Ҳудуди чаҳордаҳ-понздаҳ сол пеш «Баргузидаи ашъори Аскар Ҳаким» – шоири номдори тоҷикро дар силсилаи Интишороти байналмилалии «Алҳудо» (соли 1373 ҳ.ш.) ба хатти ниёгон мунташир намудам ва муқаддимае, ҳарчанд кӯтоҳ ва дархури маҷол, бар он нигоштам. Акнун ҷои хушвақтии дубора аст, ки пас аз гузашти ин солиёни сол дафтари дигаре аз ашъори навин ва рӯи чопнадидаи ин шоири дилбарбоддодаро бо унвони «Замини сабзи боварҳо» ва ба хатти тоҷикӣ ҷиҳати баҳрабардории умум тақдими ҳузури мардуми аҳли завқу дил ва ҳунаршиносу ишқпарвари Тоҷикистон менамоям.

Маҷмӯаи ҳозир ба ҷуз ашъори «Имони саг» ва «Камарбанди кӯҳистон» ва «Баргпайванд» фарогирандаи сурудаҳои тозаест аз ӯ дар қолаби ғазалиёт, маснавиёт, қитаот, чаҳорпораҳо, дубайтиҳо ва бештар рубоиёт, ки гоҳ бо авзони арӯзи суннативу боқофия ва гоҳ дар вазни шеъри нимоию озод ва бо ҷобаҷоии қофияҳо ва қофияҳои мутобиқи мазмун. Нигоранда дар ин гуфтор ба бархе аз вежагиҳои ашъори ин маҷмӯа мепардозад.

Мазмуну муҳтаво. Мазомину мавзӯоти ашъори шоир умдатан иҷтимоиву ошиқона аст ва дар канори онҳо низ ашъоре дар мавриди ситоишу ҳурмат ва бузургии ватану миллат ва шукӯҳи мардуми тоҷику Тоҷикистон, ситоишу аҳаммияти Наврӯз ва васфи баҳор, арҷи русуму оинҳои бостонӣ, рисолати шоир дар ҷомеа, озодагӣ ва ворастагӣ, хушбахтӣ ва сарфарозӣ, масун будани инсон ва ҳатто ҳайвон аз газанди ҳаводис, безорию нафрат аз ҷанг, душманӣ, хашму кин, дурӯғу дурангӣ, масоили инсондӯстӣ ва даст дар домони дилу ишқ задан, дардҳову ранҷҳои иҷтимоию башарӣ ва ситоиши зан ва ғайра. Ҳамчунин дар ин маҷмӯаи ашъор масъалаи носталжӣ, ки дар шеъри аксари шоирони муосир дида мешавад, ҷойгоҳе надорад.

Шоир дар баъзе аз ин сурудаҳо бо ироаи тасвирҳои табиӣ аз аносири табиат ба таъбирҳову тафсирҳо ва натиҷагириҳои иҷтимоӣ, ишқӣ, ахлоқӣ ва бардоштҳои зеҳнии вежаи худ мепардозад.

Маҷмӯаи ҳозир бо ин дубайтӣ (дар баҳри хафиф) оғоз мегардад:

 

Эй башар, ман раҳини фардоят,

К-ин чӣ бахтеву ин чӣ иқболест,

Гарчи хокӣ туӣ вале ҷоят

Дар миёни ситорагон холист.

 

Нигоҳи шоир дар ин шеър ҳокӣ аз волоӣ ва маънавиятест, ки дар зоту хамираи башар сиришта шуда. Маънавияте, ки ба сувари гуногун дар аксари ашъори шоир ҷилва менамояд. Самбулу авҷи камоли ҳар амреву чизеву касе, ситораву Каҳкашону осмон ва аршу фалак ва самову чарх аст:

 

Равон гардад чу реги рези соҳил,

Канори ҳамдигар лағжем пойин,

Ки то дар Каҳкашон гирем манзил,

Ки шоми ишқро ин аст ойин.

                                            («Оини ишқ»)

 

Манам, шояд, бароят дастхӯрда,

Туӣ лек осмони дастнорас.

                        («Ман аз дидор бо ту меҳаросам»)

Ман баландат зи арш биншонам,

Каҳкашонро ба пойи ту резам...

Бишнавӣ, набзи дашту ҳомунро,

Ки фалаксайру ишқоҳанг аст.

                                            («Авҷи ишқ»)

 

Мавҷ мерафт ҷаҳон то камари чархи кабуд,

Ҳар чӣ буд рӯйи замин, ҳар чӣ савори дарё.

                                            («Хотире, хотирае...»)

 

Дар само бо ту одами хокӣ

Мешавад чун фаришта ҳампарвоз.

                                            («Омадӣ...»)

