҳ ё саҳаре чун бирасанд

Ба диёри дигари тозабаҳор.

Бирасад бӯи биҳишт аз ҳама ҷо,

Булбулон масти наво дар гулзор.

 

Мурғакони Ватанам дар он ҷо

Хонишу чаҳчаҳу ово накунанд.

Дар диёри дигарон ҳеҷ гаҳе

Ҷӯчаву лонаву маъво накунанд.

 

Ҳарчанд шумори зиёде ғазалу дубайтӣ ва рубоӣ дар гузидаи ашъори Аскар Ҳаким омадааст вале дар куллият рӯйкарди ӯ дар ин қолабҳо бо вуҷуди салосати забон ё нав нест, ё ҳам кори чашмгире дар ин қолабҳо дида намешавад, ба истиснои таку тук байтҳои хуб ва нав дар ғазалҳо ва ҳамчунон бархе аз рубоиҳо ва дубайтиҳои ӯ вале дар кулл ғазалҳои ӯ ва дубайтиҳову рубоиҳояш бо нимоиҳо ва чорпораҳояш қобили муқоиса нестанд.