 

Шеъри «Замини сабзи боварҳо», ки унвони китоб аз он гирифта шуда ва дувумин шеъри маҷмӯа аст, дар ситоиши сарзамини шоир – Тоҷикистон аст, ки на танҳо шоирону бузургони он, балки худи ин сарзамин низ ба воситаи вуҷуди уламову удабо ва бузургони гузаштаву муосир осмонист ва ин диёри кӯчак бо маънавияте, ки дорад, аз чаҳор дарё ҳам фарохотар аст:

 

Ҳарф мехоҳам занам аз сарзамини хеш,

Ҳар чӣ мегӯям, вале з-ин хок ҳарфи осмон ояд.

Баски ин марзи гиронмоя, ки мояш пой мемонем,

Дигаронро Каҳкашон ояд...

Шоиронаш ҳам бад-ин ваҷҳ осмониянд,

Гарчи рӯйи ин ҷаҳон худрӯй месабзанд,

Онҷаҳониянд.

 

Дар нимаҳои шеър зовияи ривояти шоир бо таваҷҷуҳ ба санъати маънавии илтифот аз мутакаллим ба мухотаб тағйир мекунад ва сарзамини шоир шахсиятбахшӣ мешавад ва ба унвони мавҷуде зинда мухотаб қарор мегирад:

 

Эй замини сабзи боварҳо,

Решаҳоят сабз бас дар оби имон асту кавсарҳо...

Ҳамди исломат, ки ту ҷуз исломи некӣ нест,

Рӯдакию Мавлавиятро назири одамият кист...

Эй диёри кӯчаки аз чор дарё ҳам фарохотар,

Ҳар ваҷаб хоки азизатро баландиҳои ин мардон

Кард гардуни баландахтар.

 

«Ин кадомин боғ меояд» шеърест самимӣ ва ошиқона, ки маҳбуби шоир аз нигоҳи зебоӣ ба боғи пургулу атре ташбеҳ шуда, ки шоир орзуи висолу вуруд ба ин боғро дорад:

 

Ин кадомин боғ меояд,

Ин кадомин боғ атри хешро дар чанбари гесӯ-ш меорад,

Ин кадомин боғ бишкуфта ба пар-парҳои домонаш...

Ин кадомин боғ меояд?

К-аз зулоли чашмаҳояш ҳар қадам ойинабандон аст,

Сабза дар оғӯши обу обҳо бо сабза дар оғӯш

Ҳамдигарро қиссаҳои ишқ мехонанд зери гӯш...

Ин кадомин боғ меояд?

Дар бувад ин боғро шояд?!

 

Шеъри «Ниёиш бар сари турбати Лоиқ» ёдмонест аз шоири фақид Лоиқ Шералӣ бо ин шурӯъ:

 

... Ассалом, устод Лоиқ,

                         шоири ишқу маю ном,

Ассалом!

Ҷовидон рафтӣ чу рӯҳе дар калом.

 

Шоир дар ин шеър мубтакирона шахсиятҳо ва истилоҳоту унвонҳоеро, ки Лоиқ дар ашъори худ оварда, ба кор бурда ва бо шеъри худ пайванд задааст.

«Оинаи нур» ғазалест даҳбайтӣ дар баҳри ҳазаҷ. Ба назар мерасад, ки унвони «Оинаи нур» истиора аз Шамси Табрезӣ ва Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бошад ва абёти ибтидоӣ (6 байти аввал) васфи шукӯҳи Шамси Табрезӣ ва рафтани бехабаронаи ӯ аз Қуния ва тарки Мавлоно ва абёти поёнӣ тавсифи бузургии Мавлои Румист. Овардани калимаи «хомӯш» дар мисраи дувуми байти дувуми ғазал талмеҳест ба тахаллуси Мавлоно, ки гӯё Хомӯш будааст:

 

Ин оинаи нур кӣ будаст, кӣ будаст,

К-аз оби рухаш чашмаи хуршед намудаст.

Оҳ, ин чӣ гузаштан зи бари мо ба хамӯшӣ,

Хомӯш, ки хомӯшии ӯ авҷи суруд аст...

Ин банда, Худоё, чӣ Худоест, ки банда-ш

Будоиву тарсову мусалмону яҳуд аст...

 

Байти ахир низ талмеҳест ба воқеаи гирд омадану намоз гузордани габру тарсо ва ҷуҳуду мусалмон дар маросими вафоти Мавлоно.

«Ту худро кам мабин!» унвони шеърест дар бораи озодагии зан ва духтари тоҷик ва хитоб ба онҳо. Зане, ки аз насли Гурдофарид аст, набояд ба монанди каниз ва ҳамсари дувуму севуми марде бошад, зеро ӯ мавҷудест, ки аз домонаш бузургоне амсоли пайғамбарон ва Зардушт ба вуҷуд омадаанд ва боиста нест мағмуму маҳзун бигардад ва шоиста аст, ки ҳамонанди шер шуҷоъ ва сарафроз бошад:

 

Чӣ маҳзунӣ ту, духтарҷон,

                        чӣ ашкат дар сари мижгон...

Ту аз насли ҳамон Гурдофаридӣ, гурдаҷдодӣ,

Ки гурдият ҳама ноз асту нозат бартар аз гурдист...

Ту шере бош,

              то ҷуфти ту бошад шеру наслат шер,

Ки натвонад ғуломасле канизат ҳамчу худ созад...

 

Шоир дар шеъри «Ниёиш» бо оғозе ҳунармандона дуо мекунад ва орзу дорад, ки Худованди ҳайвонҳо, гулҳо, парандаҳо ёрашро ва тоҷикеро, ки ҷиҳати ризқу рӯзӣ ба Русия меравад, дар паноҳи худ маҳфуз ва масун бидорад:

 

Саҳар пушти дарам бодом гул кард,

Ки булбулро кунад аз хоб бедор.

Ҳамин як шохи гулро аз дами сард,

Худоё, дар паноҳи худ нигаҳ дор!

 

...Намонад, то зану фарзанд беқут,

Кирокоре равад Русия ночор.

Аз он, то барнаёрандаш ба тобут,

Худоё, дар паноҳи худ нигаҳ дор!

 

...На ҳаргиз хешро якто шуморам,

Маро аммо яку яктост он ёр.

Варо, то ҷон ба дасти ӯ супорам,

Худоё, дар паноҳи худ нигаҳ дор!

 

Шеъри «Эй, ки гул-гул мешукуфӣ...» аз ҷумлаи ашъори иҷтимоӣ ва шоиронаест, ки шоир хотираи талхи набардҳои бародаркушӣ дар Тоҷикистонро ба ёд меоварад ва бо сипарӣ шудани он даврони ваҳшатзо ташнаи фаро расидани гулхандаҳои инсону табиат аст, ташнаи он ки дубора даст дар домани ишқу дил зананд:

 

Эй, ки гул-гул мешукуфӣ чун дарахти себ,

Хандаҳоятро мабод осеб!

Баски дар он рӯзҳои сард,

Сӯхтан аз сардию аз дард,

Ташнаи гулхандаҳои гарми инсону дарахтам кард...

Қарни нав аз роҳ меояд,

                        ба уммеди навойи тозаву оҳанг...

 

«Ҳадяи Наврӯз» чаҳорпораест ошиқона, бо тафаккуре хайёмона дар бархе абёт ва бо баъзе аз мисраъҳои зебо:

 

Биё, то муғчаҳо бо ту сухан гӯянду бикшоянд,

Бигирад шох домонат ба сабзу сурх ангушташ

Ва бар чашми гулаш молидаву бӯсад ҳазорон бор...

Ва ё шояд, на шояд, бал яқин сад пушт қабл аз ин

Ба ҳам омехт хоки мо, вале ҳар сӯй бурдаш бод...

 

«Маро бар ишқ бовар деҳ» ошиқонаест дар баҳри хазаҷ, вале озод аз аркон ва қавофии суннатӣ ва бо шурӯе муваффақ ва табиатгароёна:

 

Ба ман деҳ гӯш, як дам гӯш, эй зеботарин зебо,

Ки оҳанги ба ҳам печидани гулҳои печакро,

Суруди шохаҳоро бо насими шӯхи саҳрогард,

Навойи нохуни себаргаҳоро дар ҳарири пардаҳои ҷӯй

Ба нимовоз дар гӯшат зи нав такрор хоҳам кард.

 

«Интизор»-и шоир интизорест абас аз бозгашти ёру ҷононаш. Поёни он бо тасвирҳои ташбеҳӣ ва истиориву табиӣ ҳунармандона нақш бастааст:

 

... Дар сари сабзи алафзорон намелағзид дасти бод,

Абрҳо аз гӯшаҳои осмон буданд овезон.

Мурғи танҳое ба рӯйи шохае якпоя меистод...

 

Шеъри «Аввалу охири дунё – Наврӯз» дар қолиби шеъри нав ва бо вазни рамал дар васфи Наврӯзу баҳор ва аҳаммияти Наврӯзи бостонӣ суруда шуда. Шеъре самимӣ ва ҷо-ҷо бо тасвирҳои дилнишин:

 

Дар дилам шохаи Наврӯз шукуфт...

Рафтам аз хона бадар

Чун насиме, ки равад аз бари дарё берун,

То кунад ҷумла ҷаҳонро як субҳ

Аз гулу сабза хабар.

 

Шеъри нимоии «Чӣ эҳсоне?!» дар вазни ҳазаҷ ривояти дарди гуруснагиву бараҳнагӣ ва талошу танҳоии инсонест, ки аз ҷаҳон чизе ҷуз марге осон намехоҳад. Ва шоир низ ин дардҳоро дар тақобул бо зиндагӣ ва шеъри хеш пайванди шоирона додааст:

 

Чӣ сон печонамат дар парниён имрӯз,

Чӣ сон гӯям сухан аз гардани оҷу дуру марҷон,

Ки чашми кӯдакони гушна сӯйи нон занад су-су,

Ки ҷисми кӯдакони лухт ларзад дар таҳи борон...

 

...Ва оташдони сармохез,

Ки кайҳо нест аз ангиштсангаш ёд,

Маро месӯзад аз бунёд.

 

«Бомдоди нур» ояндае равшану «бомдоде тоза» ва «субҳи ҳумоюнфар»-ест, ки шоир навиди фаро расидан ва асароту натоиҷи онро дар оғоз ва бо умеде фаровон, дар чашмандозе аз бедориву нишоти баҳори табиат бо ташхису ташбеҳ мужда медиҳад ва ҷилвагар месозад:

 

Бомдоди тоза меояд,

Мурғакон дар пардаҳои шохсорон мезананд оҳанг,

Баргҳо якрез мерақсанд.

 

Дар чанд байти шоиронаи зер тасвири рӯзи ҳам боронӣ ва ҳам офтобиро бо сувари хаёли мутааддид ва муассир, ки дар ҷояш тавзеҳ хоҳам дод, мушоҳида мекунем:

 

Рӯзҳо пурбор

Чун сипеҳри навбаҳор обистани борон,

Як тараф бар қомати гардун қабои нур,

Як тараф пироҳани борон.

Абрҳо ҳамчун сарандози арӯсӣ рахт нашкаста,

Осмон чун шаҳ камар бо фӯтаи рангинкамон баста,

Рӯз рӯзи васлу дидор аст,

То замину осмон ёр аст.

 

Шоир дар чаҳорпораи тамсилии «Дарахти арчаи кӯҳам...» инсони ормониро ба дарахти беховар ва побарҷои коҷе ташбеҳ карда, ки ҷои рӯиши ӯ на дар саҳни дарбор, балки баландии кӯҳ аст ва аз ҳаводиси табиии муҳлик намеҳаросад ва шохаҳояш дар баробари ҳар насиме cap хам намекунад ва такягоҳу дастгири касонест, ки роҳ ба қуллаҳои рафеъ (намоди ифтихору сарафрозӣ) меҷӯянд ва решаҳои ин дарахти намодин барои устувории замини сабзи диёраш бо жарфию сахтӣ ба хок панҷа афкандааст:

 

Дарахти арчаи кӯҳам, на сарв дар лаби ҷӯй,

Маро ба қомати маъшуқагон шабоҳат нест...

 

Маҳалли рӯйиши ман нест саҳни дарборе,

Ки оварам ба насиме ба сӯйи он таъзим...

 

Ба решаҳои амиқам ба хок панҷа занам,

Ки устувор бидорам замини сабзи диёр.

 

«Оинаву қайроқу шона» манзумаест тамсилӣ ва намодин аз мардуме, ки дар «даҳри кажоинон» расму оини ҷавонмардиву родиро фаромӯш кардаву дар хоби ғафлату нодонӣ фурӯ рафтаанд ва мебояд онҳоро аз ин хоби бехабарӣ бедор кард, то битавонанд фарзандонашонро ҷиҳати ояндае рӯшан роҳнамо ва роҳкушо бошанд.

Тарҳу фазои куллии ин достони тамсилгуна чунин аст, ки чобуксавори ҷавону диловар (зоҳиран инсони ормонӣ) тухми дарахти нуру биноӣ (намоди басират ва бедорӣ)-ро аз зери болини деви хоб (намоди бехабарӣ ва ғафлат) барои дармони чашмони нобинои падараш (ҳушёр, бузурги хонавода) мерабояд. Деви хоб ҷиҳати асир кардани ӯ се бор каманд меафканад ва шаҳсавор дар ҳар мартаба оинаву қайроқу шонае ба тарафи дев партоб мекунад, то оина дарёи пуртӯфон ва қайроқ кӯҳи сарбафалаккашида ва шона ҷангали махуф гардад ва садди роҳи дев. Вале дев ҳар бор фотеҳона аз дарёву кӯҳу ҷангал мегузарад:

 

Меравад чобуксаворе тундтар аз бод,

Мепарад мавҷи шарор аз наъли сумҳои саманди ӯ...

Мебарад дар ҷайби худ тухми дарахти нуру бинойӣ,

К-аз таҳи болини деви хоби бадҳайбат рабудаст он,

То падарро чашми нобино кунад дармон.

 

Ривояти охири манзума нишон медиҳад, ки умеди шоир дар бедории мардум, ки деви зиштию хоб тухми дарахти нуру биноиро аз онон дуздидааст, куллан бар бод нарафтааст:

 

Худ вале он дев

              деви ҷангали анбӯҳи зулмонист,

Ки тавонад з-он биёяд дарзамон берун.

Лек ҳайфо, з-ин агар чобуксавори род огаҳ нест...

 

Дар мавриди нуқоти қувват ва заъфи ин манзума бояд гуфт, ки агар баъзе такрорҳо ва тавзеҳоти ҳашвгуна ва рамзкушоиҳои ғайрилозим вуҷуд надошт, манзума аз инсиҷом ва истеҳкоми бештаре бархӯрдор буд, мавориде монанди:

 

К-эй ҷавони род, дар даҳри кажоинон

Нест, к-асло арсаи шаъну ҷавонмардӣ,

Арса танҳо арсаи номардию фанд аст,

Мисли ту озодагонро пой дар банд аст.

 

Ҳамчунин дар яке аз камандандозиҳои дев кулоҳ аз сари шаҳсавор рабуда ва зулфи сияҳи шаҳсавор ҳувайдо ва ошуфта мегардад ва маълум мешавад, ки шаҳсавор духтар аст. Ба назари ман, ин саҳна, ки нигоҳе ба разми Гурдофарид бо Суҳроб дорад, мантиқи достонро камранг сохта ва ҳамчунин ин абёт, ки баъд аз он зоид менамояд:

 

Эй Худойи пок,

              дар рӯйи раҳи фардо суботам деҳ,

Духтари покам,

              зи дасти деви нопокат

                                            наҷотам деҳ!

 

Теъдоди мутанобеҳе аз ашъори Аскар Ҳаким пайванди сахте бо табиати зинда дорад ва шоир розу рамзҳо, дарду шодиҳо, тафаккуру бардоштҳо, масоили ишқию иҷтимоӣ ва ғайраро дар чашмандозҳо ва манозири табиӣ менамоёнад ва меҳвари аслии ин умур бар табиат ва аносири он мегардад.

Мазмуни теъдоде аз ашъор ва қитаоти ин маҷмӯа тарҳи нуктаҳо ва зарофатҳои шоирона ва пурсишҳои ҳакимона ва мавзӯоти танзолуду ҳаҷвомез ва панду андарзгуна ва баъзан таҷоҳулулорифҳо ва ҳуснитаълилҳои шоир аст:

 

Ҳаргиз оё шунидаӣ, фарёд

Назди хомӯшие биёяд паст.

Гаҳ хамӯшии шоир аз фарёд

Гӯш деҳ, сад карат баландтар аст.

                                  («Фарёду хомӯшӣ»).

              * * *

Аҷабам ояд беш,

3-он кӣ аз ҳар ду ҷаҳон норозист,

Лек розист зи хеш.

              * * *

Ҳеҷ бинӣ,

Офтоби ту агар пушти cap аст,

Доимо соя зи ту пештар аст.

Сояат то ки нагирад ба гарав,

Рӯ ба хуршед бирав!

              («Рӯ ба хуршед бирав!»).

              * * *

Бошадам чун Архимеде азму рой,

К-ин Заминро якка бардорам зи ҷой.

Лек холияш кунед аввал каме

Аз гуноҳи одамӣ («Азми архимедӣ»).

             

              * * *

Маънии садди Чин –

Яке аз муъҷизаҳои аҷаби олам чист?

Адами ҳусни тафоҳум

Байни мардум.

 

Таъсир ва илҳом аз шуарои гузашта ва муосир

Камтар шеъру шоиреро метавон ёфт, ки аз назму насри пешиниён ва ҳозирони замони худ ҷиҳати эътило таъсир напазируфта ва илҳом нагирифта бошад, зеро ҳар офариниш ва халлоқияте бояд бар пояи суннате арза гардад. Ва намунаи боризи ин гуна офаринишҳо ашъори Ҳофиз аст. Вай бисёре аз мазомин ва қолабҳои шуарои пеш аз худ ва муосири худро ахз намуда ва бо дахлу тасарруф дар онҳо ва ҳофизона карданашон дар ғазалҳояш ба кор бурдааст.

Сарфи назар аз теъдоде таркиботу қолабҳо ва мазомини илҳомӣ аз шеъри гузашта ва муосир дар шеъри Аскар Ҳаким ба чанд намуна аз таъсирпазириҳои мушаххастар ишора мекунам.

Дар шеъри «Наврӯзи фарвардин» ба ин чанд байт мехӯрем:

 

Ҳазорон машъала аз сандалу аз лолаҳои аҳмар афрӯзем

Ва ҷоми бодаро бо соғари хуршеди тобон ҷанг андозем

Ва бо сад дил ба меҳроин ниёи хештан нозем…

 

ки ёдовари ғазали маъруфи Ҳофиз бо матлаи зер аст:

 

Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем,

Фалакро сақф бишкофему тарҳи нав дарандозем.

 

Шеъри самимона ва зебои «Достак», ки чунин шурӯъ мешавад:

 

Достак, омадӣ ин субҳ, биё,

Хуш биё, пайки баҳор овардӣ.

Ман, ки пазмони баҳорон будам, ин ҳама дай,

Бе туям гарм намешуд маҳфил,

Чашм гашта ба роҳат, чашму чароғам,

Ҳама дону ҳама дил...

 

куллан аз назари фазосозӣ ва сохту пардохт мутаассир аз шеъри «Қосидак» (қоқу)-и Ахавони Солис аст:

 

Қосидак! Ҳон, чӣ хабар овардӣ?

Аз куҷо в-аз кӣ хабар овардӣ?

Хушхабар бошӣ, аммо, аммо

Гирди бому дари ман

Бесамар мегардӣ...

 

Ғазали «Шаби ғусса» (дар баҳри рамал) ба иқтифои ғазали маъруфи Фахриддини Ироқӣ бо матлаи зер аст:

 

Зи ду дида хун фишонам зи ғамат шаби ҷудоӣ,

Чӣ кунам, ки ҳаст инҳо гули боғи ошноӣ.

 

Худи шоир низ ҷиҳати огоҳии хонанда ҷумлаи «Ба тавофи Каъба рафтам»-ро, ки аз мисраи аввали байти Ироқӣ, яъне:

 

Ба тавофи Каъба рафтам, ба ҳарам раҳам надоданд,

Ки буруни дар чӣ кардӣ, ки даруни хона ойӣ.

 

иқтибос карда, дар дохили нохунак овардааст:

 

«Ба тавофи Каъба рафтам», ки Худо ба хона ёбам,

Чу Худо зи хона рафта, манат аз чӣ хонадорам?

 

«Чакомаи ризои модар» манзумаест, ки дар қолаби чаҳорпораи 19-бандӣ ва дар вазни хафиф суруда шудааст. Достони ин манзума ба таври мухтасар чунин аст, ки модари пиру нотавон, ки фарзандаш дар зиндон ба cap мебарад, хоб мебинад, ки ба зудӣ мемирад. Ба ҳамин сабаб барои васият гуфтан ба писараш ба зиндон меравад вале наметавонад фарзандашро бубинад ва ҳамон шаб мемирад. Вале ба муъҷизаи Худованд зинда мешавад ва ба зиндон меравад ва бо ишқи модаронае, ки дорад, ба писараш васият мекунад, ки бачаи дилбандам, барои он ки бидонам зиндаву солим ҳастӣ, шабҳои ҷумъа Қуръон бихон ва ояе нисори рӯҳам кун. Модари пир пас аз ин васият дубора мемирад.

Ин манзума бо таваҷҷӯҳ ба тарҳи куллӣ ва нуқоти муштарак бо манзумаи «Модарнома»-и Эраҷ Мирзо бо байти оғозини:

 

Дод маъшуқа ба ошиқ пайғом,

Ки кунад модари ту бо ман ҷанг.

 

зоҳиран илҳомест аз ин модарона. Дар манзумаи Эраҷ Мирзо писаре, ки синаи модарашро шикофта ва қалби ӯро дар даст дорад, ба замин меуфтад ва дасташ андаке маҷрӯҳ мешавад. Дар ин ҳангом ин оҳанг аз қалби модар шунида мешавад, ки:

 

Оҳ, дасти писарам ёфт харош,

Вой, пои писарам хӯрд ба санг!

 

ва дар манзумаи Аскар Ҳаким худи модар аст, ки дубора зинда мешавад ва аз сари дилсӯзӣ ба фарзандаш мегӯяд:

 

Ҷон бачам, шоми ҷумъа Қуръон хон,

Бифирист ояе ба раҳмати ман,

То бидонам, ки зиндаӣ ба ҷаҳон,

Охирин мояи саодати ман.

Гуфту ҷон дод аз нав ӯ ором,

Чун набудаш ба дил ризои дигар...

 

Ғазали ошиқонаи:

 

Эй сабзтар ба қомат аз шохаи баҳорон,

Аз сурхии лабонат гул бурдаанд анорон.

 

ки дар баҳри музореъ суруда шуда, ёдовари ғазалест аз Саъдӣ бо ин матлаъ:

 

Бигзор, то бигирям чун абр дар баҳорон,

К-з санг нола хезад рӯзи видои ёрон.

Сувари хаёл. Аз миёни тасвирҳои хаёл, саноеи бадеъ ва мабоҳиси фанни баён дар ин маҷмӯа таваҷҷуҳи шоир бештар ба ташбеҳ, ташхис ва истиора ва нудратан саноее монанди тазод ва таҷнис аст. Аксари тасовири ташбеҳӣ тасвирҳои фишурдаеанд, ки ду тарафи ташбеҳ, яъне мушаббаҳунбиҳ ва мушаббаҳ оварда шуда ва аз мақулаи изофаи ташбеҳианд ва аз нигоҳи дастурӣ нақши музоф ва музофунилайҳ доранд.

Дар ин навъ ташбеҳ як тараф ва ё як рукни ташбеҳ, яъне мушаббаҳунбиҳ аз умур ва аносири ҳиссӣ ва рукни дигар, яъне мушаббаҳ, ё амре ақлӣ ва номахсус ва ё ҳиссист, чунонки дар ташбеҳоти зер дар шеъри Аскар Ҳаким мебинем: осмони сина, ҳавои хотир, кабӯтарҳои чашм, шохи умр, тухми кин, сипеҳри армон, шохаи муҳаббат, фӯтаи рангинкамон, қабои нур, марғзори нур, гиёҳи меҳр, таҳхонаи ҳастӣ, дашти рӯзгорон, лабҳои лола, боғи ахтар, шохаи наврӯз, чароғи лолаҳо, гулҳои дил, гаҳвораи таърих, мурғи шеър, миқрози пару бол, ғунчаи лабҳо, дашти сина, ғунчаи ҳарфи салом ва ғайра.

Иддаи дигар аз ташбеҳот тасвирҳои густарда ё боз мебошанд, ки ба шакли таркиби изофии мушаббаҳунбиҳ ба мушаббаҳ нест, балки бо адоти ташбеҳ ё сифат ё ба сурати ҷумла ва ҷумлагуна баён шудааст: бабри ваҳшии хашм, абрҳо ҳамчун сарандози арӯсӣ рахтнашкаста, осмон чун шаҳ камар бо фӯтаи рангинкамон баста, эй канорат биҳишти нақди висол, чист хушрӯтар зи мӯи майдабофи духтари тоҷик, к-аз бару дӯшаш чу зулфи сабзи маҷнунбед мерезад, мешавад дидаи ӯ шолизор (ташбеҳи чашми пурашк ба шолизор), гиряи боронӣ ва ғайра.

Дастаи дигар аз ташбеҳоти фишурда истиора аст. Дар ин навъ изофаи истиорӣ мушаббаҳунбиҳ (мустаъорунминҳ) яке аз аъзо ва аҷзои инсон ва ё ҳайвон ва ё усулан яке аз лавозим ва муносиботи мавҷуди ҷондор аст. Ва мушаббаҳ (мустаъорунлаҳ) ё амри номахсус ва маъқул ва ё ҳиссӣ ва малмус аст. Ин навъ истиора дар илми баён истиораи макния ё истиораи билкиноя ном дорад, ки дарвоқеъ навъе ташхис аст: дасти сахо, суруди шохаҳо, зулфи сабзи маҷнунбед, дасти бод, қомати гардун, гӯши ахтарҳо ва ғайра.

Иддае дигар аз ташбеҳоти фишурдаи истиорӣ истиораҳои муфраданд, яъне калимот ё таркиботе, ки дар маънии маҷозӣ ба кор рафтаанд: боғ (дар шеъри «Ин кадомин боғ меояд» вожаи «боғ» истиора аз мамдӯҳ ва маҳбуби саропо зебоист); арӯси шохаи себ (истиора аз шукуфаи дарахти себ); ангури шаҳло (истиора аз чашми маст); шохи чаманоро (истиора аз ёри зебо); ҷинси латиф (истиора аз зан), лоларух (истиора аз зеборӯй); оҳуи мушкин (истиора аз дилбар); дарё (истиора аз ошиқ); ҷазира (истиора аз маъшуқ).

Ташхис ё шахсиятбахшӣ аз мабоҳиси фанни баён ва яке аз суратҳои хаёл аст, ки феълу амалу хусусиёти инсон ва ё мавҷуди зинда ба мафоҳим ва умури ақлонӣ ва ғайримаҳсус ва ё ашёву аносири беҷони табиат нисбат дода мешавад. Дар шеъри Аскар Ҳаким ба ин навъ сурати хаёл, бо дар назар гирифтани табиатгаро будани шоир, таваҷҷуҳи зиёде шудааст. Ва усулан дар аксари ашъори тасвирии шоирони муосири тоҷик ташхис дар фазои табиати Тоҷикистон ривоҷи зиёде дорад.

Дар шеъри ин шоир низ аксари аносири табиӣ дар тӯли як мисраъ ва ё як байт шахсиятбахшӣ шудаанд ва дар мавориде ҳам мафоҳими ғайримаҳсус:

 

Сабза дар оғӯши обу обҳо бо сабза дар оғӯш

Ҳамдигарро қиссаҳои ишқ мехонанд зери гӯш.

                        * * *

Саҳар пушти дарам бодом гул кард,

Ки булбулро кунад аз хоб бедор.

                        * * *

Биё, то муғчаҳо бо ту сухан гӯянду бикшоянд,

Бигирад шох домонат ба сабзу сурх ангушташ.

                                * * *

Ва ё шаб рози мо дар гӯши ахтарҳо кӣ хоҳад гуфт,

Кӣ эшонро ба мо маҷзуб хоҳад кард?!

                                  * * *

Саҳар хандад ба мо хуршеди ховар,

Шукуфад дар само шаб боғи ахтар.

                                  * * *

Абр мегиряду механдад гул,

Месарояд ғазали худ булбул.

                                  * * *

Даҳани шиша, ки май мерезад,

Мекунад васфи лабонаш қул- қул.

                                  * * *

Бод мехонад ба гӯшаш қисса бо фарёд...

                                  * * *

Набуда заррае озарм чархи гардунро...

                                  * * *

Ба ҳар чашм орзу пар мезанад як осмон аз шавқ...

 

Навъи дигар аз шахсиятбахшиҳои шоирона ва муассир дар шеър мухотаб қарор додани умури маҳсус ва маъқул аст, ки дар шеъри Аскар Ҳаким ин мухотаб аксар умури ҳиссӣ ва баъзан умури зеҳнӣ ва ақлист: «эй замини сабзи боварҳо!», «достак, омадӣ ин субҳ, биё!», «эй куҷоӣ, ҷавонии бебок?», «сухан инак зи ту, эй рӯди шӯхи кӯҳсор ин ҷост», «бо ту, эй субҳи ҳумоюнфар!», «зиндагӣ зебост бо ту, эй баҳори сабзи рӯишҳо!», «дили ман, эй дили ман, хонахудоят кӣ бувад?».

Яке дигар аз саноеи маънавии бадеъ дар шеъри Аскар Ҳаким санъати мутобиқа ё тазод аст, ки дар баъзе аз шеърҳои ӯ дида мешавад. Аз ҷумла калимоти шаб ва субҳ, ифритон ва ҳурон, дӯст ва душман, баландӣ ва пастӣ, неш ва нӯш дар ин шеър:

Шаби ялдо биҷӯйӣ субҳи макнун,

Зи сардиҳои дай урдибиҳиште.

Зи наҳси даҳри ифритони малъун

Биҷӯйӣ шаҳри ҳурони биҳиштӣ.

 

Зи хайли душманон ту дӯст ҷӯйӣ,

Баландиҳо бубахшойӣ ба ҳар паст.

Хурӣ неш аз ҳаёту нӯш гӯйӣ,

Чӣ чора, қисмати шоир ҳамин аст. («Қисмати шоир»)

                       

Ва «шабу рӯз» ва «сафеду сиёҳ» дар шеъри зайл:

 

Ки шабам бо ту сафед,

Рӯзи ман бе ту сиёҳ!

Шоир ба саноеи лафзии бадеъ дар ин маҷмӯа таваҷҷуҳи чандоне надорад ва баъзан саноеъе чун санъати таҷнис дар шеъри ӯ мушоҳида мешавад, монанди таҷниси том дар калимоти «савдо» ва «савдо»:

 

Як гӯша маро бас, чӣ кунам дунёро,

Савдои сарам бас, чӣ кунам савдоро?

Таркиботи тоза. Аскар Ҳаким таркиботи тозаеро бо таваҷҷуҳ, ба ҳолу ҳавои шеъраш ба кор бурдааст, аз ҷумла: осмонхез, беҳинойин, пастоб, таҳаммулнок, ҷуфтофарида, ҳарфофарин, хандаомӯз, ҳуриёна, ҳайвонхӯ, равшанёр, сармохез, сарводагӯ, судандӯзкешон, шикористон, шерсо, ишқоҳанг, ишқангез, инонтоз, ғазалдевон, ғуломасл, ғамфарсуд, фасли фиреб, фалаксайр, кажоинон, касалдевонҳо, кинманд, гаронхез, гурдаҷдод, гардунсайр, гиряи боронӣ, гулбод, гулханда, гулғунча, лолаворон, мавҷхез, ноогаҳдил, нутфабандӣ, низористон, накӯдин, навосор, навсӯз, некфар ва ғайра.

Дар ҷои худ аз овардани калимоти омиёна низ парҳез накардааст, калимоту иборот ва таркиботе монанди: афту дарафт, дастхӯрда, даҳанвоз, каҷу качал, гардад ош, гӯр сӯзаду дег ҷӯшад, ношуд, оҳанги [касе] кардан, ҳеҷ маҳал ва ғайра.

Рубоиёти шоир, ки бахши зиёде аз китоби «Замини сабзи боварҳо»-ро фаро мегирад, дар қолаб ва вазни суннатии худ (мафъулу мафоъӣлу мафоъӣлун фаъ) суруда шуда. Нигоҳи шоир дар бархе аз ин рубоиёт дар айни хайёмона будан вежагӣ ва истиқлоли худро дорад. Бо вуҷуде ки муҳтавои куллии рубоиёт тарҳ ва тамҷиди сифоти олии инсонӣ ва маърифату озодагист, аз ҳуснитаълилҳо, танзпардозиҳо, масоили иҷтимоӣ ва ишқӣ ва дидгоҳҳои ҳакимонаву олимона холӣ нест.

Дар поёни ин мақола тавфиқи родмарди шеъру адаби тоҷик Аскар Ҳакимро дар сароиши ашъори тозаи дигар орзу дорам.